15:45:17 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

15 КУШТА ВА ЗАХМӢ ДАР ҲАМЛАИ ҚАНДАҲОР

Шаби гузашта як сарбози амрикоӣ аз пойгоҳаш дар Қандаҳор берун рафта, дастикам 15 нафарро кушта ё захмӣ кардааст. Мақомоти афғон мегӯянд, аз тири як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳор дастикам 7 нафар кушта шудаанд.

qandaharҶовид Аҳмад Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, дар маҷмӯъ дар рустоҳои Аликозай ва Гарданайи улусволии Панҷвой 15 нафар кушта ё захмӣ шудаанд. НАТО дар баёнияаш гуфт, “як маъмури Амрико дар иртикоби ин ҳодиса, ки мунҷар ба қурбон шудани афғонҳо дар вилояти Қандаҳор шуд, боздошт шудааст.”

Як ҳайати иборат аз намояндагони идороти амниятии вилояти Қандаҳор ва нирӯҳои ISAF ба хотири таҳқиқи қазия ба улусволии Панҷвоӣ рафтааст. Бо ин ҳол, Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, дар байни қурбониён занон ҳам ҳастанд, вале инки ғарази ҳамла чӣ будааст, баъди анҷоми таҳқиқоти ин ҳайати эъзомӣ дақиқ хоҳад шуд.

Як узви Шӯрои вилоятии Қандаҳор, ки бо сокинони рустоҳои ҳамлашуда дар тамос будааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба маълумоти ӯ, 17 нафар ҳадафи тири ин сарбози амрикоӣ қарор гирифтаанд.

Қандаҳор аз пойгоҳҳои ҷунбиши чирикии Толибон дар ҷануби Афғонистон маҳсуб мешавад, вале сухангӯи волии Қандаҳор Ҷовидаҳмади Файсал гуфт, аҳли ду қарияе ки ҳадафи ҳамлаи сарбози амрикоӣ қарор гирифтанд, рабте ба чирикиҳо надоштанд.

НАТО билофосила барои ин ҳодисаи “амиқан таассуфовар” узр хост ва гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Мақомҳои низомии ғарбӣ гуфтаанд, ки ин сарбоз баъди бозгашт худро дар пойгоҳ ба мақомот таслим кардааст. Далели иқдоми ӯ ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест. Як сокини рустои Аликозай ба Ассошиэйтед Пресс гуфт, ки ин сарбоз ба 3 манзил дар ин русто ҳамла кард. Гуфта мешавад, аҳли  Аликозай барои эътироз дар назди пойгоҳи Амрико гирди ҳам омадаанд. Сафорати Амрико дар Кобул машварат додааст, ки дар Қандаҳор аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҳалокати мардуми мулкӣ  аз сӯи нирӯҳои байналмилалие, ки дар Афғонистон алайҳи Толибон меҷанганд, як мавзӯъи аслии танишзо байни давлати Ҳомиди Карзай ва муттаҳидини ғарбиаш боқӣ мемонад. Моҳи гузашта сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО дар Багром боиси эътирозҳои хунине дар саросари Афғонистон шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi