19:11:08 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

ШАҲРИ МАХФИИ ЗЕРИЗАМИНИИ ПУТИН ЁФТ ШУД

Ura.ru

Дар он 300 ҳазор одам ним сол ба рӯйи замин набаромада зиндагӣ карда метавонанд. Пойгоҳи махфии ҳукумати Русия дар кӯҳҳои Урали Ҷанубӣ, на он қадар дуртар аз маркази лижаронии "Абзаково" пайдо шуд, ки сарвазири ФР Владимир Путин тез-тез меҳмони он мешуд.

/images/stories/2011/12/27_gorod_putina_2011.jpgДар бораи бункери кӯҳӣ овозаҳои бисёр паҳн шудаанд ва ҳатто сокинони маҳалҳои аҳолинишини ба он наздик дуруст намедонанд, ки ҳанӯз аз замони "ҷанги сард" дар кӯҳҳо чӣ иншооте месозанд. Мо тасмим гирифтем маълум кунем, ки комплекси махфии воқеъ дар Урали Ҷанубӣ чист? Сохтмончиёни шаҳри зеризаминӣ чӣ мегӯянд? Вай дар куҷо ҷойгир шудааст? Чӣ хел муҳофизат мешавад? Бо чӣ хел коммуникатсияҳо таъмин шудааст? Ҳамаи асрор дар мақолаи хабаргузории мо.

Дар оғози асри нави ХХ1 раисҷумҳури ҳамондавраи Русия Владимир Путин тез-тез меҳмони фароғатгоҳи лижаронии "Абзаково"-и Урали Ҷанубе, тақрибан дар 60 километрии шаҳри Магнитогорск мешуд. На худи Путин ва на мушовиронаш ба ҷомеа фаҳмонда тавонистанд, ки барои чӣ сардори давлат ба ин ҷой ин қадар меҳр бастааст.

Расман дар ин ҷой лижаронӣ кардан ба Путин маъқул шудааст. Лекин фарзияи ғайрирасмӣ ҳам ҳаст. Масалан, раисҷумҳур барои назорати сохтмони шаҳри зеризаминии махфӣ меомад, ки дар баландтарин кӯҳи Массиви Урали Ҷанубӣ- Ямонтов (дар тарҷума аз забони бошқирдӣӯҳи бад", дар баландии 1640 км) ҷойгир шудааст.

Дуруд аз Амрико

Дар бораи мавҷудияти иншооти махфии кӯҳӣ дар Урали Ҷанубӣ ба тамоми ҷаҳониён пеш аз ҳама амрикоиҳо хабар доданд. 16-уми апрели соли 1996 рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" мақолае чоп кард ва дар он перомуни пойгоҳи ҳарбии асрорангез, ки дар Русия сохта мешавад, нақл мешуд. "Тибқи лоиҳаи махфӣ, ки замонҳои ҳавлангези "ҷанги сард"-ро ба хотир меорад, Русия дар мавзеи кӯҳҳои Урал бо сохтмони муҷтамаи бузурги зеризаминӣ машғул аст. Дар ин бора ашхоси расмии Ғарб ва шоҳидон дар Русия нақл кардаанд. Ба назди иншооти бузурги дохили кӯҳи  Ямонтов, дар ноҳияи Белоретск (имрӯз шаҳри Межгорск, -қайди идора) пинҳон шуда роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард меояд. Ба кори сохтмон ҳазорҳо коргар ҷалб шудаанд", -навиштааст нашрия.

Ба мавзӯъ ВАО-и дигари хориҷӣ низ мароқ зоҳир намуданд. Рӯзномаи "Вашингтон пост" 1-уми апрели соли 1997 таҳти унвони "Маскав барои халосӣ аз ҳуҷуми эҳтимолии ҳастаӣ бункерҳо месозад" мақолае чоп кард ва дар он гуфта  мешуд: "Дар ҳоле, ки ИМА аксарияти чунин иншоотҳоро бастааст, Русия бо суръати баланд барномаи гаронарзишро оид ба сохтмон паноҳгоҳҳои зеризаминӣ, нақбҳо ва пунктҳои фармондеҳии аз замони "ҷанги сард" ба меросмонда амалӣ мегардонад. Аз ҷумла корҳо доир ба сохтмони пункти фармондеҳии зеризаминии нерӯҳои стратегӣ дар Урал, дар наздикии шаҳри Белоретск идома доранд.

Нашрияҳои хориҷӣ кӯшишҳо ба харҷ доданд, то дар ин бора шарҳу тафсири ашхоси расмии Русияро пешкаши хонандагони худ гардонанд. Вале, табиист, ки касе шарҳи возеҳе надод. Журналистҳои Русия сенсатсияро перомуни иншооти махфӣ дар кӯҳи Ямантов тақвият надоданд: чанд мақолае рӯйи чоп омад ва дар онҳо фарзияҳое ба мисли истихроҷи маъдани уран дар кӯҳҳои Урали Ҷанубӣ, сохтмони амбори сарватҳои давлатӣ ва захирагоҳи маҳсулоти ғизоӣ пешниҳод шуданд. Аз ҷумлаи онҳо боз фарзияи сохтмони бункер барои ҳукумати Русия дар ҳолати сар задани ҷанги ҳастаӣ низ буд. Вале оҳиста-оҳиста мавзӯи иншооти махсус дар Ямантов фаромӯш шуд.

Сайёҳҳо -ҷосусҳо

Лекин дар муқоиса бо боқимондаҳо Ямантовро сайёҳон, ки ҳар сол ба фатҳи ин кӯҳ камар мебанданд, фаромӯш накарданд. Онҳо нақл менамоянд, ки маҳз аз аввалҳои солҳои 2000-ум чораҳои муҳофизатии гирду атрофи Ямантов сахттар шуданд. Аз як тараф кӯҳ дар ҳудуди мамнӯъгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ ҷойгир шудааст (нақл мекунанд, ки мамнӯъгоҳро дар он ҷой тасодуфан ташкил накардаанд). Вале гирду атрофи Ямантовро на танҳо ҷангалбонҳо, балки ҳарбиҳо низ посбонӣ мекунанд.

"Дар мавзеи иншооти махсуси Ямантов бояд эҳтиёткориро риоя кард. Садои баланд, баровардан, гулхан афрӯхтан ва ҳузури худро бо дигар воситаҳои нохуб ошкор кардан мумкин нест. Дар ҳолати акс шуморо сарбозони таъиноти махсус дастгир карданашон мумкин. Шумо ба онҳо плёнкаҳои аксбардорӣ кардаатон (боз пул, корд, сигаретҳоятонро) медиҳед, исбот мекунед, ки шумо ҷосус нестед ва агар дар ниҳояти кор шуморо сар диҳанд ва ё ба ҷангалбонҳо супоранд (агар напарронанд), шумо ба онҳо изҳори миннатдорӣ мекунед", -маслиҳат медиҳанд сайёҳон.

Онҳое, ки то қуллаи Ямантов баромадаанд, мегӯянд, вай ба мисли пуштакӯҳи калони сангин аст бо тӯдаҳои на он қадар калони харсангҳо дар марказ. "Дар қулла то аввалҳои солҳои 90-ум қисми ҳарбие меистад, ки майдончаи бетонпӯши чархболҳо ва таҷҳизоти махсуси ҳарбиро хизмат мерасонид. Баъди рафтани ҳарбиҳо дар қуллаи кӯҳ харобиҳои биноҳои пештара, кӯлмаки мазут ва ғарами оҳанҳои чангзада боқӣ мондаанд", -нақл мекунанд шоҳидҳо.

Сайёҳон чоҳҳоеро (шахта) ҳам дидаанд, ки ба умқи кӯҳҳо мебаранд. Лекин қисми зиёди одамони аз Ямантов дидан карда мегӯянд, ки дар он ҷой эҳтимол конҳои уран ҷойгир шудаанд. "Мо дар он ҷой чуқуриҳои ҳавзмонандро дидем, ки бо деворҳои бетонӣ аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Эҳтимол онҳо барои муваққатан нигоҳ доштани маъдани уран пешбинӣ шуда буданд", -мегӯяд яке аз сайёҳон. "Лекин, перомуни он, ки дар қаъри кӯҳҳои Ямантов чӣ пинҳон аст, ҳатто сокинони лижагаре ҳам, ки дар наздикии кӯҳ ҷойгир аст, ҳеҷ чиз намедонанд. Иншооти Ямантов мақоми баланди махфият дорад ва ин аниқ аст. Боқимонда ҳама фарзу тахминҳо мебошанду халос", -меҳисобад дигаре.

Шаҳри махфӣ

Вале фарзу тахминҳои мушоҳидон нодуруст баромаданд. Дар кӯҳи Ямантов на кони уран, балки шаҳри ҳақиқии зеризаминӣ сохта шудааст. Ба хабаргузорӣ муяссар шуд, то бо якчанд сохтмончие, ки дар бунёди он ширкат варзидаанд, дар иртибот шавад. Ҳамаи онҳое, ки ба Ямантов муносибате доштанд, забонхат додаанд, ки дар бораи он иттилоот паҳн намекунанд ва аз ҳамин сабаб номҳои онҳоро ифшо намесозем.

Инак, чӣ хеле ки яке аз иштирокдорони ҳодисаҳо нақл намуд, сохтмони пойгоҳи зеризаминӣ дар кӯҳи Ямантов дар ҳақиқат дар замони Шӯравӣ, солҳои "ҷанги сард" оғоз шудааст. Иншоот аз тарафи Раёсати сохтмонии 30-и Вазорати дифоъ тарҳрезиву сохта шудааст. Раёсат дар ЗАТО-и Межгорс (пештар Белоретск 16, ҳамчунин шаҳри Солнечный ном дошт) ҷойгир шудааст. Раёсати сохтмонии 30 ба сохтмони иншоотҳо ва биноҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ихтисос ёфтааст, сохмони зеризаминии бузургҳаҷмро анҷом медиҳад: дар ин бахш РС-30 калонтарин ташкилоти сохтмонӣ мебошад.

Корҳо доир ба сохтмони шаҳри зеризаминӣ тақрибан соли 2002 ба анҷом расидаанд (айнан замони тез-тез ба Абзаково сафар кардани Путин). Шурӯъ аз ҳамон вақт корҳои доимӣ оид ба нигоҳдории муҷтамаъ идома доранд (пурзӯршавии муҳофизати ҳудудро ҳам сабаб ҳамин аст). Ба кӯҳи Ямантов шохаи роҳи оҳан кашида шудааст. Аз Магнитогорск то ин ҷой роҳи мошингард ҳам меояд. Шаҳри зеризаминӣ барои зиндагии 300 ҳазор одам дар як вақт пешбинӣ шудааст (барои муқоиса дар Магнитогорск 400 ҳазор, дар Екатеринбург 1,5 миллион одам зиндагӣ мекунанд).

"Дар муҷтамаи зеризаминӣ, ки ба "хонаҳо" тақсим шудаанд, тамоми инфраструктураи лозимӣ сохта шудааст: коммуникатсияҳо кашида шудаанд. Барои он, ки одамон дар ин ҷой ҳадди ақал ним сол ба берун набаромада зиндагӣ кунанд, тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд", -нақл мекунад яке аз шоҳидҳо. Ба қавли шоҳиди дигар муҷтамаъ аз системаи  чоҳҳои диаметрашон 30 метр ва дарозии умумиашон қариб 500 км иборат аст.

Иншооти зеризаминии махфӣ дар Ямантов бо чӣ мақсад сохта шудааст ва то имрӯз барои чӣ нигоҳдорӣ мешавад, чунин чораҳои бесобиқаи амниятӣ барои чӣ лозиманд? Ба ин саволҳо ҷавоби расмӣ гирифтан то ҳол муяссар нашудааст. Перомуни он, ки ба Русия хатар таҳдид мекунад, роҳбарони давлат чизе нагуфтаанд.

Ҳафтаномаи «Дунё»


Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi