17:55:07 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Зоиров: "Раҳмон ба сахттарин давраи раёсаташ ворид шуд"

Раҳматулло Зоиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон ба душвортарин давраи раёсати худ ворид мешавад.

zoirov_5485477.jpgРаҳматулло Зоиров дар робита ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон ба мо гуфт, «ман натиҷаи ин интихоботро эътироф намекунам ва президент Эмомалӣ Раҳмонро барои ғалаба дар ин корзор табрик нахоҳам кард». Зоиров мегӯяд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи пешазинтихоботии худ доир ба ислоҳоти кадрӣ ва такя намудан ба ҷавонон ҳеҷ ишоррае надорад ва илова бар ин дар 7 соли ахир низ тағйироти кадрии ҷиддӣ анҷом надод ва ин ба он маъност, ки дар оянда низ ба ин иқдом даст нахоҳад зад. Зеро ба гуфти Зойиров, захираи шоистаи кадрӣ надорад ва ин вазъ кишварро дучори барҷомондагӣ хоҳад кард.

«Бо ин кабинете, ки президент тайи 7 солаҳои ахир дар сари қудрат аст ва мо дидем, ки ин кабинет қудрат ба ислоҳи вазъи иқтисодӣ, энержӣ ва иҷтимоии кишварро надорад ва ҳеҷ барномаи ҷиддӣ ва муасир надорад агар иваз карда нашавад аввал Эмомалӣ Раҳмон дучори буҳрони мудирият хоҳад шуд,» -- афзуд ҷаноби Зоиров.  Раҳбари сотсиал-демократҳо таъкид мекунад, ки кишвар воқеан ба як ислоҳоти сартосарӣ ниёзи ҷиддӣ дорад ва ин амалӣ кардани он шонси охири Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун президент хоҳад буд.

Аммо сокинони оддии Душанбе, ки рӯзи 7 ноябр бо Озодӣ сӯҳбат карданд, мегӯянд, аз Эмомалӣ Раҳмон умедворанд, ки ин навбат бештар дар фикри ҳалли мушкилоти рӯзмарраи мардум хоҳад шуд. Назари чанде аз сокинонро инҷо тамошо кунед:

Исмонов: «Натоиҷи интихоботро эътироф мекунам»

Саидҷафар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ дар интихобот мегӯяд, натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳуриро, ки 1 дар сад овоз гирифтааст эътироф мекунад.

Ҷаноби Исмонов, рӯзи панҷшанбе пас аз эълони наиоиҷи муқаддамотии интихоботи расёати ҷумҳурӣ тавассути КМИРТ дар суҳбат бо мо гуфт, ки «1 дар сад раъйи мардумро ба даст овардани номзади ҳизби демократ, хуб аст. Дар ҳоле, ки ҳизби демократ барои аввалин бор дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кард ва омодагии зиёде ҳам надошт.»

Ҳарчанд ба таъкиди ҷаноби Исмонов ҳизб тавонист дар равнади интихобот имзои лозимии тарафдоронро ҷамъ оварад ва номзад низ дар миёни мардум барномаҳои пешазинтихоботиашро муаррифӣ кунад.

Ба ин далел Саидҷафар Исмонов, ширкат дар интихоботи расёсати ҷумҳуриро ба маънии муаррифии ҳизби демократ медонад ва мегуяд, ҳизб талош хоҳад кард, то дар интихоботи навбатии порлумонӣ ширкати фаъолу густардатар дошта бошад. Чун ба таъкиди ҷаноби Исмонов, «интихоботи президентӣ таҷрибае буд ва мо заъфу камбудиҳои худро фаҳмидем.

Толиббек Бухориев, номзад аз ҳизби аграрӣ, ки 4,5 дар сад ё беш 166 ҳазор раъйи мардумро ба даст овардааст мегӯяд аз натиҷаи ин маърака розӣ аст ва аз номзади пируз Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ки чанд нуқтаи барномаи пешазинтихоботии ӯро амалӣ созад.

Толиббек Бухориев дар хусуси ин ки чаро натавонист ақаллан раъйи 210 ҳазор тарафдоронашро, ки барои сабти номи вай имзо карда буданд бигирад, гуфт, ки дар ҳақиқат бояд ҳамин тавр мешуд, вале афроди имзокарда шояд назару мавқеи мухталиф доштанд.

«Дар ҳақиқат ман ҳам ба ин фикр ҳастам, ки онҳо бояд ба тарафдории мо раъй медоданд, вале ҳар шахс назари худро дорад. Лекин ин маънои онро надорад, ки КМИРТ чунин карда бошад.», гуфт номзади аграриҳо дар интихоботи президентии Тоҷикистон.

Вай афзуд, ки дар ҷараёни ташвиқоту тарғиб ҳамаи номзадҳо имкони баробар доштан ва пирӯзии Эмомалӣ Раҳмонро қоунунӣ ва демократӣ медонад.

«Ман аз президенти Тоҷикистон мехоҳам, ки яке аз бобҳои барномаи ман дар бораи рушди воқеии соҳаи кишоварзии кишварро дар амал татбиқ кунад, зеро Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, бояд аз ин соҳа худкифо бошад», зикр кард Толиббек Бухориев.

Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 7-уми ноябр дар суҳбат бо мо гуфт, ки «интихобот ба таври демократӣ, шаффоф ва озод баргузор шуда ва натиҷаҳои он низ бозгуи ин раванад аст».

Ҷаноби Азимов афзуд, ки «Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури интихобшуда дар 7 соли оянда талош хоҳад кард, то нукоти муҳими барномаи пешазинтихоботиашро, ки ба рушди кишвар нигаронида шудааст, иҷро намояд".

Дилшод Муллоев, ходими илмии Паҳуҳишгоҳи сиёсат, фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ муътақид аст, ки «натиҷаҳо воқеиятро нишон медиҳад ва раъйи мардум ба номзадҳо низ аз он далолат медиҳад, ки кӣ то куҷо маҳбубият дорад.»

Ба гуфтаи ҷаноби Муллоев, «дар пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ дар ин интихобот низ ҷойи баҳс нест. Ҳарчанд аз қабл назарсанҷии вижа аз суи марказҳои иҷтимоӣ дар ин маврид анҷом нашуда буд, аммо бархе аз расонаҳо назарпурсиҳо ташкил карданд ва маълум гардид, ки барнадаи интихобот боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон аст.»

Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дигар номзадҳо, ки миқдори аз 1 то 5 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст оварданд, бояд ба ин иктифо кунанд ва розӣ бошанд, чун аксари онҳоро мардум намешиносад ва дар миёни ҷомеа низ аз маҳбубият бархурдор нестанд.

Ҳамзамон ба таъкиди Дилшод Муллоев, ин номзадҳо ба интихобот ҳатто аз лиҳози равонӣ омода набуданд ва ҷасорате низ барои бештар муаррифӣ кардани худ нишон надоданд.

Аммо Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон ба омори пешниҳодкардаи КМИРТ дар маврид ширкати мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шак дорад. Вай гуфт, «эълони рақами 83 дар сад ширкати интихобкунандагон аз суи КМИРТ саҳеҳ ва воқеӣ нест.»

Чун ба таъкиди ҷаноби Ҳаким, аз ҳудуди 2 миллион муҳоҷири тоҷик 70 дар сади онҳо қобили раъй буданд, аммо гумон аст, ки онҳо дар интихобот ширкат карда бошанд. Аммо Шокирҷони Ҳаким дар маврид ръйи дарёфтии номзадҳои интихоботӣ гуфт, чун рақобати солим вуҷуд надошт, маълум буд, ки раиси ҷумҳури феълӣ боз ҳам пирӯз мешавад.

Ҷалолиддини Маҳмуд, намояндаи Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон мегӯяд, "чун рақобате набуд, ман фикр мекунам, ки интихобот шаффоф баргузор шуд".

Дар ҳамине ҳол Ойниҳол Бобоназарова пас аз эълони натиҷаҳои интихобот дар робита ба ин гуфт, ки ин ҳама як саҳнасозии дуруғи сиёсӣ аст, ки Кумисиюни марказии интихобот ва номзадҳо анҷом доданд.

Ойниҳол Бобоназарова 7-уми ноябр дафъатан пас аз анҷоми нишасти хабарии КМИРТ ба радиои Озодӣ гуфт рақамҳоеро, ки дар мавриди ба даст овардани овозҳои номзадҳо Саидҷаъфар Исмонов, Абдуҳалим Ғаффоров, Толиббек Бухориев, Олимҷон Бобоев ва Исмоил Талбаков баён дошта шуданд ба ҳақиқати ҳол рост намеоянд. Зеро ба қавли ӯ КМИРТ дар ивази 210 ҳазор имзои тарафдоронашон инҳоро сабти ном карда буд, "чӣ гуна онҳо ҳатто то 200 ҳазор раъйи тарафдорони худро гирифта натавонистанд".

"Бо ин рақамбозиҳо бозии ҳукумат ва Кумиссиюни марказии интихоботу ин "номзадҳо" ошкор шуд, ки ба хотири танҳо баргузор кардани "интихобот барои интихобот" анҷом дода шудааст", зикр кард Ойниҳол Бобоназарова.

"Ман ин интихоботро яҷониба ва ғайриодилона ва бидуни демократия меҳисобам ва боварӣ доштам, ки номзади комуннистҳо аз 181 ҳазору 675 раъйе ки КМИРТ эълон дошт, раъйи бештар ба даст оварда бошад, вале воқияти интихобот ба эътибор гирифта нашудааст. Бовар кунед ҳам КМИРТ ҳам номзадҳо ва ҳам ҳукумат ба чашми мардум хок задаанд", гуфт хонум Бобоназарова.

"Ҳоло ин интихобот роҳро барои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи 20 сол бо ҳамон командаи «қадими»-и худаш, ки то кунун дар сари қудрат аст боз 7 соли дигар ҳукуматро дар қабзааш нигоҳ медорад ва кишвар бидуни ислоҳоти ҷиддӣ бо ҳамин вазирони «куҳна» зиндагӣ мекунад», меафзояд хонум Бобоназарова.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi