08:40:55 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОСУХИ ЭШТУН БА ДАРХОСТИ ЭРОН БАРОИ АЗСАРГИРИИ МУЗОКИРОТИ ҲАСТАӢ

Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, матни ноаи худ дар посух ба Саъиди Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро, мунташир кардааст.

catherine_ashtonБар асоси матни ин нома, ки дар сойти Шӯрои Иттиҳодияи Урупо мунташир шуда, хонуми Эштун зимни истиқбол аз пешниҳоди оқои Ҷалилӣ барои азсаргирии музокироти дуҷониба хостори "маънодор" будани музокирот шуда ва нисбат ба такрори музокироти нофарҷоми Истонбул ҳушдор додааст.

Дар табйини шароити азсаргирии музокироти дуҷониба масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоияи Урупо дар номаи худ менависад: "Ба манзури оғози ин фароянд ҳадафи аввалияи мо мушорикат дар як талош барои эътимодсозӣ ба манзури тасҳили гуфтмони созанда бар мабнои амали мутақобил ва рӯйкарде гомбагом аст."

"Дар ин росто, мо ба пешниҳодоти амалӣ ва мушаххасе, ки дар гузашта матраҳ кардаем, мутаъаҳҳид ҳастем. Ин гомҳои эътимодсоз бояд аносири аввалияи як рӯйкарди тадриҷиро ташкил диҳанд, ки дар ниҳоят ба тавофуқе комил байни мо биянҷомад, тавофуқе, ки иҷрои комили қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва Шӯрои Ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энержии Атумиро тавассути Эрон шомил шавад."

Зоҳиран манзури хонуми Эштун аз "пешниҳодҳои амалӣ ва мушаххаси гузашта" ишора ба абстаи пешниҳодии Гурӯҳи 1+5 аст, ки дар июни соли 2006 (тирмоҳи 1385) ба Эрон ироа шуд. Дар он санад кишварҳои узви ин гурӯҳ, яъне Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Халқи Чин, Фаронса, Олмон ва Русия зимни ба расмият шинохтани ҳаққи Эрон ба бархурдорӣ аз энержии ҳастаӣ барои мақосиди сулҳомез, маҷмӯъае аз мушаввиқҳоро ба Эрон ироа карда буданд.

Ҳимоят аз эҳдоси нерӯгоҳҳои ҳастаии оби сабук дар Эрон, навсозии новгони ҳавопаймоии ғайринизомии Эрон ва ҳимоят аз узвияти Эрон дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ бархе аз меҳварҳои муҳим дар он бастаи пешниҳодӣ маҳсуб мешаванд. Соли гузашта дар ҳамин рӯз шаҳри Истонбули Туркия мизбони музокироти Эрон бо намояндагони Гурӯҳи 5+1 буд, ки дар ниҳоят бидуни натиҷа ба поён расид.

Рӯзи панҷшанбеи 19 январ хабаргузории Блумберг аз таҳвили посухи Эрон ба мақомоти Туркия хабар дод. Бар асоси он гузориш, Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, дар кунфронси хабарие муштарак бо ҳамтои туркияии худ эълом кард, ки Саъиди Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади Эрон, посухи худро барои интиқол ба хонуми Эштун ба сафири Туркия таҳвил хоҳад дод.

Ба гуфтаи оқои Солеҳӣ, дар ин нома аз хонуми Эштун хоста шуда, то замон ва макони даври баъдии музокиротро мушаххас кунад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi