11:27:56 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРГИРИИ ПУРҚУРБОНИЕ ДАР МЕҲМОНХОНАИ КАНОРИ КОБУЛ

Дар давоми 12 соати даргириҳо бо Толибон 20 нафар ба ҳалокат расид. Аз миёни кушташудаҳо 15 нафарашон мардуми мулкӣ ва чаҳор нафарашон ҷангиёни шӯришӣ буданд, мегӯянд мақомоти Афғонистон.

/images/stories/2012/06/22_afghanistan-terror-220612.jpgШаби 21 июн гурӯҳи ҷангиёни Толибон ба меҳмонхонаи воқеъ дар канори Кобул ҳамла карда меҳмону кормандони онро ба гарав гирифтанд. Дар пай бо ширкати нирӯҳои амниятӣ ва кӯмати НАТО ва нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалӣ даргириҳои шадиде сурат гирифт, ки наздики 12 соат идома кард ва зӯҳри ҷумъа хотима ёфт. Ба қавли полис,  ҳамлагарон  бо гранатомет ва норинҷакҳо мусаллаҳ буданд.

Дар соатҳои аввали ҳамла, Толибон бо пахши изҳороте масъулияти ин ҳамларо  ба дӯш гирифта гуфтанд, ки афғонҳои сарватманд ва хориҷиҳо меҳмонхонаи “Спожмай”-и воқеъ дар кӯли Қарғаро ба маҳалли “хушиҳои бадахлоқ”  табдил додаанд. Полис гуфт, ки ба ҳангоми ҳамла дар дохили меҳмонхона як маросими хусусии тафреҳӣ ҷараён доштааст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст. Ба қавли ӯ, ҳамлагарон  кушта шуданд: - Фоҷеа тамом шуд. Ҳамаи чаҳор террористе, ки омада ин ҳамларо шурӯъ карданд, нобуд шуданд, - гуфт Сиддиқӣ.

Полис мегӯяд, ки яке аз ҳамлагарон камарбанди бомгузоришудаи худро таркондааст. Даргириҳо бо кушта шудани охирин ҷангии Толибон анҷом шуд.

Гузоришҳо ҳокист, ки баъзе бошандагони меҳмонхонаи дутабақа ва коргарони он барои наҷоти ҷони худ аз тиреза ба берун ҷаҳидаанд. Меҳмонхонаи "Спожмай" ҳар панҷшанбе шом дар пешорӯи рӯзҳои истироҳати ҳафтагӣ ҷашну хушгузарониҳо ташкил мекардаанд, ки дар миёни афғонҳо ва ҳам меҳмонҳои хориҷӣ шӯҳрат доштааст.

Носираҳмад, як ҷавоне, ки дар наздикии меҳмонхона зиндагӣ мекунаду ду бародараш дар ин меҳмонхона кор мекунанд, гуфт, шунидааст, ки ба ҳангоми ҳамла дар дохили ҳотел кадом маросиме мегузашт.

Соли 2014 нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ ният доранд, ки хоки Афғонистонро тарк кунанд ва назорати амният дар кишвар ба дӯши худи афғонҳо мегузарад. Соатҳо қабл аз вуқӯи ин ҳамла президент Ҳомид Карзай дар як нишасти вижаи парлумони Афғонистон дар бораи болоравии хушунатҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Воқеан ҳам рӯзҳои ахир аз Афғонистон хабарҳои хеле зиёд роҷеъ ба хушунатҳо мерасад. Дар ҳодисаи ахир се сарбози амрикоӣ ва  беш аз даҳ мулкӣ кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо бештар дар шарқи кишвар ба назар мерасанд, ки нирӯҳои НАТО ҳам он ҷо қарор доранд.

Дар гузориши нирӯҳои кӯмаки байналмилалӣ гуфта мешавад, ки дар ҳамлаи меҳмонхонаи канори Кобул ҳам мардуми мулкӣ ва ҳам полис мавриди ҳадаф қарор гирифтанд ва ба дасти онҳо иттилои мухталиф роҷеъ ба мизони хисороту қурбониҳо дастрас мешавад.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi