03:44:58 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

ҶОИЗА БАРОИ САРИ САРОЯНДАИ СУРУДИ ТАҲҚИРОМЕЗ

Таронаи нави репсарои эронӣ Шоҳини Наҷафӣ ҳама чиро дорад, ки баҳсеро барангезад. Дар матни суруд ишораҳои танзомез ба Нақӣ, даҳумин имоми шиъагон, узви таносулии мардона, виагра ва синаҳои як ҳунарпешаи эронӣ ҷой доранд.

/images/stories/2012/05/14_saroyandai-rep_14512.jpgДар тасвире, ки ин таронаро дар шабакаи Ютюб ҳамроҳӣ мекунад, метавон чизеро дид, ки ҳам гунбади мазор ё масҷидро ба ёд меорад ва ҳам синаи зан аст. Бар фарози он парчами ҳафтранги ҷомеаи ҳамҷинсгароён дида мешавад. Баъзеҳо дар Эрон сурудро барои беэҳтиромӣ ва тавҳин ба Имом Нақӣ маҳкум карданд, аммо бархи дигар аз он ҳамчун рахна дар табу ё хурофоти иҷтимоӣ истиқбол намуданд.

Наҷафӣ, ки соли 2005 ба Олмон муҳоҷир шуд, ба мо гуфт, ҳадафаш таҳқири муқаддасоти исломӣ набудааст ва дар гузашта таронаи ҳамсоне бо номи “Маҳдӣ” низ сурудааст. Вай мегӯяд, ҳангоми эҷод кардан ба ҳеҷ гуна пайомад фикр намекунад.

Пайомад ҳоло ин аст, ки барои сари ӯ 100 000 доллар ҷоиза таъин кардаанд ва ба қатлаш даъват мекунанд. Торнамои муҳофизакорон Shia-online чунин мукофот пешниҳод мекунад ва мегӯяд, ҷоизаро як арабе аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс, ки аз ӯ ном бурда мешавад, тақдим хоҳад кард.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi