13:51:09 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КЛИНТОН ГУФТ, ИМА ДАР КУШТОРИ ОЛИМИ ЭРОНӢ ДАСТ НАДОРАД

 

Иёлоти Муттаҳида куштори донишманди улуми ҳастаии Эрон -- Мустафо Аҳмадиравшанро маҳкум намуд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки "даст доштани Иёлоти Муттаҳида дар амали хушунатбор дар Эронро қатъӣ рад мекунам." Мақомоти Эрон мегӯянд, як донишманди улуми ҳастаии Эрон аз таркиши бомбае, ки ба мошини ӯ насб шудааст, ба ҳалокат расид.

hillary-clinton-food-securiБа гуфтаи онҳо, ду ҳамлагари савори мототсикил субҳи 11-уми январ дар шимоли Теҳрон, дар канори майдони Китобӣ, дар хиёбони Гулнабӣ бомби магнитиро ба мошини «Пежо-405»-е насб карданд, ки мунҷар ба ҳалокати ронандаи мошин Мустафо Аҳмадиравшан, раҳбари 32-солаи як бахши корхонаи ҳастаии Натанз, дар наздикии Исфаҳон ва ҷароҳат бардоштани ду ҳамроҳи дигари ӯ шуд.

Муовини устондори Теҳрон Сафаралӣ Баротлу масъулияти ҳамларо ба Исроил бор кардааст. Ӯ гуфт, шеваи ​анҷоми сӯиқасд, яъне насби бомби магнитӣ ба мошини ҳадаф, "хеле мушобеҳи ҳамлаҳои қаблиест, ки барои куштани донишмандон истифода мешуд ва кори саҳюнистҳост."

Ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи 11 январ чорумин сӯиқасд ба ҷони донишмандони ​​эронист. Рӯзи 12-уми январи соли 2010 профессори дигари улуми ҳастаии Донишгоҳи Теҳрон Масъуд Алимуҳаммадӣ низ тавассути насби бомби магнитӣ ба мошинаш кушта шуд. Дар моҳи ноябри соли 2010 бар асари ҳамлаи мушобеҳ Маҷид Шаҳриёрӣ, узви кафедраи ҳандасаи ҳастаии Донишгоҳи Биҳиштии Теҳрон, кушта шуда, дар ҳамон рӯз дар як ҳамлаи алоҳида Фаридун Аббосӣ ҷароҳат бардошт. Гуфтанист, ки Фаридун Аббосӣ феълан раиси Созмони ҳастаии Эрон аст.

Дар моҳи июли соли гузашта як донишҷӯи донишгоҳи Теҳрон дар ҳошияи кӯдакистони духтараш аз сӯи як ҳамлагари низ мотосиклсавор кушта шуд. Зоҳиран ин донишҷӯ иштибоҳан ҳадафи ҳамла қарор гирифт, чунки ҳамноми як донишманди улуми физикаи ҳастаӣ будааст.

Ин силсилаи қатлҳои донишмандони эронӣ дар ҳолест, ки Эрон алорағми тақозои СММ, ба ғанисозии уран идома медиҳад ва акнун дар сатҳи баландтаре, ки метавонад барои сохтани бомб низ истифода шавад. Созмони байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ рӯзи 9-уми январ хабар дод, ки Эрон ба ғанисозии уран дар сатҳи 20 дарсад дар корхонаи то ҳол махфии Форду пардохтааст. Ин таъсисот дар наздикии Қум ва зоҳиран ба хотири ҳимоят аз ҳамлаҳои хориҷӣ дар умқи кӯҳ сохта шудааст.

Ғанисозӣ дар сатҳи 20 дарсад назар ба ҳадде, ки барои тавлиди маводи сӯхт кофӣ бошад, 4 дарсад болотар аст, вале аз ғанисозӣ дар сатҳи 90 дарсад, ки барои кӯлоҳакҳои ҳастаӣ лозим мешавад, ҳанӯз хеле кӯтоҳтар.

Амрико мегӯяд, ҳадафи барномаи ҳастаии Эрон сохтани бомби ҳастаист ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ахиран алайҳи Эрон таҳримоти боз ҳам сангинтар ҷорӣ карданд. Аммо Эрон мегӯяд, ҳадафаш сулҳомез ва танҳо тавлиди нирӯи барқи ҳастаист. Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 9 январ гуфт, эъмоли таҳримоти сангинтари Ғарб ҳам масири ҳастаии Теҳронро  тағйир нахоҳад дод.

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi