03:13:40 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИХТИСОРИ МӮҲЛАТИ РАИСҶУМҲУРӢ: ИН ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?

 

Uznews.net

Дохил кардани тағйирот ба моддаи 90-уми Қонуни Асосии Ӯзбакистон дар бораи кӯтоҳ кардани ваколати раисҷумҳур аз 7 то ба 5 сол барои ҳама як ҳодисаи ногаҳонӣ гардид, махсусан ба ин хотир, ки  он бо ташаббуси худи раисҷумҳур ба амал омад.

Қарори хеле аҷиб

Ислом КаримовАгар гӯем, ки ҳама даступо хӯрдаанд, гӯё чизе нагуфтаем. То ин вақт мӯхлати раисҷумҳурӣ танҳо дароз мешуду дароз мешуд: ҳам бо кӯмаки "райъпурсӣ" аз панҷ сол то ба ҳашт сол (мӯҳлати якуми Каримов), ҳам бо кӯмаки даровардани ҳар гуна дигаргуниҳо ба қонунҳо ва тафсири "дуруст"-и онҳо -боз аз панҷ сол то ба ҳашт сол (мӯҳлати дуюми ӯ). Ва баногоҳ чунин шуд...

Пешниҳод дар бораи кам кардани мӯҳлати амали ваколатҳои раисҷумҳур ногаҳон садо дод- пештар дар ин бора ҳеҷ кас чизе намегуфт, ҳеҷ кас муҳокима намекард ва ҳатто касе ба даҳон кушодан перомуни кам кардани мӯҳлати раисҷумҳурӣ ҷасорат надошт.

Саволҳи асосие, ки дар иртибот бо ин ба вуҷуд меоянд, чунинанд: 1) Чаро? Яъне ба чӣ хотир ин корро мекунанд, агар соли 2002 ба райъпурсӣ масъалаи тамоман муқобили ин -дароз кардани ваколати раисҷумҳур аз панҷ ба ҳафт сол гузошта шуда бошад; 2) ин тағйирот ба мӯҳлати ҷории раисҷумҳурии Ислом Каримов ҳам дахл дорад ё не? Ва саволи иловагӣ -дар ин ҳолат интихоботи нави раисҷумҳур кай эълон мешавад?

Аз сабаби он,ки иттилооти иловагӣ ҳоло садо надодааст, ҳаракат мекунем ба ин саволҳо бо истифода аз мантиқ ва бо назардошти вазъияти умумии кишвар ҷавоб диҳем. Ҷавобҳои ба ҳақиқат наздиктар ба саволи якум инҳоянд: ё ин бозӣ дар либерализатсия, тоза кардани имиҷи нохуби режим ё оғози раванди интиқоли ҳокимият -шартан омодагӣ ба амалиёти "ҷойгузин" аст.

Чаро?

Сабаби расмӣ, тибқи хабари ожонсии иттилоотии миллӣ "ӮзА", аз он иборат аст, ки дар Ӯзбакистон тадриҷан раванди интиқоли як қисми ҳуқуқ ва ваколатҳои раисҷумҳур ба сохторҳои қонунгузорӣ ва ҳокимияти иҷроия ба амал меояд, ки "солҳои аввали ташкил ва ташаккули давлати миллӣ ва иқтисодиёти озоди бозории барои кишвар нав" ба сарвари давлат дода шуда буданд".

Ба ҳайси мисол барҳам додани вазифаи раиси Девони вазиронро, ки пештар онро раисҷумҳур ишғол мекард, додани ин ваколатро ба сарвазир ва ҳамчунин аз Қонуни Асосии Ӯзбакистон хориҷ кардани он моддаро, ки тибқи он раисҷумҳур сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад, меоранд.

"Бо ташкил шудани парлумони дипломатӣ қисми калони ваколатҳои раисҷумҳур интиқол шуд ва ҳоло аз тарафи сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбакистон бомуваффақият иҷро мешаванд", -шарҳ медиҳад "ӮзА".

Ҳамзамон ақидаҳое садо медиҳанд, ки мумкин ин гоме бошад барои беҳтар кардани имиҷи Каримов дар назари Ғарб. Ин ҷой лозим меояд, ки каме аз мавзӯъ дур шавем ва хотиррасон намоем, ки Каримов аз Русия девонавор метарсад, вай ва ҳама чизи ба он вобастаро бад мебинад, кӯшиш мекунад аз вай дуртар шавад, аз ҷумла ба фаъолияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) халал мерасонад. Дар ин бора бисёр навиштаанд.

Масалан, 30-юми ноябр, ҳангоми ташрифаш ба Қашқадарё, ҳини суханрониаш дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои вилоятии вакилони халқии Қашқадарё Каримов аз нерӯҳое ҳушдор дод, ки мехоҳанд империяро таҳти унвони Иттиҳоди Шӯравӣ эҳё кунанд ва "замони вазнин"-ро, ки халқи ӯзбак дар замони Шӯравӣ аз сар гузаронидааст, хотиррасон кард.

Ба қавли Каримов "нерӯҳое вуҷуд доранд, ки бо фиреб одамонро аз роҳи дуруст берун бурданӣ мешаванд". Инҳо, ба ақидаи ӯ, касоне мебошанд, ки "Эҳёи Иттиҳоди Шӯравиро дар шакли нав дар баъзе ҳудудҳои Иттиҳоди собиқ орзу мекунанд ва барои ин мехоҳанд равандҳои ҷамъиятии гузаштаро бардурӯғ нишон диҳанд ва онро таҳриф кунанд". Ин "нерӯҳои сиёҳ" киҳоянд, чун ҳамешагӣ вай нафаҳмонд, вале душвор нест фаҳмидани он, ки сухан перомуни ташкилкунандагони Иттиҳоди Авруосиё дар ҳайъати Русия, Қазоқистон ва Белоруссия меравад.

"Халқи мо, ки аз ҳавои озодӣ нафас кашидааст, акнун ҳеч вақт ба идеологияи кӯҳна ва замони гузашта барнамегардад", -изҳор дошт Каримов.

Ҳамин тариқ, аз таги остин бо Русия муқобилият нишон дода, Каримов мехоҳад аз дастгирии Ғарб -яъне ИМА ва Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо бархурдор шавад. Ба Ғарб ҳам Каримов лозим аст, махсусан, баъди ҷанҷоли чанде пеш бо Покистон, вақте ки сарборӣ ба Шабакаи Шимолии таъминоти нерӯҳои НАТО дар Афғонистон мумкин хеле зиёд шавад ва  мувофиқи ин нақши Ӯзбакистон ҳам зиёд мегардад.

Лекин ҳукуматҳои кишварҳои Ғарбро лозим меояд, ки фикри ҷомеаро ба назар гиранд. Якчанд сол пеш, ҳамкорӣ бо Каримовро сафед карданӣ шуда, афсонаҳое бофтанд дар бораи беҳтар шудани риояи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбакистон. Аз ҷумла ҷорӣ шудани институти "Хабеос Корпус" ва бекор кардани ҷазои қатлро мисол оварданд.

Ашхос ва созмонҳои кирояшуда дар ин бора як-ду сол бо шавқу ҳавас дод заданд, то фаромӯш шудани хабар. Баъд маълум шуд, ки "Хабеас Корпус" умуман ба фаъолият оғоз накардааст.

Соли равон марҳилаи нави наздикшавӣ ва худнамоиҳои нав ба мушоҳида мерасанд. Пеш аз сафари Хилари Клинтон ҳукуматдорони Ӯзбакистон олиҳимматона ҳомии ҳуқуқи пиронсол Норбой Холйигитовро, ки шаш сол дар зиндон буд ва дар ин муддат аз ҳамаи дандонҳояш маҳрум шуд ва журналист Ҷамшед Каримовро,ки панҷ сол меҳмони девонахона буд, озод карданд.

Кам кардани мӯҳлати раисҷумҳур ба қатори ин "либералҳо"-и намоишкорона хеле хуб ҷой мегирад ва ин ба матбуоти нимарасмии ғарбӣ имконият медиҳад ба тамоми ҷаҳон ҷор занад, ки режими Каримов бо роҳи дуруст, ба самти "прогрессивӣ" ҳаракат мекунад (дар ҳақиқат ин иқдом кори дуруст аст).

Одамҳои соддалавҳ мумкин гумон кунанд, ки мӯҳлати раисҷумҳурӣ оқибати мушоҳидаи вазъияти Ховари Наздик, эҳтиёт аз инқилобҳои арабӣ бошад, то бо ин роҳ мардумро камтар таскин диҳанд: шаҳрвандони азиз, дидед, шумо дигаршавии ҳокимиятро ҳафт сол не, ҳамагӣ панҷ сол интизор мешавед. Камтари дигар тоқат кунед, шумо боз интихоботи навро мебинед.

Вале ин тахмин аз воқеияти Ӯзбакистон хеле дур аст: аз эҳтимол дур аст, ки сабаби кам кардани мӯҳлати ваколати раисҷумҳур тарсу ҳарос аз кадом як инқилобе бошад -Каримов халқи ӯзбакро бисёр пассив, тарсончак медонад ва ба фикри ӯ ин халқ қобилияти ташкил кардани эътирозҳои фаъолро надорад. Ҳарчанд, чораҳои эҳтиётиро меандешад ва хеле ҷиддӣ.

Моҳи январи соли 2012 Каримов 74-сола мешавад. То охири мӯҳлати раисҷумҳурии ӯ чаҳор соли дигар мемонад ва дар гумон аст, ки дар 78-солагӣ бори дигар номзадии худро ба ин мансаб пешбарӣ намояд (ҳарчанд раисҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе ба 87 даромадааст ва ин ба ӯ халал намерасонад, ки кишварашро ба сӯи ҷарӣ барад).

Ҳамин тариқ, мӯҳлати раисҷумҳуриро кӯтоҳ карда, Каримов ҳеҷ чизро бой намедиҳад ва ҳатто баръакс бурд мекунад, яъне имиҷи зарурии "либерал"-ро ба даст меорад.

Амалиёти "Ҷойгузин"

Боз як фарзияи дигар: Каримов интиқоли меросии ҳокимиятро фикр кардааст. Қарори аҷоиб ва алҳол шаҳрдоданашудаи ҳукуматдорон имконият медиҳад чунин вусъати ҳодисаҳоро тахмин кунем. Тақрибан ин чунин хоҳад буд. Мӯҳлати кунунии роҳбарии раисҷумҳур ду сол кӯтоҳ мешавад ва интихобот на дар охири соли 2015, балки охири соли 2013 доир мегардад.

Барои чӣ ин қадар пеш? Барои он, ки раисҷумҳур сахт бемор аст (дар ин бора танҳо худаш ва доираи маҳдуди одамони боваринок медонанд) ва эҳтимол ҳис мекунад, ки то охири мӯҳлати худаш муайянкарда сарварӣ карда наметавонад.

Аз ҳамин сабаб корро метезонанд ва мақсади асосии раисҷумҳур ба курсии худ шинондани одами худ мебошад, то вақте ки ба ин саломатиаш ва вазъияти мусоид имконият медиҳад. Охир кӣ медонад, ки баъди чаҳор сол чӣ мешавад -вазъият дар ҷаҳон босуръати ниҳоят тез тағйир меёбад.

Агар ҳамаи ин ба хотири ҷойгузин бошад, гумон накунед, ки сухан дар бораи Азимов, Иноятов ва Мирзиёев меравад. Кӯтоҳ кардани мӯҳлати раисҷумҳурӣ танҳо дар як ҳолат маънӣ дорад: агар ҷойгузин хеши Каримов, кадоме аз клани хешовандӣ бошад. Дар он вақт ҳама чиз маълум мешавад: раисҷумҳур саросема аст, то ба курсӣ маҳз ӯ- одами лозимиро шинонад ва интиқоли ҳокимият ҳамвор, бе ягон ҳодисаи нохуш гузарад.

Такрор мекунем: Ҳамаи инро танҳо дар ҳолате ташкил кардан мумкин аст, ки агар саломатии раисҷумҳур нисбатан хуб бошад. Овозаҳо дар бораи саломатии ӯ кайҳо боз он қадар хуб нестанд.

Ваколатҳои раисҷумҳурии Каримов кай ба охир мерасанд?

Агар ин тахминҳо нодуруст бошанд, суол дар бораи вақти интихоботи нави раисҷумҳур ба миён меояд. Дар хабарҳои ВАО-и Ӯзбакистон доир ба кӯтоҳ кардани ваколатҳои раисҷумҳур гуфта намешавад, ки ин ба мӯҳлати кунунии раисҷумҳур Каримов ҳам тааллуқ дорад ё не, ё танҳо ба раисҷумҳури оянда. Маълум, ки вай мехоҳад перомуни ин дар дақиқаҳои охирин, вақте ки барояш лозим мешавад, хабар диҳад.

Соли 2002 бо ташаббуси ӯ дар Қонуни Асосӣ ва Қонун дар бораи интихобот қоидаи аҷоибе ворид карда шуд: перомуни он, ки интихоботи раисҷумҳур бояд дар даҳаи сеюми моҳи декабри "соли ба охир расидани мӯҳлати конститутсионии ваколатҳои вай" гузаронида шавад.

Яъне, бо назардошти он, ки маросими савгандёдкунии Каримов 16-уми январи соли 2008 баргузор шудааст, интихоботи оянда моҳи декабри соли 2015 доир мегардад ва тамоми соли 2015, аниқтараш аз 16-уми январи соли 2015  (рӯзи ба охир расидани мӯҳлати ҳафтсолаи ӯ) вай мансаби раисҷумҳурро номаълум, ки дар кадом асос ишғол мекунад -аллакай баъди "ба охир расидани мӯҳлати конститутсионии ваколатҳояш".

Чӣ хеле ки маълум аст,қонун таъсири баръакс надорад ва аз ин рӯ раисҷумҳури ба мӯҳлати ҳафт сол интихобшуда бояд то охири ҳамин мӯҳлат кор кунад. Лекин қонунҳо барои Каримов навишта нашудаанд ва мӯҳлати гузашта ҳам вай ба ҷойи панҷ сол ҳафт сол (аниқтараш ҳашт сол) ҳукмронӣ кард.

Соли 2002 ҳукуматдорон барои ду сол дароз кардани мӯҳлати ваколатҳои раисҷумҳур райъпурсӣ ташкил карданд. Ба қавли раиси ҳамонвақтаи Комиссияи марказии интихобот Абдурафиқ Аҳадов ба раисҷумҳури амалкунанда дароз кардани мӯҳлати президентӣ дахл надорад ва ҳангоми мусбат будани натиҷаҳои райъпурсӣ вай танҳо баъди интихоботи нави раисҷумҳур амал мекунад.

Изҳороти ӯ, албатта, бомуваффақият фаромӯш шуд ва Каримов боз расман ду сол, вале амалан се сол ҳамчун раисҷумҳур боқӣ монд. Вай пештар ҳам ҳамин хел карда буд -соли 1991 вай ба мӯҳлати панҷ сол интихоб шуд, вале соли 1995 ваколати раисҷумҳурии ӯ тавассути "райъпурсии умумихалқӣ" то соли 2000-ум дароз карда шуд ва дар натиҷа мӯҳлати якуми раисҷумҳурии вай ҳам ҳашт солро ташкил дод.

Баробари ин мӯҳлати сеюми ӯ тамоман нофаҳмост ва Каримов ба мамлакат бар хилофи Қонуни Асосии амалкунанда роҳбарӣ мекунад, зеро дар он омадааст, ки як кас танҳо ду маротиба раисҷумҳур интихоб шуда метавонаду халос.

Бале дар ин хусус касе чизе нагуфтааст, ягон шахси расмӣ изҳори андеша накардааст, ғайри журналистҳои беинсоф ва ё аз таърихи масъала ноогоҳ. Ислом Абдуғаниевич ба қонун рӯирост туф кардааст.

Хулосаи умумӣ чунин аст: Агар ҳукуматдорон изҳор кунанд, ки кӯтоҳкунӣ ба мӯҳлати кунунии раисҷумҳурии Каримов ҳам дахл мекунад, ин маънои онро дорад, ки саломатии ӯ тамоман бад аст ва ӯ мехоҳад ҳарчи тезтар ба ҷойи худ кадом як "ҷойгузинро" шинонад.

Агар мӯҳлати кунунии вай кӯтоҳ карда нашавад, интихобот моҳи декабри соли 2015 баргузор мегардад ва худи Каримов мувофиқи Қонуни беназири Ӯзбакистон "Дар бораи интихоботи раисҷумҳур" метавонад мансаби худро боз як соли дигар баъди ба охир расидани мӯҳлати раисҷумҳурияш ишғол кунад: 11 моҳ то интихобот дар охирҳои моҳи декабр ва боз 1-2 моҳи дигар то маросими савгандёдкунии раисҷумҳури оянда -яъне то охири моҳи феврали соли 2016.

Агар саломатияш иҷозат диҳад ва Каримов хоҳад, ки ин мӯҳлатро ҳам дароз кунад, сенаторҳо ва дигар "хизматгорҳои халқ" ба хизмати ӯ тайёранд...

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi