Шикасти Мурсӣ нишони таҳаммулнопазирии Ғарб ба роҳбари исломгарост
Бобоҷони Шафеъ, шореҳи сиёсии "Рӯзгор"
Инқилоби исломии Миср баъди як соли пирӯзӣ шикаст хӯрд. Президенти исломгаро дар зиндон аст, садҳо ҷонибдораш аз ҷониби ҳарбиён боздошт ва ё куштаву захмӣ мешаванд. Ин роҳ Мисрро ба куҷо хоҳад буд? Ҳафтаи гузашта дар Миср табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт.
Ва ин як рӯйдоди комилан пешгӯишаванда буд, чун ҳарбиён қаблан ду рӯз ба мухолифон ва ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ, президенти интихобии ин кишвар фурсат дода буданд, ки бо ҳам канор оянд, дар акси ҳол даст ба амал хоҳанд зад. Ин худ як раванди дахолати ошкорои ҳарбиён дар умури сиёсии Мисрро пешгӯӣ мекард ва яқин буд, ки бо истифода аз тазоҳуроти мардуми норозӣ аз амалкардҳои президент Мурсӣ низомиён як бори дигар сари қудрат меоянд ва оқибати ин табаддулот ҳоло ҳам пешгӯинашаванда аст.
Як сол ба инҷониб, ки "Барордарони мусалмон" сари қудрат қарор дорад, намояндаи он Муҳаммад Мурсӣ ба исломгароӣ муттаҳам мешавад ва ҷомеаи либералии Миср ҳоло тавони бардошти таҳаввулоти шариатиро надошт. Аз ин рӯ аз қабл пешгӯӣ мешуд, ки пирӯзии исломиён дар ҷомеаи имрӯзаи араб худ хислати муваққат дорад.
Зеро агар аз сӯе ҷомеа омодаи пазириши низоми исломӣ набошад, аз ҷониби дигар худи олами Ғарб ва роҳандозикунандаи "баҳори араб" намехост зимоми амр ба дасти исломиён гузарад. Зеро ин айни он чизе буду ҳаст, ки бегона ба арзишҳои демократии ғарбист. Яъне, тарроҳони демократияи ғарбӣ ҳанӯз ҷоеро барои исломи демократӣҷудо накардаанд. Аз назари таҳлилагарони ин қитъа аз хоки олам Ислом ва демократия ду қутби муносибатҳои башарии ба ҳам бегонаанд.
Ва инак, сарнавишти "баҳори арабӣ" дар Миср ба дасти ҳарбиён ҳалл мешавад, эътимоди мардум ба демократия коста мегардад, дар ин кишвар як ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ дар остонаи шурӯъ шудан аст. Аз ҳоло аз кушта шудани даҳҳову захмӣ гардидани садҳо нафар гузоришҳо мерасанд. Ба дигар маънӣ, барканории Муҳаммад Мурсӣ ва ба зиндон андохтани ӯ ҳоло оғози кор аст. Рӯзи ҷумъаи гузашта тарафдорони "Бародарони мусалмон" барои дифоъ аз президенти худ даст ба тазоҳуроти густарда заданд ва шиорҳое дар миён андохта шуданд, ки бӯи қасос доштанд.
Табаддулот ё идомаи инқилоби соли 2011?
Коршиносон ва таҳилигарони кишварҳои мухталиф рӯйдодҳои Мисрро аз дидгоҳи худ шарҳу тафсир мекунанд. Чунончӣ, аз назари президенти пажуҳишгоҳи дин ва сиёсати Федератсияи Русия Александр Игнатенко сарнагун шудани Муҳаммад Мурсӣ шакли нави инқилоб аст, ки дар он мардум барои кӯмак ба ҳарбиён муроҷиат карданд. Вақте вазири мудофиаи мамлакат Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ тарҳи "харитаи роҳ"-ро қироат кард, дар атрофи ӯ аллакай хеле аз анбӯҳи мардум гирд омада буданд ва ҳамон вақт мушаххас буд, ки роҳбарӣ барои Мурсӣ ба поён омадааст.
"Наметавон онро табаддулоти ҳарбӣ номид. Он бидуни шак идомаи ҳамон инқилоби 25 январи соли 2011 аст, на чизи дигар. Он диниву мазҳабӣ набуд ва ҷорӣ сохтани қонунҳои шариатро талаб намекард. Танҳо мехост озодӣ бошад ва адолати иҷтимоӣ риоя гардад", - мегӯяд журналисти мисрӣ Мазин Аббос.
Вячеслав Матузов, президенти Ҷамъияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Араби Русия мегӯяд агарчӣ аз сӯе Мурсӣ намояндаи "Бародарони мусалмон" аст, вале муддати тӯлонӣ дар Амрико зистааст, дар маҷмаъаи ҳарбӣ ва саноатии ин кишвар кор кардааст ва ба ҳаддест, ки духтаронаш шаҳрвандони ИМА мебошанд. Ин таҳлилгар бар ин назар аст, ки дар таҳаввулоти демократии баъдимуборакии Миср нишонаҳои бозиҳои сиёсие ба мушоҳида мерасанд, ки аз ИМА идора мешаванд.
Ин аст, ки ба домони ҳукумат чанг задани нерӯҳои исломимаоб норозигии як бахши калони аҳолии ин мамлакатро ба миён овард. Ин таҳлилгар мегӯяд рӯйдоди охир бидуни шак ба мавқеъи ҷамъиятӣ ва сиёсии "Бародарон" зарбаи муҳлик зад ва таъсири он дергоҳ дар минтақа боқӣ мемонад. Матузов инро як шикасти сардаргумкунандаи исломиёни бунёдгаро дар минтақа ва ҷаҳон медонад.
Дасти Амрико?
Суолест, ки посухи дақиқ надорад ва расман аз ҷониби Кохи Сафед такзиб шудааст. Аммо шоеъоте вуҷуд доранд, ки аз дахолати Вашингтон дар умури Миср далолат мекунанд. Он ки худи инқилобҳои арабӣ зодаи тафаккури амрикоӣ буданд, шаке нест. Ҳанӯз дар аввалин рӯзҳои шикасти Ҳуснӣ Муборак Барак Обама ба худкомагони олам паём дода буд ва дар он сареҳан таъкид мекард, ки инқилобҳои арабӣ тибқи сенариёи Амрико сурат мегиранд ва баъди панҷ сол дар олам ҳокимон ва кишварҳои худкома боқӣ нахоҳанд монд.
Аввали ҳафтаи ҷорӣ "New York Times"- нашрияи маъруфи чопи Амрико хабари ҳангомабарагезе интишор дод, ки тибқи он Вашингтон чанд лаҳза пеш аз табаддулоти ҳарбӣ ба Муҳаммад Мурсӣ дасти мадад дароз кардааст, вале ин президенти Миср буд, ки пешниҳодро нодида гирифт ва имрӯз кишварро ба вартаи ҳалокат тела дод.
Бино ба навиштаи ин нашрия пеш аз табаддулот ва анҷоми соати зарбулаҷали ҳарбиён вазири умури хориҷии яке аз кишварҳои арабӣ бо Мурсӣ дар тамос шудааст ва гуфтааст, ки вай ҳоло дар нақши эммиссари Кохи Сафед аст. Ин вазир аз Мурсӣ пурсид, ки оё вай розӣ аст сарвазири нав таъин кунад ва ин нахуствазир масъулияти комили қонунгузориро ба ӯҳда дошта бошад ва оё ӯ метавонад ба ин пешниҳод розӣ шавад, ки ҳамаи губернаторҳои таъинкардаи худро бо афроди дигар иваз намояд. Ин шарте буд, ки ИМА мехост баъди пазириш аз ҷониби Мурсӣӯро пуштибонӣ намояд ва нагузорад, ки сарнагун гардад.
Аммо тибқи гуфтаи мушовирони президенти ИМА Мурсӣ розӣ нашуд ва ҳатто изҳор дошт, ки маргро мепазирад, вале ин пешниҳодро сарфи назар мекунад.
Баъди гуфтугӯи Мурсӣ бо вазири кишвари номаълум ёвари президенти Миср Эссам эл-Ҳаддод бо сафири ИМА дар Миср Энн Паттерсон ва мушовири президенти ИМА оид ба масоили амнияти давлатӣ Сюзан Райс дар иртибот шудааст. Дар ҷараёни ин гуфтушунидҳо Ҳаддодро аз омодагии ҳарбиён ба табаддулоти низомӣ ҳушдор доданд, аммо ёвари президенти Миср эълон кард, ки Муҳаммад Мурсӣ омода нест шартҳои ИМА-ро бипазирад. Аз ҷониби худ намояндаи президенти Миср дар ин сӯҳбатҳо гуфтааст, ки сарнагун шудани Мурсӣ ба маънои бесуботӣ на танҳо дар Миср, балки дар олами араб хоҳад буд ва муҷиби он мегардад, ки мардум эътиқодашонро ба демократия коҳиш диҳанд.
Бино ба навиштаи New York Times президент Мурсӣ то ба охир бовар надошт, ки ҳарбиён даст ба табаддулоти низомӣ мезананд ва ӯро барканор месозанд.
Ҳарчанд интихоботи президентии Миср мавриди қабули Вашингтон қарор гирифта буд, вале ҳоло ба мушоҳида мерасад, ки ҳукумати Мурсӣ ниёзҳои Кохи Сафедро бароварда насохт. Он ки ҳарбиён бебокона даст ба кор шуданд, баёнгари он нукта аст, ки ризояти Вашингтон ба даст оварда шудааст. Рӯзноманигор Афшин Раттанзӣ, як тан аз таҳлилгарони машҳури ҳаводиси араб, бар ин назар аст, ки бо "интихоби неолибералии Сандуқи байналмилалии асъор Мурсӣ бозии сиёсиро бохт. Вай қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла, коммунистон, анархистон ва ҳатто, бахши азими исломиёнро ба худ зид кард. Ҳатто, онҳоеро ҳам ноумед сохт, ки ҳеҷ намехостанд ҳарбиён ба қудрат баргарданд ва ба ин хотир, ба ҷонибдории Мурсӣ овоз дода буднд.
Эрон ҳам нигарон аст
Аммо Аловуддини Булуҷардӣ, яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Эрон дар ин замина назари дигар дорад. Вай мегӯяд нерӯҳои исломӣ бо ба сари қудрати Миср омадан иштибоҳи нобахшидании тактикӣ карданд. Онҳо натавонистанд ва ё нахостанд нерӯҳои мусаллаҳи кишварро ба тарафи худ моил созанд
"Бародарони мусалмон" таҳти роҳбарии Муҳаммад Мурсӣ ба бегонагии дипломатии Эрону Миср, ки даҳсолаҳо идома дошт, поён доданд. Баъди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон муносибат миёни ду кишвар рӯ ба тирагӣ овард. Миср ба шоҳи фирории Эрон Ризо Паҳлавӣ пешниҳоди паноҳандагии сиёсӣ кард. Аммо Теҳрон бештар баъди он ки Қоҳира бо давлати яҳудӣ муоҳадаи сулҳ имзо намуд, аз режими Муборак рӯ тофт.
Аловуддини Булуҷардӣ, сарвари кумитаи парламони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ҶИЭ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Иштибоҳи аввалини "Бародарони мусалмон" он буд, ки гумон карданд бо сарнагунсозии Ҳуснӣ Муборак метавонанд ба инқилоб хотима бахшанд. Илова ба ҳамаи ин Мурсӣ натавонист масоили мушкили бӯҳрони иқтисодиро ҳал кунад".
Эрон метавонад аз таҷрибаи худ дар бобати пирӯзии инқилоб ва ҳифзи музафариятҳои он соатҳо ҳарф занад. Зеро роҳбарияти вақт ба муҷарради сарнагунсозии шоҳ аввалин коре, ки анҷом дод, нерӯҳои мусаллаҳи вафодор ба инқилоб ва рӯҳонияти мамлакатро бунёдгузорӣ кард. Аммо Мурсӣ натавонист ҳарбиёнро ба худ моил созад, нерӯҳои амниятӣ низ аз ӯ дар фосила монданд. Ин буд, ки вақте тазоҳуроти зиддипрезидентӣ шурӯъ гардид, на артиш ва на хадамоти амниятӣ ба кӯмаки ӯ нашитобиданд. Баръакс, ҳарбиён бо истифода аз фурсат зарбулаҷал таъин намуданд, ки тибқи он Мурсӣ ё канор мерафт ва ё ба хостаҳои тазоҳуркунандагон сар мефаровард.
Ҳамчуноне дида мешавад, бузургтарин кишвари мусалмоннишини минтақа, ки соле пеш аз пирӯзии нерӯҳои исломиаш дар интихоботи демократӣ пайғом дода буд, имрӯз дар остонаи ба хоку хун кашидан қарор дорад. Дар ҳоле, ки интихоботаш чун интихоботи демократпазируфта шуда буд, ҷомеаи демократии Ғарбу Амрико ҳузури як президенти исломгаро дар ин кишвари бузургро таҳаммул накарданд. ъ