04:31:01 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ҚАЗОҚИСТОНРО БА ЛИБИЯИ ДУЮМ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

 

Дар кишвар ҳамон политтехнология истифода мешавад, ки соли 2004 дар Украина истифода шуда буд

kazakhistan15-уми январ дар Қазоқистон бояд интихоботи ғайринавбатии вакилон ба маҷлиси парлумони ҷумҳурӣ баргузор гардад. Аллакай ба ҳукми қонун даромадааст, ки интихоботи мақомоти ҳокимият дар давлатҳое, ки дар харитаи геополитикии ҷаҳон мавқеи стратегӣ доранд, ҳамроҳ бо ҳар гуна "эффектҳои махсус"-и ҷиноӣ ва иттилоотӣ мебошанд ва онҳо ба раванди райъдиҳӣ таъсир мерасонанд, ҳусни таваҷҷӯҳи интихобкунандагонро ба ин ё он номзад муайян мекунанд ё фикри онҳоро зидди номзадҳои дигар ташаккул медиҳанд ва ҳамчунин ба суботи умумии давлат таъсир мегузоранд.

Тирамоҳи соли гузашта дар ҷануби Қазоқистон мавҷи амалҳои террористӣ ба гардиш даромад, ки масъулияти онро гурӯҳе бо номи "Сарбозони хилофат" бар ӯҳда гирифт. Дар муроҷиатҳои видеоияш ин гурӯҳ хабар додааст, ки дар Қазоқистон табаддулоти давлатиро ба мисоли Либия амалӣ хоҳанд кард, агар ҳукумат барои ҷараёнҳои бунёдгарои исломӣ шароити фаъолият фароҳам наорад. Муболиға нахоҳад буд агар гӯем, ки чунин падида ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар берун аз он нигаронии зиёдро ба вуҷуд овардааст.

16-уми декабр дар тамоми ҳудуди Қазоқистон бистумин солгарди истиқлолиятро ҷашн гирифтанд. Ҷашнро дар шаҳри Жанаозен (Узени нав) ҳам доир карданӣ шуданд, ки дар он ҷой давоми чанд моҳи охир коршикании нефтчиҳо идома дошт ва онҳо аз ҳокимият баланд бардоштани музди заҳматашонро ҳадди ақал 2,5 маротиба талаб мекарданд. Чӣ хеле ки намояндагони эътирозгарон хабар медиҳанд, онҳоро он чиз озурдахотир кард, ки роҳпаймоии идона бояд аз майдони марказӣ мегузашт, аз он ҷое, ки давоми ним соли охир ба "хона"-и эътирозгарон табдил ёфта буд.

Норозигӣ хеле бо зудӣ ба занозанӣ табдил ёфт. Маълум нест, аз куҷо пайдо шуд гурӯҳи одамони номаълуми ҳамоҳангшуда ва ба амали қотеъона оғоз кард. Бино ба маълумоти додситони кулли Қазоқистон гурӯҳи мазкур аввал иштирокдорони роҳпаймоии идонаро пароканда карданд, баъди ин ба қатлу ғорат оғоз намуданд. Автомобилҳои назди майдон бударо шикастанд, саҳнаи идонаро хароб карданд, арчаи солинавӣ ва якчанд бинои дар ҳамсоягӣ воқеъбударо оташ заданд. Аз ҷумла меҳмонсарой, офиси ширкати "Озенмунайгаз"-ро. Бинои маъмурияти шаҳрро ҳамлагарон аввал ишғол карданд ва баъд оташ заданд.

Суръати вусъати ҳодисаҳо касро ба ҳайрат мегузорад. Баъди якчанд соат бо маънои томаш дуздиву ғоратгарӣ оғоз гардиданд. Ба сари худ ин ҳайратовар нест, лекин аҷоибот дар он ки дар ин ҳолат ҳам профессионализми ғоратгарон зоҳир шуд. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ғоратгарон на танҳо ашёҳои арзишнокро бо худ мебурданд, балки сабтҳои камераҳои назоратиро низ нест мекарданд. Қариб 50 иншоот  мавриди оташзанӣ ва дуздиву ғорат қарор гирифтанд, аз ҷумла фурӯшгоҳҳо, бонкҳо, банкоматҳо, қиморхонаҳо (ломбардҳо) ва қаҳвахонаҳо. Ҳамзамон бо ин ҳамлагарон бо мошинҳои оташхомӯшкунӣ имконияти ҳаракат кардан намедоданд.

Ба майдони марказӣ ғайр аз ҷузъу томҳои пулис таъиноти махсусро низ сафарбар намуданд. Тирпарронӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷаи он 11 одам ҳалок шуд ва зиёда аз 8 кас ҷароҳат бардошт. Маълум, ки чунин зиддиятро баҳси классикӣ байни корфармо ва коркунон номидан мумкин нест ва лидерҳои нефтчиҳои коршикан ва мухолифини ба онҳо ҳамроҳшуда саросемавор изҳор намуданд, ки ба қатлу ғорат тамоман иртибот надоранд. Ҳарчанд инкор накарданд, ки аз роҳпаймоии идона ба ғазаб омадаанду ба он пассивона мамониат нишон додаанд.

17-уми декабр бетартибиҳо дар истгоҳи роҳи оҳан, ки каме дуртар аз шаҳр воқеъ буд, ба вуҷуд омаданд. Гурӯҳи навбатии одамони номаълум бо баҳонаи дастгирии эътирозгарони Жанаозен ҳаракати қатораҳоро бо роҳи оҳан боздошт ва дар натиҷаи он ҷадвали ҳаракат вайрон шуд, ҳафт қатораи мусофирбар ва се қатораи боркаш дер монданд. Кормандони пулис кӯшиш намуданд, то роҳро барои қатораҳо боз кунанд, вале ба онҳо гурӯҳе иборат аз 50  одам муқовимати фаъол нишон дод.

Ин одамон ба тепловоз ва вагонҳои дар наздик буда шишаҳоро бо моддаҳои тарканда партофтанд. Баъди ин ба мисли Жанаозен дуздиву ғорат, сӯхтани арчаи солинавӣ, фурӯшгоҳҳо ва автомобилҳо оғоз гардиданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур шуданд аз силоҳ истифода баранд. 12 кас ҷароҳат бардошт ва аз онҳо як нафарашон ҷароҳати вазнин. Баъзе кӯшишҳоро барои баргузор кардани бетартибиҳо дар Оқтов ҳукуматдорон пешгирӣ карданд, бо вуҷуди он, ки дар назди бинои маъмурияти вилоят садҳо нафар одам ҷамъ шуда буданд.

Бидуни шубҳа ҳамаи ҳодисаҳои дар боло тасвиршуда хеле ташвишоваранд. Лекин баъзе ҷузъиётҳоро қайд кардан лозим, махсусан вақте ки онҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳодисаҳое монанданд, ки дар тамоми ҷаҳон ба амал меоянд. Пеш аз ҳама душвор аст бовар кардан ба он, ки бетартибиҳо худ аз худ ба вуҷуд омадаанд ва характери тасодуфӣ доранд. Мумкин аст талаб кардани боло бурдани музди кор, вале аз он зарурияти дуздиву ғоратгарӣ ба вуҷуд омаданаш шарт аст.

Дарҳол назарияи хеле аҷоиб ба миён омад, ки ба ҳодисаҳо танҳо ҳукуматдорон гунаҳкоранд. Гӯё онҳо хостаанд ба торҳои асаби эътирозгарон нохун зананд, яъне дар майдони "ишғолкарда"-и онҳо ид кунанд ва роҳпаймоии тантанавӣ баргузор намоянд. Лекин идкунии истиқлолияти Қазоқистон инак 20-сол боз идома дорад ва таъин шудани баргузории ҷашни навбатӣ амали барқасдона нест. Бо вуҷуди эҳтиром ба норозигии коршиканҳо гуфтан мумкин нест, ки онҳо ҳуқуқи соҳибӣ кардани майдонро доранд.

Нефтчиҳои коршикан ва мухолифин танҳо объекти фиребгарӣ (манипулятсия) будаанду халос. Қазоқистон ин кишвари аввалине нест, ки дар он гирдиҳамоӣ, намоишҳо ва амсоли онҳоро барои мақсадҳои худ истифода бурдаанд. Ин намоишҳо ногаҳон бо чизе табдил меёбанд, ки перомуни он ташаббускорони расмиашон ҳатто фикр ҳам накардаанд.

Бо дасти нерӯҳои беруна зиддият ба доираи сиёсӣ кашида шуд, ҳатто ба сатҳи байналмилалӣ. Чӣ хеле ки мушовири раисҷумҳури Қазоқистон Ёрмуҳаммад Ертисбаев қайд кард, "иштирокдорони баҳси кориро, ки якчанд моҳ давом кард, бо унсурҳои роҳзан, ки ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ба муқобили шаҳрвандони осоишта даст боло кардаанд, дар як саф гузоштан мумкин нест".

Тақрибан як ҳафта пеш аз 16-уми декабр кадом як "гурӯҳи ташаббускори сокинони вилояти Мангистав" варақаҳо паҳн кард ва дар онҳо аҳволи танги нефтчиҳое тасвир мешуд, ки зиёд кардани музди корашонро талаб мекарданд. Бояд қайд кард, ки варақаҳо бо анъанаҳои беҳтарини технологияе тартиб дода шудаанд, ки замоне дар Сербия ва Украина истифода шуда буданд. Аз даъватҳои эҳсосӣ ба "бародарон ва хоҳарон" ба ҳамрайъӣ, баробарӣ, адолат ва беҳтар кардани некӯаҳволии шаҳрвандон хулосаи барои ҳамаи "инқилобҳои норанҷӣ" муқаррарӣ бармеояд -озодӣ ба мухолифин ва нест бод раисҷумҳур Назарбоев!

Аз тамошои роликҳои ҳодисаҳои Жанаозен, ки дар шабакаҳои интернетӣ пайдо шуданд, фаҳмидан мумкин аст, ки сӯхтани рамзи ҳизби ҳукмрони "Нуротан" дар ҳақиқат ба ғоратгарон хурсандии махсус бахшидааст. Воситаҳои дар варақаҳо ҳам тасвиршуда беназиранд, ки бо кӯмаки онҳо зиндагиро беҳтар кардан мехостанд. "Гурӯҳи ташаббускор"-и одамони номаълум тамоми аҳолиро даъват мекард, ки "ба майдон бароянд" ва то хуб шудани зиндагиашону то сарватмандтар гардиданашон онро тарк накунанд. Танҳо хурсанд шудан лозим аст, ки ин даъватҳо байни аҳолӣ ҳамовозии зиёд пайдо накарданд, вагарна дар майдони асосии Жанаозен шумораи қурбониҳо ба маротиб зиёдтар мешуд.

Ҳангоми оташзаниҳо аз "коктейли Молотов" (шишаҳои бо моддаҳои тарканда пур) васеъ истифода мешуд ва ин ногузир ба хулоса меорад, ки бетартибиҳо пешакӣ  тарҳрезӣ шуда буданд. Сангу калтакҳоро ёфтан он қадар душвор нест, вале дар гумон аст, ки нефтчиҳои осоиштаи эътирозкунанда барои тайёр кардани ин қадар "коктейлҳо" дафъатан тамоми ингредиентҳоро пайдо карда бошанд.

Зиёда аз ин агар ба хабарҳои додситонии Қазоқистон бовар кунем (барои чӣ бовар ҳам накунем?) -ҳолатҳое ҳам ба қайд гирифта шудаанд, ки роҳзанҳою ғоратгарон  ғайр аз силоҳи сард, ҳамчунин аз силоҳҳои оташфишон истифода бурдаанд. Бо вуҷуди дар минтақа қатъ карда шудани кори телефону мухобираи мобилӣ ва ҳамчунин воситаи дӯстдоштаи мухобираи ғоратгарон - Twitter онҳо хеле самарабахш фаъолият мекарданд. Ва ин дар навбати худ аз мавҷудияти нақшаи пешакӣ ва кадом як маркази ҳамоҳангсоз гувоҳӣ медиҳад.

Ба ҳар ҳолат ташкилкунандагон ва илҳомбахшҳои бетартибиҳо муваффақ шуданд, ки зиддиятро ба арсаи сиёсии байналмилалӣ бароранд. Ҳодисаҳои Жанаозен боиси нигаронии калони Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва "Human Rights Watch" шудаанд. Алҳол ҳукуматдорони Қазоқистонро ба истифода набурдан аз нерӯ, риояи меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ, тафтишоти объективии ҳодисаҳои Жанаозен бо иштироки намояндагони мухолифин, коршиносони байналмилалӣ ва нефтчиҳои коршикан даъват кардаанд. Хулоса, аллакай схемаи муқаррарие мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар ҷараёни амалисозии он аз ҳокимияти қонунӣ ва ҳукумат як қисми калони ваколатҳояшро гирифта ба кадом як "коршиносони байналмилалӣ" медиҳанд.

Лекин ҳукуматдорони Қазоқистон тавонистанд ташаббусро ба даст гиранд. Ғайр аз сафари шахси ба Оқтов ва Жанаозен Нурсултон Назарбоев як қатор соҳибмақомҳои Мангистаун ва як қатор мансабдорони ширкати "Казмунайгаз"-ро аз вазифа барканор кард. Аз ҷумла аз роҳбарияти ширкат домоди Назарбоев Темур Қулибоев дур карда шуд ва акнун сарварии ширкат бар дӯши оқими собиқи вилоят Лаззат Киинов мебошад. Мансаби оқимиро вазири собиқи умури дохилии Қазоқистон Баурҷон Муҳаммадҷонов ишғол кард.

Бо вуҷуди ин қадар гаронандешиҳо то андозаи муайян ба ҳукмрон шудани оромӣ дар Қазоқистон шубҳа боқӣ мемонад. Зеро бетартибиҳо дар ҳудудҳои Қазоқистон ба як падидаи муназзам табдил ёфтаанд ва аз ин рӯ бовар кардан мумкин аст, ки кишварро ором намегузоранд. Махсусан,  дар ҳоле, ки эҳтимоли иштироки нерӯҳои беруна дар ҳаёти Қазоқистон хеле калон аст.

Масалан, тибқи хабари вазорати умури дохилаи Қазоқистон вакили парлумони Аврупо Пол Мерфи ҳангоми дар Қазоқистон буданаш тобистони соли гузашта, дар корпартоиҳои нефтчиҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок кардааст. Эҳтимол ояндаи наздик Остонаро таваҷҷӯҳи аз андоза зиёди парлумони Аврупо, Авфи Байналмилалӣ, ВАО-и Ғарб ва сохторҳои дигаре интизор аст, ки масъули таъмини ҳуқуқи инсон ва дастгирии "инқилобҳои ранга" мебошанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi