01:12:36 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРГИРИИ ШАДИДИ ҶОНИБДОРОНИ АСАД БО АФРОДИ МУСАЛЛАҲ

Нерӯҳои амниятии Сурия дар маҳалли иқомати мақомҳои давлатӣ бо афроди мусаллаҳ вориди як даргирӣ шудаанд. Яке аз сокинони маҳаллӣ дар Димишқ ба хабаргузории Ассошиейтед-Пресс гуфтааст, "ҷонибҳо ба муддати ду соат тирандозӣ карданд ва даргириҳо дар соати чаҳори бомдод ба вақти маҳаллӣ поён ёфт." Вай, ки ба хотири масоили амниятӣ нахост номаш фош шавад, афзуд, "мо ҳамчунин садои се инфиҷори шадидро шунидем."

/images/stories/2012/03/19_syri-19312.jpgБа гуфтаи ин фард, даргириҳо дар наздикии сафорати Суис (Шветсария) ва маҳалли иқомати Осиф Шавкат, муовини раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Сурия ва домоди хонаводаи Башор Асад рух додааст. Мухолифони мусаллаҳ дар атрофи шаҳри Димишқ ва манотиқи дигари он ҳастанд, вале ба кам иттифоқ уфтодааст, ки дар минтақаҳои марказии пойтахт, ки таҳти контрол (назорат)-и шадиди нерӯҳои ҳаводори Башор Асад аст, даст ба амалиёт бизананд.

Аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия бар зидди ҳукумати Башор Асад, шаҳри Димишқ нисбатан ором буда, бар хилофи соири нуқоти ин кишвар шоҳиди эътирозҳои зиёде набудааст. Бо ин ҳол, дар рӯзҳои ахир чандин инфиҷори шадид сохтмонҳои марбут ба дастгоҳҳои амниятии Сурияро ҳадаф қарор додааст, ки авҷи он дар рӯзи шанбеи гузашта буд.

Дар ҷараёни бомбгузориҳои рӯзи шанбе 27 нафар кушта шуданд. Рӯзи якшанбе низ вуқӯи як инфиҷор боиси марги ду нафар ва захмӣ шудани 30 нафари дигар дар шаҳри Ҳалаб гардид. Яке аз мухолифони режими Башор Асад дар пойтахт гуфтааст, дар даргириҳои рӯзи душанбе (19-уми март) дар наздикии сохтмони идораи амнияти Сурия ба вуқӯъ пайвастааст. Вай афзудааст, ба дунболи ин ҳамла нерӯҳои амниятӣ ба минтақа рафта ва ба ҷустуҷӯи муҳоҷимон сар кардаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi