20:24:29 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 27 28 29 30  

ПЕШНИҲОДИ ТАШКИЛИ ҲУКУМАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР СУРИЯ

Кофӣ Аннон пешниҳод кардааст, ки ба хотири хатми хушунат дар Сурия ҳукумати ваҳдати миллӣ таъсис ёбад. Ба гуфтаи Кофӣ Аннон, фиристодаи хоси Созмони Милал ва Ҷомеаи кишварҳои араб, ба ин ҳукумат ҳам ҷонибдорони ҳукумати феълӣ ва ҳам мухолифин ба шарте шомил хоҳанд шуд, ки дар бораи қатъи билофосилаи задухӯрдҳо розӣ шаванд.

/images/stories/2012/06/28_kofe-anon280612.jpgАз ин пеш, Кофӣ Аннон таъйид кард, ки мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои гуногун оид ба авзоъ дар Сурия рӯзи шанбе дар Женева баргузор мешавад. Ба гуфтаи Аннон, дар ин нишаст дарёфти роҳҳои иҷрои тарҳи сулҳи пешниҳодкардаи ӯ, аз ҷумла, шеваи хатми хушунат дар кишвар баррасӣ мешавад.

Бар пояи хабарҳо, ба ин нишаст намояндагони Эрон ва Арабистони Саудӣ даъват нашудаанд. Қабл аз ин, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ширкати кишвараш дар нишасти Женеваро тасдиқ намуд ва хостори даъвати ҳамтои эронияш ба ин конфронс шуд.

Дирӯз (27-уми июн) дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женева гузориш дар бораи авзоъ дар Сурия муаррифӣ шуд, ки дар он, аз ҷумла, далелҳои ҷиноёту қонуншиканиҳои зиёди артиши Сурия, ба шумули қатли афроди норозӣ оварда шудааст. Намояндаи Сурия дар СММ ба нишони эътироз толорро тарк намуд.

Рӯзи 27-уми июн дар шаҳри Друша, воқеъ дар 20-километрии Димишқ, бинои шабакаи телевизионии “Ахбория ТВ” мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Дар ин ҳодиса се хабарнигор ва чаҳор муҳофизи бино ба ҳалокат расиданд. “Ахбория ТВ” аз сиёсати раисиҷумҳури Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунад.

Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва изҳор намуд, ки бояд дар Сурия ба ҳама гуна хушунат, аз ҷумла, алайҳи ҷонибдорони режими Башор Асад хотима гузошта шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi