21:55:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Кабирӣ: «Муаллима аз куҷо ҳалук меандозад, рақибон намедонанд»

Натоиҷи ҷаласаи ахири Итттиҳоди Нируҳои Ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки дар он номзади ягонаи ин эътилофи сиёсӣ дар интихоботи қарибулвуқуи президентӣ эълон гардид, имрӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ қарор гирифтааст. Иддае аз сиёсатмадорону таҳлилгарон аз ин тасмими ИНИТ қаноатманд анд ва онро қарори дурусту дурандешона медонанд, бархе бошад, онро як навъ хиёнати ин Иттиҳод, алалхусус, як бахши он, бахши ҲНИТ, нисбати бахши дигари он, ҲСДТ, тарафдорони он ва умуман арзишҳои демократӣ донистанд. Дар матбуот, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо танқиду таҳқири раҳбарияти ҲНИТ шадидан идома дорад, балки нисбати номзади ягонаи ин Иттиҳод, инсони шариф, ҳомии ҳуқуқи башар, ходими ҷамъиятӣ, олими ҳуқуқшинос, билохира зан-модар Ойниҳол Бобоназарова баъзе ашхоси дур аз одамӣ аз гуфтани алфози қабеҳ худдорӣ намекунанд.

11.nomzadi-init-2013

Он рӯз (10-уми сентябри соли 2013) дар толори бинои марказии ҲНИТ чӣ иттифоқ уфтод? Хабарнигони «Рӯзгор», ки дар он толор ҳузур дошт, кӯшиш ба харҷ додааст, ки гузориши муфассалеро бо иловаи аксҳо аз ин ҳамоиш пешкаши шумо, муштариёни сомонаи «Рӯзгор» намояд.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ кушод. Ӯ дар сарсухани худ ҳозиринро бо таърихчаи ташкили Иттиҳоди Нируҳои Ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) мухтасаран шинос кард. Аз ҷумла гуфт: «Чанде пеш аз тарафи чанде аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, шахсиятҳои маъруфи кишвар ба хотири рушди демократия, мардумсолорӣ, расидан ба як ҷомеъаи озод дар кишварамон ва ширкати пуртаъсир ба интихоботи ояндаи президентӣ ИНИТ ташкил шуд ва ҳадафи асосии ин Иттиҳод қабули Консепсияи муштарак ва интихоб кардани номзади ягона барои ширкат кардан дар интихобот буд.

Бо ин мақсад аз ҷониби муассисин як Гурӯҳи корӣ интихоб карда шуд ва ба он салоҳият дода шуд, ки тасмимҳоро дар ин самт бигирад ва баъдан дар ҷаласаи васеъи ИНИТ эълон намояд. Гуруҳи корӣҷаласаҳои зиёди пайваста дошт ва охирин ҷаласаро дирӯз, яъне 09.09.2013 дар ҳамин бино доир кард. Рамзӣ буд, ки дар Рӯзи Истиқлолият Гуруҳи корӣ ба як хулоса расид ва фаъолияти чандмоҳаи худро ҷамъбаст кард. Пеш аз он, ки дар бораи натиҷаи кор ҳарф бизанем, мехостам ба аъзоёни гуруҳи корӣ, азҷумла устодон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ойниҳол Бобоназарова, Маҳмудҷон Қосимов ва инчунин ба баъзе дӯстони дигар, ки дар баъзе ҷаласаҳои корӣ ширкат карданд, ба ҳамаи инҳо миннатдории хоси худ ва аъзои ИНИТ-ро баён кунам.

3.nomzadi-init-2013

Ба аъзои Шӯрои Сиёсии ҲСДТ бо роҳбарии Раҳматило Зоиров ва аъзои Шӯрои Сиёсии ҲНИТ, ки дар як ҷаласаи якҷояи Шӯрои сиёсӣ бо Гуруҳи корӣ ширкат доштем, бисёр масъалаҳоро баррасӣ кардем. Суҳбатҳо шаффофу самимӣ буданд. Бояд эътироф кунем, ки ҳамвору осон не, дур аз чашми матбуот ва коршиносон гузаронида мешуданд. Барои ҳамин ҳам бархеҳо тахмин мезаданд, ки на ҳамаи аъзои Гуруҳи корӣ дар он ширкат мекарданд. Вале Худоро шукр дар он он ҳама аъзои Гурӯҳи корӣ ширкат мекарданд. Мо тақрибан чор панҷ маротиба паи ҳам менишастем ва соатҳои тӯлонӣ.

Нишастҳо осону ҳамвор нагузаштанд. Билохира интихоб кардани номзади муштарак кори набуд осон. Муҳим он буд, ки ҳамаи иштирокчиёни Гуруҳи корӣ ба хулосае омаданд, ки бояд ин Иттиҳод фаъолияти худро қатъ накунад, баръакс бо тамоми қувва ба интихобот ворид шавем. Бояд бигӯем, ки ҳар як ҳизбу созмони ҷамъиятии узви ин созмон, шахсиятҳои маъруфе, ки ба он шомил буданд, аз ин ҳизб интизориҳои худро дошт. ҲНИТ бо интизориҳои хоси худ, бо дидгоҳи хоси худ вориди ин Иттиҳод шуд. ҲСДТ бо интизориҳои худ ва шахсиятҳои алоҳида низ ҳамчунин.

Агар интизориҳои касе бароварда нашуд мо узр мехоҳем. Чун имконият надорад дар чунин Иттиҳоде, ки нирӯҳои мухталиф гирдиҳам омадаанд, қароре қабул шавад, ки 100 дар 100 манфиатҳои ҳамаро ҷавобгӯ бошад. Агар мо ҳамаамон як дидгоҳ медоштем, зарурат ба ташкили ин Иттиҳод намемонд. Мо орзуву омоли ҷомеъаро бисёр хуб дарк мекунем, ки ин Интихобот барояшон як фурсати муносиб аст барои ҷорӣ кардани ислоҳот ва гузаштани Тоҷикистон аз як марҳила ба марҳилаи дигар.

Он марҳиларо мо марҳилаи рушд ва демократия ва сарбаландӣ метавонем ном гузорем. Барои ҳамин ҳам таваҷҷуҳи мардум ба ин Иттиҳод, умеди мардум аз он хеле зиёд буд ва мо онро дарк мекунем. Ман ҳамчун раиси ҲНИТ ва як тарафи эътилоф комилан душвории ин марҳаларо дарк мекунам. Агарчи тасмими ҲНИТ дар бораи пуштибонӣ аз номзади пешниҳодшуда кори дастаҷамъона буд ва онро дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ қабул кардем, вале ҳамчун раиси ҲНИТ тамоми масъулияти ин қарорро ба дӯши худ мегирам.

9.nomzadi-init-2013

Такрор мекунам, ки тасмим тасмими хеле душвор буд. Дар як ҷомеъаи консервативӣ, суннатгаро ва боз ҳам дар як ҳизби характери динӣ дошта гирифтани чунин тасмим кори сода набуд. Вале ман ташаккур мегӯям ба бародарон ва хоҳарон дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки ҳассосияти ин давраро дарк карданд ва ин тасмим гирифта шуд. Мо инро ҳам медонем, ки нисбати қарорҳо ва мавқеъгириҳои ҲНИТ аз аввал интиқодҳо буд, ҳоло ҳам ҳаст ва дар оянда ҳам хоҳад шуд. Моро ду гуруҳ бештар танқид мекунанд.

Мақомоти давлатӣ барои он ки мо мухолиф ҳастем ва қудрату тавонамон боиси нигаронии баъзеҳо шудааст. Ҳамаи ин фишорҳоеро, ки болои ҲНИТ аст, медонед, ки баёнгари чи ҳаст. Интиқодҳои беасос ҳам дар расонаҳо хеле зиёд аст. Ва гуруҳи дуюме, ки моро шадидан танқид мекунанд, аз тарафи дӯстони мо ҳаст, ки онҳо мехоҳанд ин миллат ҳарчи зудтар ба як марҳила, ба демократия бирасад. Вале чун таъхир шуда истодааст роҳу васила пайдо кардан душвор аст ва ягона нирӯи пуртаъсир наҳзатро мебинанд, ин сабру таҳаммули наҳзат барояшон чандон форам нест ва наҳзатро муттаҳам ба хиёнату тиҷорату савдову бозиҳои пасипардагӣ мекунанд, мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Вале ман аз тамоми бародарон хоҳиш мекунам, ки касоне, ки наҳзатро интиқод мекунанд, медонам, ки онҳо ягон кина ва ғараз нисбати раҳбарияти наҳзат надоранд, фақат ғамашон миллат аст, кишвар аст. Ба хотири миллату кишвар моро танқид мекунанд ва аз мавқеъгириҳои мо нороҳат ҳастанд. Вале узри моро бипазиранд, ки ҲНИТ дар ин шароит аз ин бештар вазъиятро наметавонад ҳассос кунад ва тасмимҳояшро тибқи барномаҳояш ва масъулияте, ки дар назди миллату кишвар дорад, хоҳад гирифт.

8.nomzadi-init-2013

Мо ба ин бовар ҳастем, ки Тоҷикистон чи дар ин интихобот ва чи дар интихоботҳои баъдӣ ба як интихоботи воқеӣ ва доштани як ҳукумати интихобшудаи мардумӣ хоҳад расид. Ин аз Кабириву Тӯраҷонзодаву Ойниҳол Бобоназароваву Раҳматутило Зойиров вобастагӣ надорад. Ин аз миллат вобастагӣ дорад. Ҳатман ба ин рӯз хоҳем расид. Агар имрӯз нарасидем, фардо хоҳем расид. Муҳим он аст, ки дар ин шабу рӯз мо муттаҳид бошем, атрофии номзади ягона ҷамъ шавем.

Мо дирӯз дар ҷаласаи Гуруҳи корӣ ба хулосае омадем, ки номзади ягона аз тарафи ИНИТ эълон шавад. Баъди баҳсҳои хеле тӯлонӣ ва воқеан самимона тамоми ҳашт номзади ИНИТ, ки аксарашон ин ҷо нишастаанд, паҳлуҳои мусбату манфиашон дар тарозу баркашида шуд , мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳусну қубҳи ҳар кадом гуфта шуд. Ва ҳама якдилона, бо як овоз ба хулоса омадем, ки дар ҳамин шароит бо дарназардошти тамоми омилҳо, воқеиятҳо дар кишвар ва дар минтақа номзадии муаллимаи муҳтарам Ойниҳол Бобоназарова ба мансаби президентии ҶТ аз тарафи ИНИТ пешниҳод карда шавад.

1.nomzadi-init-2013

Баъди Муҳиддин Кабирӣ риштаи суханро ба Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ дод. Пешвои сотсиал-демократҳои Тоҷикистон бо ироаи чанд ҷумла иктифо кард:

«Бародарони азиз, чи хеле, ки мегӯянд, сиёсат ин санъат ва имкониятҳост. Мо аз бисёр ҷиҳат номзади ягонаро аз ҷониби ҲСДТ ва ҲНИТ ва дар якҷоягӣ бо Гуруҳи ҳамоҳангсози ИНИТ бисёр муҳокима кардем то он дараҷае, ки ба эҳсосот дода шудем. Агар дар аввал ҳадафи асосии ширкат дар интихоботро мо дар зеҳни мардум ҷой кунондани нуктаҳои Консепсия эълон карда бошем, ҳоло мо мегӯем, ки мо бояд барои ғалаба дар интихобот ҷадал кунем.

Ҳатто агар тавассути тақаллуби натоиҷи интихобот намояндаи ҳукумат ғолиб ояд ин пирӯзии онҳо нест. Мо дар ҳар сурат пирӯз ҳастем аз рӯи иродаи мардуми Тоҷикистон. Маъраки интихобот то рӯзи Интихобот, яъне 6-уми ноябр, ин марҳилаи якуми мубориза мешавад. Марҳилаҳои дигар давом дорад. Ман ба сабаби вазъияти кунунӣ ва имкониятҳое, ки дар Иттиҳод доштем номзадии худро аз интихобот боз пас гирифтам.

Аниқтараш номзадиамро дар марҳилаи охирон пешниҳод накардам. Мо бо камоли эҳтиром номзадии Ойниҳол Бобоназароваро аз ИНИТ ба мансаби президентӣ дар интихобот пешниҳод кардем. Барои ҳамин ҳам ман даъват менамоям, ки ҳама нируҳои сиёсие, ки дар ИНИТ ҳастанд, камари ҳимматро маҳкам бубаста барои ғалаба мубориза барем».

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи ИНИТ дар суханронии худ нахуст иброз дошт, ки ҳамаи аъзои Гуруҳи кории ИНИТ салоҳият доранд, тарафдорони зиёд доранд ва лоиқи нишастан дар курсии президентӣ мебошанд.

4.nomzadi-init-2013

«Дар ҳамин ҷо се нафаре нишастаанд, ки орзуи ман ҳамин буд, ки дар мо замоне интихоботи шаффоф шаваду ин се нафар номзадии худро гузоранду мардум худашон аз байни инҳо президенти худро интихоб кунанд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҷо дар бораи мушкилоти мавҷуда ҳарф заданд. Ман ҳам медонам, ки ҷомеъаи мо ҷомеъаи суннатӣ ҳаст ва барои Кабирӣ чи қадар мушкил ҳаст. Фардо ӯ бо мардум бояд суҳбат кунад ва он мардум суннатгаро ҳаст.

Мумкин савол шавад, «О, як мард пайдо нашуд, ки Шумо занро ба ҳайси номзад пешниҳод мекунед?». Ман чунин фикре доштам, ки агар дар ҷаласаи Гуруҳи корӣ Кабирӣ номзадиашро намегузорад, пас бояд Раҳматило Зойиров ин корро кунад. Вале номзадии маро пешниҳод карданд. Гуфтам, ки агар Раҳматило Зойиров номзадиашро нагирад, ман номзадиамро намемонам. Хулоса номзадии ман номзадии компромиссӣ буд.

Гуфтанд дар ҳамин марҳилае, ки мо қарор дорем, номзадии муаллима беҳтарин аст. Ман рости гап, масъулияти хеле баландеро эҳсос мекунам. Ин кори осон нест чунин масъулиятро ба дӯш гирифтан. Ман ба хотири нигаҳ доштани эътилоф ё худ Иттиҳод ба ин иқдом розӣ шудам. Аз журналистон хоҳиш мекунам, ки дар инъикоси ин маърака боинсоф бошанд. Аз ин иқдоми ман хешу таборам, наздиконам ҳатто хафа шуданд. Аммо ман аз ин фурсат истифода бурда мехоҳам ба миллатам, кишварам хизмат кунам, барои ҳуқуқҳои инсонӣ, барои озодиҳои мазҳабӣ мубориза барам.

Кабирӣ: «Воқеан, ин кори мушкил ва сангин аст, ки як хонум барои курсии Президентӣ мубориза барад. Ин дар таърихи Тоҷикистон воқеаи нодир аст. Бори аввал аст. Бо ин иқдом метавон гуфт сиёсати Тоҷикистон ба марҳилаи нав қадам гузошт. Ин як шанси биёр бузург аст барои рушди демократия ва шикастани қолабҳои зеҳнӣ».

7.nomzadi-init-2013

Аммо Мирҳусейн Назризода, раиси ҷинои аз ҷониби ҳукумат эътирофнашудаи ҲСТ дар суханронии худ иброз дошт, ки «пешниҳод шудани хонум Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади дар интихоботи президентӣ албатта кори хуб аст. Вале вазифаи Гуруҳи кории ИНИТ аз интихоби номзади ягона иборат набуд. Гуруҳи корӣ бояд номзадии якчанд нафарро пешниҳод мекард ва дар ҷаласаи умумӣ номзад интихоб мешуд. Шумо асосан фикри ду ҳизбро ба назар гирифтаед, ҲНИТ ва ҲСДТ-ро, ки ин хилофи принсипҳои демократӣ ҳаст. Ба фикри ман пеш аз он ки номзадро интихоб кунем, бояд мо бо барномаи пешазинтихоботии номзад шинос шавем. Дар ИНИТ беш аз чил нафар аъзо ҳаст. Дар интихоби номзад танҳо фикри ду ҳизб ба инобат гирифта шудааст.

Дар посух ба ин эроди Мирҳусейн Назриев Муҳиддин Кабирӣ иброз дошт, ки Ин корро Гурӯҳи корӣ кардааст, ки салоҳият дошт. Барномаи пешазинтихоботии номзад бошад ҳамон Консепсия мебошад. Ҳатто шартнома дорем, ки номзад наметавонад берун аз нуктаҳои Консепсия фаъолият кунад. Шумо бояд талош мекардед, ки аъзои Гуруҳи корӣ мешудед. Аммо ин корро накардед. Дар масъалаи номзади алтернативӣ. Мо дар суханронии худ гуфтем, ки муаллима танҳо номзад набуд. Номзадии ҳашт нафар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ин ҷаласа Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассосиатсияи Мустақили Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон нуқтаи назари худро нисбати ин рухдоди сиёсӣ мухтасаран чунин иброз дошт: «Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад ва инро ҳамаи аъзои эътилоф дарк мекунанд.Пешниҳод кардани номзади ягона аз ҷониби Гуруҳи корӣ оғози ин таҳавулот аст ва ҳодисаи нодир ҳам ҳаст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки аҳзоби сиёсӣ аз манфиатҳои ҳизбии худ сарфи назар карда номзадии дигар созмонро дастгирӣ карданд. Дар ин интихобот тамоми имкониятҳо барои пирӯзӣ бояд истифода шавад. Аз ҳамкасбони рӯзноманигори худ хоҳиш мекунам, тавозуни назарро риоя кунанд ва ҳаддалимкон арзишҳои демократиро ба мардум фаҳмонанд. Мардум раъйи худро донад ва талаб карда тавонад».

6.nomzadi-init-2013

Дар ин ҷаласа буданд нафароне, ки аз тасмими ИНИТ рӯирост ибрози норозигӣ карданд. Барои мисол Назрӣ Буриев, ки худро собиқ узви созмони мардумии «Растохез» муаррифӣ кард, нуқтаи назари хешро оиди ин таҳаввулоти сиёсӣ чунин иброз дошт:

«Ман узви созмони «Растохез» будам. Расул Боқиевро мисол меорам. Паҳлавони машҳури ҷаҳон аст. Аммо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, чун ҳомӣ надорад, бо як ё ду шидо, доварон ӯро мағлуб месозанд. Дар сиёсати имрӯзи кишвар 3-то паҳлавон аст. Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматило Зойиров ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода. Ман мехостам, ки яке аз ҳаминҳо номзадии худро гузоранд. Муаллима, медонам одами донишманд аст, хуб аст, вале дар сиёсат гуштигирӣ накардааст. Биёед, Шумо ки таҷрибаи гуштигирӣ дар сиёсатро доред, шумо ба ин саҳна ворид шавед. Бо паҳлавонони рақиб шумо сар ба сар шавед. Муаллима гуштигириро наметавонад.

Дар посух ба суханони ин растохезӣ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки моён дар ин майдони сиёсат беш аз 20 сол аст, ки гуштигирӣ мекунем. Рақибони сиёсии мо ҳиллаву «ҳалукҳо»-и моро хуб азхуд кардаанд. Медонанд, ки мо чи хел ҳалук меандозем. Вале ҳоло рақибони сиёсии мо намедонанд, ки муаллима аз куҷо ҳалук меандозад ва чи тавр.

Рамзия Мирзобекова, ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Раҳматило Зойиров ва Муҳиддин Кабирӣ савол кард, ки чаро муаллима гуфтанд, ки номзадии ман номзадии компромиссӣ буд. Барои чӣ чунин буд? Чаро шумо номзадии хешро пешбарӣ накардед?

 15.nomzadi-init-2013

Дар посух ба ин савол Раҳматило Зоиров гуфт, ки «номзадии ман тибқи қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ то охирон марҳила дар муҳокима буд ва то охирин марҳила ман аз номзадии худ даст накашида будам. Ҳини муҳокима баҳс то мавзӯи ҷамъ кардани имзоҳо рафт Як тараф ҷамъ мекунад ё ҳарду тараф ҷамъ мекунад. Вазъият бисёр муташанниҷ шуд. Сухан дар бораи агенти давлати Ӯзбакистон рафтани Раҳматило Зойиров рафт. Гуфтанд, ки дар сатҳи ноҳиявии ҲНИТ шахсияти Зойировро камтар мешиносад ва ҳатто пешниҳод шуд, ки Зоиров номзадиашро бардорад. Мо бо дарназардошти бақои ИНИТ ин корро кардем. Агар ин корро намекардем парокандашавии ИНИТ имконият дошт».

Аммо Муҳиддин Кабирӣ хеле муфассал ба ин савол посух гуфт: «Барои чӣ ман номзадиамро нагузоштам? Аз аввал чунин як фикрро тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба зеҳни мардум ба таври сунъӣҷо намуданд, ки агар ҲНИТ номзад пешниҳод кунад, ҷомеа қабул намекунад. Ҷомеаи байналмилалӣ ва ҷомеаи дохилӣ инро қабул надорад. Мо агар хоксориро як тараф монем, метавонем бигуем, ки яке аз қавитарин ҳизбҳои сиёсии кишвар, ҳизби мо ҳаст. Шахсан ман ба ин фикрҳо розӣ нестам. Агар ҷомеаи Тоҷикистон аз ҲНИТ метарсид, дар интихоботи соли 2010 ба тарафдории он овоз намедод. Агар ҷомеаи байналмилалӣ аз ҲНИТ ва ислом метарсид, ҳама мулоқоту вохӯриҳое, ки сафирону меҳмонони кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе мекунанд, моро ба онҳо даъват намекунанд.

Ҷомеаи демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли 1991 Давлат Худоназаровро пешниҳод карданд ва ҲНИТ бояд номзади худро пешниҳод мекарданд. Вале дар маҷмуъ ба мо гуфтанд, ки агар наҳзат номзади худашро пешниҳод кунад, аз номзади ҷомеаи демократии кишвар пуштибонӣ накунад, хиёнат ба Ватану миллату арзишҳои демократӣ ҳаст. Мо аз номзади нирӯҳои демократӣ пуштибонӣ кардем ва беш аз 30 дар сади овозҳоро гирифтем.

Гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» шуруъ шуд ва гуфтанд, ки агар наҳзат ба сафи тазоҳурокунандагон напайвандад, хиёнат ба Ватану миллату арзишҳои демократӣ ҳаст. Наҳзат аз ҳама охир ба ин маърака пайваст. Баъдан ҳодисаҳо шуруъ шуданд ва медонанд, ки дар майдон чи ва кӣ монд ва масъулият то имрӯз бар дӯши кӣ ҳаст, чи дар масъалаи интихоботи аввал ва чи дар масъалаи ҷанги шаҳрвандие, ки шуд. Таърих такрор шуда истодааст.

12.nomzadi-init-2013

Имрӯз ҲНИТ дар рӯ ба рӯи масъалаи зеҳниятсоз истодааст: Шумо агар номзад монед ҷанг мешавад, мардум қабул надоранд, агар аз номзади ғайринаҳзатӣ пуштибонӣ накунед, хиёнат мешавад ба демократияву арзишҳои демократӣ ва ҳатман тавре фазосози мешавад, ки Иттиҳод маънояш ин аст, ки номзади наҳзат набошӣ. Иттиҳод бо ин фалонӣ. Аз наҳзати мо меоянд, Иттиҳод бо номзади мо.

Ҳизбҳои сиёсӣ бояд андеша кунанд, ки фаротар аз ангезаҳои ҳизбиву сиёсиашон бираванд. ҲНИТ ин омодагиро дошт. Вале вақте омадем ба марҳалаи пешниҳоди номзад ягон нафар касеро расмӣ номзад пешниҳод накарда буд. Мо созишномае надоштем, ки сари номзадии фалонӣ тавофуқ кунем. Гуфтем Иттиҳод барои пайдо кардани номзади ягона ва таҳияи Консепсияи умумӣ ташкил карда мешавад. Гуруҳи корӣ ташкил мешавад барои баррасии ин номзад. Раҳматило Зоиров дар ин ҷо гуфтанд, ки ки ман аз номзадии худам даст кашидам.

Бубахшед, номзадии Шумо кай пешниҳод шуда буд, ки аз он даст кашидед? Ҳоло ягон кас, ягон ҳизб, ягон созмон расман номзадии ягон нафарро пешниҳод накардааст. Мо тамоми номзадҳоро дар Гуруҳи корӣ дидем. Дар Фейсбук, дар матбуот ҳар кас номзади худашро пешниҳод мекард. Вале гоҳо мешавад, ки зеҳниятро тавре месозанд, ки мо як гуруҳи элитаи бисёр пешрафта ҳастем, боқимондаҳо бояд иродаи моро қабул кунанд. Агар ки ин нашуд пас демократия нест, пас хиёнат шуд. Ин тавр нест, бародарони азиз!

Мақсади Гуруҳи корӣ ҳамин буд, ки номзади ягонаро биёбем. Ман як гапро самимона мегӯям. Агар ягон кас аз ман мепурсид, ки биёбонро бо кӣ мегузаштӣ, ман мегуфтам, ки бо Раҳматило мегузаштам. Ягон кас шак надорад дар самимият ҷасорат ва принсипнокии хамин одам. Ягона одаме буд, ки аз аввал гуфтааст, ки агар маро пешниҳод кунанд, ман меравам. Чуноне, ки бовар надорам ба он фикре, ки исломиҳо номзади худро бигузоранд, ҷомеа бесубот мешавад, ҳамон тавр боварӣ надорам ба он фикре, ки Раҳматило агенти кадом кишвар бошад.

10.nomzadi-init-2013

Вале чи кор кунем ки зеҳни ҷомеаро сохтанд, зеҳни ҷомеаро ба ҳамон тараф кашонданд. Агар дар Гуруҳи кории мо натиҷа ҳамин мебуд, ки Раҳматило Зойиров ба ҳайси номзад пешниҳод шавад, ман Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро ба ин натиҷа мутақоид мекардам. Дуруст аст, як қисми зиёди наҳзат чуноне, ки Раҳматило менависанд, ба мо мактуб менависанд ва мегӯянд: боз ҳамон соли навадро такрор мекунед, боз ҳамон имзоҷамъкуниву гузаронидани интихоботу баъдан ҳама проблемаҳо болои мову мардум мераванд Маскаву дигар ҷойҳо ва аз он ҷо интервю медиҳанд.

Ин зеҳният мехоҳем ва ё намехоҳем ҳаст. Вале мо мегӯем, бародарон, ба хотири миллат, ба хотири ваҳдат, биёед аз амбитсияҳои ҳизбиямон мегузарем. Биёед як нафареро пешниҳод кунем, ки камтарин нуқтаи заъф дошта бошад. Агар Кабирӣ заъф дорад, устод Тӯраҷонзодаро мегӯянд фалону фалон ва нисбати Раҳматилло Зойиров низ ҳамчунин, мо ҳамон ҷо дар Гуруҳи корӣ шӯхӣ кардем, ки шояд нисбати муаллима Ойниҳол Бобоназарова ягон «приём», ягон ҳалук пайдо накунанд. муаллима шояд ки камтарин заъфро дошта бошанд. Баъзеҳо аллакай эълон карда истодаанд, ки номзади компромиссиву номзади наҳзат.

Наҳзат дина то лаҳзаи охир кӯшид, ки номзади худро пешниҳод кунад. Баъд аз тарафи Гуруҳи корӣ пешниҳод карда шуд номзадии муаллима. Баъд гуфтанд, ки чаро ҲНИТ ба номзадии муаллима розӣ намешавад. Мо гуфтем, ки наҳзат ин Кабирӣ нест. Мо дирӯз ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ баргузор кардем. Ва ман ошкор мегӯям. Мо гуфтем: бародарон, аз тарафи Гуруҳи кории ИНИТ номзадии муллима пешниҳод шуд ва аз мо аз наҳзат хоҳиш доранд, ки ҷонибдорӣ кунед.

Мо бояд вазъиятро дарк кунем. Медонем душвор аст, хонум аст. Гап зиёд аст. Ҳамаи гапҳоро мо бояд таҳаммул кунему номзадии муаллимаро агар дастгирӣ кунем, хуб мешавад. Мо дар Шӯрои сиёсӣ ба тавофуқ расидем. Ва дар Гурӯҳи корӣ эълон кардем, ки наҳзат аз номзадии муаллима пуштибонӣ мекунад. Аз ин лиҳоз номзади компромисӣ буд, барои он ки нисбати мо гап буд.

14.nomzadi-init-2013

Барои ҳамин ҳам бояд ошкор бигӯем, ки аз қабл ягон номзад матраҳ набуд, ки онро як тараф гузоштему номзади дигарро интихоб кардем. Дар Гуруҳи корӣ сари тамоми номзадҳо баҳс кардем. Ва дар охир ба ҳамин хулоса расидем, ки номзадии муаллимаро пешниҳод кунем. Ҳамин қадар сир дорад. Бинобарин хоҳиш мекунам, ки нагӯед, ки аз қабл номзади дигар буд ва ин номзад гирифта шуд ва номзади дигарро монданд. Ягон номзад дар Иттиҳод пешниҳод набуд ва дар Гуруҳи корӣ низ. Дигар аз ин зиёд гуфта намешавад.

Дар посух ба ин суханронии пурмуҳтавои Муҳиддин Кабирӣ Раҳматило Зойиров чунин иброз дошт: «Мехостам як чизро мушаххас кунам. Ман ба бисёр гуфтаҳои Кабирӣ розӣ ҳастаму аммо дар масъалаи он ки ягон номзад пешниҳод набуд, ин гап катӣ розӣ нестам. Дирӯз агар дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчун номзади ягона Ойниҳол Бобоназарова баррасӣ гардиданду пешниҳод шуданд, аллакай пештар мо қарори бисёр душвори Шӯрои сиёсии ҲСДТ-ро доштем, ки дар он ҷо ҳамчун номзад Раҳматило Зойиров пешниҳод карда шуда буд. Азбаски ҳозир агар Ойниҳол Бобоназарова даст мекашида бошад, аз ҳамон қарор даст мекашанд. Ман агар гуфта бошам, ки аз номзадии худ даст кашидам, ин ба ҳамон қарори Шӯрои сиёсии ҲСДТ дахл дорад, на ба қарори Гуруҳи ҳамоҳангсози кории ИНИТ».

Кабирӣ ин шарҳи Зойировро шарҳи дуруст номид.

Раҷаби Мирзо, яке аз аъзои фаъоли ИНИТ андешаи худро оиди ин масъала чунин изҳор кард: «Кабирӣ гуфтанд, ки агар наҳзат номзади худро пешниҳод мекард, ҷомеаи Тоҷикистон ба ду гуруҳи ба ҳам мухолиф тақсим мешуд. Вале дар ҳамин нишаст мо аллакай ба ду гуруҳ тақсим шудем. Одамони муътадил ва одамони эҳсосӣ. Дар гуруҳи одамони муътадил одамоне нишастаанд, ки муборизаҳову ҷидолҳоеро дидаанд.

Дар гуруҳи одамони эҳсосӣ мо ё одамони наверо мебинем, ё онҳоеро ки чандон маъруфият надоранд. Ман фикр намекунам, ки интихоби ҳар кадоми мову шумо мушкилтар аз интихоби оқои Кабирӣ, Тӯраҷонзода ва Раҳматило Зойиров бошад. Сухан дар бораи воқеиятҳои замони нав меравад. Ман фикр мекунам, ки ин тасмим тасмим оқилона ва хирадмандона мебошад. Аз чанд ҷиҳат. Ойниҳол Бобоназарова аз саркардагони нирӯҳои демократихоҳ ва озодихоҳи Тоҷикистон аст. Ва яке аз муассисони ҲДТ мебошад.

Пас имрӯз бо пешниҳоди Ойниҳол Бобоназарова шумо ҳамин гуна қабул кунед, ки ҲДТ, ки соли 1990 таъсис ёфта буд, дар ҳамин эътилоф вуҷуд дорад. Аз муборизони сахте буд, ки маҳбасҳои Тоҷикистонро соли 1993 дидааст. Имрӯз не. Соли 1993. Мо метавонем.таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба номзади худамон ҷалб кунем. Чун муаллима дар ду созмони бонуфузи хориҷӣ роҳбар буданд. Мо бояд амбитсияҳои маҳалиямонро, гуруҳиямонро, ҳизбиямонро як тараф бигузорему муттаҳид шавем. Воқеан, муаллима номзади арзанда аст.

Кабирӣ дар тақвияти суханони Раҷаби Мирзо иброз дошт, ки «тамоми ҳашт нафар аъзои Гуруҳи корӣ шартнома бастааст, ки ҳама дар интихобот расман одами боэътимоди муаллима Ойниҳол Бобоназарова мешаванд. Дар он ҷо боз Амният Адуназаров ва Маҳмадалӣ Ҳаит ширкат карданд. Онҳо низ. (Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматило Зойиров, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ойниҳол Бобоназарова, Шокирҷон Мухторов, Маҳмадалӣ Ҳаит, Амният Абдуназаров).

Тасмим гирифтан хеле душвор аст. Фардо агар дар телевизион як нафар наҳзатӣ барояду гӯяд, ки ман аз ҲНИТ барои он меравам, ки раиси он номзадиашро нагузошту аз номзадии демократ ё зан пуштибонӣ кард, ман ҳайрон намешавам. Эҳтимол дорад, ки ба Раҳматило низ чунин фишорҳо ворид шаванд. Аз ин ба баъд вазифаи мо роҳбарони сиёсӣ ҳаст, ки атрофиёни худро мутақоид созем, ки чаро мо чунин тасмим гирифтем.

5.nomzadi-init-2013

Улфатхонум Мамадшоева, собиқ узви Комиссияи назорат ба Созишномаи оташбаси Теҳрон ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, муроҷиат карда гуфт, ки устод, агар шумо номзадии худро пешбарӣ мекардед, ҳатман сад дар сад мегузаштед. Дар шонаҳои ҷинси латиф гузоштани ин бори гарон, чун дар замони ҷанг, ба фикри ман, ин беадолатӣ аст. Ба фикри ман, дар ин ҷо кадом як бозии ниҳоние ҷараён дорад. Ба хаёли мо, ин кор ба манфиати касе ҳаст. Ман яке аз фаъолони ҷинои демократӣ мебошам. Ҷамъ кардани имзоҳо ба дӯши мо вогузор мешавад. Бисёр гапҳо барои мо номафҳуманд. Барои гуфтани ҳақиқат узр мепурсам.

Кабирӣ дар посух бо ибрози ташаккур кардан аз суҳбати самимӣ гуфт, ки «дар ин ҷо ягон хел бозӣ нест. Мо ҳамаамон дар як сафина нишастаем. Ва ҳар касе ки агар бозӣ кунад, бар зарари худаш ҳаст. Мо аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ибрози миннатдорӣ мекунем. Зеро агар ҷомеаи шаҳрвандӣ намебуд, ҲНИТ-ро осонтар мумкин буд фурӯ бурдан. Ман намегӯям, ки метавонистанд фурӯ бурдан.

Раҳматило ҷавонмардона гуфтанд, ки агар пуштибонӣ кунед, мо меравем. Мо гуфтем, ки Раҳматило ҳамон мушкилоте, ки дар мо ҳаст, дар шумо ҳаст. Агар ягон номзади дигар ғайриҳизбӣ намешуд, мо роҳе ҷуз пешниҳод кардани Раҳматило надоштем. Вале Раҳматило душвории вазъро дарк кард. Гуфт, майлаш мо бояд муаллимаро пуштибонӣ кунем. Шумо гуфтед, ки дар ин ҷо бозиҳои пасипардагӣ ҳаст. Шумо дар ин ҷо қариб 100 нафар нишастаед. Мо дирӯз 8 нафар будем ва наметавонистем ҳама гапҳоро байни худ ошкоро бигӯем. Чи расад ба ҷамъи сад нафар. Аз ҳама муҳимаш мо дар назди худ, Худо ва мардум бояд пок бошем, ки ягон хел бозӣ бар зарари мардум ва кишвар намекунем».

Дар поёни ҷаласаи ИНИТ нишасти матбуотие баргузор гардид, ки асосан ҳам хабарнигорон ва ҳам раҳбарияти Иттиҳод дар он даври масъалаҳое чархиданд, ки чанде пештар мавриди муҳокима қарор гирифта буданд.

13.nomzadi-init-2013.jpg

Дар ин байн шояд муҳим нуқтаи назари Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода доир ба натоиҷи ҷаласаи ИНИТ буда бошад. Яке аз маъруфтарин руҳониёни сиёсатмадори кишвар дар посух ба суоли хабарнигоре дар ин маврид, ки оё шариати ислом иҷозат медиҳад, ки зан раҳбари давлат бошад, иброз дошт, ки шариат иҷозат медиҳад, ки зан роҳбари кишвар, роҳбари давлат шавад. Фақат вақте иҷозат намедиҳад, ки роҳбарии диниву давлатӣ дар дасти як нафар бошад. Он вақт тибқи шариат зан раҳбар шуда наметавонад.

Масалан, агар кишвар бо номи хилофат бошад, ё ки кишвари шоҳигарӣ бошад, ки дар вай ҳам ҳукумати иҷроияву ҳам судиву ҳам қонунгузор дасти як нафар бошад, дар чунин ҳолат уламоҳо ҳамин хел фатво додаанд, ки зан роҳбари давлат шуда наметавонад. Аммо агар қудрат ба қонунгузору иҷроияву судӣ тақсим шуда бошад, дар ин ҳолат зан метавонад раҳбари давлат бошад. Дар кишварҳои консервативии мисли Бангладешу Покистон, Индонезияву Туркия дар марҳилаҳои гуногун занҳо чанд борӣ ҳукуматро дар даст доштанд.

Сипас Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода андешаи худро дар бораи шахсияти Ойниҳол Бобоназарова иброз дошт. Ӯ гуфт, ки ман муаллимаро қариб 24-25 сол боз мешиносам. Шиносоӣ ба он маъно, ки мавқеашонро медонам, мутолиа мекунам, гуфтаҳояшонро мешунавам, навиштаҳошонро мехонам. Дар ин чанд рӯзи дигар боз аз наздик шинос шудем. Эшон як номзади муносиб дар ҳамин марҳалаи Тоҷикистон ҳаст. Шумо худатон фаҳмед, ки ин чи марҳала ҳаст. Душвор ҳаст. Баъзе ҳассосиятҳо, нозукиҳо ҳаст, ки гуфтанашон намешавад. Масалан, дар Қирғизистон як хонумро дар марҳалаи интиқолӣ пешниҳод карданд.

Дар Консепсияи ИНИТ низ чунин марҳала навишта шудааст. Ман ҷонибдори таҳаввулоти сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳастам. Ман ягон хусумати шахсӣ ба ҳукуматдорон надорам. Аммо дида истодаам, ки агар ҳамин сиёсат пеш рафтан гирад, мо ба соҳили наҷот рафта намерасем. Дар ягон ҷо режимҳои диктотурӣ ва авторетарӣ ба манфиати мардум кор накард. Дар Миср 60 сол, дар Яман 40 сол, дар Либия беш аз 30 сол ҳукумат карданд ва оқибаташ маълум шуд. Бар зарари ҳама шуд.

Мо ҳеҷ вақт намехоҳем, ки солҳои 92-97 такрор шавад. Мо мехоҳем, ки бо роҳи эволютсионӣ, бо роҳи демократӣ пеш равем. Давлате бошад, ки ҳуқуқҳои мардум, аз ҷумла ҳуқуқҳои исломии он, риоя шавад. Мо исломиҳо бовар дорем, ки дар ҷомеаи демократии дунявии озод метавонем зиндагӣ кунем. Мо ҳамаи инро дар чеҳраи муаллима мебинем. Ба ҳар ҳол ҳамчун маддоҳи золимҳо шуҳрат пайдо накардааст. Ҳамеша дар ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд, Мо умед дорем, ки дар оянда ба ҳамин корашон давом медиҳанд. Хоҳиши ман ҳамин аст, ки ин пешниҳодро дастгирӣ кунед.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi