11:27:46 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КУВАЙТ: БУҲРОНИ СИЁСӢ ДАР ЗАМОНЕ ҲАССОС

Кристиан Коутс-Улрихсен, таҳлилгари масоили халиҷи Форс

Буҳрони сиёсии дар ҳоли ташдид бузургтарин таҳдиде аст, ки Кувайт пас аз ҷанги халиҷи Форс ва озодсозии ин кишвар дар соли 1991 бо он мувоҷеҳ аст. Ихтилофи аслӣ, ки бо рӯи кор омадани нуҳ давлати мухталиф аз соли 2006 ташдид ҳам шудааст, ба даргирии байни маҷлиси интихобӣ ва давлати мунтасаби амир барои дар ихтиёр гирифтани қудрат бармегардад.

/images/stories/2012/11/05_protest-kuveyt-051112.jpgБо ин ки мушкилоти Кувайт бо дигар таҳаввулоти минтақа тафовут дорад, аммо баҳори арабӣ мухолифати умумӣ ва сиёсӣ дар Кувайтро ташдид кардааст ва боъис шуда то ин мухолифат аз хатти қирмизҳое, ки то кунун муқаддас ва ғайриқобили убур шумурда мешуд, фаротар биравад.

Рӯёрӯии хонаводаи Сабоҳ, ки ҳукмронӣ бар кишварро даст даст дорад, ва бахше аз мардуми Кувайт, ки ҷамъияташон аз ҳамеша бештар шудааст ва ҷасораташон ҳам рӯ ба афзоиш аст, натиҷаи ҳамин таъсир будааст.

Бунбасти кунунӣ аз тобистони соли 2011 ва замоне оғоз шуд, ки гурӯҳе аз ҷавонон хостори истеъфои шайх Носир Алмуҳаммад Ассабоҳ, нахуствазир, ки бародарзодаи амир ҳам буд, шуданд.

Интишори хабари расвоии сиёсӣ дар мавриди пардохти пул ба 16 намоянда аз 50 узви порлумони Кувайт барои ҳимоят аз давлат дар моҳи сентябр муҷиби ташдиди тазоҳуроти ҳафтагии ҷавонон шуд.

Ҳангоме ки дар моҳи ноябр додгоҳи қонуни асосӣ талоши маҷлис барои пурсиши нахуствазир дар мавриди ин расвоиро мутаваққиф кард, танишҳо ба авҷи худ расид ва ҳудуди 100 тазоҳуркунанда шомили бархе аз аъзои порлумон барои муддати кутоҳе сохтмони маҷлисро ишғол карданд.

Шайх Сабоҳ Алаҳмад Ассабоҳ, амири Кувайт ба сурати умумӣ эълом кард, ки дар муқобили фишори хиёбонӣ таслим намешавад, аммо бо ин вуҷуд даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми кувайт бо пайвастан ба тазоҳуроти хиёбонӣ хостори азли нахуствазир шуданд.

Дар таърихи 29 октябр беш аз 50 ҳазор нафар бо ширкат дар тазоҳуроте бузург амирро маҷбур карданд ба хостаашон тан дардиҳад.

Кудато алайҳи қонуни асосӣ

Шайх Ҷобир Алмуборак Ассабоҳ, яке дигар аз аъзои муҳими хонаводаи салтанатӣ ва муъовини нахуствазир ҷонишини нахуствазир шуд. Маҷлис ҳам то баргузории интихоботи ҷадид дар моҳи феврали соли 2012 мунҳал шуд. Ин вақоеъ сабаби ҷобаҷоии раъй дар гурӯҳҳои мухолиф шуд ва гурӯҳҳои исломгаро ва вобаста ба қабоил барандаи 34 курсӣ шуданд.

Порлумон дар соли 2012 ба муддати чаҳор моҳ дар ошӯб ба кори худ идома дод, то ин ки дар моҳи январ ба сурати ногаҳонӣ ғайриқонунӣ эълом шуд. намояндагон мукарраран бо давлат даргирӣ доштанд ва вузарои умури молӣ ва кор ва умури иҷтимоъиро маҷбур ба истеъфо карданд.

Бо идома ва ташдиди танишҳои сиёсӣ амир дар таърихи 18 июн тасмим гирифт маҷлисро барои муддати як моҳ муъаллақ кунад. Аммо ин тасмим ҳам ду рӯз баъд бо ҳукми додгоҳи қонуни асосӣ муъаллақ шуд. Ин додгоҳ натоиҷи интихоботи моҳи февралро ботил эълом кард ва маҷлиси қаблӣ, ки дар моҳи декабри 2011 мунҳал шуда будро дубора қонуӣ эълом кард.

Ин тасмими ҳайратовар тобистон Кувайтро дар вазъияте мубҳам ва пур аз иттиҳом фурӯ бурд. Гурӯҳҳои мухолиф додгоҳро ба таслим дар баробари фишори давлат ва "кудато алайҳи қонуни асосӣ" муттаҳам карданд.

Маҷлиси эҳёшуда дар моҳҳои июн ва август ду бор талош кард то ташкили ҷаласа диҳад, аммо ҳар бор ба иллати ин ки аксари намояндагон ҷаласотро таҳрим мекарданд, ба ҳадди нисоб нарасид.

Давлат дар миёни моҳи август порлумонро "аз назари болинӣ мурда" эълом кард ва дубора бо дархост аз додгоҳи қонуни асосӣ барои тасмим дар мавриди тағйири қонуни интихобот мухолифонро таҳрик кард.

Ин тағйирот ислоҳоте, ки дар соли 2006 анҷом шуда буд ва тайи он Кувайт ба даҳ ҳавзаи интихоботӣ бо 10 намоянда барои ҳар кадом тақсим мешудро мулғо кард. Ислоҳоти соли 2006 бо ислоҳоти соли 1981, ки Кувайтро ба 25 ҳавзаи интиъоботӣ тақсим мекард, ҷойгузин шуд. Ин амал ба унвони талоши давлат барои дасткории тақсимоти ҳавзаҳои интихоботӣ ба нафъи худ тафсир шуд.

Ислоҳоти соли 2006 пас аз фаъъолиятҳои тулонии ҷавонон ба унвони пешдаромади ҳаводиси баҳори арабӣ сурат гирифта буд ва талоши давлат барои баргардондани қонун ба вазъияти қаблӣ баҳси ишколоти саҳнаи сиёсии Кувайтро дубора боз кард.

Додгоҳи қонуни асосӣ дар ҳоле ки сохтмони он тавассути пулиси зуддишӯриш муҳосира шуда буд, дар таърихи 25 сентябр талоши давлат барои тағйири марзбандии ҳавзаҳои интихоботиро рад кард. Амир дар таърихи 7 октябр порлумон (дубора эёшуда) - ро мунҳал кард, аммо эъломи таърихи интихоботи ҷадидро то 20 октябр ба таъхир андохт.

Ин иқдом боъиси суизанни мухолифон ба истифодаи амир аз аз ҳукми ҳукуматӣ барои тағйири интихобот шуд. Амир дар таърихи 19 октябр ин ҳукмро содир кард. Ба муҷиби ин ислоҳия теъдоди раъйҳои ҳар шаҳрванди Кувайтӣ аз чаҳор ба як коҳиш меёбад.

Қаъри худкомагӣ

Вокунишҳои сиёсӣ суръат гирифтаанд. Бештари гурӯҳҳои мухолиф ва намояндаҳои тайф ваъда додаанд, ки интихоботи отиро таҳрим мекунанд ва Кувайт ҳар лаҳза омодааст то ба сиёсати хиёбонӣ бозгардад.

Дар таърихи 15 октябр ҳазорон ширкаткунандаи тазоҳурот муқобили сохтмони маҷлис шоҳиди суханони Мусаллам Албаррок, аз раҳбарони сиёсатмадорони мухолиф буданд, ки амирро бо ибороте бесобиқа мухотаб қарор дода буд.

Албаррок, ки дар моҳи феврал бештарин раъйро дар таърихи Кувайт ба даст оварда буд, гуфт: "Аълоҳазрат, мо ба шумо иҷоза намедиҳем, ки кишварро ба қаъри худкомагӣ бикашед. Мо дигар аз зиндонҳо ва ботунҳои шумо наметарсем." Дар ҳамин ҳол ҷамъият ҳам фарёд мекашид: "Мо иҷоза нахоҳем дод, мо иҷоза нахоҳем дод."

Суханони таҳрикомези Албаррок дар кишваре, ки интиқод аз амир тобу ба ҳисоб меояд, мавҷе аз ҳайратро ба вуҷуд овард. Пулиси зиддишӯриш гирдиҳамоиро барҳам зад ва теъдоде аз муътаризонро дастгир кард. Писари бузурги Аҳмад Ассаъдун, намояндаи мухолифи куҳнакор ва раиси қаблии маҷлис ҳам ҷузви дастгиршудагон буд.

Муддаъиулъулум иттиҳомотеро алайҳи Албаррок матраҳ кард ва се нафар аз сиёсатмадорони мухолиф, ки дар тазоҳуроти қаблӣ дар 10 октябр ширкат карда буданд, ҳам боздошт шуданд.

Банобар ин метавон дид, ки шароити сиёсӣ ҳатто пеш аз он ки амир тағйири қонуни интихоботро иблоғ кунад, ҳам буҳронӣ буд. Дар таърихи 21 октябр тазоҳуроти дигаре, ки аз бузургтарин тазоҳурот дар таърихи Кувайт буд, иттифоқ уфтод. 100 ҳазор нафар тазоҳуркунанда, ки бо пулиси зиддишӯриш ҳам даргир шуданд, дубора шиъор медоданд: "Мо иҷоза нахоҳем дод."

Ин иттифоқ нишонаи мухолифати густарда бо хонаводаи салтанатӣ буд, ки дар иқдоми бесобиқа дар эъломияе хостори фармонбардории умумӣ аз амир шуда буд. Як ҳафта пас аз суханони Мусаллам Албаррок ҳукумати амир бо чолиши сиёсии ҷадид ва хатарнок мувоҷеҳ шуда буд.

Кувайтиҳо қаблан ҳам чунин вазъиятеро таҷриба кардаанд. Дар соли 1986 амири вақт шайх Ҷобир Алаҳмад Ассабоҳ порлумонро таълиқ кард ва озодиҳои маданӣ ва озодии порлумонро шадидан маҳдуд кард. Се сол баъд фаъъолиятҳои мардумӣ барои бозгардондани демукросӣ ва эъмоли фишори шадид бар хонаводаи салтанатӣ оғоз шуд. Дар авоили 1990 амир тасмим гирифт бо насби як маҷлиси камқудрат то ҳудуде аз фишори эътирозот бикоҳад.

Бештари кувайтиҳо ин ҳаракатро мухолифи қонуни асосӣ медонистанд ва аз ширкат дар интихоботе, ки баргузор шуд, сар боз заданд. Дар воқеъ ин танҳо ҳамлаи Саддом Ҳусайн дар дувуми моҳи августи соли 1990 буд, ки ҷилави ташдид ва ҷиддитар шудани буҳронро гирифт. Бунбасти сиёсии имсол ва тақобули назароти сиёсии мардум ва хонаводаи салтанатӣ бо иттифоқоти соли 1990 ташобуҳоти ошкор дорад.

Албатта ин воқеъият ки мухолифони аксаран исломгаро натавонистаанд намое қобили иттако аз қудрати ҷойгузин ба намоиш бигзоранд, вазъиятро печидатар кардааст ва ва бартарии кӯтоҳмуддати эшон дар порлумон низ бо интиқомгириҳои сиёсӣ ва ибтикороти авомгароёна монанди муҷозоти эъдом барои тавҳин ба муқаддасот тазъиф шудааст.

Замони буҳронӣ

"Вокунишҳои сиёсӣ суръат гирифтаанд. Бештари гурӯҳҳои мухолиф ва намояндаҳои тайф ваъда додаанд, ки интихоботи отиро таҳрим мекунанд ва Кувайт ҳар лаҳза омодааст то ба сиёсати хиёбонӣ бозгардад."

Кувайт то замони интихоботи оянда дар 1 декабр ҳафтаҳои пуртанишеро пеши рӯ хоҳад дошт. Ин кишвар барои муддатҳои тулонӣ пештози демукросӣ дар минтақаи халиҷи Форс будааст. Кувайтиҳо ба шиддат аз қонуни асосӣ ва ҳуқуқи сиёсиашаон посдорӣ мекунанд ва муқобили ҳар талоше барои маҳдуд кардани қудрати мардум меистанд.

На дар хонаводаи салтанатӣ ва на дар мухолифон нишонае аз омодагӣ барои тавофуқ дида немешавад ва ба назар мерасад умеди каме барои бурунрафт аз бунбасти феълӣ аз тариқи музокира вуҷуд дорад. Баръакс ҳоло ҳарду тараф омодаи муқобалаи шадиданд. Мухолифон ба чизе камтар аз як давлати интихобӣ ва тағйири бозӣ бо коҳиши қудрати мутлақи хонаводаи Ассабоҳ дар умури иҷроӣ ризоят намедиҳанд.

Аввалин вокуниши амир ба ин вазъият даъват аз сарони қабоили бузург барои байъат бо амир ва ибрози вафодорӣ ба вай буд. Бозгашт ба ин завоҳири ҳукмронии суннатӣ нишон медиҳад, ки хонаводаи салтанатӣ талош дорад то бо руҳи замон ва қудратгирии мардум дар минтақа, ки бо қудрат ҳам пеш меравад, худро ҳамоҳанг созад. Моҳҳои отӣ барои ояндаи салтанат дар кулли минтақа дарсҳои муҳиме ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

Чаро ки ояндаи наздик мушаххас хоҳад шуд оё хонаводаҳои салтанатӣ ҳозир хоҳанд буд бахши қобили таваҷҷуҳе аз қудрати худро ба ниҳодҳои интихобӣ бидиҳанд ё ин ки хости умумӣ барои ислоҳот монанди Баҳрайн бо саркӯб мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дуктур Кристиан Коутс-Улрихсен яке аз мудирони барномаи таҳқиқотии Кувайт дар Мадрасаи иқтисодии Ландан ва ҳамкори барномаи Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар Чатам Ҳаус аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi