14:28:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИВАНИШВИЛӢ: "СААКАШВИЛӢ ҲАМ БОЯД БИРАВАД"

Миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, ки эътилофи Орзуи Гурҷистони ӯ , бино ба шумориши муқаддамотии орои интихоботи 1 октябр, аксари курсиҳои парлумони ояндаро ба даст меорад, гуфт, Михеил Саакашвилӣ ба иштибоҳҳои зиёд роҳ дод ва бояд як сол пеш аз хатми давраи дувум ва ниҳоии раёсаташ истеъфо дода, барои баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ қарор кунад.

"Навбати рафтан аз худи Саакашвилист"

/images/stories/2012/10/03_bidzina-ivanishvili-31012.jpgИванишвилӣ рӯзи сешанбе дар нишасти хабариаш дар Тифлис аз ҷумла гуфт: «Ба назари ман, Саакашвилӣ метавонад худаш истеъфо диҳад. Роҳе ки баъди изҳороти имрӯзааш ман мебинам, ҳамин аст. Танҳо иқдоми дуруст бо хоҳиши худаш ба истеъфо рафтани ӯ ва даъвати интихоботи раёсатҷумҳурист.»

Иванишвилӣ ҳамчунин гуфт, давлати наве, ки эътилофи ӯ ташкил хоҳад дод, сиёсати Саакашвилӣ дар мавриди ҳамоиш бо Аврупо ва пайвастан ба узвияти НАТО-ро идома хоҳад дод.

​​Ин баёния дар ҳолест, ки Саакашвилӣ дар интихоботи 1 октябр аз Орзуи Гурҷистони Иванишвилӣ шикаст хӯрдани Ҷунбиши миллиашро, ки аз соли 2004, ба дунболи «инқилоби садбаргҳо» зимоми умури ин ҷумҳурии Қафқозро дар даст дошт, эътироф кард.

Саакашвилӣ аз ҷумла гуфт, "баъд аз эълони натиҷаҳои пешакӣ бартарии эътилофи “Орзуи гурҷӣ” ошкор шуд. Ин маънои онро дорад, ки аксарият дар парлумон бояд ҳукумати навро ташкил кунад ва ман ҳамчун раисиҷумҳур, бар пояи Қонуни асосӣ, ба ин раванд кӯмак мекунам, то парлумон кори худро сар карда, раисро интихоб ва ҳукуматро ташкил намояд."

Таҳвили осоиштаи қудрат дар Гурҷистон дар 21 соли гузашта аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ягон бор мушоҳида нашуда буд ва ин барои бори аввал аст, ки ҳукумати ин кишвар тавассути интихобот тағйир меёбад.

Куммиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон бар асоси шумориши ҳудуди 90 дарсади оро эълон кард, ки эътилофи Орзуи Гурҷистони Бидзина Иванишвилӣ бо касби 54,84 дарсади оро пешсаф буда, Ҷунбиши миллии Михеил Саакашвилӣ зери 40 дарсад раъй ба даст овардааст. Дар интихоботи парлумонии Гурҷистон 14 ҳизбу 2 эътилоф ширкат дошт, вале танҳо ҳамин ду гурӯҳ тавонистаанд садди 5-дарсадиро убур кунанд ва ба парлумони оянда роҳ биёбанд.

Вокунишҳо дар Маскаву Вошингтон...

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, комёбии Орзуи Гурҷистон иродаи мардуми гурҷӣ ба тағйиротро намоиш медиҳад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ Гурҷистонро барои ин интихобот табрик гуфта, ин маъракаро “боз як нуқтаи атфи дигар дар роҳи рушди демократии Гурҷистон” ба қалам дод. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Виктория Нуланд гуфт, “мо аз президент  Саакашвилӣ ва Ҷунбиши миллӣ барои эътирофи мардонаи шикасти худ дар қуттиҳои раъйдиҳӣ ташаккур мегӯем.”

​​Майя Кочиянчич, сухангӯи намояндаи олии ИА дар умури хориҷӣ ва амният Кетрин Эштон низ аз интихоботи Гурҷистон ситоиш кард ва аз афроди интихобшуда хост, то барои мардуме, ки барояшон раъй додаанд, хидмат кунанд. Хонум Кочиянчич ҳамчунин гуфт:

“Кетрин Эштон ва куммиссари тавсиаи ИА Стефан Фуэле аз номи ИА пирӯзӣ дар интихоботро ба эътилофи Орзуи Гурҷистон табрик мегӯянд. Мардуми гурҷӣ ҳарфи худро зад ва акнун чашм ба сиёсатмадоронаш дӯхтааст, то мандатеро, ки ба онҳо дода шуд, иҷро кунанд. Ҳарду - ҳам давлати масъул ва ҳам мухолифини созанда – бахшҳои муҳими ҷомиаи амалкунандаи демократианд.”

... ва дар ду вилояти ҷудоиталаб

Мурод Ҷиоев – як мақоми масъули ҳалли баъд аз низоъ дар вилояти ҷудошудаи Осетияи ҷанубӣ гуфт, мақомоти ҷудоихоҳи ин минтақа умедвори муколама бо “нирӯҳои мусбат” дар Гурҷистонанд. Аммо Ираклий Хинтба, муовини вазири хориҷаи Абхозистон – вилояти дигари ҷудошудаи Гурҷистон таҳаввулоти охир дар Тифлисро  марбут ба “вазъи сиёсии дохилӣ дар як кишвари хориҷӣ“ номид ва аз ҳар навъ ташреҳ дар ин масъала худдорӣ кард.

Русия Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро баъди ҷанги августи соли 2008 бо Гурҷистон ба расмият шинохт, вале аксари кишварҳои дунё истиқлоли ин ду вилоятро эътироф намекунанд. Иванишвилӣ дирӯз гуфт, ӯ ҷонибдори эҳёи якпорчагии Гурҷистон аст. Вале ӯ афзуд, ки мехоҳад равобити Тифлисро бо ҳамсояҳояш, “бо шумули Русия” дубора оддӣ бисозад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi