01:13:22 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

БЕРУН РОНДАНИ БӮМИҲО АЗ САРЗАМИНИҲОИ АҶДОДӢ, АВВАЛИН МИСДОҚИ ТЕРОРРИЗМИ ДАВЛАТИИ АМРИКО

Ба гузориши хабаргузории «Форс» яке аз рӯшантарин намунаҳои терорризми давлатии Амрико, тавассул ба зӯр ва хушунат барои берун рондани сурхпӯстон аз сарзаминҳои аҷдодиашон аст.

/images/stories/2011/11/21_ancient_migration.jpgБекӣ Ол. Суч, таҳлилгар ва устоди донишгоҳи «Гресланд»-и Амрико дар мақолае менависад: «Ончӣ дар ин мақола мехонед дуруст ва бархилофи бовари оммаи мардум аст, ки Амрикоро кишваре медонанд, ки бар асоси озодӣ ва озодагӣ бино шудааст. Дуруст баръакси ин бовар, воқеият ин аст, ки Амрико ба дасти терорристҳо ва бар асоси терорризм бино шуда ва аз овони шаклгириаш низ риволи корашро бар ҳамин асос идома дода аст.

Лаффозиҳои қонуни асосии Амрико зери назари «юниторинҳо»

Дар овони шаклгирии Амрико дар даҳаи 1700, сокинони зиёде дар ин сарзамин мезистанд. Умдатан бо эътиқод ба яктопарастӣ дар масеҳият-, ки ормон ва орзуӣ бино ниҳодани кишваре тарафдори озодихоҳӣ ва вақфшуда ба онро дар сар мепарваронанд. Лафзпарвариҳои зебое ба кор рафта дар «эъломияи истиқлоли Амрико», «усули конфедросиюн» ва «қонуни асосии Амрико»-ро низ метавон ба таъсире, ки ҳамин даста аз яктопарастон («юниторинҳо») бар ин эъломия доштанд, нисбат дод. Инҳо на «бунёдгароёни масеҳӣ» буданд ва на аз ҷиргаи муҳофизакорон буданд, балки онҳоро метавон озодихоҳони он аср ба шумор овард.

Озодихоҳҳо ҳам барда доштанд

Алабатта онҳо ҳам комилан беайб ва нуқс набуданд. Дар воқеъ, онҳо низ алорағми гароиш ва майле, ки ба самти озодихоҳӣ доштанд, барда доштанд. Аммо аснод ва мадорике низ мавҷуд аст, ки нишон медиҳад, ки дар он замон низ онҳо ҳаққи бардадории худро зери суол мебурданд ва дар он тардид мекарданд.

Созиши озодихоҳон бо муҳофизакҳо

Иштибоҳи ин афроди озодихоҳ ин буд, ки қабул карданд бо муҳофизакорон созиш кунанд. Ҳамин амр муҷиб шуд, ки доктринаҳои бунёдгарона вориди рӯъёҳои онҳо шуда ва орзуҳояшонро масмум (заҳрогин) кунад ва ҳамин созишҳо буд, ки боис шуд дар баландмуддат, давлатҳое, ки таъсис мешуданд бар ҳуқуқи шаҳрвандии афрод ва тамомияти арзии фарҳангҳо, миллал ва ақвоми дигар битозанд ва онҳоро лагадмол кунанд.

Талоши амрикоҳо барои истиқлол ва терорризм аз назари подшоҳии Британия

Бисёре аз муаррихон бар ин боваранд, ки ҷурқаи инқилоби Амрико бо «меҳмонии чойи Бостон» (Boston Tea Party) зада шуд. (Меҳмонии чойи Бостон эътирози алании бархе мустаъмироти сездаҳгона алйҳи қавонини Ҷорҷи саввум, подшоҳи Бритония буд) бар асоси таърифе, ки имрӯза  давлати Амрико аз терорризм ироа медиҳад, ин ҷунбиш аз назари подшоҳи вақти Британия «терорризм» ба шумор мерафт.

Подшоҳи Британия ин эътирозро шӯриш, ҳараҷу мараҷ ва туғёни мустаъмироти қадрношинос хонд. Аммо он ҳафдаҳ фаромосуни масте, ки даст ба ин амал зада буданд, фақат шабе ба хушӣ мегузаронанд. Дар воқеъ, ҷунбиши меҳмонии чойи Бостон бо таърифи расмии давлати имрӯзини Амрико тероррисми худҷӯш номида мешавад.

Рӯъёҳои озодӣ ва озодагӣ пас аз раҳоӣ аз истеъмори англис ранг бохт

Дере напойид, ки баъд аз истиқлоли Амрико аз Инглистон, рӯъёи бино ниҳодани кишваре сохта шуда бар асоси озодӣ ва озодагӣ, ранг бохт. «Усули конфедеросиюн» то ҳудуде посдори рӯъёи озоди истиқлол барои истеъморгарон ва миллатҳои ҷадид таҳти амри ин низомҳои истеъмории ҷадид буданд. Ин усул низ айб ва нуқсҳои худро дошт ва анҷумане барои дуруст кардани он айбҳо баргузор шуд.

Қонуни асосӣ санади мустақил нест

Ин анҷуман санаде мавриди тавофуқ ироа кард, ки қонуни асосии Иёлоти Муттаҳида буд. Ин санадро тамоми додгоҳҳо дар тӯли таърих ба унвони мукаммал ва ислоҳияи усули конфедеросиюн мавриди истинод қарор додаанд. Бархе муаррихон ба иштибоҳ қонуни асосиро санаде мустақил медонанд.

Эҷоди як давлати федероли ҳаюлоӣ

Намояндагоне барои ислоҳи усули конфедеросиюн фиристода шуда буданд, санади мавриди тавофуқе навиштанд, ки мекӯшид ихтиёроти давлати федеролро аз тариқи басти ихтиёроти «юниторинҳо», ки нерӯи сиёсии қудратманде буданд, маҳдуд кунанд. Бунёдгароҳои муҳофизакор бо гуфтани ин, ки онҳо низ дар пайи ҳамин, яъне як давлати федероли кӯчак будаанд, барои худ бозори гарме эҷод мекарданд. Аммо онҳо ибороте дохили ин санад карданд, ки мунҷар ба як давлати федероли ҳаюлоӣ шуд.

Тадвини санаде барои эҷоди як давлати федероли сарватмандон

Моҳасали (зода ва ё натиҷаи) идеяи кишвари ҷадиди Амрико дар ниҳояти тадвин санади қонуние барои эҷоди як давлати федерол барои мардони сарватманди Англо-Соксун буд. Сипас ин тавофуқномаро барои миллале фиристоданд, ки таҳти усули конфедеросиюн дар канори ҳам қарор гирифта буданд то ин ислоҳияи усули конфедеросиюнро тасвиб кунанд. Иёлоти Муттаҳида қарор буд шабеҳ ба Созмони миллал шавад, яъне як маҷмаъи муташшакил аз миллале, ки бо ризоияти худ бо якдигар иътилоф ва бар сари як системи муттаҳиди дифоъӣ ва ҳамкорӣ бо якдигар тавофуқ кардаанд.

Ҳуқуқе ба қонуни асосӣ изофа шуд, ки танҳо мухтасси сарватмандон буд

Дар иёлоти «Вирҷиниё» касоне, ки аз қудрату нуфӯз бархӯрдор буданд, моликони мутамаввил (сармоягузор) заминҳои кишти тамоку буданд. Ҳатто ин қишри баргузида ҳам мутаваҷҷеҳи фуқдони шахсӣ дар ин қонуни асосии ҷадид шуданд. Онҳо муборизае ба роҳ андохтанд то «маншури ҳуқуқ»-ро ба ин санад, ки ҳуқуқи шахсии афрод дар он дар назар гирифта нашуда буд, изофа кунанд. Пул ва нуфӯзи ин афрод боис шуд, ки ин ҳуқуқи шаҳрвандии афрод низ ба ин санад изофа шавад, аммо манзур аз ин «ҳуқуқ» дар ин ҷо сафедпӯстон ва билахасс сафедпӯстони сарватманд буд.

Дар қонуни асосии Амрико на сиёҳпустон ҳаққи раъй доштанд ва на сурхпӯстону занон

Ин қонун асосе бар асоси ин қазия, ки ҳамаи инсонҳо баробар халқ шудаанд, устувор набуд, дар ин қонун сиёҳпустҳо ҳаққи раъй надоштанд аммо теъдоди онҳо ба тафкики ақаллияташон дар саршумориҳои давлат барои таъйини намояндагони давлати федероли ҷадид, муҳосаба мешуданд. Занон низ ҳаққи раъй надоштанд. Сурхпустон ҳам на ҳаққи раъй доштанд ва на ҷузъи шаҳрвандон ба шумор меомаданд.

Рӯъёри озодихоҳон бо мусолиҳа барбод рафта буд ва бархеашон муттаҳам ба тарафдорӣ аз ин санад ва ворид кардани ибороте буданд, ки ба маънои салби озодӣ ва озодагӣ буд.

Томас Ҷеферсон аввалин нафаре буд, ки усули қонуни асосиро зери по гузошт

Томас Ҷеферсон яке аз машҳуртарини ин юнитеринҳо ба шумор мерафт ва эҳтимолан аввалин нафаре ҳам буд, ки усули қонуни асосиро зери по бигузорад. Ӯ кӯшид, ки бо нақзи ихтиёроти давлати федерол, Лубизбоноро аз Наполеон   бихарад. Иёлоти Муттаҳида бар асоси усули ҳампаймонӣ ва қонуни асосӣ ҳаққ ё ихтиёре барои хариди ҳеч сарзамине надошт.

Аммо пурсиши бузургтар ва баҳсбарангезтар ин аст, ки оё Наполеон ҳаққи фурӯши Лубизбоноро дошт? Посух ин аст: «На, ӯ чунин ҳаққе надошт». Бархе аз сарзаминҳое, ки ӯ кӯшид бифурӯшад аз заминҳое буд, ки Фаронса ҳеч ҳаққи қонуние бар онҳо надошт ва амалан ва аз назари таърихӣ мутаъаллиқ ба Испониё буд.

Тамоми заминҳои ишғолшуда ба бӯмиёни Воиштиё баргардонида шуд

Сурхпӯстони Воиштиё иддаъо мекунанд, ки Наполеон на ҳаргиз мехост ин  сарзаминҳоро бифурӯшад ва на мубодират ба анҷоми чунин коре кард. Ин аснод нишон медиҳад, ки Наполеон  танҳо қалъаҳо ва таслиҳотеро, ки мутаъллиқ ба Фаронса буд фурӯхт. Ин иёлот ҳаргиз фурӯхта нашуд, танҳо  моямликие, ки таҳти ҳуқуқи қонунии Фаронса буд ба фурӯш рафт.

Ҷеферсон ҳам дар ҳимоят аз ин иддаъои Воиштиё гуфт, ки давлати Иёлоти Муттаҳида ба иллати маҳдудиятҳои қонуни асосӣ қодир ба хариди ин сарзаминҳо набуд. Тибқи таърихи худи бумиёни Воиштиё, Наполеон тамоми сарзаминҳои онҳоро ба ин бумиён баргардонид.

Давлати Амрико муттаҳам ба терорризми давлатӣ

Тайи ин мароҳили аввалия суқути рӯъёи озодӣ, давлати Иёлоти Муттаҳида ҳар навъ амали хилофи қонуниро, ки тасаввур кунед, муртакиб шуд. Ҳамалоти пешгирона кард, муоҳидаҳоро нақз кард, дигар миллалро ба ҷанг таҳрик кард, заминҳои кишварҳои дигарро дуздид, сарзаминҳоеро, ки дар Иёлоти Муттаҳида набуд, ишғол кард ва ин бадин маъно аст, ки давлати федерол муттаҳам ба терорризми давлатӣ буд. Қурбониёни ин иқдомот, сокинони қорраҳои Амрико буданд, ки давлати сафедпӯстон камар ба нобудии онҳо баста буданд.

Бештари миллали бумӣ сарзаминҳои сафедпӯстонро тарк гуфтанд

Иёлоти Муттаҳидаро дар усули ҳампаймонӣ ва қонуни асосӣ ба равшанӣ таъриф карда буданд. Бештари миллали бӯмӣ даст аз иддаъои худ  дар мавриди сарзаминҳое, ки дар ин аснод таъриф шуда буд, бардоштанд ва сарзаминҳои сафедпӯстонро тарк гуфтанд ва ба самти қисматҳои ҷанубӣ ва ғарбӣ рафтанд. Бархе дар ҳамон сарзаминҳояшон монданд ва таҳти қавонини Иёлоти Муттаҳида фаъолият карданд ва дар муқобили ихтиёроти густурдаи давлат ва таслиҳоте, ки дар ихтиёр дошт сари таслим фурӯд оварданд.

Берун рондани бӯмиҳо аз сарзаминҳои аҷдодиашон аввалин намунаи терорризми давлатии Амрико

Яке аз рӯшантарин намунаҳои терорризми давлатии Иёлоти Муттаҳида иқдоме аст, ки онро «роҳи пурашку хун» меноманд, (ки тайи он бӯмиёнро маҷбур ба муҳоҷират ба ҷанубу ғарб карданд). Иёлоти Муттаҳида бо нақзи тамоми муоҳидот ва бетаваҷҷуҳӣ ба истиғосаи (кӯмакталабиҳои) бӯмиён, таҳдид кард, ки ба нафъи маъдуде (чанд) сафедпӯсти сарватманд, ки хоҳони заминҳои бӯмиён буданд, тамоми онҳоро мекушад.

Бӯмиҳо, ки ёрои муқобила бо силоҳҳои сафедпӯстони амрикоӣ ва шикасти онҳоро надоштанд, аз «боғи адан»-и худ дар Ҷорҷия ба заминҳои хушк ва беобу алафи «Оклаҳома» ронда шуданд. Саҳнае, ки ҳар соҳибфаҳмеро ба ёди он воқеаи таърихӣ меандозад, ки Бахтуннаср ибриёнро аз Исроил ба Бобул ба асорат бурд. Муҳофизакорони ифротгаро ба содагӣ аз ин фоҷиаи ошкор чашм мепӯшанд. Онҳо барои тавҷеҳи ҷиноёте, ки алайҳи башарият анҷом доданд, «қонуни бартар» ва «иллали шарофатмандона»-ро пеш мекашанд.

Сипас ҳамин муҳофизакорони доктринаи дигаре дар нақзи ошкор усули ҳампаймонӣ ва қонуни асосӣ матраҳ карданд, ки «сарнавишти ошкор» ном дошт. Муҳофизакорони ифротии масеҳӣ ин доктринаи комилан мандардовардиро матраҳ карданд то бар асоси он иддаъо кунанд, ки машияти илоҳӣ чунин дидгоҳеро ба онҳо илқо кардааст. (Бар асоси ин доктрина, ҷиргае бар тамоми нимкураи ғарбӣ сарнавишти миллатҳои Англо-Соксун буд), ки агар воқеан машияти илоҳӣ буд бояд ба мушкили табиӣ ва қонунӣ сурат мегирифт. Вале натиҷаи он ҷанг бо бӯмиён ва Мексика бар сари тасарруфи Колифорниё ва изофа кардани он ба Иёлоти Муттаҳида буд.

Иёлоти Муттаҳида иҷоза дод, ки муҳофизакорони дилқак ва бетаҷриба ба маносиби болои давлатӣ даст ёбанд

То ин ҷо торих дигар нуфӯзе барои либеролҳо намонда буд. Сиёсатмадорони либерол ҳарчӣ доштандро бар сари созишҳо аз даст дода ва озодӣ ва озодагиро ба тавофуқ бо муҳофизакорон фурӯхта буданд. Ҳамин созишҳо ду ҷанги бузург ба бор овард. Иёлоти Муттаҳида гузошта буд, ки муҳофизакорони дилқак ва бетаҷриба ба маносиби болои давлатӣ даст ёбанд. То пеш аз соли 1861 системи дуҳизбӣ тавсеа ёфта ва дар сиёсати Амрико ба булуғ расида буд. Ҳар ду ҳизби аслӣ муҳофизакор буданд ва либеролҳоро ба қабули ҳизбҳои ақаллиятии саввум таназзули дараҷа дода буданд.

Ҳампаймонӣ бар асоси озодӣ ва озодагӣ, ки аз ҳамон ибтидо ҳам фақат як таваҳҳум буд, ба поён расид

Соли 1861 соле буд, ки дар он ҳампаймонии Иёлоти Муттаҳида ба поён расид ва муҳофизакорон бидуни ин, ки ихтиёроти лозимро дошта бошанд, онро табдил ба ташкилоти иттиҳодия федерол карданд. Кишвари ҷадиде, бо ҳамон ном Иёлоти Муттаҳида, мутаваллид шуд. Ҳампаймонӣ ба поён расид ва як давлати миллигарои  сусиёлист зуҳур кард. Таҷрибаи бузрги ҳампаймонӣ бар асоси озодӣ ва озодагӣ ба поён расид. Албатта аз ҳамон ибтидо ҳам фақат як таваҳҳум ва торихе пур аз мавориди нақзи асноди қонунӣ буд.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi