18:00:24 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зойиров: «ҲНИТ ҷуръати таҳрими интихоботро надорад»

Анҷумани Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон , ки 12 октябр доир шуд, тасмим гирифт, ки агар номзадии Ойниҳол Бобоназарова сабт ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон лағв нашавад, ин ҳизб интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро таҳрим хоҳад кард. Ин тасмим то чи андоза муассир аст ва дар натоиҷи интихобот чи таъсире хоҳад дошт? Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад дар мусоҳиба бо Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҲСДТ, талош кардааст ба ин пурсиш ва пурсишҳои дигар посух ёбад

tj-zairov 30444-Ба эҳтимоли қавӣ Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) тақозои ҳизби шуморо нахоҳад пазируфт. Оё ҳизби сусиёл-демукрот дарвоқеъ мехоҳад интихоботи қарибулвуқӯъро таҳрим кунад?

-Дар ин замина Шӯрои сиёсии Ҳизби сусиёл-демукрот тасмим хоҳад гирифт. Ин масъулиятро анҷумани ҲСДТ ба дӯши Шӯрои сиёсии ҳизб вогузор кардааст. Раҳбари ҳизб наметавонад худ дар ин замина тасмим бигирад. Имкон дорад номзадии Ойниҳол Бобоназарова сабт шавад. Аммо КМИҲ ҷуръат нахоҳад кард, ки мавзӯъи лағви номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баррасӣ кунад. Маҷлиси Намояндагон, ки ниҳоди мустақил нест, наметавонад дар ин масъала ибрози назар кунад.

-Дар ҷаласаи ахири Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), ки ҳафтаи гузашта доир шуд, аъзои ин иттиҳодия аз пешниҳоди Шумо дар мавриди баррасии тасмими анҷумани ҲСДТ сарфи назар карданд. Чаро?

-Агар пешниҳоди ҳизби мо ба КМИҲ дар бораи сабти номи Ойниҳол Бобоназарова ва лағви номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа баррасӣ мешуд, матраҳ кардани масоили дигар маънӣ надошт. Масалан, масъалаи пешниҳоди имзоҳо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова ба КМИҲ барои сабти номи ӯ. Аммо фикр мекунам, Ҳизби наҳзати исломӣ ва ширкаткунадагони дигар аз баррасии пешниҳоди лағви номзадии оқои Раҳмон тарсиданд.

Дар суҳбатҳои инфиродӣ ба ман гуфтанд, ки намедонанд сари ин масъала чи кор кунанд. Онҳо ин мушкилро "кӯчаи сарбаста" хонда ва гуфтанд, ки дар сурати баррасӣ ва пуштибонӣ аз пешниҳоди лавғи номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи феълӣ фишор бар ҲНИТ бештар шуда ва мумкин аст, мавзӯъи бастани ин ҳизб низ матраҳ шавад.

Ин тақозо танҳо аз ҷониби ҲСДТ ё Раҳматилло Зойиров ироа шавад, ба манфиъати Тоҷикистон нахоҳад буд. Ба хотири бунёди ҷомеъаи ҳуқуқбунёд мо бояд аз мавзеъгирии дугона худдорӣ карда ва бо ҷуръат ба Маҷлиси Намояндагон ва КМИҲ собит кунем, ки ширкати оқои Раҳмон дар интихоботи феълӣ ғайриқонунӣ аст.

-Дар ҷаласаи ИНИТ дар рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ низ пешниҳоди Шумо ва Шокирҷон Ҳакимов, муъовини Шумо, дар бораи таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баррасӣ нашуд.

-Агар дар он ҷаласа ин мавзӯъ матраҳ мешуд, Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном мешуд. Мухолифони давлати Тоҷикистон заъиф нестанд, беҷуръат ҳастанд.

-Масъулони ИНИТ иброз доштанд, ки агар дар муддати 10 рӯзи оянда номзадии Ойниҳол Бобоназарова сабт нашавад, дар мавриди наҳваи ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ тасмим хоҳанд гирифт. Ҳоло мақомоти КМИҲ гуфтанд, ки номзадии хонуми Бобоназарова сабт нахоҳад шуд. Имкон дорад, ки ИНИТ интихоботро таҳрим кунад?

-Барои ин кор нахуст ҲНИТ ва ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова имзоҳои ҷамъоваришударо ба КМИҲ пешниҳод кунанд. Дар сурати сабти ном нашудан хонуми Бобоназарова мусаввабаи КМИҲ дар ин заминаро дарёфт карда ва бар асоси ин мусавваба ба Додгоҳи олӣ бояд муроҷиъа кунад. Агар муроҷиъа дар Додгоҳи олӣ рад шавад, заминаи ҳуқуқӣ барои таҳрими интихобот пайдо мешавад.

-Оё ҲНИТ барои пешниҳоди имзои тарафдорони Ойниҳол Бобоназарова ба КМИҲ ва муроҷиъа ба Додгоҳи олӣ фурсати кофӣ дар ихтиёр дорад? Зеро то рӯзи интихобот камтар аз се ҳафта боқӣ мондааст. 

-Тибқи қонун, Додгоҳи олӣ шикоятро дар муддати 3 то 6 рӯз бояд баррасӣ кунад. Аммо дар сурати кам будани фурсат то интихобот ин ниҳод метавонад ба таври оҷил дар муддати як рӯз шикояти ҲНИТ-ро баррасӣ кунад. Агар Додгоҳи олӣ амдан баррасии шикоятро ба таъвиқ андозад, он гоҳ асоси ҳуқуқӣ барои таҳрими интихобот аз ҷониби ин ҳизб фароҳам мешавад.

Вале агар ҲНИТ ва ситоди Ойниҳол Бобоназарова ҷуръати пешниҳоди имзоҳо ба КМИҲ ва шикоят ба Додгоҳи олиро надошта бошанд, табиъист, ки ҷуръати таҳрими интихоботро ҳам надоранд.

-Шумо бовар доред, ки ҲНИТ ба таҳрими интихобот ҷуръат мекунад?

-Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҲНИТ барои пайдо кардани заминаи ҳуқуқии таҳрими интихобот чандон талош намекунад, метавон гуфт, ки ин ҳизб ба таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурӣҷуръат намекунад.

-Дар ҳоле ки Ҳизби сусиёл-демукрот қасди таҳрими интихоботро дошта, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ барои ин кор шитоб намекунад, ин нишонаи вуҷуди шикоф дар Эътилоф ё Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб нест? Ҳамчунин, дар ҷаласаи ИНИТ дар рӯзи 11 октябри соли ҷорӣ ба фаъъол набудани аъзои ҲСДТ дар ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзадии хонуми Бобоназарова ишора шуд.

-Аз рӯйи имконот мо дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат доштем. Вақте номзади ҲСДТ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод нашуд, мо ҳудуди 80 дарсади имконоти худро аз даст додем. Аъзои ҳизби мо 8 ҳазор нафар унн, аз ин теъдод беш аз 60 дарсад дар Русия унна зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳрҳои Сан-Питерзбург ва Маскави Русия 1500 тан аз аъзои ҲСДТ ба ун мебаранд.

Агар ба муҳоҷирон ҳаққи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо дода мешуд, унн метавонистам мустақиман аз Ҳизби сусиёл-демукрот номзад шуда ва бидуни эътилоф бо ҲНИТ имзои лозимиро ҷамъоварӣ кунам. Аммо уннаки воқеъияти Тоҷикистон мо эътилоф ташкил кардем ва ба хотири пароканда нашудани ИНИТ ба пешниҳоди номзадии худ дар интихобот пофишорӣ накардам. Зеро батанҳоӣ ҳизби мо имкони ҷамъоварии имзоҳои лозимӣ барои сабти номзади худро надошт.

-Вокуниши аъзои ҲСДТ ба пешниҳод нашудани номзадии Шумо дар интихобот чи унна буд?

-Беш аз 1500 нафар, аз ҷумла 500 узви ҲНИТ, ба манзили ман омаданду гуфтанд, ки Шумо бояд номзади ягонаи ИНИТ мешудед. Онҳо маро таҳқиру дашном карда мегуфтанд, ки "Шумо моро фурӯхтед!" Вазъи саломатиям баякбор бад шуд. Маро бо фишори баланди хун ба бемористон бурданд ва дар муддати се рӯз дар он ҷо бистарӣ будам. Пизишк гуфт, ки агар қалбатон нерӯманд намешуд, Шумо зинда намемондед.

Ҳамчунин, ин амр боъиси пайдо шудани шикоф дар суфуфи ҲСДТ шуд. Яъне, аъзои ҳизб ба се гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳи аввал номзади пешниҳодии ИНИТ-ро комилан эътироф накарданд. Гурӯҳи дигар номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пазируфтанд, вале дар ҷамъоварии имзо ширкат надоштанд. Танҳо як гурӯҳ аз ҲСДТ ба ҷамъоварии имзо розӣ шуданд.

Дар ибтидо дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ нашуд. Пас аз се рӯзи баҳсу талошҳо аъзои шӯро номзадии хонуми Бобоназароваро пазируфтанд. Дар ҷаласаи созмонҳои маҳаллӣ ман тавзеҳ додам, ки чаро ҳизб аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ кард.

-Ба ҳар сурат, аъзои ҲСДТ дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова ширкат карданд ё хайр?

-Бале, бархе аз аъзои ҳизб дар ин кор саҳм гузоштанд. Ман дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1500 имзо ҷамъоварӣ кардам. Алим Шерзамонов дар вилояти Бадахшон раёсати ситоди ҷамъоварии имзоро ба уҳда дошт. Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 1600 имзо ҷамъоварӣ кардем.

-Сару садоҳое ҳаст, ки Раҳматилло Зойиров аз ИНИТ озурда шуда ва ба ин далел дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории хонуми Бобоназарова ширкати фаъъол надошт. Ин сару садоҳо магар воқеъият надорад?

-На. Ман як принсип (асл) дорам: ҳар таъаҳҳуде, ки кардам, ба он содиқ мемонам. Вақте ИНИТ тасмим гирифт, сарфи назар аз он ки барои ман хушоянд аст ё хайр, ман оро иҷро мекунам. Дар ҳамин хиёбоне, ки зиндагӣ мекунам, ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова 200 имзо ҷамъоварӣ кардам. Шокирҷон Ҳакимов 100 адад имзо ҷамъоварӣ кард.

Фикр намекунам, ки мақомоти Ҳизби наҳзати исломӣ худ ин миқдор имзоро ҷамъоварӣ карда бошанд. Ҳарчанд як хабари таблиғотӣ буд, ки Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, дар як соъат 10 имзо ҷамъоварӣ кард. Агар оқои Кабирӣ танҳо як рӯз дар ҷамъоварии имзо ширкат карда бошад, ман дар муддати 15 рӯз ин корро анҷом додам. Ҷамъоварии имзо кори сахт буд. Мо дар муддати то ним соъат сокинонро мутақоъид мекардем, ки аз номзадии хонуми Бобоназарова тарафдорӣ кунанд.

-Зимнан, чаро анҷумани ҳизб на дар моҳи сентябр, балки пас аз анҷоми раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдори номзадҳо баргузор шуд?

-Дар ибтидо дар ИНИТ машварат кардем, ки нахуст дар анҷумани ҲСДТ номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба интихобот пешниҳод шуда ва анҷумани ҲНИТ аз ин тасмим пуштибонӣ кунад. Қарор буд, ки анҷумани ҳизб рӯзи 17 сентябр баргузор шавад. Аммо ду рӯз қабл аз анҷуман мушкили толор пеш омад. То рӯзи 21 сентябр ин мушкил ҳал нашуд.

Дар ин муддат ҲНИТ аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ 212 ҳазор барга ё варақаҳо барои ҷамъоварии имзоро дарёфт кард. Ҳизби мо наметавонист дар сурати пуштибонӣ аз номзадии хонуми Бобоназарова ҳам баргаҳои изофӣ барои ҷамъоварии имзоро дарёфт кунад.

Аз сӯйи дигар, пас аз пешниҳод шудани Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзади ягонаи ИНИТ дар суфуфи ҳизби сусиёл-демукрот парокандагӣ ба вуҷуд омад. Имкон дошт, анҷумани ҲСДТ аз номзадии хонуми Бобоназарова пуштибонӣ накунад. Мумкин буд, ки ӯ дар анҷуман мавриди таҳқиру дашноми вакилон қарор бигирад.

Бино бар ин, бо аъзои ҳизб дар манотиқи мухатлифи Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дода ва вазъияти мавҷударо шарҳ додем. Сипас, ба пуштибонии Шӯрои сиёсии ҳизб аз номзади ягонаи ИНИТ иктифо кардем.

-Ҳоло фазо дар Ҳизби сусиёл-демукрот чи гуна аст?

-Феълан вазъияти қаблӣ комилан ё пурра барқарор нашудааст. Маҷбур шудем, ки бархе аз руасои созмонҳои маҳаллиро барканор кунем. Иддае аз вукало ба анҷуман наомаданд, 75 дарсади вакилон ҳузур доштанд, бино бар ин, барои баргузор кардани анҷуман заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дошт.

-Чаро КМИҲ анҷумани ҳизби шуморо ғайриқонунӣ хонд?

-Ба ин васила КМИҲ пойин будани сатҳи (дониши) ҳуқуқии худро намоиш дод. Дар анҷуман номзад ба интихобот пешниҳод нашуд ва мо муваззаф набудем, ки чунин корро анҷом диҳем. Аз сӯйи дигар, чи замоне баргузор кардани анҷуман низ кори дохилии ҳизб аст. Метавонем ҳар се моҳ анҷуман гузаронем. Ин ҳаққро на КМИҲ, на порлумон ва на раисҷумҳур наметавонанд маҳдуд кунанд.

-Агар Ҳизби сусиёл-демукрот батанҳоӣ интихоботро таҳрим кунад, ин амр дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чи асаре хоҳад дошт? Дар соли 2006 низ ҲСДТ интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим карда буд, аммо ин иқдом натиҷаи мусбате дар пай надошт. Ҳамин тур не?

-Сабабҳои таҳрими қаблӣ бо таҳрими феълӣ фарқ дорад. Мо дар моҳи ноябри соли 2005 эълом доштем, ки се омил имкон намедиҳад, ки дар интихобот ширкат кунем. Аввал, қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни асосӣ муғойират дошта ва бар асоси ин қонун баргузор кардани интихобот мумкин нест.

Дуруст аст, ки он сол порлумон ин санади ҳуқуқиро то ҳадде ислоҳ кард, аммо ин ислоҳот усулӣ набуд. Мо пешниҳод кардем, ки қонуни ҷадид тасвиб шавад. Зимнан, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар зарфи чаҳор соли ахир ба давлати Тоҷикистон мукарраран тасвиби қонуни ҷадиди интихоботи раёсати ҷумҳуриро тавсия додааст. То ҳол тақозои ҲСДТ ва тавсияи САҲУ иҷро нашудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон се қонуни интихобот вуҷуд дорад: қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, қонуни интихоботи порлумонӣ ва қонуни интихоботи маҷолиси маҳаллӣ. Баргузории ин гуна интихобот низ гуногун аст. Бояд интихоботи сутӯҳи мухталиф аз рӯйи як усул баргузор шавад.

Тақозои дигар ҳаққи ширкат надоштани Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2006 буд. Зеро ваколатҳои ӯ дар моҳи ноябри соли 2004 анҷом шуда буд.

Мо пешниҳодҳои худро ба Маҷлиси Намояндагон ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардем. Аммо посухе дарёфт накардем ва ин тақозо ба эътибор гирифта нашуд. Ба ин далел, интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кардем.

-Ҳоло баъид ба назар мерасад, ки ҲНИТ аз ҳизби Шумо пайравӣ карда ва ба таҳрими интихобот бипайвандад. Ба андешаи Шумо, оё ин поёни эътилоф ё Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон хоҳад буд?

-На. Сарфи назар аз мавзеъгирии Ҳизби наҳзати исломӣ ва натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб ба унвони ниҳоде олтернотив дар баробари Шӯрои ҷамъиятии аҳдномаи ризояти миллии давлати Тоҷикистон фаъъолияти худро идома хоҳад дод.

Аз ин тариқ, ақоид ва назарот дар бораи масоили мубрами рӯзи Тоҷикистон, ки бо назароти созмонҳо ва аҳзоби таҳти назари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, тафовут дорад, ба ҷомеъа ирсол хоҳад шуд.

-Барои суҳбат сипос.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi