09:36:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ғаффоров: «Агар имзои кофӣ ҷамъ накунам, истеъфо медиҳам»

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сусиёлист ва номзади мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки агар натавонад имзои шумори кофии тарафдоронаш барои номзадӣ дар интихоботро ҷамъ оварад, аз раҳбарии ҳизб истеъфо хоҳад кард. Ҳамчунин, оқои Ғаффоров дар суҳбате ихтисосӣ бо ҳамкорамон Мардони Муҳаммад гуфта, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣӯ дар Тоҷикистон як ҷомеъаи сусиёлистии шакли нав, ки бо сусиёлисми Шӯравӣ тафовут дорад, бунёд хоҳад кард.

-"Сусиёлисми нав", ки мегӯед, чи низоме хоҳад буд? Оё ин бозгашт ба сусиёлисми даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нест?

tj ghaffarov-454545-На, дар сусиёлисми ҷадид бояд арзишҳои демукротик, баробарӣ, озодӣ ва ҳифзи иҷтимоъии мардум ҷой дошта бошад. Аз ҷумла, дар сурати таваллуди кӯдак аз замони таваллуд то синни 18-солагӣ ба суратҳисоби ӯ давлат дар бонкҳо маблағи муъайяне интиқол диҳад, ки пас аз 18-солагӣ ба кор ояд. Дигар, маҳдудият дар мизони нафақа ё ҳуқуқи бознишастагӣ комилан лағв шавад. Масалан, агар ҳоло ман бознишаста шавам, 624 сомонӣ нафақа мегирам. Ин ҳадди болои нафақа дар Тоҷикистон аст.

Сеюм, кумак ба хонаводаҳои фақир. Аз тариқи маҳор кардани фасод ба ин хонаводаҳо кумаки молӣ ироа шавад. Масалан, дар соли ҷорӣ ба миқдори 72 милюн сомонӣ пулҳои буҷет ба сирқат рафтааст. Аз тариқи пешгирии коррупсия (фасод) аз ин гуна маболиғ барои бунёди корхонаҳои кӯчак ва сохтмони манзил барои хонаводаҳои фақир истифода хоҳад шуд. Яъне, ҳадафи аслии мо беҳбуди сатҳи зиндагии мардум аст. Хадамоти тиббӣ ва омӯзишу парвариш бояд ройгон бошад.

-Барои пиёда кардани ин аҳдоф маболиғи зиёде лозим аст. Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон Шумо аз кадом роҳ маблағ пайдо мекунед?

-Бештари корхонаҳои санъатӣ, ки хусусӣ шудаанд, фаъъол нестанд. Бояд давлат ин корхонаҳоро ба ашхоси кордон супорад. Масалан,корхонаи бузурги нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар майдони беш аз 100 ҳектур ҷой гирифта ва дар замони шӯравӣ дар ин ҷо беш аз 13 ҳазор нафар кор мекарданд. Феълан дар ин корхона ҳудуди 1000 нафар кор мекунанд.

Бояд корхонаҳои коркарди пӯсту пашм ва гиёҳҳои шифобахш бунёд кард. Ман шоҳид будам, ки дар ноҳияи Тавилдара як дона пӯст ба афғонҳо ба маблағи 10 дулор фурӯхта мешуд. Агар ин пӯст коркард шуда ва аз он ҳадди ақал 5 кафш сохта шавад, беш аз 400 сомонӣ оидот ба даст меояд. Аз ин тариқ ҳам ба буҷет молиёт ворид шуда ва кор барои мардум таъмин мешавад.

Аз сӯйи дигар, корхонаҳои дорои аҳаммияти истротежик бояд давлатӣ шаванд. Масалан, тавлиди алкул. Он вақт ҳам сифати алкул беҳтар шуда ва ҳам ба буҷет маблағи ҳангуфт ворид мешавад.

-Бахши аслии барномаи интихоботии номзади Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон (ҲХДТ) низ зоҳиран ба масоили иҷтимоъӣ ихтисос дорад. Коҳиши фақр, беҳбуди сатҳи хадамоти тиббӣ ва маъориф аз ҷумлаи онҳост. Тақрибан ин ду барнома мушобеҳи ҳамдигаранд. Ҳамин тавр нест?

-Бале, дар рӯйи коғаз мушобеҳ аст. Аммо бештари нукоти барномаҳои ҳизби халқи демукрот иҷро нашудаанд. Масалан, мушкили марказгармӣ дар шаҳри Душанбе. Дар муддати 21 сол ин давлат натавонист ин мушкилро ҳал кунад. Дар масъалаи маводди ғизоӣ. Кишваре, ки 60 дар сади маводди ғизоиро ворид мекунад, рушд карда наметавонад. Маҳсулоти кишоварзӣ бояд пурра дар дохили кишвар тавлид шуда ва пул ба хориҷ наравад. Дигар, аз дарёфти вомҳои бештар аз созмонҳои байналмилалии молӣ ва кишварҳои хориҷӣ худдорӣ карда ва дар иҷрои тарҳҳо аз захираҳои Бонки Миллӣ истифода шавад.

-Агар барномаи Шумо бо барномаи номзади ҲХДТ мувофиқ мебуд, дар интихобот аз номзади ин ҳизб пуштибонӣ мекардед?

-На. Пуштибонӣ намекунам. Баъзеҳо гуфтанд, ки дар интихоботи соли 2006-и раёсати ҷумҳурӣ гӯё овозҳои (орои) худро ба Эмомалӣ Раҳмон дода бошам. Дар ин интихобот ман 120 ҳазор овоз (раъй) гирифтам. Ҳизбе, ки дар интихоботҳо ширкат намекунад, ҳизби сиёсӣ нест. Агар дар интихобот пирӯз ҳам нашудем, ба василаи ширкат дар он сатҳи рушди ҳизбро боло мебарем.

-Шумо ба пирӯзии худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бовар доред?

-Агар бовар намедоштам, дар интихобот ширкат намекардам. Мо барои касби ҳокимият мубориза мебарем. Аз ин лиҳоз аз ҳеч номзаде пуштибонӣ намекунем ва бо роҳи худ меравем.

-Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 Шумо танҳо 2,8 дарсади ороро касб кардед. Фикр мекунед, дар интихоботи феълӣ маҳбубияти Шумо дар ҷомеъаи Тоҷикистон бештар шудааст?

-Наметавонам натоиҷи интихоботи ояндаро пешгӯйӣ кунам. Агар 210 ҳазор имзои тарафдорон барои сабти номи номзадии банда ҷамъоварӣ шавад, умед аст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ орои бештаре ба даст хоҳем овард.

-Ин ҷо суоле матраҳ аст, ки номзади Ҳизби сусиёлист, ки ба тарафдории худ 5 дарсад аз имзои раъйдиҳандагонро ҷамъоварӣ карда буд, чаро дар интихоботи қаблӣ танҳо 2,8 дарсад раъй гирифт?

-Ман дар дохили сандуқи раъйдиҳӣ набудам, бинобар ин, сабаби ин ҳодисаро намедонам. Умед доштем, ки овозҳои (орои) бештареро ба даст орем, аммо ин тавр нашуд. Шояд дар ҷое саҳву иштибоҳ кардем ё дар манотиқе, ки ҳизби мо мавқеъи хуб дошт, камтар таблиғу ташвиқ кардем.

Дар соли ҷорӣ тарзи кор иваз шуд. Масалан, дигар ба навоҳии Рашту Тавилдара, ки тарафдори зиёд надорем, гурӯҳи таблиғотӣ намефиристем. Дар вилояти Бадахшон низ вазъияти ҳизби мо чандон хуб нест. Танҳо 430 узв дорем. Далелаш камбуди сармоя аст, ки натавонистем ба ин манотиқ рафта ва корҳои ташвиқотӣ анҷом диҳем.

Дар вилояти Суғд тарафдорони зиёде дорем ва дар он ҷо корҳои ташвиқотиро бештар мекунем. Дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ва навоҳии Рӯдакию Ҳисор низ ҷонибдорони Ҳизби сусиёлист кам нестанд.

Ҳоло спонсорҳо ё кумаккунандагон пайдо шудаанд, вазъи молии ҳизби мо беҳтар шуда истодааст. Қасд дорем нашрия ва сойти интернетии худро роҳандозӣ кунем. Ба ин васила метавонем худро ба мардум муъаррифӣ кунем. Дар миёни мардум кор кунем.

-Умдатан бештари аҳзоби сиёсӣ, бо шумули Ҳизби сусиёлист, дар замони интихобот фаъъол шуда ва ба ин тартиб, аз вуҷуди худ ба ҷомеъа хабар медиҳанд. Шумо бо ин назар мувофиқед?

-Бале, қаблан фаъъолияти ҳизби мо чунин буд. Аммо дар Ҳизби сусиёлист омодагиҳо ба интихоботи соли ҷорӣ аз ду сол қабл шурӯъ шуд ва дар шаҳру навоҳии кишвар кунферонсҳои худро баргузор кардем. Вале нашрияҳои мустақил фаъъолияти ҳизби моро нодида гирифта ва аз мо интиқод мекунанд, ки дар вақти интихобот "бедор мешавем."

-Зимнан, бархе аз нашрияҳои мустақил аз Ҳизби сусиёлист ба унвони "ҳизби кисагӣ"-и давлати Тоҷикистон ном мебаранд. Ҳамчунин, ширкати Шумо ба унвони номзад дар интихоботро низ ҳамчун ҷанбаи демукротик ва олтернотив бахшидан ба номзади ҳизби ҳоким дар интихобот арзёбӣ кардаанд. Ба ин иддиаъоҳо посухи Шумо чи гуна аст?

-Агар Ҳизби сусиёлист "кисагӣ" мебуд, чун дигар ҳизбҳо дар интихоботи порлумонӣ барои мо низ дар порлумон курсӣ медоданд. Вожаи "ҳизби кисагӣ" моли аъзои собиқи Ҳизби сусиёлист аст, ки аз ин ҳизб ронда шуданд. Аз ҷумла, Мирҳусайн Назриев, раҳбари пешини ин ҳизб.

29 маротиба оқои Назриев маро ба иттиҳоми ғасби раҳбарии Ҳизби сусиёлист ба додгоҳ кашид, аммо ин иттиҳом собит нашуд. Ба Идораи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурд. Ман дар анҷумани ҳизб дар миёни 3 номзад раҳбари ҳизб интихоб шудам.

Агар дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ ба тарафдории номзадии банда 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ нашавад, аз раҳбарии ҳизб меравам. Яъне, модоме ки дар миёни мардум обрӯю нуфузе надошта бошам, чаро Ҳизби сусиёлистро раҳбарӣ кунам?

Аз сӯйи дигар, агар имзои 5 дарсади тарафдорон ба номзадии худро ҷамъоварӣ карда натавонам, чаро даъвои президентӣ мекунам?

-Агар дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ аз 5 дарсад камтар раъй гирифтед, низ аз раҳбарии ҳизб истеъфо мекунед?

-Истефоъи банда ба интихоботи президентӣ рабт надошта, танҳо ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадии ман ба интихобот марбут аст.

-Барои Ҳизби сусиёлист дар ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзади худ дар интихобот мушкиле пеш омадааст? Масалан, гурӯҳҳои мубтакир дар ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб, бо мушкилоте мувоҷеҳ шуда ва мегӯянд, ки руасои шаҳру навоҳӣ бо ҳар баҳона ба баргаҳои имзо муҳру имзо намегузоранд.

-Мо ҳам чунин мушкил дорем. Масалан, раиси шаҳраки Сарбанди вилояти Хатлон ба гурӯҳи мубтакирони Ҳизби сусиёлист иҷозаи ҷамъоварии имзоро надодааст. Дар ноҳияи Данғара низ вазъият чунин аст. Дар навоҳии Рашту Тавилдара, ки созмони аввалияи ҳизб вуҷуд надорад, мумкин аст чунин мушкил пеш ояд.

Тибқи Қонуни "Интихоботи Президенти Тоҷикистон" номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро зарурист, ки аз тамоми 68 шаҳру навоҳии кишвар имзо ҷамъоварӣ кунад. Ҳоло 5 ҳазор нафар аз фаъъолони Ҳизби сусиёлист дар ҳайъати гурӯҳҳои мубтакирон ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои ҷамъоварии имзо рафтаанд.

-Корзори интихоботӣ сармояи зиёде мехоҳад. Ин миқдор пулро аз куҷо пайдо мекунед?

-Дар навбати аввал соҳибкорону тоҷирон кумаки молӣ мекунанд. Зеро ҳизби мо дар Тоҷикистон соҳиби обрӯю эътибор шуда ва ҳадафи мо ҳифзи иҷтимоъии мардум аст. Дар сурати пирӯзӣ вазъи соҳибкорону тоҷирон беҳбуд хоҳад ёфт.

-Раиси ҷумҳурӣ ваъда дод, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ озоду шаффоф ва демукротик баргузор хоҳад шуд. Шумо ба ин ваъда бовар доред?

-Президент мисли шоҳ аст. Шоҳро сояи худованд дар замин мегӯянд. Вақте президент чунин мегӯяд, бояд гуфтаҳояш иҷро шавад. Аммо то чи андоза иҷро шудани ин ваъда пас аз поёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ маълум хоҳад шуд.

-Қонуни асосии Тоҷикистон баргузории интихоботи озоду шаффоф ва демукротикро замонат додааст. Пас чаро Президент Раҳмон ин мавзӯъро матраҳ карда ва ваъдаи интихоботи озоду шаффофро медиҳад? 

-Далелаш муроҷиъаи мардум ба раиси ҷумҳурӣ дар бораи таъмини интихоботи озоду шаффофи раёсати ҷумҳурӣ буд ва Эмомалӣ Раҳмон баргузории чунин интихоботро ваъда дод. Вале раҳбарони аксари ҳавзаҳои интихоботӣ ва қитъаҳои (участка) раъйгирӣ намояндагони Ҳизби ҳокими халқи демукрот буда ва онҳо ба қавли маъруф "ба ҷойи салла калларо меоранд."

Ин афрод барои раиси ҷумҳурӣ "хидмати хирсона" мекунанд. Онҳо талош мекунанд ҳамаи овозҳоро (ороро) Эмомалӣ Раҳмон гирад. Ин гуноҳи раиси ҷумҳурӣ нест, ин амали афроди тамаллуқкор аст, ки худро дар назди президент хуб нишон медиҳанд. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, боз ҳамин гуна афрод барои президент "хидмати хирсона" мекунанд.

-Пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он пирӯз шуд, ӯ рақибони худ дар корзори интихоботиро ба Кохи раёсати ҷумҳурӣ даъват карда буд. Дар ин дидор ба Шумо ва рақибони дигари худ чи гуфт ва чи туҳфа дод?

-Мо Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфтем. Президент Раҳмон се китоби худро ба мо эҳдо кард. Барои ҳеч нафаре чизе ваъда накард.

-Охир шумо, рақибон, дар Тоҷикистон чандон чеҳраҳои шинохташуда набудед, ба ин далел Эмомалӣ Раҳмон баосонӣ пирӯз шуд. Аз сӯйи дигар, ширкати шумо ба ин интихобот як рӯҳияи рақобат бахшид. Чун дидори Президент Раҳмон бо рақибони худ аз тариқи телевизиюни давлатӣ пахш шуд, бештари афрод фикр карданд, ки ӯ ба унвони сипос аз ин хидматҳо ба шумо мақомҳое пешниҳод кардааст.

-На. Ба ман мақоме пешниҳод нашуд. Дуруст аст, ки баъдан Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006, вазири нақлиёт таъйин шуд. Ба назари ман, барои номзаде, ки дар интихобот 100 ё 200 ҳазор овоз гирифт, давлат бояд ба ӯ мақоме диҳад. Яъне, ин фард дар ҷомеъа мавқеъ доштааст, ки мардуми зиёд тарафдорӣ кардаанд.

-Дар кишварҳои пешрафта ва демукротик номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар мубоҳисоти мустақими телевизиюнӣ ширкат мекунанд ва дар ҷараёни мубоҳисот ҳусну қубҳи барномаи ҳар номзад рӯшан мешавад.Оё дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ баргузории чунин мубоҳисот миёни номзадҳо тавассути пахши мустақими телевизиюн дар назар аст?

-Дар дидори масъулони аҳзоби сиёсӣ дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ(КМИҲ) хостори чунин мубоҳисот миёни номзадҳо шудем. Ҳанӯз КМИҲ дар ин замина тасмими худро эълом накардааст.

Барои охирин бор чунин мубоҳисот миёни номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1991 баргузор ва тавассути шабакаи телевизиюн ба таври мустақим пахш шуда буд.

Ин гуна мубоҳисот тавассути телевизиюн барои номзадҳо хеле муҳим аст, раъйдиҳандагон номзадҳоро мешиносанд. Маъмулан, барои суҳбати телевизиюнӣ барои ҳар номзад 30 дақиқа вақт дода шуда ва дар ин муддат номзад бояд барномаи худро ба раъйдиҳандагон ташреҳ диҳад. Аммо ин мубоҳиса нест, суҳбати як нафар аст ва чандон ҷолиб нест.

-Барои суҳбат сипосгузорам.

Би-би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi