01:43:02 01-уми Июли 2025 сол

ЧАРО ЛИБИЯ БА ҲАЙАТИ СССР ДОХИЛ НАШУД?

Моҳҳои охир Либия ба мавзӯи доғ табдил ёфтааст: инқилоби навбатии арабӣ, ҷанги дохилӣ, ҳалокати полковник Қаззофӣ ва ниҳоят дастгир шудани писари ӯ. Коршиносон фол мебинанд -ин кишварро чӣ интизор аст? Фурӯпошӣ? Дигаргун шудан? Лекин кам касон медонанд, ки баъди Ҷанги ҷаҳонии дуюм Либия (ва ё қисми он) мумкин буд ҷумҳурии шонздаҳум дар ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ гардад.

Рим зидди Истамбул

/images/stories/2011/12/23_gaddafi_sssr_1.jpgВақте ки имрӯз сабабҳои фоҷиаи Либияро меҷӯянд (ҷанги дохилӣ барои ҳар як кишвар фоҷиа аст), хеле кам одамон дар бораи заминаҳои таърихии он гап мезананд. Ба хотир меорем: Либия давлати ҷавон ва ба маънии маълум сунъӣ мебошад. Бо гардиши фалак дар он қабила ва халқҳои гуногун муттаҳид шудаанд ва чӣ хеле ки ҳодисаҳои охирин нишон медиҳанд, гуфтан душвор аст, ки онҳо худро халқи воҳид меҳисобанд.

Сарҳисоби ин ҳодисаҳоро аз соли 1911 оғоз кардан лозим аст. Ҳамон вақт Италия пинҳонӣ дастгирии давлатҳои бузург, аз ҷумла Русияро соҳиб шуда, ба Туркия ултиматуми бесобиқаи беҳаёёна равон кард: "Шумо дар соҳили баҳри Миёназамин ду ҳудуди канории зебо доред, Триполитания ва Киренаика. Онҳо хеле бад идора мешаванд ва мо онҳоро мегирем!"

Ёдовар мешавем: чӣ хел идора кардани заминҳояш кори Туркия аст. Вале Империяи усмонӣ аз ҳад зиёд васеъ буд ва дар ҳақиқат то ба ин майдонҳои пушти ҳавлӣ дасташ намерасид. Дар он ҷойҳо гарнизонҳои камшумор меистоданд. Лекин онҳо чиро муҳофизат мекарданд? Хуб- хати лаби соҳилро, лекин қисми калони ҳудудҳои ин ҷой биёбонҳои аз офтоб сӯхта бо корвонҳои бадбахти бадавиҳо мебошанд. Лекин Италия бошад ба дарунтари Африқо роҳ ёфтан мехост, орзу дошт дар қатори давлатҳои мустамликадори Аврупо бошад. Барои ҳамин чаро ҳудудҳоеро, ки хуб муҳофизат намешаванд, кашида нагирад?

Ҷанги Триполитания

Хулоса, баъди ултиматум ҷанги имрӯз фаромӯшшудаи Триполитания (1911-1912) оғоз гардид. Италия флот, авиатсияи пурқувват (дар ҳамин ҷой бори аввал ба мақсади ҷанг истифода шудааст) қӯшуни доимамалкунандаи таълимдида дошт. Туркҳо метавонистанд ба саркашии адами як қисми қабилаҳои араб, истеъдоди қумондонҳои алоҳида (масалан, капитани ҷавон Мустафо Камол -дигаргунсозандаи ояндаи Туркия) умед банданду халос. 

Кӣ ғолиб омад -маълум аст. Таърихи минбаъдаро ба тарзи гуногун тафсир кардан мумкин аст. Метавон дар бораи қаҳрамонҳо ва қурбониҳо сухан ронд. Дар ҳақиқат як қисми бадавиҳо муддати дароз партизанӣ карданд ва онҳоро бераҳмона саркӯб мекарданд. Баробари ин қисми дигари аҳолӣ (қисми бештараш) бо майли том аврупоӣ шуд ва ба ҳокимияти нав итоаткорона муносибат мекард, зеро итолиёҳо баъди саркӯб кардани муқовимат барои Либия нерӯю маблағ ҷудо карданд, ба сохтмони роҳҳо, корхонаҳо шурӯъ намуданд…

Аз соли 1934 Триполитания, Киренаика ва Фетстани аз тарафи мустамликадорон муттаҳид шуда "Либияи Италия" номида мешуд. Вале дар Рим Муссолини ҳукмронӣ мекард. Италия баъди Ҷанги ҷаҳонии дуюм байни мағлубшудагон ҷой гирифт. Ғолибон бошанд фикр мекарданд: мустамликаҳои онро чӣ кор кунем?

Баррасии вариантҳо

Бори аввал перомуни ин Сталин соли 1945 дар Конфронси Потсдам сухан ронд. Ҳамон вақт лидерҳои кишварҳои ғолиб тасмим гирифтанд, ки бо ин мавзӯъ вазирони умури хориҷиашон машғул мешаванд. Солҳои 1945-47 конфронсҳои дахлдор се маротиба -дар Лондон, Париж ва Ню-Йорк баргузор шуданд.

Мустамликаҳо бисёр буданд- Эфиопия, Эритрея, як қисми Сомалии имрӯза, ҷазираҳои юнонизабони Дое Канез, ки аз туркҳо дар ҷанги Триполитания гирифта шудааст, лекин ҳоло нақли мо дар бораи Либия аст.

Ба ҷузъиётҳояш дода нашуда, моҳияти муносибатҳоро мефаҳмонем -ҳарчанд бозӣ хеле мураккаб буд ва мавқеи ҷонибҳо ҳар лаҳза тағйир меёфт. Худи манзара чунин буд: Итолиёҳо рафтанд, Триполитания ва Киренаикаро Бритониё ва ИМА, Фетстсенро (Феццен) нерӯҳои "Фаронсаи озод" ишғол карданд. Пешвои ассенусси кайҳо боз дар Англия зиндагӣ мекард ва ба инглисҳо ҳусни таваҷҷӯҳ дошт.

Вариантҳои зиёде пешниҳод шуданд:

-Либия даҳ сол ба васояти СММ таҳти идораи байналмилалӣ қарор мегирад ва баъд соҳиби истиқлолият мешавад (пешниҳоди ИМА);

-Либияро ба Италия баргардондан лозим, зеро Италия дигар кишвари фашистӣ нест (мавқеи Фаронса, лекин мехост Фетстанро дар ихтиёри худ нигоҳ дорад);

-На танҳо Либия, балки мустамликаҳои дигар низ бояд ба ихтиёри Англия гузаранд (маълум, ки варианти Англия), зеро бритониҳо дар ин ҷой ҷанг кардаанд, хун рехтаанд. (Сталин: "Лекин Берлинро Артиши Сурх ишғол кардааст!");

-аз сари нав атқсим кардани Либия ба музофотҳо ва додани ҳар кадоме аз онҳо ба кишварҳои бузург. Ин пешниҳоди Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва вай таъкид кард: итолиёҳо якҷоя бо олмониҳо дар ҳудудҳои мо ҷанг карданд ва ба кишвари мо зарар оварданд. Аз ин рӯ, мо ҳақ дорем ҷуброн талаб кунем. Ҷуброн метавонад таҳти контроли Иттиҳоди Шӯравӣ додани Триполитания бошад -чунин изҳор кард комиссари халқии умури хориҷии Шӯравӣ Вечеслав Молотов моҳи сентябри соли 1945.

Устувор кардани мавқеъ

Молотов баъди пир шуданаш мегӯяд: "Баъди ҷанг ба мо Либия даркор шуд. Сталин мегӯяд: "Давай, нажимай!". Дар яке аз ҷаласаҳои вазирони умури хориҷӣ ман изҳор кардам, ки дар Либия ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ пайдо шудааст, мо мехоҳем онро дастгирӣ кунем ва дар он ҷой пойгоҳи ҳарбии худро бисозем. Баъди шунидани суханони ман аҳволи  Бевин (вазири умури хориҷии Бритониёи Кабир) бад шуд. Ба ӯ ҳатто сӯзандору гузарониданд. Вай фарёд мезад: "Ин ҳайратовар аст! Шумо ҳеҷ вақт он ҷой набудед!"

Ин нақлро ёддоштҳои де Голл ҳам тасдиқ мекунанд. "Молотов барои Русия мандати СММ-ро ба Триполитания талаб кард. Баъди шунидани ин суханҳо дами Бевин ва Бернс (котиби давлатии ИМА) ба дарун зад ва бо ҳамин ҷаласа қатъ шуд".

Лекин барои Сталин замини хеле дур ва тамоман бегона чӣ лозим буд? Ёдовар мешавем, ки он вақт нафти Либияро ҳанӯз кашф накарда буданд (дар он вақт кор бо баҳси дипломатҳо тамом намешуд). Эҳтимол ҷавоб бисёр аст. Худи Молотов ба Чуев фаҳмондааст, ки ҳамон вақт сари Сталин чарх зада буд ва ҳатто ӯро ба Милюков, ки ҷазираҳои Дарданелро орзу дошт, муқоиса кард.

Баробари ин дар ҷойи дигар гуфта буд: Ба фикри Сталин русҳо дар таърихи худ бисёр хуб ҷанг кардаанд, лекин аз самараи ғалабаи худ истифода бурда наметавонистанд -онҳоро дарҳол аз "кулчақанд" маҳрум мекарданд. Аз ин рӯ лозим аст ба рақибҳо фаҳмондани он, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам метавонад манфиатҳои худро дошта бошад ва ин аз нуқтаи назари Сталин фоида дошт. Дуюм -мулоҳизаи прагматикӣ.

Муовини комиссари халқии умури хориҷа М. Литвинов моҳи июни соли 1945 дар он бора қайдҳои таҳлилӣ омода кард, ки баъзе аз мустамликаҳои Италия барои ИҶШС манфиат дошта метавонанд. Либия бо як-дуто ҷазираи Додеканез-ин аллакай имконият аст барои "мустаҳкам кардани мавқеъ дар ҳавзаи баҳри Миёназамин".

Таърихи алтернативӣ

Барои чӣ чунин нашуд, баъд мегӯем. Ҳоло биёед таърихи алтернативиро тасаввур мекунем. Молотов Триполитанияро талаб кард. Пас маълум мешавад, ки сухан дар бораи тамоми Либия нарафтааст? Бигзор чунин бошад. Давомашро мебинем… Фарз кардем, ки мо ба мақсади худ расидем, пойгоҳамонро дар он ҷой гузоштем. Дарҳол дар музофотҳои дигар инглисҳо ва амрикоиҳо пойгоҳҳои худро месозанд…

Баробари ин ҷанги сард оғоз мегардад. Идрис бо маслиҳати инглисҳо парчами муборизаро баланд мебардорад -эҳтимол таҳти шиори Либияи ягона чекистҳои мо ба он муқобилият нишон медиҳанд. Молотов соли 1945 қайд карда буд: мо ба либиягиҳо сохти давлатдории худро бор карданӣ нестем -ба мо танҳо пойгоҳ лозим асту халос.

Лекин мантиқи ҳодисаҳо маҷбур мекард, ки мо бояд бо ягон роҳ ин ҳудудро ба худ мувофиқ мекардем. Бигзор ҳатто бидуни ГУЛАГҲО ҳам бошад. Эҳтимол мо элитаи ҷонибдори худро тарбия мекардем, ҷавонони маҳаллиро дар мактабҳои олии худ мехонондем…

Баъд чӣ? Аз рӯӣ вазъият: дар ҳолати ниҳоят зарур Сталин варианти "Прибалтика"-ро истифода мекард -дохил кардани Триполитания ба ҳайати ИҶШС, то онро мустаҳкамтар бандем (Худоро шукр, ки дар он ҷой қувваи ҳарбӣ дорем). Ҳарчанд онро ба як давлати ба худ содиқ табдил додан мумкин аст, ба мисли варианти лагери сотсиалистӣ.

Лекин баъд дар Либия нафт ёфт мешавад. Дар сари  одамони маҳаллӣ фикре ба вуҷуд меояд: ба мо русҳо чӣ лозим, бо нафт худамон хам зиндагӣ карда метавонем.

Ҳарчанд, чӣ ҷойи фол дидан: вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ пурқувват буд, имконият дошт, ки ҳам нигоҳ дораду ҳам муқобилият нишон диҳад. Лекин, вақте ки заиф шуд… Эътиборат баланд аст (ва баъзан фоида ҳам дорад) агар дар соҳилҳои дур парчами худро дошта бошӣ -лекин ин заминҳо ҳарчи дуртар бошанд, нигоҳ доштанаш ҳамон қадар душвортар мешавад! Александри П фурӯхтани Аляскаро ба он хотир афзал донист, ки ИМА бепул ҳам кашида гирифта метавонист. Лекин, мумкин шумо фарзияи худро пешниҳод мекунед.

Ба хотири коммунистҳои Италия

Лекин кор ранги дигар гирифт. Моҳи апрели соли 1946 Иттиҳоди Шӯравӣ якбора мавқеи худро дигар кард: пешниҳод кард, ки тамоми мустамликаҳо, аз ҷумла Либия ба Италия баргардонда шаванд. Дар он ҷой баъди ҷанг ҳизби коммунистӣ хеле маъруф буд ва воқеан метавонист дар интихоботи парлумон ғолиб ояд. Хостанд ба интихобкунандаи маҳаллӣ сюрпризи имконпазирро намоиш диҳанд.

Лекин коммунистҳо ғалаба накарданд. ИҶШС ба комиссияи чаҳорҷонибае дохил шуд, ки дар Либия барои муайян кардани тақдири кишвар кор мекард.  Менависанд, дар аввал мо нерӯҳоеро меҷустем, ки метавонистанд ба мо такя кунанд -наёфтанд. Аз ҳамин сабаб тадриҷан мароқи шӯравӣ ба ин кишвар аз байн рафт.

24-уми декабри соли 1951 Идрис ас-Сенусси истиқлолияти Либияро эълон кард. Иттиҳоди Шӯравӣ худи ҳамон рӯз ин давлатро эътироф намуд. Идрис шоҳ шуд. 1-уми сентябри соли 1969 ӯро Қаззофӣ сарнагун кард ва баъд, чӣ хеле ки мегӯянд, таърихи тамоман дигар оғоз гардид.

Соҳили роҳзанҳо

Кишваре бо таърихи якхела вуҷуд надорад, вале таърихи Либия тамоман нодир аст. Замонҳои хеле пеши Финикия, Карфеган, Рум, Хилофати Арабро ба хотир намеорем. Танҳо мегӯем, ки шурӯъ аз асри ХУ1 дар ин гӯшаи соҳили баҳри миёназамин масоҳате вуҷуд дошт, ки расман як қисми Империяи Усмонӣ ба ҳисоб мерафт.

Вале онро дар асл сулолаи маҳаллии Караманли (бо решаҳои албанӣ) идора мекард ва аҳолӣ, ки на бо туркӣ, балки бо забони арабӣ гап мезад, садсолаҳо инҷониб пеш аз ҳама бо роҳзанӣ ва ғуломфурӯшӣ зиндагӣ мекард. Ин пешаҳо барои аврупоиҳо -итолиёиҳо, испаниҳо, фаронсавиҳо, инглисҳо проблемаҳои зиёд ба вуҷуд меоварданд, лекин роҳзанҳо ҳама экспедитсияҳои ҷазодиҳандаро ба мағлубият дучор мекарданд.

Танҳо соли 1830 фаронсавиҳо баъди ишғоли Алҷазоир ба Триполи ҳуҷуми калони баҳрӣ ташкил карданд. Ғалаба накарда бошанд ҳам, сахтакак тарсонда монданд. Лекин аз вазъият туркҳо истифода бурданд: ҳудуди худашон будани ин сарзаминро ба хотир оварда, Караманлиро сарнагун карданд ва Либияи ояндаро ба ду музофоти канории худ -Триполитания (ба он музофоти ояндаи Фетстсан ҳам дохил мешуд) ва Киренаика табдил доданд.

Ҳафтаномаи «Дунё»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ