10:00:59 30-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛАВРОВ: ҲАДАФ АЗ ТАҲРИМҲО ТАҲРИКИ НОРИЗОЯТӢ ДАР ЭРОН АСТ

 

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия мегӯяд, ки ҳар гуна ҳамлаи низомӣ ба Эрон мусибатбор хоҳад буд ва ҳадаф аз таҳрими нафтии Ҷумҳурии Исломӣ эҷоди норизоятии умумӣ аст. Оқои Лавров Ғарбро муттаҳам кард, ки мехоҳад иқтисоди Эронро фалҷ кунад, то мардум алайҳи ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ даст ба шуриш бизананд.

Сергей ЛавровҲангоме, ки дар як мусоҳибаи матбуъотӣ аз вазири хориҷаи Русия дар бораи эҳтимоли иқдоми низомии Исроил ва Омрико алайҳи таъсисоти атумии Эрон савол шуд, ӯ ҷавоб дод: "Дар бораи эҳтимоли вуқуъи ин мусибат шумо бояд аз касоне савол кунед, ки мураттабан мегӯянд он ба унвони як гузина рӯи миз боқӣ мондааст."

Мақомҳои русӣ дар рӯзҳои ахир бо талоши Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Урупо барои таҳрими Эрон, ки боъиси қатъи маблағи аслии даромади давлати ин кишвар мешавад, мухолифат карда ва хостаанд, ки ба ҷойи ворид кардани фишори бештар бар Ҷумҳурии Исломӣ заминаи азсаргирии музокирот барои ҳалли масъалаи атумии ин кишвар фароҳам шавад.

Оқои Лавров афзуд, ки дар сурати вуқуъи ҷанг дар Эрон ихтилофоти шиъа ва суннӣ дар минтақаи Ховари Миёна бештар хоҳад шуд. Ӯ афзуд: "Намедонам, ки вокунишҳои занҷираии мутаъоқиб (ҳамла ба Эрон) ба куҷо хоҳад анҷомид."

Оқои Лавров пешбинӣ кард, ки ҷанг дар Эрон мавҷе аз муҳоҷирати эрониёни ҷангзада ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Русияро ба ҷараён меандозад. Вазири хориҷа Русия гуфт: "Аммо ин фақат яке аз мушкилот хоҳад буд ва аслан муҳимтарин мушкил нахоҳад буд. Ин осонтарини онҳо хоҳад буд."

Ӯ эълом кард: "Таҳримҳои якҷониба бештар алайҳи Эрон ҳеҷ рабте бо тамоюли Ғарб барои итминон ёфтан аз тааҳҳуди режими Эрон ба адами таксири таслиҳоти атумӣ надорад. Ҷиддан ҳадафаш хафа кардани иқтисоди Эрон ва рифоҳи мардумаш аст. Шояд ба ин умед, ки норизоятӣ таҳрик шавад."

Суханони вазири хориҷаи Русия дар ҳоле баён мешавад, ки вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо ҳафтаи оянда дар бораи оғози таҳрими нафтии Эрон тасмим мегиранд. Донморк, раиси давраии Иттиҳодияи Урупо пешниҳод додааст, ки ин таҳримҳо аз аввали июл оғоз шавад, то қарордодҳои мавҷуд мунқазӣ шаванд.

Рӯзи ҷумъаи гузашта низ гузориш шуд, ки Дмитрий Рогозин, намонядаи Русия дар НАТО ва муъовини нахуствазири ин кишвар гуфтааст: "Агар иттифоқе барои Эрон бияфтад ва ин кишвар даргири иқдоми низомӣ шавад, он иқдом таҳдиде мустақим барои амнияти мо хоҳад буд."

Раҳбарони Русия, ки худ низ гоҳ бо иттиҳоми зери по гузоштани бархе усули демукротик мувоҷеҳ будаанд, нигарони он ҳастанд, ки таҳаввулоти ахири Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо ба эҷоди ҳаракатҳои демукротик ва суқут ё тазъифи ҳукуматҳои мутамоил ба Русия мунҷар шавад ва густариши демукросӣ дар минтақа нуфуз ва имтиёзоти ин кишварро ба мухотира андозад.

Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ бо кишварҳои ғарбӣ ва низомҳои сиёсии Ғарб боъис шудааст то бархе мақомҳои русӣ Эронро яке аз кишварҳои воқеъ дар ҳавзаи нуфузи худ бидонанд ва нисбат ба ҳар гуна таҳаввуле дар саҳнаи сиёсии дохилӣ ва хориҷии ин кишвар эҳсоси нигарон кунанд.

"Музокира барои музокира"

Дар ҳамин ҳол имрӯз Алӣ Акбари Солеҳӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар Онкоро эълом кард, ки раъйзанӣ бо гурӯҳҳои панҷ иловаи як бар сари замон ва макони азсаргирии музокироти атумӣ дар ҷараён аст, аммо Бритониё ин суханонро такзиб кард. Оқои Солеҳӣ гуфт, ки Аҳмад Довудуғлу, вазири хориҷаи Туркия барои таъини замон ва макони ин музокирот дар ҳоли тамос бо Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо аст.

Вазири хориҷаи Эрон эҳтимол дод, ки тозатарин даври музокироти Эрон ва панҷ узви доими Шурои Амнияти Созмони Милал ҳамроҳ бо Олмон дар шаҳри Истонбули Туркия баргузор шавад. Охирин даври музокироти тарафайн низ дар январи соли гузашта дар ин шаҳр баргузор шуд, вале бенатиҷа поён ёфт.

Бо ин ҳол имрӯз вазорати хориҷаи Бритониё эълом кард, ки ҳеҷ барнома ё таърихе қатъӣ барои музокира бо Эрон таъин нашудааст. Як сухангӯи ин вазоратхона гуфт: "Ҳеҷ барнома ё таърихи муайяне мавҷуд нест, зеро Эрон ҳанӯз ошкоро нишон надода, ки моил аст ба номаи Котрин Эштун посух диҳад ё бидуни пешшарт музокира кунад."

Ин мақоми вазорати хориҷаи Бритониё афзуд то вақте Эрон ба номаи хонум Эштун посух надиҳад, Ғарб бо шеваҳои мусолиматомез аз ҷумла таҳримҳо ба Ҷумҳурии Исломӣ фишор хоҳад овард. Эрон ҳамвора омодагии худро барои музокира дар бораи барномаи атумии худ иброз карда, вале Ғарб ин кишварро муттаҳам мекунад, ки дар ҷараёни музокирот ба баҳс бар сари масоили ҳошияӣ монанди сулҳ ва адолат дар ҷаҳон исрор мекунад.

Ин кишвар ҳамчунин бар хилофи назари қудратҳои бузурги ҷаҳон таваққуфи ғанисозиро номумкин медонад. Рӯзи гузашта муъовини вазири хориҷаи Русия аз ин рӯйкарди Эрон интиқод карда ва онро далели ба бунбаст расидани музокироти утумӣ унвон карда буд. Геннадий Гатилов, муъовини оқои Лавров гуфтааст тасмими давлати Эрон дар ғанисозии урониюм то хулуси 20 дарсад бо тавофуқоти байналмилалӣ муғойират дорад.

Эрон ду ҳафта пеш эълом кард, ки ғанисозии урониюм дар таъсисоти зеризаминии наздики Қумро оғоз карда ва ҳамин бар нигарониҳо дар бораи моҳияти ғайринизомм барномаи атумии Эрон афзудааст.

Испониё имрӯз ҳимояти худро аз таҳрими пешниҳодии хариди нафти Эрон иброз кард. Хузе Монуэл Горсиё Моргол, вазири умури хориҷаи Испониё дар остонаи нишасти ҳафтаи ояндаи вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Урупо гуфт, ки кишвараш аз оғози таҳрими нафтии Эрон дар аввали июл ҳимоят мекунад.

Ӯ гуфт ки давлати Испониё дар бораи таҳрими нафтии Эрон бо ду ширкати воридкунандаи бузурги испониёии нафти Эрон суҳбат кардааст. Эрон 20 дарсади нафти воридотии Испониёро таъмин мекунад.

Вазири хориҷаи Испониё гуфт: "Онҳо (мудирони ин ду шикат) ба ман гуфтанд, ки эроде надоранд. Албатта ин зиёни бузурге барои мо хоҳад буд, аммо агар битавонем маблағи ҷойгузин биёбем, метавон ин таҳримро иҷро кард."

Ба гуфтаи ӯ Испониё барои пур кардани ҷойи холии нафти хоми Эрон даст ба домани Арабистони Саъудӣ ва соири кишварҳои араби халиҷи Форс хоҳад шуд. Вазири нафти Арабистони Саъудӣ итминон дода, ки кишвараш зарфи чанд рӯзе метавонад, ҳар гуна камбуд дар бозори нафтро ҷуброн кунад. Вазири хориҷаи Эрон ин изҳори назарро ғайридӯстона хонда ва нисбат ба авоқиби ҳар гуна ҳамкории аъроб бо таҳримҳои Ғарб ҳушдор додааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi