15:15:05 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шукурзода: «Махуфтарин душмани миллат худ будаем»

Маҳфили навбатии "Муколамаи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов, ки рӯзи панҷшанбе, 30-юми январ баргузор гардид, ба мавзӯи "Тоҷикон дар таҳқиқи олимони Шарқу Ғарб" ихтисос дода шуда буд. Дар ин маҳфил, ки дар толори Маркази савдои " Пойтахт"-и Душанбе баргузор гардид, муҳаққиқ ва нависандаи саршиноси тоҷик Мирзо Шукурзода перомуни нигоҳи олимони саросари дунё ба миллати тоҷик ва худи ин вожа ибрози назар кард.

shukurzoda-010203МАҲФИЛИ навбатии "Муколамаи тамаддунҳо"-и профессор Иброҳим Усмонов, ки рӯзи панҷшанбе, 30-юми январ баргузор гардид, ба мавзӯи "Тоҷикон дар таҳқиқи олимони Шарқу Ғарб" ихтисос дода шуда буд. Дар ин маҳфил, ки дар толори Маркази савдои " Пойтахт"-и Душанбе баргузор гардид, муҳаққиқ ва нависандаи саршиноси тоҷик Мирзо Шукурзода перомуни нигоҳи олимони саросари дунё ба миллати тоҷик ва худи ин вожа ибрози назар кард.

" Тоҷикҳо аз ҳама қавми сахтҷонанд"

Мирзо Шукурзода гуфт, муҳаққиқоне, ки ба таърихи халқи тоҷик сарукор доштаанд, на фақат дар бораи вожаи тоҷик ва сайри таърихии ин калима, балки ба таърихи пайдоиши тоҷикон, ҷуғрофиёи густариш, пайвандҳои ҷониву нажодии онҳо бо дигар ақвоми ориёӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва ба фоҷиаҳои сарнавишти миллати мо низ дахл кардаанд.

"Аз ҷумла кишваршиноси шаҳири рус Н. Павлов дар китоби "Таърихи Туркистон" роҷеъ ба вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии тоҷикон дар садаи нуздаҳ ва оғози асри бист менависад: "Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт ва баистеъдод, яъне тоҷикон ҳастем. Аз ин пеш онҳо на зиндагӣ, балки ҳақирона рӯз кӯр мекарданд ва ин фақру аҷз натиҷаи се зарбае буд, ки Чингизхон, Темур ва манғит ба пайкари  ӯ зад ва дар дунё кам миллате ёфт мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад. Тоҷикҳо аз ҳама ақвоми дигар сахтҷонтаранд, қадаре фурсат кофӣ буд, ки онҳо боз дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд" - афзуд муҳаққиқи тоҷик.

Вожаи "тоҷик" аз аз номи қабилаи Тай аст?

Ба андешаи Мирзо Шукурзода, дар мавриди шинохти тоҷикон бузургтарин иштибоҳ ва иттиҳом ибтидои солҳои бистуми қарни гузашта сар зада ва ин иддаои бепояи пантуркистон будааст, ки бо як лаҳни тунд ҷор мезаданд: "Тоҷикзабонон дар асл турканд ва таҳти нуфузи тамаддуни Эрон забон ва миллати худро гумм кардаанд ва бояд ононро ба асли хеш баргардонд. "

 

Муҳаққиқи тоҷик мегӯяд ин гуна даъвоҳои беасос солҳои баъд ҳам идома ёфта, пас аз мурури солҳо ва такрори ғалатҳо тозатарин иштибоҳе, ки дар мавриди калимаи тоҷик ва маънии он рух додааст, мақолаи хонум Мираҳмадӣ аст, ки эшон бидуни ҳеҷ тааммул ва баррасии мақолаҳои пешин ва андешаи амиқи илмӣ матлаби хешро ин тавр оғоз карда: "Калимаи тоҷик, ки дар мутуни қадимӣ ба сурати "тожик" низ ба кор рафтааст, ба таври куллӣ аз номи қабилаи "Тай"- яке аз қабоили араб гирифта шуда, аз ибтидо низ ба ҳамон маънии тозӣ ва араб мавриди назар будааст. Ҳамчунон низ замоне  мусалмонон ва ақвоми эронӣ итлоқ шуда, ки  ислом аз тариқи онон дар Осиёи Марказӣ густариш ёфтааст".

Ба андешаи Мирзо Шукурзода гоҳе ба табори турк ва гоҳе ба нажоди араб нисбат додани асилтарин қавми ориёӣ агар аз ҷониби иддаи каме аз фарҳангнависони пешин иштибоҳӣ рух дода бошад, аммо доираҳои махсуси миллатгароҳо, ки ободӣ ва шукуфоии таъриху фарҳанги хешро дар нобудии қавми тоҷик ва ному нишони он меҷӯянд, аз ин гуна иштибоҳҳо сӯистифода менамоянд.

Тоҷикистону Афғонистону Эрон - се тиккаи як тани воҳид

Мирзо Шукурзода мегӯяд, дар Афғонистону Эрон аз масъалаи табартақсими замони болшевикӣ мардум камтар иттилоъ доранд.

"Мутаассифона, се пораи як қалб- Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ҳатто чанд қарн пеш аз зуҳури режими Шӯравӣ бо ҷурму ҷиноёти зимомдорони қарнҳои мухталиф, бахусус аз замони суқути Сомониён то фурӯпошии имперотурии Советӣ аз ҳам шудо шудем. Як тани воҳид ба чанд тикка тақсим гардид ва байни мо девори пӯлодин гузоштанд, мо зери султаи бегона қарор гирифтем".

Шукурзода таъкидан гуфт, ҳамин ҷудоии иҷборӣ буда, ки пайвастагиҳои таърихии моро то ҳадде заъиф ва фарсуда намуда, то дараҷае, ки номи худро аз ёд бурдем.

Ба гуфтаи ӯ "кор ба ҷое расид, ки дар ибтидои садаи бист, дар замони ҳукмронии манғитҳо қариб буд, забон ва фарҳанги миллати фарҳангофарини тоҷик аз беху реша нобуд гардад. Боз ҳам ғановату тавонмандиҳои ҳамин фарҳанг ва ҳамин забони оламгир буда, ки худ дар дифоъ аз ин миллат сипаре гардида ва аз марг раҳонидааст"

Саъдӣ бо ифтихор худро тоҷик хондааст

shukurzoda-010102Ҳамчунин Мирзо Шукурзода, алайҳи даъвогарони вожаи "тоҷик" садо баланд кардаву таъкид намуд, ки калимаи тоҷик дар асрҳои миёна ва аз он ба баъд ҳам ончунон машҳур ва вирди забонҳо будааст, ки бузургтарин сипаҳсолори адабиёти Эрон ва ҷаҳон Шайх Саъдии Шерозӣ бо ғурур ва тафохури хосе хешро тоҷик хонда, шиква а маъшуқаи турк кардааст:

Шояд, ки ба подшаҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Ҳамчунин ӯ бо ифтихор аз ин ду мисраъи Амир Хусрави Деҳлавӣ ёдовар шуд, ки гуфта:

Тоҷики гарданкашу лашкаршикан,

Бештарӣ найзавару теғзан.

Ба таъкиди устод Шукурзода, аз ин қабил ашъор метавон садҳо мисоли дигар овард, ки гузаштагони мо дар тамоми мутуни форсӣ калимаи тоҷикро чун ҷойгузуни вожаи эронӣ ва форсизабон мавриди истифода қарор додаанд. Барои исботи ин фикри худ Шукурзода аз чанд фарҳангномаҳои муътабар далел овард.

"Дар "Луғатномаи Деҳхудо" омада, ки: "Тоҷик ғайриаарб ва ғайритуркро гӯянд." Ва "Фарҳанги форси Муин" дар ин маврид мегӯяд: "Тот- раъият ва ҷик- пасванди тасғир буда, умуман онеро гӯянд, ки турк ва муғулӣ набошад. Дар "Фарҳанги Нафисӣ" омадааст: "Тоҷик ғайриараб, ғайритурк, яъне мардуми порсӣ". Ҳамчунин нависандаи бузург Лорис ба ин эътиқод буда, ки тоҷикҳо аз нажоди холиси ориёиҳоянд."- афзуд нависандаи тоҷик.

Ҷуғрофиёи тоҷикон танҳо Тоҷикистон нест

Ҳамчунин ба гуфтаи Мирзо Шукурзода аз таҳқиқот ва таълифтои донишмандон ва мардумшиносони муҳтарам бармеояд, ки макони будубош ва ҷуғрофиёи густариши тоҷикон ба Тоҷикистони мо маҳдуд нашуда, балки ба маротиб фарохтар аз ин марзҳост ва ҳатто аз қасаба, русто, навоҳӣ, шаҳрҳо ва вилоятҳои сирф тоҷикнишине сухан меравад, ки дар фосилаи ҳазорҳо километр дур аз кишвар мо воқеъ гашта, иддае аз сокинонашон бо камоли таассуф, на танҳо тоҷик будан, ҳатто суннати ниёкони некномашон ва арзандатарин гавҳари ҳастии хеш, яъне забони модариро ба осорхонаи фаромӯшӣ супоридаанд.

Махуфтарин душмани миллат мо худ будаем

Шукурзода бо дард иқрор намуд, ки махуфтарин душмане, ки дар имтидоди таърих дар пайи нобудии мо будааст, худи мо будаем, ки аз фарти ҷаҳолат, ҳирси ҷоҳу мансаб, ба қавли донишманди ибтидои қарни бистум Мирзо Сироҷи Ҳаким "Мо тоҷикон ҳама вақт дар фикри хиёнат намудан ба бародарони худ будаем. Борҳо исбот ҳам шуд, ки мо нисбат ба худ хеле сахтдил, бераҳм буда, хислати бегонанавозӣ дорем".

«Тоҷӣ»- ба ҷойи тоҷик, "Тоҷистон" ба ҷойи Тоҷикистон

Дар қисмати пурсиши посухи ин суҳбати Шукурзода муҳаққиқи маъруф Абдуллоҳи Раҳнамо пурсид, ки иддае олимони тоҷике, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, иддао кардаанд, ки вожаи "тоҷик" туркӣ аст ва бояд он ба "тоҷӣ" ва ҳамин тавр Тоҷикистон ба "Тоҷистон" табдил дода шавад. Мирзо Шукурзода гуфт, комилан зидди чунин пешниҳод аст ва бо оҳанги танзомез афзуд, ки "Дӯстоне, ки чунин пешниҳод кардаанд, як каме мариз ҳастанд. Албатта, узр мехоҳам барои ин суханон. Вале Тоҷикистону тоҷикон набояд иваз шавад".

Дар ин бобат профессор Иброҳим Усмонов таъкидан гуфт, ки Садриддин Айнӣ дар пажӯҳиши худ нисбат ба вожаи тоҷик таъкид кардааст, ки ин калима аз "тоҷ" ва "ик" иборат асту "ик" инҷо пасванди навозишист.

Ба қавли профессори тоҷик "акнун имрӯз ду тоҷике, ки аз Тоҷикистон берун баромадааст, мегӯяд, мо бояд Тоҷистону тоҷӣ бигӯем. Ин нодуруст аст. Ҳадди ақал беҳурматист, нисбат ба тадқиқи он бузургоне, ки ба ин кор даст задаанд"

Гузориши Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi