ОМИЛОНИ ТАРКИШИ УКРАИНАРО ЁБЕД, $250 000 АЗ ШУМОСТ!
Янукович ба хотири ошноӣ бо вазъ, назорати таҳқиқи ҳодиса ва мулоқот бо осебдидагон вориди Днепропетровск шуд. Виктор Янукович, раисиҷумҳури Украина, барои иттилое, ки ба боздошти масъулони чаҳор инфиҷор дар шаҳри Днепропетровск мусоидат мекунад, 2 миллион гривна, муодили 250 ҳазор доллар, ҷоиза эълон кард.
Раисиҷумҳури Украина рӯзи шанбе, 28-уми апрел, ба хотири ошноӣ бо вазъ, назорати таҳқиқи ҳодиса ва мулоқот бо осебдидагон вориди Днепропетровск шуд. Бар асари таркишҳои рӯзи ҷумъа (27-уми апрел) дар шаҳри воқеъ дар шарқи Украина, бар иттилои вазорати ҳифзи сиҳати кишвар, 30 нафар, аз ҷумла, даҳ кӯдак осеб дидаанд. Айни ҳол 22 нафар аз осебдидагон дар бемористонанд, вазъи чаҳор нафари онҳо вазнин аст, гуфтаанд масъулони вазорат.
Чаҳор таркиш дар як шаҳр – ҳодисаи барои Украина басо нодир аст. Масъулияти таркишҳоро ҳанӯз гурӯҳе ё нафаре бар дӯш нагирифтааст ва аммо бархе ҳадс мезананд, ки ҳадаф аз ҳамлаи террористӣ - ноором намоиш додани Украина ва бадном кардани ҳукумат дар арафаи чемпионати Аврупо оид ба футбол аст. Украина ва Лаҳистон мизбонии ин сабқатро, ки рӯзи 8 июн шурӯъ мешавад, бар ӯҳда доранд. Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, дар Днепропетровск бозиҳои чемпионати Аврупо баргузор намешаванд ва аз рӯ далели аслии ҳамлаҳо ба ҷойҳои пуриздиҳоми шаҳр чун муаммо боқӣ мемонад.
Бархе ҳадс мезананд, ки шояд таркишҳо бо қазияи таъқиби додгоҳии Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина, низ рабт дошта бошанд. Алайҳи хонум Тимошенко, ки барои сӯистифода аз мақом зимни имзои созиши хариду фурӯши газ бо Русия барои 7 сол маҳкум ба зиндон шудааст, парвандаи нав боз шудааст ва ӯ ин дафъа дар харҷи нодурусти 400 миллион доллари буҷа замони раиси ширкати энерҷии Украина буданаш айбдор мешавад. Зимнан, Днепропетровск – зодгоҳи Юлия Тимошенко мебошад. Таркишҳо рӯзи ҷумъа рӯх доданд, рӯзе, ки дар расонаҳо чанд акси изу пайи латукӯби хонум Юлия аз сӯи, ба гуфтаи худи ӯ, нозирони маҳбас нашр шуд.
Виктор Янукович дар мулоқот бо осебдидагон таркишҳоро чун “шурӯъи маъракаи бадномсозии Украина” арзёбӣ намуд. Дар ҳамин ҳол Юрий Парамонов, як тан аз масъулини хадамоти амниятии Украина, гуфт, ки “Ман фикр мекунам, ки амният дар чемпионат таъмин хоҳад шуд ва барои ин солҳои тулонӣ боз тамрин мекунем. Ва бори дигар мехоҳам такрор кунам – таркишҳо дар Днепропетровскро набояд бо омодагиҳо ба сабқати футболи Аврупо рабт дод”.
Рӯзи шанбе раҳбарони УЕФА, Анҷумани футболи Аврупо, изҳор намуданд, ки ба тавоноии мақомоти Украина барои ташкили иди ҳақиқии футбол бовар доранд. Қарор аст, ки барои тамошои бозиҳои чемпионати Аврупо садҳо ҳазор мухлисони футбол вориди Украина шаванд.
«Озодӣ»