00:25:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶАНГҲОИ МАХФИИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

Валерий Бовал, "topwar.ru"

Чанде пеш иттилооте пайдо шуд, ки дар сохтори Пентагон кадом як ҷузъу томи махсуси махфие мавҷуд аст ва он дар тамоми ҷаҳон ҷанги глобалии махфиро роҳандозӣ кардааст. То айни ҳол вусъати ин ҷанг маълум набуд.

iraqwarheaderБаъди куштори бераҳмонаи Усома ибни Лодан аз тарафи "гурбаҳои баҳрӣ"-и амрикоӣ ин ҷузъу томи махфӣ, ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳ дохил мешавад, ногаҳон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Падидор омадани вай, ҳадди ақал, аҷоиб буд. Бо вуҷуди он, ки нерӯҳои таъиноти махсус дар ҳудудҳои кишварҳое ба мисли Ироқи Афғонистон фаъолона амал мекарданд, маълум гардид, ки онҳо дар минтақаҳои зиддиятҳои мусаллаҳи Сомалӣ ва Яман ҳам ҳузур доштаанд. Ҳамин тариқ вусъати ин амалиётҳои ҳарбӣ ҳақиқатан касро ба ҳайрат мегузорад.

Соли 2010 дар васоити ахбори оммаи ИА хабар доданд, ки шумораи давлатҳое, ки дар онҳо нерӯҳои таъиноти махсуси амрикоӣ фаъолият намудаанд, аз 60 (замони роҳбарии Ҷорҷ Буш) ба 75 расидааст. Ба қавли намояндаи яке аз ин ҷузъу томҳо бошад шумораи чунин кишварҳо ба наздикӣ ба 120 мерасад. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки фаъолияти хадамоти махсуси махфии Пентагон 60 фоизи шумораи умумии кишварҳои ҷаҳонро дарбар мегирад ва ин гувоҳи рушди мунтазами элитаи нерӯҳои махфии ИМА мебошад, ки ҳатто дар гӯшаҳои дурдасттарини ҷаҳон ҷангҳои махфӣ доир мекунанд.

Фармондеҳии нерӯҳои таъиноти махсуси Амрико соли 1987 ташкил карда шудааст. Вай натиҷаи баргузории амалиётҳои номуваффақ доир ба озод кардани гаравгонҳои амрикоӣ дар Эрон дар соли 1980 мебошад. Ҳамон вақт ҳашт хизматчии ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА ҳалок шуда буданд. Ҷузъу томҳои таъиноти махсус бовариро аз даст доданд ва маҷбур шуданд, ки бо маблағгузории ночиз қаноат кунанд. Баъди ташкили SOCOM (гурӯҳи махфии амалиётҳои махсус) онҳо соҳиби хонаи ягона, ҳимоя ва буҷаи босубот шуданд.

Зери контроли Фармондеҳи "Беретҳои сабз"-и артиш ("кулоҳҳои сабз"), рейндтерҳо, гурбаҳои баҳрӣ, гурӯҳи амалиётҳои махсуси пиёдагардҳои баҳрӣ, коммандоси ҳавоӣ, дастаҳои наҷотдеҳ ва кормандони созмонҳои мулкӣ қарор доранд. Ҳамаи онҳо вазифаҳои гуногуни махфиро иҷро мекунанд.

Дар сохтори SOCOM Фармондеҳии амалиётҳои махсуси муштарак аз дигарон фарқ мекунад. Ин дастаи махфиест, ки вазифаи асосиаш ҷустуҷӯй ва аз байн бурдани ашхоси ҳамдаст бо терроризм мебошад. Ин гурӯҳи махсус зери итоати раисҷумҳур аст ва рӯйхати калони одамонеро дорад, ки бояд нест карда шавад ва ба ин рӯйхат баъзан сокинони худи Амрико ҳам дохил мешаванд. Тавассути нерӯҳои JSOC маъракаи ғайриқонунии дастгиркунӣ ва куштор баргузор мешаванд, ки онро "машинаи куштори зиддитеррористии миқёси саноатӣ" меноманд.

Амалӣ кардани ин маърака бар дӯши ҷузъу томи махсуси гурбаҳои баҳрӣ ва Делта, ҳамчунин дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин гузошта шудааст ва қисми сохторест дар шабакаи ҷангҳои махфӣ, ки дар ҳудудҳои Покистон, Сомалӣ ва Яман баргузор мешаванд. Зиёда аз ин JSOC дар ихтиёри худ шабакаи зиндонҳои махфӣ дорад, ки адади онҳо танҳо дар ҳудуди Афғонистон қариб 20-то мебошад.

Шумораи кормандони Фармондеҳии амалиётҳои махсус баъди ҳодисаҳои11-уми сентябри соли 2001 аз 37 ҳазор то ба 60 ҳазор расид. Аз сеяк ҳиссаи онҳо ҳайати кадрии SOCOM мебошад. Ҳарчанд қисми боқимондаи кормандон ихтисосҳои дигари ҳарбӣ доранд, онҳо ҳам ҳар сари чанд вақт дар фаъолияти сохтори мазкур ширкат меварзанд.

Маблағгузории Фармондеҳӣ ҳам зиёд шудааст ва айни замон 6,3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Агар хароҷотро дар маблағгузориҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқ ба назар гирем, ин маблағ ҳадди ақал ба 9,8 миллиард доллар баробар мешавад. Шумораи хизматчиён ҳам зиёд шудааст. Рушди минбаъда ва васеъ кардани амалиётҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дэннис Хейлик, сардори собиқи фармондеҳӣ дар бахши амалиётҳои махсуси нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрӣ (вай соли 2000-ум ба ҳайати SOCOM дохил шудааст) изҳор дошт, ки шумораи ҷузъу том мумкин камаш ду маротиба афзоиш ёбад, зеро нақшаҳои дарозмӯҳлати роҳбарияти амрикоӣ аллакай ҳазор нафар зиёд кардани ҷанговаронро талаб мекунад.

Дар ҷаласаи сенат, ки ба тасдиқи Уилям Мак Равенн (ноиб-адмирали нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрӣ) ба мансаби сарвари SOCOM бахшида шуда буд, вай гуфт, ки шумораи ҳайати шахсӣ ҳар сол тақрибан 5 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамчунин захираҳои иловагӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин афзоиш дода мешаванд.

Ба қавли Мак Равенн нақши ҷузъу томи махсус ҳар рӯз зиёд мегардад. Масалан, Ироқ ҳам бурд мекунад, агар дар ҳудудҳои он баъди соли 2011 ҷузъу томҳои амрикоӣ боқӣ монанд. Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Фармондеҳӣ хеле бодиққат вазъиятро дар Сомалӣ ва Яман мушоҳида мекунад.

Худи ҳамон сол дар доираи баргузории симпозиуми ҳарсола оид ба амалиётҳои махсус ва зиддиятҳо, адмирал Эрик Олсон изҳор дошт, ки то 11-уми сентябр таваҷҷӯҳи Фармондеҳӣ ба кишварҳои рушдкардаи индустриалии шимол равона карда шуда буд. Акнун таваҷҷӯҳи онро кишварҳои ҷанубӣ ҳам ба худ ҷалб кардаанд, зеро хатарҳои воқеӣ маҳз аз ҳамон ҷой бармеоянд.

Олеон "Лоиҳаи Лоренс"-ро ба кор андохтааст, ки омӯзиши амиқи забонҳо, ҳамчунин таъриху урфу одатҳои давлатҳоеро пешбинӣ мекунад, ки дар ҳудудҳои онҳо ҷузъу томҳои амрикоӣ амал мекунанд. Номи худро барнома аз номи Лоуренси Арабӣ гирифтааст, ки солҳои Ҷанги ҷаҳонии якум ба нерӯҳои арабӣ пайвастааст ва ҳамроҳи онҳо дар ҳудудҳои кишварҳои Ховари Наздик ҷангҳои партизанӣ ташкил кардааст. Тибқи нақша лоиҳа дар 51 давлати ҷаҳонӣ амалӣ мешавад: шурӯъ аз Афғонистону Индонезия, Покистон ва Мали.

Тибқи гуфтаҳои ӯ қариб 85 фоизи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои махсус дар 20 давлати Ховари Наздик, Афғонистон, Миср, Ироқ, Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қазоқистон, Қирғизистон, Лубнон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Уммон, Қатар, Сурия, Туркманистон, Тоҷикистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Яман ва Ӯзбакистон қарор доранд. 15 фоизи боқимонда бошад ба тамоми гӯшаҳои дунё тақсим шудаанд ва ба ҳайати контигентҳои калон дохил мешаванд.

SOCOM маҳз дар куҷо амал кардани ҷузъу томҳои зери контролаш бударо пинҳон мекунад, зеро ин бар хилофи манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида аст, лекин ба таври иловагӣ маълум аст, ки ин ҷузъу томҳо, аз ҷумла "гурбаҳои баҳрӣ" шумораи калони амалиётҳои ғайриқонуниро оид ба дуздидан ва нобуд кардани одамон дар ҳудудҳои давлатҳое ба мисли Ироқ, Афғонистон, Покистон ва Яман баргузор менамояд ва баробари "Кулоҳҳои сабз" ва рендтерҳо машқҳои қонуниро бо мақсади мубориза бо "Алқойида" ва гурӯҳҳои дигари экстремистӣ доир мекунанд.

Дар Филиппин ҳукумати ИМА ҳар сол барои нигоҳ доштани гурӯҳи иборат аз 600 ҷанговар, ки ҳамроҳ бо нерӯҳои маҳаллӣ амалиётҳои зиддитеррористиро муқобили гурӯҳҳои исёнгарони "Абӯ Сайёф" ва "Ҷамоаи исломия" иҷро мекунанд, 50 миллион доллар сарф мекунад.

Ғайри ин машқҳои таълимии муштараки нерӯҳои таъиноти махсуси амрикоӣ мунтазам дар Бразилия, Белиз, Олмон, Булғористон, Индонезия, Норвегия, Лаҳистон ва Панама баргузор мешаванд. Шурӯъ аз соли 2011 чунин машқҳо дар ҳудудҳои давлатҳои дигаре ба мисли Ӯрдун, Ҷумҳурии Доминакан, Руминия, Куриёи Ҷанубӣ, Сенегал ва Тайланд доир мегарданд.

Ғайр аз афзоиши шумораи ҳайати шахсӣ ва буҷаи маблағгузорӣ нуфузи ҷузъу томҳои махсус ҳам зиёд мешавад. Соли 2002 SOCOV соҳиби имконияти ташкил намудани нерӯҳои муттаҳидаи зудамал ба монанди қисми зудамали нерӯҳои амалиётҳои махсус гардид, ҳарчанд пештар ташкили чунин сохторҳо танҳо ҳуқуқи фармондеҳиҳои нисбатан калонтар (масалан,Фармондеҳии Марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико) буд. Ҳамчунин қисми муттаҳидаи зудамал оид ба харид ташкил шуд, ки ба ҳайати он дизайнерҳои таҷҳизот ва мутахассисон оид ба харид дохил мешуданд.

Туфайли чунин афзоиши нуфуз SOCOM  бемалол метавонад ҳам технологияҳои навтаринро харид кунад ва ҳам истеҳсоли технологияи худиро роҳандозӣ намояд. Маълум, ки шурӯъ аз соли 2001 то ба имрӯз ҳаҷми қарордодҳои имзокардаи Фармондеҳӣ бо муассисаҳои истеҳсоли таҷҳизоти махсус ва яроқу аслиҳа 6 маротиба зиёд шудааст.

SOCOM туфайли иртиботи наздик бо созмонҳои дигари ҳукуматӣ, нерӯҳои ҳарбӣ ва разведкаҳои хориҷӣ,ба ҳайси мушовири асосии Пентагон оид ба амалиётҳои зиддитеррористӣ ва дорои шумораи калони чархболҳои ба чашм ноаён, катерҳои технологияшон баланд, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар соҳаи ҳарбӣ падидаи нав мебошад. Вай артиши махфии баргузидаест дар дохили нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ.

Ин ҷузъу томи махсуси Амрико дар 120 давлати ҷаҳон ҷангҳои махфиро роҳандозӣ кардааст, сӯиқасдҳои пурсару садо, рейдҳои шабона, кушторҳои барқасдона ташкил менамояд. Онҳо, ки замоне ноаён буданд ва танҳо барои ҳимоя истифода мешуданд, имрӯз ба як нерӯи махсусу тавоно, дорои нуфуз ва имкониятҳои зиёд табдил ёфтаанд.

Лекин, ба қавли ҳамон Олсен, амрикоиҳоро ҳоло лозим аст, ки идораи чунин ҷузъу томи шумораи хизматчиёнаш зиёд, махфӣ ва фаъолро омӯзанд. Худи ҷузъу томҳои махсус хоҳони онанд, ки боз ба пинҳонкорӣ гузаранду он корҳоеро идома диҳанд, ки ба хотири онҳо ташкил шудаанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi