15:11:31 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭРОН ЧӢ ХЕЛ БА ҶАНГ ОМОДАГӢ МЕБИНАД?

 

Дмитрий Тимчух, Ховари Наздик

Давоми ду соли охир Эрон ба ҷанг ҷиддӣ тайёрӣ мебинад. Ин комилан фаҳмост, бо назардошти он, ки Ғарб ба қобилияти Теҳрон бовар накарда, барои кишварҳои НАТО хатари воқеӣ ба вуҷуд меорад ва тамоми кори аз дасташ меомадаро кардааст, то чунин омодагиро таҳрик диҳад.

Артиши ЭронБо ибтикори ИМА ва кишварҳои НАТО мавзӯи барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии Эрон фаъолона муҳобот карда мешавад, вале дар асл роҳбарияти ҳарбӣ-сиёсии ин кишвар тайёр кардан ва рушд додани ҳамаи намудҳои яроқу аслиҳаи ҳамаи намудҳои қувваҳои мусаллаҳ ва қариб ҳамаи намудҳои қӯшунҳоро фаъол намудааст.

Илова бар ин ҳам яроқу аслиҳаҳои ҳуҷумкунанда ва ҳам муҳофизатиро. Мақсади онҳо -фароҳам овардани тавоноӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи худ, то тавонанд дар минтақа бо мақсади муҳофизати манфиатҳои миллии худ амалиётҳо баргузор намоянд ва ҳамчунин (аҳамияти ин вазифа вақтҳои охир торафт зиёд мешавад) таҷовузро аз тарафи давлатҳои Ғарб зада гардонад.

Ҳамзамон бо ин, бо сабабҳои маълум, маҳз барномаҳои мушакии Эрон боиси таваҷҷӯҳ ва нигарониҳо дар ҷаҳон шудааст. Сабаб на дар мавҷудияти хатари Эрон барои Аврупо ва ИМА аст (Теҳрон ба ин кӯшиш ҳам надорад, агар сухан дар бораи ҷавоб ба агрессияи зидди худи Эрон наравад), балки дар он, ки маҳз ҳамин барномаҳо баҳонаи расмие шудаанд барои ҷойгир кардани системаҳои сипари зидди мушакӣ дар Аврупо. Чӣ хеле ки маълум аст, ин боиси хеле тезутунд шудани муносибатҳои Русия бо ИМА ва НАТО шудааст.

Баробари ин дар Ғарб талош доранд мавзӯъҳои барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии Эронро муттаҳид кунанд ва кӯшиш доранд исбот намоянд, ки қобилияти ин давлат дар сохтани дастгоҳи таркандаи ҳастаӣ якҷоя бо сохтани воситаҳои барандаҳои онҳо дар шакли мушакҳои байниқоравии баллистикӣ барои Аврупо ва ИМА хатари ҷӣддӣ ба шумор мераванд. Ҳарчанд маълум аст, ки имкониятҳои ҳастаӣ ва қобилияти эрониҳо дар сохтани мушакҳои байниқоравии баллистикӣ бо кулоҳакҳои ҳастаӣ дар муддати кӯтоҳтарин аз ҳад зиёд муболиға аст.

Мушакҳои "даҳшатовар"-и "Сеҷил-2" (Sejil-2, ки перомуни бомуваффақият сар додани он Теҳрон соли 2009 хабар дод) ва ҳамчунин "Шаҳоб-5" ва "Шаҳоб-6"-и сохта шудаистода бо дарозии парвози 3 ҳазор (аввалӣ) ва 5-6 ҳазор километр (дуюмӣ) айни замон аниқтараш нақши силоҳи ҳарбӣ-сиёсиро мебозанд, зеро истифодаи онҳо бе кулоҳаки ҳастаӣ он қадар самари дилхоҳ нахоҳад дод.

Дар ҳақиқат Ғарб кӯшиши фаровоне ба харҷ додааст, то Эронро ба кунҷаки хилвати ҳарбӣ-сиёсӣ ҷой кунад. Аз як тараф, ИМА ва Аврупо (дар навбати аввал Фаронса) мустақиман дар минтақа дар симои Исроил ба Теҳрон ултиматум пешниҳод мекунанд: идомаи минбаъдаи барномаи ҳастаӣ ва коркард дар бахши силоҳи мушакӣ боиси ҷорӣ шудани таҳримҳо ва ҳатто дахолати ҳарбӣ мешаванд.

Аз тарафи дигар, дар Теҳрон хеле хуб мефаҳманд (мисоли равшанаш Ироқӣ ҳамсоя аст): ҳатто қатъ кардани тамоми барномаҳои характери ҳарбидошта ҳаргиз ба нақшаҳои таҷовуз зидди Эрон таъсир намерасонад, агар қарори дахлдор қабул шуда бошад. Аз ин рӯ Эрон танҳо як роҳ дорад: бо тамоми қувва тайёр шудан ба ҷанг. Лекин боз ин тайёриро дар Ғарб девонавор ҳамчун хатар шарҳ медиҳанд ва афкори ҷомеаро чунон ташаккул медиҳанд, ки бо вуҷуди "сулҳдӯстӣ"-и кишварҳои ғарбӣ танҳо нерӯӣ ҳарбӣ метавонад роҳбарияти эрониро таскин диҳад.

Ҳамин тариқ, масъала рӯшан. Яъне кӯшишҳои Эрон барои таъмини амнияти худ бо роҳи намоиши имкониятҳои мудофиавияш низ ҳамчун хатар шарҳ дода мешавад. Дар ин ҳол вазъият боз аз он ҷиҳат мураккабтар мешавад, ки бо сабабҳои маълум Теҳрон характеристикаи тактикию техникии на ҳамаи яроқу аслиҳаҳои худро ошкор мекунад (аз ҷумла яроқҳои нав истеҳсолшавандаро) ва тасаввурот дар бораи онҳо асосан тибқи ҳисобу китобҳои мутахассисон пайдо мешавад ва ин боиси ҳаннотиҳои гуногуни сиёсӣ доир ба ин масъала мегардад.

Масалан, ҳодисаи чанде пеш, вақте ки охирҳои моҳи июни соли 2011 телевизиони давлатии Эрон ба бинандагон чоҳҳои зеризаминии мушакиро нишон дод, дар ВАО-и Ғарб чӣ ҳангомае ба вуҷуд омад. Дар ин чоҳҳо мушакҳои радиуси дурамал дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар сужае, ки чоҳҳоро нишон доданд, перомуни машқи мушакии баргузоршудаи "Паёмбари бузург-6" нақл мешуд.

Ба қавли афсарони эронӣ мушакҳои дар чоҳҳо ҷойгиршуда як қисми системаи дудамае ба муқобили ҳуҷумҳои эҳтимолӣ мебошанд "ва доимо тайёранд, ки ба ҳадафҳои пешакӣ муайянгардида зарба зананд". Ин ҳадафҳо кадомҳоянд, дар сужа хабар дода нашудааст. Макони ҷойгиршавии иншоотҳои нави қӯшунҳои мушакии Эрон хабар дода нашудааст, лекин пештар коршиносони Ғарб тахмин карда буданд, ки онҳо дар шимоли ғарби кишвар сохта мешаванд.

"Ню-Йорк Таймс" навиштааст, ки чоҳҳои бо плитаҳои оҳании ғафс пӯшонидашуда имконияти яклухт ҳифз шудани мушакҳои эрониро дар ҳолати ҳуҷуми ногоҳонӣ баланд мебардоранд -маълум, ки зери замин онҳоро нест кардан хеле душвортар аст, дар муқоиса бо мушакҳое, ки дар рӯи замин қарор доранд. Эрониҳо изҳор мекунанд, ки технологияи ҳангоми сохтмони ин иншоотҳо истифодашуда қариб ба мисли технологияи сохтани худи мушакҳо хеле мураккабанд. Ҳамчунин афсарҳои нерӯҳои мушакӣ нақл карданд, ки чоҳҳо бо қувваи муҳандисон ва техникҳои маҳаллӣ сохта шудаанд.

ВАО-и Ғарб мегӯянд, мушакҳое, ки дар ихтиёри артиши Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор доранд, метавонанд то ба ҳадафҳои воқеъ дар Халиҷи Форс, Афғонистон, Ироқ ва Исроил расанд.

Пештар оҷонсии иттилоотии "ИРНА" хабар дода буд, ки Эрон вақтҳои наздик ба истеҳсоли силсилавии мушакҳои баллистикии зиддикиштӣ оғоз мекунад. Дар ин бора, аз ҷумла, фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоб Муҳаммадалӣ Ҷаъфарӣ хабар дода буд. Ба қавли ӯ мушакҳо метавонанд бо суръати се баробар тезтар аз суръати садо парвоз кунанд ва барои радарҳои душман ноаёнанд.

Дар Ғарб тахмин мекунанд, ки сухан перомуни анҷоми лоиҳа оид ба сохтани мушакҳои дарозии парвозашон то 300 километр меравад. Ин барнома ду сол пеш оғоз шуда буд. Ба қавли Ҷаъфарӣ, ки номи мушакҳои навро маълум накард, лоиҳаи пештара такмил дода шудааст ва дар натиҷа силоҳи нисбатан дақиқтар сохта шудааст. Ҳамчунин ишора шудааст, ки ба ақидаи низомиҳои эронӣ қисми зиёди хатарҳои эҳтимолӣ ба Эрон аз баҳр ва ҳаво таҳдид мекунанд. Бо назардошти маҳз ҳамин хатарҳо корҳо доир ба сохтани яроқу аслиҳаи нав ва системаҳои авиатсионӣ идома доранд.

Охирҳои моҳи августи соли равон дар Эрон эълон карданд, ки се лоиҳаи калони ҳарбӣ ба анҷом расидааст, ки дар байни онҳо муаррифии мушаки "Қодир" низ буд. Чӣ хеле ки телевизиони Эрон хабар дод, "Қодир"-и ҷойи исташ баҳру соҳил то 200 километр парвоз мекунад ва барои несту нобуд кардани ҳадафҳо дар иншоотҳои баҳрию соҳилии душман пешбинӣ шудааст. Ҳангоми суханронӣ дар маросими муаррифӣ вазири дифои Эрон Аҳмад Воҳидӣ изҳор намуд, ки Эрон бо саъю талоши мутахассисони ватанӣ дар истеҳсоли бисёр намудҳои яроқу аслиҳа ба худтаъминкунӣ ноил гаштааст. Айни замон муҷтамаи ҳарбию саноатии Эрон 223 намуди яроқу аслиҳа ва техникаи ҳарбиро истеҳсол мекунад, қайд намуд вазир.

Чунин хабарҳо таъсири дутарафа доранд. Аз як ҷониб онҳо пеш аз ҳама ба Исроил, ИМА ва ҳамчунин аврупоиҳо имконият медиҳанд дар бораи воқеӣ будани "хатари Эрон" гап зананд. Аз тарафи дигар ба боздоштани таҷовузкорони эҳтимолӣ равона гардидаанд. Баробари ин Иёлоти Муттаҳидаро, ки худро дар бехатарӣ ҳис мекунад, чунин намоишҳои имкониятҳои Эрон он қадар ба ҳарос намеоранд.

Исроил бошад мисоли рӯшан аст дар тарсу ҳарос. Баъди озмоиши мушаки баллистикии "Сеҷил-2"-и Эрон, ки дурии парвозаш дарозтарин аст, роҳбари собиқи барномаи мушакии вазорати дифои Исроил доктор Узи Рубин, ки дар сохтани системаи сипари зиддимушакии "Эрроу" ширкат варзидааст, изҳор дошт, ин мушак на ба дарозии 2 ҳазор километр, чӣ хеле ки эрониҳо изҳор мекунанд, балки ҳадди ақал то 2,5 ҳазор километр парвоз карда метавонад.

Ҳамин тариқ, ба қавли ӯ дар ҳолати ҷойгир кардани ин комплекс дар ноҳияҳои шимоли ғарбии Эрон ҳудудҳои Юнон, Руминия, Булғористон, қисмати шарқии Лаҳистон, Маҷористон (Венгрия) ва Словакия дар минтақаи ҳадаф қарор мегиранд. Ҳамин тариқ, аврупоиҳоро лозим меояд, ки ҳарчи тезтар системаи сипари зиддимушакиро барои муҳофизат аз Эрон ҷойгир намоянд.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бисёр мутахассисони ғарбӣ (East west institute, sipri-и Стокголм) имкониятҳои мушакии Эронро хеле паст арзёбӣ мекунанд. Коршиносони ғарбӣ (алҳол сухан дар бораи "фармоиши сиёсӣ" намеравад) бар он ақидаанд, ки мушакҳои имрӯзаи Эрон ба дурии то 2 ҳазор километр парвоз карда метавонанд. Ҷойи идеалӣ барои ҷойгир кардани онҳо дар варианти мобилӣ (мушакии сӯзишвориаш сахти "Сеҷил-2" дар назар аст) ҷануби ғарби кишвар мебошад бо маҳалҳои душворгузари кӯҳӣ ва масофаи наздиктарин то Исроил. Ҳамин тариқ, мушакҳои эронӣ ҳадафҳоро дар Исроил несту нобуд карда метавонанд, то баъзе давлатҳои Осиёи Ҷануби Шарқи ва пойгоҳҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс расанд. Ин мушакҳо ба ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ягон таҳдид намекунанд.

Аҷоиб, ҳанӯз як сол пеш таҳлилгарони ҳарбии аврупоӣ (аз ҷумла ҳамон SIPRI) мегуфтанд, ки давоми 10-15 соли наздик Эрон наметавонад мушакҳои байниқоравии баллистикӣ созад, ки то ба Амрикову кишварҳои аврупоӣ рафта расад ва кулоҳакҳои ҳастаӣ дошта бошад. Ғайр аз сабабҳои объективӣ- сатҳи рушди технология ва имкониятҳои техникии Эрон, ҳамчунин қобилияти қувваҳои мусаллаҳи Эрон дар тайёр кардани мутахассисҳои зарурӣ нақши худро мебозад. Лекин ҳоло ин пешгӯиҳо "фаромӯш шудаанд" ва дар ҳолати ҷойгир кардани системаҳои сипари зиддимушакӣ ҳеҷ кас онҳоро ба хотир намеорад.

Мо пештар қайд кардем, ки имрӯз Ғарб мушакҳои фаврӣ-тактикии  дар ихтиёри Эрон бударо хатарафзо медонад, ҳол он ки онҳо танҳо дар ҳолати ҳуҷуми мустақим ба Эрон барои кишварҳои НАТО хатар дошта метавонанд.

Мушаххасан дар бораи мушакҳо. Сухан дар бораи МФТ ЦС-1 (дарозии парвозаш то 80 км), модификатсияҳои гуногуни "Наҷоат" (150 километр) CSS-80 (180 км), "Зилҷал" ва дигар МФТ бо дарозии парвоз то 300 километр меравад. Ба ақидаи таҳлилгарон ин мушакҳо наметавонанд ҳамчун барандагони силоҳи ҳастаӣ хизмат кунанд, вале онҳо метавонанд ҳадафҳои баҳриро дар халиҷҳои Форсу Олмон несту нобуд намоянд ва ин метавонад ҳамлу нақли нафтро дар ин минтақа зери хатар гузоранд.

Боз як хатари дигар -амалисозии барномаи "Шаҳоб". Гузориши муштараки олимони Русия ва Амрико: "Потенсиали ҳастаӣ ва мушакии Эрон", ки моҳи майи соли 2009 аз тарафи Иснтитути "Ховар-Ғарб" интишор гардидааст, бар он ишора мекунад, ки мушаки баллистикии Р-17-и дар Иттиҳоди Шӯравӣ сохташуда (тибқи классификатсияи НАТО-SCUD-B) ва аналогҳои модернизатсияшудаи он (пеш аз ҳама мушакҳои Куриёи Шимолӣ) барои сохтани мушакҳои баллистикии Эрон ҳамчун асос хизмат кардаанд. Аввал Эрон ин намудҳои мушакҳоро аз хориҷа харидааст: қисман аз Либия, вале асосан аз Куриёи Шимолӣ.

Мушаки баллистикии аввалини "Шаҳоб-1"-и Эрон ба дарозии 320 километр парвоз мекард ва бори фоиданокаш ба 985 килограмм баробар буд. Истеҳсоли он то соли 1991 давом кард. Ҳамзамон бо "Шаҳоб-1" конструкторҳои эронӣ бо таҳияи модификатсияи он -"Шаҳоб-2" машғул шуданд. Барои ин давоми солҳои 1991-1994 Теҳрон аз Куриёи Шимолӣ аз 25 то 370 мушаки SCUD-С харид ва баъдтар қисми калони таҷҳизоти технологияро. Ва ин имконият дод, ки соли 1997 Эрон истеҳсоли чунин намудҳои мушаки худиро роҳандозӣ намояд. Тибқи баъзе маълумотҳо ба Эрон муяссар шудааст, ки истеҳсоли мушакҳои "Шаҳоб-2"-ро дар Сурия роҳандозӣ кунад. Давоми солҳои 2004-2006 эрониҳо чунин мушакҳоро дар машқҳои ҳарбӣ истифода бурданд.

Барномаҳои "Шаҳоб-1" ва "Шаҳоб-2" соли 2007 пурра қатъ карда шуданд, вале тибқи маълумотҳои мавҷуда Эрон имрӯз дар арсенали худ аз 250 то 600 мушаки "Шаҳоб-1" (варианти SCUD-B) ва 50-150 мушаки "Шаҳоб-2" (варианти SCUD-C) дорад.

Ҳоло сухан дар бораи амалӣ шудани барномаи мушакии "Шаҳоб-3" меравад, ки дар он хулосаҳои конструктории мушакҳои баллистикии Куриёи Шимолии навъи "Нодон" фаъолона истифода шудаанд. Эрон ба озмоиши мушаки "Шаҳоб-3" соли 1991 мувозӣ бо сохтани мушаки "Шаҳоб-4" оғоз кард. Парвози бомуваффақияти якуми "Шаҳоб-3", ки дар он муҳаррики нави Куриёи Шимолӣ насб шуда буд, моҳи июли соли 2000-ум ба вуқӯъ пайваст. Ба истеҳсоли "Шаҳоб-3" бошад эрониҳо танҳо охирҳои соли 2003 бо кӯмаки фаъолонаи як қатор ширкатҳои чиноӣ оғоз намуд. Тибқи баъзе маълумотҳо шурӯъ аз сентябри соли 2006 Эрон соҳиби 30 мушаки "Шаҳоб-3" ва 10 дастгоҳи мобилии сардиҳандаҳои онҳо мебошад.

"Шаҳоб-3М"-и модернизатсияшуда имконияти дар он ҷойгир кардани контейнерҳоро барои бурдани моддаҳои кимиёӣ ва биологӣ дорост. Тахмин мекунанд, ки ин мушакҳо то дарозии 1,1 ҳазор километр парвоз мекунанд ва вазни қисмати пешравашон 1 тонна аст (тибқи маълумоти дигар то 2 ҳазор километр бо қисми пешрави 700 килоӣ). Варианти сӯзишвориаш сахти "Шаҳоб-3D" (IRIS)  низ вуҷуд дорад. Тахмин мекунанд, ки маҳз ҳамин мушак ҳамчун зинаи дуюми мушаки ҳомили дузинаии "Сафир-2" истифода шудааст, ки 2-юми феврали соли 2009 ба мадори пасти наздизаминӣ нахустин моҳвораи миллии "Умед"-ро бароварда буд.

Чӣ хеле ки дар боло қайд кардем, Эрон дар оянда мушакҳои баллистикии "Шаҳоб-5" (3 ҳазор км) ва "Шаҳоб-6"-ро (5-6 ҳазор км) сохтанист (барномаи сохтани мушакҳои "Шаҳоб-4" бо дарозии парвози 2,2-3 ҳазор километр бо сабабҳои сиёсӣ қатъ гардид ва ё мутаваққиф карда шуд).

Бо мушакҳои мавҷуда ҳанӯз ду сол пеш панҷ бригадаи мушакиро, ки мустақиман ба сарфармондеҳи олии Эрон итоат мекунанд, мусаллаҳ карда шуданд. Дар машқҳо иштирок намуда, ин бригадаҳо ҳирфавияти баланд ва сатҳи баланди омодагиро намоиш медиҳанд -агар ба ВАО-и Эрон ва изҳороти роҳбарияти ҳарбӣ-сиёсии ин давлат бовар кунем. Вале баҳои коршиносони исроилӣ ва ғарбӣ дигар хелтар аст. Ҳамаи ин қудратнамоишдиҳиҳо ба фоидаи Эрн аст ва ё зарари он, гуфтан душвор.

Ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi