Сафороии усулгароён. Дар муқобили Рафсанҷонӣ ё Машшоӣ?
Ҳаддод Одил, яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон рӯзи душанбе аз эҳтимоли канорагирии номзадҳои ҷараёни усулгаро ба нафъи Саид Ҷалилӣ, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА-и эронӣ, Ҳаддод Одил «таҳаввулоти рӯзи ахири сабти номи интихобот»-ро омиле донист, ки мумкин аст сабаби канорагирии номзадҳои ҷараёни усулгаро ба нафъи Саид Ҷалилӣ шавад. Ҳаддод Одил ҳамроҳ бо Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон ва Али Акбар Вилоятӣ, мушовири аршади раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, эътилофе аз ҷараёни усулгарон бо номи «Пешрафт»-ро ташкил додаанд.
Дар Эрон мӯҳлати сабти номи довталабони ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи шанбе ба поён расид ва дар миёни 360 нафаре, ки худро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном кардаанд, Алӣ Акбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешин, Саид Ҷалилӣ музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон ва Исфандиёри Раҳим Машшоӣ, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳури Эрон низ ҳастанд.
Рафсанҷониро, ки саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти баъди интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 интиқод карда буд, доираҳои муҳофизакори Ҷумҳурии Исломӣ хуш надоранд. Саид Ҷалилӣ аз соли 2007 то кунун дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон аст ва аз афроди наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, маҳсуб мешавад. Исфандиёри Раҳим Машшоӣ аз наздикони раиси ҷумҳури феълӣ Маҳмуди Аҳмадинажод буда, усулгароён дар нисбати ӯ назари нек надоранд.
Қарор аст, то 10 рӯзи дигар Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди тобеъи Хоманаӣ феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Эронро тасвиб кунад. Дар ҳамин ҳол Шӯрои Нигаҳбони Эрон, ки бар иҷрои Қонуни Асосӣ назорат мекунад гуфта, ки мумкин аст бар зидди Маҳмуд Аҳмадинижод-раиси ҷумҳури ин кишвар барои нақзи Қонуни Асосӣ айбнома пешниҳод кунад.
Маҳмуди Аҳмадинижод, ки ҳақ надорад дигар худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 14 июн номзад пешбарӣ кунад, рӯзи шанбе як ҷо бо Исфандиёр Раҳим Машшоӣ-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба дафтари сабти номи номзадҳо ҳозир шудааст.
Аббос Алӣ Кадхудоӣ-сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон ба телевизиони давлатӣ гуфтааст, ки Аҳмадинажод бо ин кори худ муқаррароти иҷтимоиро риоят накардааст. Кадхудоӣ гуфт, чунин шикоят бар зидди раиси ҷумҳур ба ниҳодҳои қазоӣ фиристода мешавад.
«Озодӣ»