17:17:02 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗГАШТИ ПУТИН БО ТАРҲИ "СССР"-И НАВ

Владимир Путин дар роҳ ба сӯи Кремл аст, то бори севвум ба курсии раёсати ҷумҳури Русия такя занад. Ӯ дар оғози маъракаи интихоботиаш дар тирамоҳи соли гузашта дидгоҳҳои худро роҷеъ ба Иттиҳодияи АвруОсиё бо номи “Тарҳи ҳамгароӣ” дар рӯзномаи “Известия” ба чоп расонда буд. Бо баргашти Путин ба Кохи Кремл кишварҳои мустақили ҳамсуд то ҳол дақиқ дарнаёфтаанд, ки Путин бо ин “ҳамгароӣ”-и худ воқеан чӣ мехоҳад ва бо истиқлоли давлатии онҳо чӣ хоҳад шуд.

putinПутин дар мақолаи моҳи октябри соли 2011 навишта буд, ки "мо иттиҳоди тавонои миллӣ пешниҳод мекунем, ки битавонад ба яке аз қутбҳои ҷаҳони муосир табдил ёбад ва пуле миёни Аврупо ва минтақаи зудрушдёбандаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бошад."

Дуруст баъд аз ду ҳафтаи чопи ин мақола Путин дар Маскав мулоқоти нахуствазирони Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Молдоваву Тоҷикистон ва Украинаро дар Санкт-Петербург баргузор кард. Дар ин мулоқот вай бо лаҳни мутантан эълон кард, ки баъд аз солҳо музокироти бесамар бояд қарордод дар бораи ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ таҳия шавад. Ӯ афзуд, бояд ин кишварҳо бозори худро бар рӯи якдигар боз кунанд, то нархҳо поён равад ва замина барои ташкили ширкатҳои муштарак фароҳам ояд.

​​Сиёсатшиноси қирғиз Марс Сариев мегӯяд, Путин акнун ба иҷрои ин ҳадафи худ шурӯъ мекунад ва кишварҳоро ба Иттиҳодияи Гумрукӣ мекашад. Ба ақидаи Сариев, агар ин кор ба Русия муяссар нашавад, Русия ноком хоҳад шуд ва дар чунин ҳолат ё ба ақибгоҳи Иттиҳодияb Аврупо табдил меёбад ва ё ба манбаи ашёи хоми Чин. Сариев таъкид мекунад, ки Русия чораи дигар надорад.

Кишварҳои ҳамсояи Русия аксар вақт эҳсос мекунанд, ки Маскав бо “манофеи миллии онҳо бозӣ мекунад”. Масалан, дар ин авохир Русия эълон кард, ки аз харидории панири Украина даст мекашад. Аз  ин роҳ Русия мехост, Украинаро ба ҳамгароии бештар маҷбур созад ва Украина аз наздикӣ бо Иттиҳодияи Аврупо худдорӣ кунад. Коршиносон мегӯянд, қатъи харидории панир албатта масъалае нест, вале тирест, ки бояд ба унвони ҳушдор пазируфта шавад.

Вақтҳои ахир Озарбойҷон низ аз Русия рӯ тофтааст ва барои пайдо кардани бозори фурӯши захоири энержии худ бештар ба сӯи Иттиҳодияи Аврупо нигоҳ мекунад. Зеро Маскав мехоҳад, Боку ҳамаи захоири худро ба “Газпром”-и Русия фурӯшад. Туркманистони дорои захоири бузурги газ низ аз ҳадафҳои ҳамгароии Путин нигарон аст.

Амонмурод Бугаев, таҳлилгари туркман чунин назар дорад: “Албатта, Путин талош мекунад тасаллути худро дар Осиёи Марказӣ таҳким бахшад. Путин ҳамеша мехоҳад, ки иқтисоди Туркманистон пойбанди Русия боқӣ бимонад. Вай ҳатто ин ҳадафҳои худро пинҳон намедорад.”

Путин дар мақолаи худ дар “Известия” навишта буд, ки Иттиҳодияи АвруОсиё бояд бар пояи мероси Шӯравии пешин пайрезӣ шавад.

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi