06:55:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Исмонов: «Ман ба хотири ҳеч кас номзадиямро пас намегирам»

Раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ки мардуми ин кишвар дар интизори тағйироти ҷиддӣ дар арсаҳои мухталиф буда ва эҷоди навоварӣ дар меҳвари барномаи интихоботии ин ҳизб аст.

tj ismanovsaidjafar-471Саидҷаъфар Исмонов коҳиши мизони молиёт барои тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистонро аз самтҳои аслии барномаи худ унвон кард. Аз сӯйи дигар, вай мегӯяд, ки вай то охир дар муборизоти интихоботӣ ширкат хоҳад кард ва ба нафъи ҳеч номзаде аз мубориза даст нахоҳад кашид.

Оқои Исмонов тоҷир ва соҳиби ҳафт (1 духтар, 6 писар) фарзанд аст ва мегӯяд, ки эҳтиром ба демукросӣ барои ӯ дар хонавода оғоз мешавад. Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо оқои Исмонов суҳбате анҷом дода ва аз ӯ нахуст пурсидааст, барномаи интихоботияш аз қабл омода буд ё хайр?

Саидҷаъфар Исмонов: Ман то рӯзи анҷуман интизор надоштам, ки маро барои интихобот номзад мекунанд. Қаблан мо дар ҳамоишҳои ҳизб чанд нафари дигаре, аз ҷумла олимонро барои номзадӣ ба интихобот пешниҳод кардем. Яке аз онҳо Зиёзода Нозимпур аст, ки дар сиёсат низ хеле фаъъол ҳастанд ва беш аз 200 китоб навиштаанд.

Аммо мутаассифона, дар анҷуман кор сурати дигар гирифт. Зиёзода ба сабаби синну сол аз номзадӣ даст кашид ва ду нафари дигар низ аз ширкат даст кашиданд. Ва ширкаткунандагон дар анҷуман ба тарафдорӣ аз ман овоз (раъй) доданд, ки ин хоҳиши анҷуман хоҳиши аъзои ҳизб буд ва ман ҳаққи рад кардани ин бовариро надоштам.

Аз ин рӯ, барномаи ман ҳанӯз омода набуд, вале ҳоло ман дар ҷараёни омода кардани барнома ҳастам, ки яке аз самтҳои аслии он таъмини кори доимӣ барои аҳолӣ (сокинон) хоҳад буд.

Ҳамчунин рушди хоҷагии қишлоқ (кишоварзӣ) ҷузви аслии барномаи ман аст, зеро дар даврони ҷанги гражданӣ (дохилӣ) ин арса комилан ғорат шуда буд. Зеро таъсири қумандонҳо (фармондеҳон) дар ҳар минтақа буд ва афроди тасодуфӣ аз ин фармондеҳон истифода карда, вориди ин арса шуда ва ҷомеъаро ғорат карданд.

Яъне колхозҳо (ширкатҳои кишоварзии даврони Шӯравӣ) пурра ғорат шуда, бе гараж ва бе таҷҳизоти фаннӣ монданд ва мутахассисони варзида аз ин арса рафтанд, сифати пахта паст шуд. Каналҳоро (оброҳҳоро) бояд барқарор кард, вагарна обҳои зерзаминӣ комилан мазореъро аз миён мебаранд.

Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ки 80 дарсади кишоварзони мо ба он машғул ҳастанд, дар дохили Тоҷикистон ҷузви барномаи ман аст. Коҳиши мизони андоз (молиёт) барои соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон самти дигари барномаи ман аст.

Аммо мушкил дар он аст, ки дар сурати паст шудани молиёт даромади будҷе низ коҳиш меёбад, ки барои ин самт низ дар барнома пешниҳодҳое дорем. Ҳамчунин, бехатарии (амният) озуқаворӣ (ғизоӣ) ва доруворӣ ва ман фикр мекунам, ки ворид кардани доруворӣ бояд бар салоҳияти давлат вогузор шавад, зеро аз ин саломати сокинон ва оромӣ дар кишвар бастагӣ дорад.

Бархе аз мавод ва колоҳои дигари воридӣ ба Тоҷикистон, ки сердаромад аст, аз ҷумла маводди сӯхтӣ, алкул, танбоку ва телефунҳои ҳамроҳ, ки чизҳои муфт ҳастанд, дар дасти шахсони алоҳида аст ва фоидаи аслӣ аз онро танҳо хонаводаҳои ин афрод мегиранд.

Давлате, ки муҳтоҷ аст, бояд монополия (инҳисор) ба ин мавод дошта бошад ва ин маводдро худ ворид кунад ва ба мардум фурӯшад, нарх идора карда шавад ва фоида аз он ба будҷе равад.

-Аммо бисёриҳо мегӯянд, ки кунтрули тиҷорат ва воридоти маводди ба гуфтаи Шумо сердаромад ё судовар дар дасти иддае аз афроди наздик ба мақомоти баландпоя аст. Фарзи мисол, ворид кардани маводди сӯхтӣ дар кишвар таҳти кунтрули хонаводаест, ки ба мақомоти баландпоя наздик буда ва афроди дигаре, ки дар ин тиҷорат даст доштанд, баосонӣ муфлис шудаанд. Оё дар барномаи Шумо ҳалли ин мушкил низ дар назар гирифта шудааст?

-Оре, мо дар ин бора низ барномаҳое дорем. Ман ба як чиз ишора кардам. Бибинед, ҳадафи мо рушди демукросӣ ва бунёди давлати демукротик аст ва мо дар ҳоли сохтани давлати демукротик ҳастем.

-Вале мақомоти феълӣ дар сутуҳи мухталиф мегӯянд, ки кишвари мо комилан демукротик аст?

-Вале агар дар муқоиса бо Узбакистон..., кишвари минтақа, агар дар Узбакистон касе дар бораи президент ҳарфе гӯяд, ӯро билофосила ҳабс мекунанд.

-Вале набояд ҳамеша Тоҷикистонро танҳо бо Узбакистон муқоиса кард. Шояд беҳтар аст, ки аз он фаротар биравем?

-Бубинед, мо хоҳем-нахоҳем дар доираи як давлат зиндагӣ мекардем ва чаро ман муқоиса бо кишваре наздик мекунам, мо аз онҳо хеле пешқадам ва ё ақибмонда нестем. Лекин аз шӯравӣ бо ҳам омадем ва дар як танҳоӣ мондем ва онҳоро ҷаҳон эътироф мекунад ва моро ҳам чун давлати мустақил эътироф мекунанд.

Аз солҳои ҷанги дохилӣ мисол меорам. То соли 1997 ҳукумат набуд, фақат номи ҳукумат буд. Ҳукумати муваққатӣ машғули дафтарсозӣ ва ҳукуматсозӣ буд. Соли 1997 оштии миллӣ шуд, 20 қумандон (фармондеҳ) 40 қумандон шуд, ҳамаи сохторҳои давлат таҳти назорати фармондеҳон ва шахсони алоҳида буд.

Баъд аз соли 1997, дар соли 2002, даҳ сол пеш, Раҳмон Ҳитлер дар атрофи шаҳри Душанбе ба гаравгонгирӣ машғул буд. Дар ин давра шахсе пайдо шуд, зиёидӯст буд, шахси нотарс буд, як қувва пайдо шуд, ки ҳамин қувва ҳамин қумандонҳо ё фармондеҳонро, ки дар дасти онҳо тамоми қудрати Тоҷикистон буд ва ҳатто дар порлумон буданд, аз ҳамин доираи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ва ваколатҳояшон бароварданд. Қисмеро зиндонӣ карданд ва қисме низ фирор карданд ва баъзеҳо ором шуданд. Ва Тоҷикистон ором шуд.

Дар ҳамин лаҳза ҳамон одамоне, ки ба гуфтаи русҳо, риск (таваккал) карданд, оҳиста-оҳиста ба ҷойи қумандонҳо даромаданд ва ҷоеро ки фармондеҳон монополия (инҳисор) карда буданд, гирифтанд.

Лекин ин афрод нисбат ба фармондеҳон бехатар ҳастанд, зеро аслиҳа надоранд. Аммо он замон гап-гап буд, ки ин қумандонҳо мехостанд Тоҷикистонро ба хонигариҳо тақсим кунанд. Яъне имкони табдили Тоҷикистон ба Афғонистон вуҷуд дошт. Даҳ ё ёздаҳ сол пеш Тоҷикистон дар ҳолати "буду набуд" буд. Дастовардҳои миллӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Бояд воқеъиятро гуфт, ҳар касе, вай касе ки набошад, вале агар бар зидди ҳукумат чизе гӯяд, аз вай "қаҳрамони миллӣ" месозанд. Ҳозир давлат якто якто аз афроди бесалоҳият халосӣ меёбад.

Ҳеҷ вақт ягон президенте намемонад, ки дар мамлакати ӯ даҳҳо нафари дигар президент бошад, ҳамин хел шахсони ваколатдоре бошад, ки вай (раиси ҷумҳур) худ ҳеҷ чиз гуфта натавонад. Ин хел президент дар олам вуҷуд надорад. Агар ҳайвон ҳам бошад, дар баробари вай як ҳайвони дигар зӯртар шуд, вайро мекушад. Яъне, ки майдони нуфузи хешро, "поля влияние"-ро ҳеҷ гоҳ тақсим намекунад.

Ман бо Зайд Саидов дар як ҷо таҳсил кардам ва ӯро хуб мешиносам. Хуб, замоне ки ҳизб таъсис медод, назари шахсии худаш буд. Аммо одам бояд ҳамаи иштибоҳоташро донад. Ман бо вай суҳбат ҳам доштам ва ба ӯ низ гуфтам.

Соли 1998 дар Тоҷикистон ҳеҷ корхонаи хусусӣ нашуда буд, ҳанӯз намедонистанд, ки хусусикунӣ чи аст. Аммо баъд аз омадани вай ба ҳайси вазири саноеъ дар муддати даҳ сол, яъне дар даврони раҳбарии вай то соли 2006 тамоми корхонаҳо фурӯхта шуд ва мардум дар хиёбон монд. Бархе аз корхонаҳо ба бозорҳо табдил ёфтанд.

-Аммо фаъолияти бисёре аз ин корхонаҳо ба корхонаҳои кишварҳои дигари Шӯравии пешин бастагӣ дошт ва коршиносон мегӯянд, ки аз фаъолият бозмондани ин корхонаҳо ба фурӯпошии Шӯравӣ бастагӣ дорад?

-Ин корхонаҳо бояд ба касоне ироа мешуданд, ки метавонистанд онҳоро фаъъол кунанд. Масалан раҳбари корхонаи нассоҷии Тоҷикистон тавонист ин корхонаро нигаҳ дорад.

-Дар мавриди ҷалби сармоя ба Тоҷикистон чи барномаҳое доред ва шеваи ҳимоят аз соҳибкории хурду миёна дар барномаи Шумо чи гуна аст?

-Бехатарии низоми муъомилоти мол (коло) бояд дар Тоҷикистон таъмин шавад. Ба ҷуз аз ин, мо бошем ва ё давлати ҷаидид бошад ҳам, яке аз пешниҳодҳои мо ин аст, ки харитаи (нақшаи) инфраструктураи (зерибаноии) истеҳсолоти (тавлидоти) Тоҷикистонро омода кунанд, ки ба мардуми мо чи коло ва ё маводде дар мадди назари аввал лозим аст.

Ва давлат соҳибкорону сармоягузоронро даъват кунад ва ба онҳо гӯянд, ки аз сад ҳазор то сад милюн корхона вуҷуд дорад ва кадоме ки интихоб мекунӣ, дар Тоҷикистон бунёд кун.

Аммо ӯро бояд аз андоз (молиёт) то замоне озод кард ва дар сурати иртикоби ҷурм аз сӯйи ӯ замине, ки ба ӯ фурӯхта шуд, мусодира нашавад ва ҳамин тавр агар ӯро зиндонӣ кунанд, вале ба моликияти ӯ кордор нашаванд ва бигузор моликияти ӯ дар дасти хешовандонаш бимонад.

Он замон соҳибкорони тоҷик метавонанд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд ва мо сармоягузории муфидро аз ин соҳибкорони (тоҷирони) ватанӣ хоҳем дошт. Ҳоло бисёре аз чунин соҳибкорон ва сармоягузорон дудила ҳастанд.

-Бо фасоди молӣ чи гуна мубориза хоҳед кард?

-Барномаи хосси мо дар мавриди коррупсия (фасоди молӣ) револютсионний (инқилобӣ) набуда ва эвалютсионний (такомулӣ) хоҳад буд. Мардуми мо аз ҷанги дохилӣ баромад, яъне баъд аз пушти сар кардани гуруснагӣ ва душвориҳо дар руҳияи вай чизе пайдо шуд.

Ҳамаи он сокиноне, ки дар давраи ҷанг дар Душанбе буданд, яъне зарари психологӣ (равонӣ) гирифтанд. Яъне панҷоҳ-сад сол лозим аст, ки беҳбуд ёбад. Давлат қабл аз ҳама бояд бақувват (қудратманд) шавад.

Ҳамчунин, давлат бояд шеваи ироаи кредит (вомҳо) барои соҳибкоронро беҳбуд бахшад. Ба ҳар касе ки рост омад, вом надиҳад ва танҳо барои мутахассисони варзида сармоя ва имтиёз диҳад, то тавонанд бахши кишоварзиро беҳбуд бахшанд.

-Дар мавриди муҳоҷирон ва муҳоҷират чи барномаҳоеро дар назар гирифтаед?

-Тамоми барномаҳои мо дар маҷмӯъ ва мустақиман ба муҳоҷират ва муҳоҷирон рабт дорад. Афзоиши ҷойҳои корӣ дар ҷумҳурӣ ва ё коркарди панба дар дохили Тоҷикистон, баланд бардоштани муъомилоти дохилӣ, барои ҳамаи ин коргар, дастҳои меҳнатӣ лозим аст.

Мисол, агар корхонаҳо фаъъол шаванд, ҳатман муҳоҷирон бозхоҳанд гашт ва дар ватанашон фаъолият хоҳанд кард. Имрӯз шарики истротежики мо Русияро интихоб карданд ва мо ба ин кишвар вобастагиҳои зиёде дорем, табодули коло миёни кишварҳои мо аз ҳама зиёд аст, муҳоҷирони мо дар он кишвар ҳастанд.

Русия амнияти моро кафолат (замонат) медиҳад, агар русҳо дар ин ҷо набошанд, кӣ амнияти моро кафолат медиҳад. Агар амният набошад, Толибон дар як рӯз Тоҷикистонро даромада, то Узбакистон торумор мекунанд. Онҳо ҳеҷ касро, ҳатто Омрикоро низ, гӯш намекунанд.

-Пас Шумо ҷузъиёти ин барномаи хешро баъд аз сабти ном шуданатон ба ҳамагон муъаррифӣ хоҳед кард?

-Бале, муъаррифӣ мекунем!

-Шумо бовар доред, ки дар рӯзи раъйдиҳӣ мардум ба ҷониборӣ аз Шумо раъй хоҳанд дод?

-Имрӯз интихоб ва талаботи (дархостҳо) мардум бисёр баланд шудааст. Агар як зани одии деҳотӣ ва хонанишин вориди мағозаи матоъҳо (порчаҳо) шавад ва дар он ҷо сад намуди порчаро бинад, нахустин суоли вай аз фурӯшанда ин хоҳад буд, ки "оё ягон чизи наве (ҷадиде) доред?"

Яъне кишварҳои аз ҷиҳати санъатӣ пешрафтаи ҷаҳон талабот ва ҳаваси як зани деҳотиро қонеъ карда наметавонанд. Талаботи мардум беохир аст.

-Шумо то ҳол чанд дарсад аз имзоҳои ҷонибдорҳоятонро ҷамъоварӣ кардед ва оё дар ин замина бо мушкилоте рӯбарӯ нашудаед?

-Мо ҳеҷ хел мушкиле дар ин замина надорем ва сабаби он ин аст, ки тарзи кори мо дар ин ҷодда дуруст аст. Бояд шахс дуруштӣ накунад ва таҳамулпазир бошад. Тибқи иттилоъе, ки дорам, то рӯзи 24 сентябр ба ҷонибдории ман беш аз 47 ҳазор нафар имзо гузоштаанд.

-Дар ҳоле ки Шумо гуфтед, ки беш аз чаҳор ҳазор нафар узв доред ва даҳ ҳазори дигар мунтазири пазируфта шуданашон ба ҳизби Шумо ҳастанд, чи тавр тавонистед ин қадар имзоро ҷамъоварӣ кунед? Ва кадоме аз минтақаҳои Тоҷикистон бештар ба ҷонибдории Шумо имзо гузоштанд?

-(механдад) Мо ҷамъоварии имзоро аз зодгоҳам, яъне аз ноҳияи Фархор, сар кардам ва бештари ҷонидоронам аз вилояти Хатлон ҳастанд. Дар Бадахшону Суғд низ ҷамъоварии имзо оғоз шудааст.

-Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки Шумо ба суди раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон фаъолият мекунед, ки ин бор низ барои ширкат дар интихобот номзад шудааст. Ва ба эҳтимоли зиёд дар охирин марҳалаи муборизаи интихоботӣ ба нафъи Президент Раҳмон номзадии худро аз феҳристи кондидҳо бозпас мегиред?

-Мо анҷуман гузарондем, маро номзад карданд, баъд аз даҳ-понздаҳ соли парокандагӣ ҳизби демукрот муъаррифӣ мешавад. Ба хотири ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас ман аз роҳам намегардам ва танҳо ба хотири ҳуқуқ ба интихоботе, ки мо дорем, то охир меравам. Ҳар кас ҳар хел гап мезанад, фолбин бисёр шудааст. Бисёре аз коршиносони мо фолбинона гап мезананд, бояд воқеъбин бошем ва бо таҳлил гап занем.

Мо тавонистем як ҳизби парокандаро ҳарчи ҳам набошад, гирдиҳам орем, имрӯз ба фаъолият шурӯъ кард. Чи хел ҳукумате, ки набошад иммунитет (масуният) дорад ва ин масуният метавонад инъикос ёбаду ҳизбро ва ё қувваеро аз миён бибарад.

-Бисёре дар Тоҷикистон Шумо ва бархе аз аъзои ҳизби Шуморо ба пароканда кардани ду ҷиноҳи дигари ҳизби демукрот муттаҳам мекунанд. Ақидаи Шумо дар ин бора чист?

-Сараввал, ман дар соли 2003 бо иддае аз ҷавонон аз ҷумлаи собиқ кормандони комсомоли (созмони ҷавонони шӯравӣ) Тоҷикистон тасмим гирифтам ҳизберо бо номи "Ҷавонони мутараққӣ" таъсис кунам. Мо ба ин каму беш муваффақ шудем. Баъд аз ин ба ин гурӯҳ собиқадорони комсомолро ҷамъ кардем ва аз тариқи расонаҳо низ иттилоъот пахш кардем.

Аммо баъдан гапҳои зиёде сар заданд ва аз ҳар сӯй насиҳатҳои зиёде шуд. Ҳам аз сӯйи рафиқон ва ҳам аз собиқадорони комсомол гуфтанд мумкин аст ҳамин кор (таъсиси ҳизб) ҳанӯз барвақт бошад. Яъне муддате барои андеша кардан лозим аст ва пояи бақувватеро барои таъсиси он омода бояд кард. Дар ин вақт ба мо пешниҳод шуд, ки ба ҳизби демукрот бипайвавандем.

-Шумо ба кадом ҷиноҳ бояд мепайвастед?

-Умуман, ба ҳизби демукрот. Чун ба ин ҳизб омадем, ҷиноҳи Собиров ва Валиев буданд ва нав тақсим мешуданд. Яъне дар замони тақсимшавӣ омадем. Ҷиноҳи Собиров мегуфт, ки онҳо мехоҳанд ҳизберо бо номи "Ватан" таъсис диҳанд. Ин дар соли 2006 буд ва чун Искандаров дар маҳбас аст, ҳизб аз фаъолият бозмонд ва сохторҳои он ҳам дар ҳама шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз кор мондааст.

Барои ин бояд нуфузи ҳизбро зиёд мекардем ва барои ин кор аз собиқадорони кори комсомол, ки таҷрубаи бо коғаз ва дар кабинет (дафтар) фаъолият карданро доштанд, истифода кардем.

Дар ин давра гапҳои мо бо ҷиноҳи Собиров мувофиқ омад. Ман бо Раҳматулло Валиев (раҳбари ҳизби демукрот, ҷиноҳи Искандаров) низ суҳбат кардам, дар аввал он кас розӣ буданд, аммо баъдан бо сабабҳои номаълум мавзеъи номуъайянеро интихоб карданд, яъне хеле зиёд фикр карданд.

Ва дар ҳамин вақт Мақсуд Собиров ба мо пешниҳоди шомил шудан ба ҷиноҳи худро кард. Бо Собиров ҳамкорӣ кардем. Моҳи августи соли 2006 мо анҷумани ҳизбро гузарондем ва ба ин ҳизб пайвастем шудем.

-Яъне гуфтан мумкин аст, ки ҳоло Шумо расман танҳо Ҳизби демукроти Тоҷикистон ҳастед?

-Баъд аз ба онҳо пайвастан, боз ҳам ду ҷиноҳ, ҷиноҳи Искандаров ва Собиров пайдо шуд. Гуфтушунидҳо хеле зиёд буданд, мо анҷуман гузарондем. Соли 2007 Мақсуд Собиров якҷо бо садорати ҳизб дар мухолифат афтод ва зарур донистанд, ки боз анҷуман гузаронем.

Анҷуманро баргузор кардем ва дар он манро ба ҳайси раҳбари ин ҳизб интихоб карданд. Лекин мутаассифона муддати шаш сол вазорати адлия дархости моро нодида гирифт.

Мо аз ин дилхунук нашудем ва бо аъзои ин ҷиноҳҳо гуфтушунид кардем. Касоне буданд, ки аз ҷиноҳи Искандаров ва ё Собиров ҷонибдорӣ мекарданд. 23 декабри соли 2012 дар якҷоягӣ як анҷуман гузарондем ва аз тамоми навоҳӣ ва вилоёт дар ин ҳамоиш намояндаҳо ширкат карданд.

Дар ин ҷо маро раҳбари ҳизб интихоб карданд ва мо дар сохтори ҳизб тағйирот ворид кардем. Ҳамчунин тағйирот ва иловаҳоро ба ойинномаи ҳизб ворид кардем. Ба ҷойи раёсату садорат шӯрои сиёсии ҳизбро интихоб ва шумораи онҳоро то ба 13 нафар расондем, ки тавонанд ба таври оперативӣ (сареъ) кор кунанд.

Аз моҳи декабри соли 2012 то имрӯз дар 46 шаҳру навоҳии Тоҷикистон намояндагии ҳизбро эҳё кардем. Ман намегӯям, ки мо тавонистем ин ҳизбро дар шакле, ки то соли 1990 вуҷуд дошт, эҳё кардем. Мо собиқадорони ҳизб ва ҷавононеро, ки хоҳиши пайвастан ба ҳизбро доштанд, гирдиҳам овардем.

Дигар нафароне ҳастанд, ки фаъъолона ширкат мекунанд. Ҳамчунин дар ин муддат бархе аз аъзои ин ҳизб бо мулоҳизоти он ки кишвар демукротик ва мустақил аст ва ҳама чиз озод аст, гуфтанд, ки аҳдофу ормонҳои онҳо амалӣ шуд ва аз узвияти ҳизб берун омаданд.

Лекин бисёре аз аъзои ҳизби демукрот фаъъолона дар ҳизб кор мекунанд. Ва дар маҷмӯъ бо собиқадорону аъзои ҷавони он фаъолиятро дар сартосари Тоҷикистон шурӯъ кардем.

Ба мо 16 ҳазор довталаб барои шомил шудан ба ин ҳизб ариза ироа карданд ва то ҳол мо барои чаҳор ҳазору 700 нафар шаҳодатномаи узвияти ҳизбро, ки мо шакли ин шаҳодатномаро пурра тағйир додем, ироа кардем.

-Яъне ҳоло аъзои ҳизби Шумо расман чаҳор ҳазору 700 нафар аст?

-Ин дақиқ аст, вале мо аризаҳои шумори дигаре аз довталабон аз ҷумлаи ин 16 ҳазор нафарро дар даст дорем. Фикр мекунам, ки барои узвият дар ҳизб бояд тамоми довталабон ва ақидаи онҳо ҷиддан таҳқиқ шавад.

-Ва Шумо ҳар касеро, ки хоҳиши узвият дар ин ҳизбро дорад, баосонӣ намепазиред?

-Ҳамаи довталабонро санҷидан лозим аст. Охир шояд яке аз ин довталабон ё саломаташ хуб набошад ва дар сатҳе қарор дошта бошад, ки на ба корхонае ва на ба ҳизбе лозим бошад. Ва ё як нафаре дар узвияти як ҳизби дигар қарор дошта бошад, шояд як нафаре ҷинояткор бошад, дар ягон гуноҳ (ҷурм) даст дошта бошад.

Мо ҷойи ахлотпарто нестем. Ҳизб ҷое ҳаст, ки савияи ақлонии фард бояд арзёбӣ шавад ва касе ки шомили он мешавад, ақаллан тавонад даҳ нафарро раҳбарӣ карда тавонад ва ё як чизро таҳлил ва пешниҳод карда тавонад. Ҳизби демукрот ҷое нест, ки ҳар касе ки танҳо шикоят кунад, ба узвият пазируфта шавад.

Демократия (демукросӣ) ин фақат шикоят нест, таҳлилу пешниҳод ҳам дорад. Қадди кӯча (хиёбон) як нафарро пурсед, ҳазор то шикоят дорад, аммо ин маънии онро надорад, ки вай демукроти пурра аст. Мо онҳоеро мепазирем, ки тавонанд барои рушди демукросӣ дар Тоҷикистон коре анҷом диҳанд.

Аъзои шӯрои сиёсии мо дар навоҳии мухталиф барои ҳамин ҳам фаъолият доранд, ки санҷидаву дониста довталабонро ба узвият дар ҳизб қабул кунанд.

-Дар хонавода бо аъзои он ва бавижа бо ҳамсаратон то чи андоза рафтори демукротик доред? Бо таваҷҷуҳ ба сунани миллии мо ва падарсолорӣ дар Тоҷикистон оё чунин мавриде шудааст, ки Шумо аз рафтани ҳамсаратон ба маросиме бидуни иҷозаи Шумо монеъ шуда бошед?

-Ман бо ҳамсарам замоне ки ӯ дар системи комсомоли (созмони ҷавонони) даврони Шӯравӣ кор мекард, шинос шуда ва баъдан издивоҷ кардем. Фирк мекунам демукросӣ барои мо бояд қабл аз ҳама аз хонавода оғоз шавад. Ҳамсарам дар тасмимгирӣ озод аст ва танҳо бо ҳам машварат мекунем.

Фарзандонам ҳам озод ҳастанд, танҳо мубоҳисоте, ки миёни мо мешавад, ба кайфияти таҳсили онҳо бастагӣ дорад. Ман соҳиби ҳафт фарзанд ва ду нава ҳастам. Ман намозхон ҳастам, вале касе аз фарзандонамро ба намозгузорӣ маҷбур накардаам. Интихоби шуғл ва наҳваи таҳсилу фаъолияти фарзандонам низ озод аст.

-Сипос барои суҳбат...

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi