18:37:57 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вусъати мубориза бо мухаддирот дар як сол

«Соярӯшан» саҳифаи муштараки Агентӣ ва "Рӯзгор"

Шояд имрӯз дар ҷомеаи байналмиллалӣ масоиле аввалиндараҷа аз терроризм, маводи нашъаовар ва қочоқи силоҳу инсон ва одамрабоӣ набошад. Ин чанд падидае ҳастанд, ки барҳамзанандаи амнияти кишварҳо ва одамон, бесуботгардонандаи мамлакатҳо ва ба миёноварандаи хавфу хатар дар ҷомеаи байналмиллалӣ мебошад.

rustam-nazarov 458555 1Мутаассифона, Тоҷикистони мо бо доштани марзи басо тӯлонӣ бо яке аз бузургтарин тавлидкунандагони мухаддирот дар ҷаҳон-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мамлакате табдил ёфтааст, ки роҳҳои он аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ барои интиқоли маводи мухаддир ба мамолики хориҷ истифода бурда мешавад. Ҳамин сарнавишт ҳукумати ин кишварро водор кардааст, ки ҳар сол аз буҷаи давлатӣ миллионҳо сомониро сарфи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир кунад.

Иқдомоти пайгиронаи Ҳукумат ва талошҳои фаъолонаи сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо ин хатари башарӣ Тоҷикистонро ба сипари боэътимоде ба муқобили густариши маводи нашъадори тавлиди Афғонистон табдил додааст. Муборизаи ҳарсола корномаи шоистаест. Тоҷикистон на танҳо бо мухаддирот мубориза мебарад, балки ҷони миллионҳо сокинони Сайёраро аз хатари гирифторӣ ба нашъамандӣ наҷот медиҳад.

Ҳар ҷиноятро ҷазоест

Дар охирин нишасти матбуотии Агентӣ, ки 6 феврали соли равон баргузор шуд, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров аз ошкор шудани 936 ҷинояти мухаддиротӣ дар кишвар хабар дод, ки 41 ҷиноят дар қиёс ба соли гузашта бештар аст. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайдгирифтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 5,1 дар садро ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ташкил медиҳанд.

Соли 2013 вобаста ба ин навъи ҷиноёт мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 867 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, ки дар муқоиса ба як соли қабл (825) 5,1 дар сад зиёд аст.

36 дар сад аз ҷумлаи 988 шахси барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ боздоштшуда сокинони шаҳри Душанбе буданд. 30 дар сади ин ҷиноятҳо дар вилояти Суғд, 19 дар сад дар вилояти Хатлон, 11 дар сад дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва 4 фоизи он дар ВМКБ ба қайд гиифта шудааст.

Бекорон ҳамоно бештар ҷиноят содир кардаанд

Омори ироашуда баёнгари он аст, ки ҷавонони то сисола 29 дар сад (289)-и ин ҷиноятҳоро содир кардаанд, аммо 689, ё худ 70 дар сади ин ҷиноятҳо аз ҷониби афроди аз сисола боло содир шудааст. Соли гузашта 10 ноболиғ низ барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардидааст.

Чун ҳамасола аксари ин ҷиноятҳо (91% ё 858 нафар) аз ҷониби шахсоне содир шудааст, ки ҷои кори доимӣ надоштанд. 53 нафари боздоштшудагон коргарон ва 10 нафарашон донишҷӯёни макотиби олии мухталифи кишвар буданд. 

Судҳои ҷумҳурӣ соли гузашта барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ 1049 (соли 2012-1054) нафарро роҳии зиндон кардаанд, ки 262 нафарашон қаблан доғи судӣ доштанд. Теъдоди занони маҳкумшуда бо ҷиноятҳои маводи мухаддир 36 нафарро ташкил додааст.

Дар соли 2013 5 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар даст заданд, дастгир шуданд.

Шаҳрвандони мо дар хориҷ ва хориҷиён дар мо

Ҳамзамон бо ин соҳибмақоми Агентӣ аз боздошти 43 шаҳрванди хориҷӣ иттилоъ дод, ки 36 нафари онҳо шаҳрвандони Афғонистон буданд. Дар миёни бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ боздоштшуда 1 нафарӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Эрон, Русия, Қазоқистон ва 4 тан аз Қирғизистон будаанд.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир дар хориҷи кишвар аз сол ба соли дигар рӯ ба коҳиш меорад. Чунончӣ, соли гузашта 258 нафар сокинони кишвар дар хориҷ бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ боздошт гардиданд. Ин дар ҳолест, ки теъдоди дастгиршудагон бо ин намуди ҷиноятҳо соли 2011- 630 ва соли 2012 344 нафарро ташкил медод.  

Чун солиёни пеш шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар Федератсияи Русия (225 нафар), Узбекистон (20 нафар), Қирғизистон (12 нафар) ва Қазоқистон (1 нафар) боздошт шудаанд. 

Мусодира ҳам афзудааст

Соли 2013 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ бештар аз 6 тоннаву 686 кило маводи нашъаовар мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2012 11,8 % ва нисбат ба соли 2011 57,8% зиёд мебошад.

Бештари маводи мухаддири мусодирашуда (5428,627 кило) мухаддироти мансуб ба гуруҳи каннабис будааст. Омори расонаишуда ҳикоят аз он дорад, ки сол то сол аз муомилоти ғайриқонунӣ ин навъи маводи мухаддир бештар мусодира мешавад. Чунончӣ, соли 2011 дар ҷумҳурӣ 3230 кило каннабис мусодира шуд, соли 2012  ин рақам ба 4832 кило расид. Мусодираи ин навъи мухаддирот зарфи ду соли охир 68,1 дар сад афзудааст.

Аз ҳисоби умумии маводи мухаддири соли гузашта мусодирашуда бештар аз 1257 килои онро мухаддироти афюнӣ (героин ва афюн) ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳамчунин 3353 адад ҳаббҳои гуногуни психотропӣ мусодира шудааст.

Фаъолияти Агентӣ

rustam-nazarov 458555 2Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 933 килову 823 грам маводи нашъадор мусодира намудаанд, ки 298 килову 333 грами онро мухаддироти гуруҳи афюнӣ ташкил дода, 635 килову 490 грами боқимондаи он маводи нашъаовари мансуб ба гурӯҳи каннабис мебошад.

Бо ташаббуси Агентӣ мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ 1 385 кг 458 гр маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст.

 Шуъбаи тафтишотӣ аз рӯи ҷиноятҳои ифшошуда 155 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки дар қиёс ба як соли пеш 3,2 дар сад зиёд аст. Аз ин миён тафтиши 96 парванда нисбати 133 нафар ба анҷом расида, ба судҳо ирсол шудааст. Дар доираи тафтиши ин парвандаҳо ба як хонаи истиқоматӣ ва 9 автомашина ҳабс гузошта шуд.

Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти Федералии назорати маводи нашъаовари Федератсияи Русия тафтиши 2 парвандаи ҷиноӣ нисбати гурӯҳҳои муташшакили ҷиноятӣ ба анҷом расида, дар ин иртибот 2 сарвари гуруҳ ва 11 нафар аъзои он дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз онҳо дар маҷмуъ 52 кило героин мусодира шудааст.

Аз ҷониби Агентӣ дар самти таҳкими мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб як қатор чорабиниҳои ташкилӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида, дар натиҷа фаъолияти 36 гурӯҳи ҷинояткор ва 2 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва фаъолияти минбаъдаи онҳо қатъ карда шудааст.

Инчунин, 3 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ (соли 2012 - 3) оғоз карда шуд.

Ва рақамҳои ҷолиби дигар аз фаъолиятҳои Агентӣ:

18 нафар шахсони дар кофтукови байнидавлатӣ қарордошта боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки соли 2012 ҳамагӣ 7 нафар ҷустушавандагон дастгир шуда буданд.

***

Аз рӯи 40 ҳодисаи алоқаманд ба маводи мухаддир 45 нафар (соли 2012  - 21 нафар) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд ва аз онҳо ба маблағи 35600 сомонӣ (соли 2012 - 17200 сомонӣ) ҷарима ситонида шудааст.

***

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомии ҶИА, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 9 амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ гузарониданд.

***

Афсарони алоқаи Агентӣ дар вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо хадамоти махсуси Афғонистон 6 амалиёт гузаронида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 430 кг 400 гр маводи нашъаовар ва 1 адад таҷҳизот барои тайёр кардани героин мусодира намудаанд, як лабараторияи истеҳсоли героинро аз фаъолият боздоштанд.

***

Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ 281 ташхис ва таҳқиқоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, ташхисҳои химиявӣ ва дактилоскопӣ гузаронид,  ки 107- тои он бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ сурат гирифтанд.

***

Дар соли 2013 бо тартиби муқарраршуда бо иштироки комиссияи махсуси дахлдор, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва кишварҳои маблағгузор 644 кг 749 гр  (соли 2012 - 693 кг 929 гр) маводи нашъаовари мусодирашуда, дар бораи нобудсозии он ҳукми суд мавриди амал қарор гирифтааст, дар печи махсуси Агентӣ ба оташ кашида шудааст.

***

Коҳиши нашъмандиву афзоиши сирояти  ВИЧ

Вазорати тандурустӣ шумораи касонеро, ки соли гузашта муассисаҳои наркологӣ бо ташхиси "нашъамандӣ" ба қайд гирифта буд, 7176 нафар эълон кардааст, ки ин дар қиёс ба як соли пеш 55 нафар, ё худ 0,8 фоиз камтар мебошад. 198 нафари ин афрод занонанд ва бино ба омори эъломшуда шумораи онҳо дар қиёс ба як соли пеш (219) 21 нафар коҳиш ёфтааст.

 Бино ба ин омор 3011 нафар аз ҷумлаи гирифторони нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе, 1075 нафар дар вилояти Суғд, 1262 нафар дар Хатлон ва 901 нафари дигар дар ВМКБ зиндагонӣ мекунанд. Аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 927 нафар нашъамандон ба қайд гирифта шудаанд.

Алишер Ташрипов, сардори шуъбаи назорати қонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ гуфт, ки 3382 нафар нашъамандон истеъмолкунандагони мухаддироти афюнӣ (героин ва афюн) буда, 971 нафар бангдона истеъмол мекунанд. Ба гуфтаи ин манбаъ 67% нашъамандон истеъмолкунандагони тазриқии мухаддиротанд.

Ҳамчунин бо нигаронӣ хабар дода шуд, ки соли гузашта сироятшудагон ба инфексияи ВИЧ дар кишвар 754 нафар афзуда, шумораи ин афрод ба 5382 нафар расидааст. 53,5 дар сади онҳо истеъмолкунандагони тазриқии маводи мухаддир мебошанд.  

Ҳамчуноне Рустам Назаров иброз дошт, агар солҳои пеш ошкоркунии беморони нашъаманд асосан ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат мегирифт, пас дар солҳои охир теъдоди зиёди беморонро муассисаҳои тиббӣ ошкор менамоянд. Ин ба он маъност, ки беҳбуд ёфтани шароити ташхис ва табобати нашъамандӣ мубталоёнро бештар ҷалб кардааст.

Аммо наметавон омори ироакардаи Вазорати тандурустиро дақиқ арзёбӣ кард. Зеро ин омор  дар пояи муроҷиати беморон ва табобати иҷбории онҳо ба даст меояд. Касоне, ки бо сабабҳои гуногун майл ба табобат намекунанд ва ё пинҳонӣ муолиҷа менамоянд, аз ин омор берунанд.

 Яке аз омилҳои афзоиши бемориҳои сироятӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ аст. Чунончӣ аз миёни 5382 нафар сироятшудагон бемории 453 нафар ё 8,4 фоиз баъди бозгашт аз муҳоҷират ифшо шудааст, 610 тани онҳо (11,9 дар сад) дар муассисаҳои ислоҳӣ гирифтори ин вирусҳо шудаанд. 

Дар шаҳри Душанбе 1834 нафар, дар Суғд 1026 нафар, дар Хатлон 1219 нафар, дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 353 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 950 нафар шахсони сироятёфтаи ВИЧ (ВНМО) ба қайд гирифта шудаанд.

Ва рақамҳои ҷолиби дигар:

rustam-nazarov 458555 3Солҳои 2010-2013 дар қаламрави панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 16,1 тонна мухаддироти гуруҳи афюнӣ мусодира шудааст, ки 32 фоизи он заҳмати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Дар Узбекистон 29, Туркманистон 17, Қазоқистон 14 ва Қирғизистон  8 дар сади ин навъи маводи мухаддир мусодра шудааст. 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҳамаи кишварҳои  Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия теъдоди камтарини шахсони гирифтор ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Фаъолиятҳои ҳуқуқӣ

Соли 2013 Агентӣ бо мақсади такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти назорати маводи нашъаовар дар соли 2013 Агентӣ якчанд лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниидоравиро таҳия намуд, ки:

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" (дар таҳрири нав);

- лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" (13 феврали соли 2013, №1409 ба имзо расид);

- лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи "Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд сохтани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд" (Бо Қарори Ҳукумати ҶТаз 4 октябри соли 2013 №448 тасдиқ шудааст);

- лоиҳаи Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо". (Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 ноябри соли 2013 №475 ворид шудааст);

Соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои  байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар бо иштироки роҳбарияти Агентӣ 5 - вохӯрӣ, 6 - ҷаласа ва 2 - конференсия баргузор гардиданд, аз ҷумла:

- вохӯрии сеюми "Ташаббуси АҚТ" бо иштироки роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (27-28 сентябр, шаҳри Душанбе);

- ҷаласаи Парламенти Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти  ғайриқонунии маводи нашъаовар (11 ноябр, ш. Брюссел);

- вохӯрии байналмилалии роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротӣ оид ба  масъалаҳои муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, арзёбӣ ва пешгӯиҳои инкишофи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақа (29 ноябр, ш. Душанбе). Иштирокчиён Изҳороти муштаракро ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи нашъамандӣ дар Афғонистон ва минтақа қабул намуда хоҳони идомаи "Муколамаи Душанбе" шуданд;

- конференсияи байналмилалии "Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва муҳайё кардани воситаҳои зиндагӣ" (30 ноябр - 2 декабр, шаҳри Душанбе) аз ин ҷумла мебошанд.

Дурнамо: Соли 2014 чӣ бояд кард?

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, дар соли 2014 дар амал татбиқ намудани корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар кори татбиқи амалии "Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020";

- андешидани чораҳои иловагии ташкилӣҷиҳати рушди  ҳамкориҳои судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣҷиҳати баланд бардоштани самаранокии муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори дорои робитаҳои байнидавлатӣ;

- ҷиҳати татбиқи Изҳороти муштараки "Муколамаи Душанбе" аз 29 ноябри соли 2013 андешидани тадбирҳои зарурӣ;

- пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ҷиҳати баланд бардоштани обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ва изҳори назар нисбати хабару мақолаҳое, ки ба обрӯю нуфузи ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мерасонанд;    

- баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, таблиғотӣ ва пешгирикунандаи зиддинашъамандии байналмилалӣ бо табақаҳои мухталифи аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадӣ, такмили шаклу усулҳои чорабиниҳо;

- санҷиши мунтазами муассисаҳои тандурустӣ, табобатӣ, профилактикӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолии ҷумҳурӣ, ҷиҳати назорати муомилоти маводи нашъаовар ва прекурсорҳо;

- бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати шахсии Агентӣ идома додани ташкили омӯзиш ва бозомӯзии кормандон, аз ҷумла, ташкил намудани омӯзиш ва бозомӯзии кормандон - кинологҳои мақомоти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар маркази таълимии кинологӣ, инчунин омода кардани сагҳои хизматӣ барои онҳо;

- оғоз намудани сохтмони шӯъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол;

- дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаҳои навбатии гурӯҳҳои кории коршиносон ва сарони мақомоти зиддимухаддиротии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай;

 - муаррифии "Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013" моҳи марти соли 2014 дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №07, 19 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi