19:44:07 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«БАҲОРИ АРАБӢ» ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Перомуни сенарияи имконпазири носуботсозии вазъият дар минтақаи барои Русия аз лиҳози стратегӣ муҳим

Ақида дар бораи он, ки "баҳори арабӣ" ба тамоман тағйир додани харитаи Ховари Наздик равона шудааст ва дар навбат баъди Сурия Эрон ва Осиёи Марказӣ истодаанд, ба тезиси доимии таҳлилгарони рус табдил ёфтааст. Ин хатар дар сатҳи баланди роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии кишвар низ ба таври ҷиддӣ баррасӣ мешавад.

/images/stories/2011/11/11_photo-protest_2011.jpgБарои Осиёи Марказӣ вазъият баъди хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, ки тибқи нақша бояд соли 2014 оғоз гардад, душвор мешавад ва эҳтимол меравад, ки барои толибҳо ба дохили минтақа роҳ кушода мешавад. Лекин Русия, ки гӯё ба дуртар нигоҳ доштани толибҳо аз ҳудудҳояш ҳавасманд аст, чанде пеш изҳор дошт, ки ИМА бояд аз минтақа равад.

Муовини вазири умури хориҷии Русия Алексей Бородавкин ҳангоми суханрониаш дар Думаи Давлатӣ изҳор кард, ки ИМА бояд ба ҳузури ҳарбиаш дар Осиёи Марказӣ дарҳол баъди берун кардани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон хотима бахшад.

-Вақте ки дар Афғонистон амалиёти зиддитеррористӣ анҷом меёбад ва вақте ки Қувваҳои Мусаллаҳ аз ин кишвар хориҷ мешаванд, зарурияти таъмини онҳо аз байн меравад, бояд ҳузури ҳарбии амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ тамоман хотима ёбад, -қайд кард ӯ. -Мо ба ин исрор мекунем.

Изҳороти намояндаи ВУХ аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки вақтҳои охир Русия ба тамоман хориҷ намудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон исрор накардааст. Пештар изҳоротро перомуни он, ки ҳузури ҳарбии ИМА дар минтақа бояд ягон вақт ба охир расад, мунтазам аз забони сиёсатмадорони Русия шунидан мумкин буд. Лекин давоми як соли охир ин масъала гӯё аҳамияти худро гум карда буд.

Сабаби дигар шудани мавқеи Русия метавонад вақтҳои охир ба ҳам наздик шудани Ӯзбакистон ва ИМА бошад, ки ин эҳтимол дорад боиси аз "Манас"-и Қирғизистон ба Қаршӣ-Хонободи Ӯзбакистон интиқол додани пойгоҳи ҳарбии Амрико шавад. Бояд гуфт, ки то соли 2005 дар он ҷой пойгоҳи амрикоиён вуҷуд дошт. Нишонаҳои ҷоннок шудани муносибатҳои Вашингтон ва Тошканд вақтҳои охир кам набуданд.

Соли равон ҳайатҳои зиёди амрикоӣ меҳмони Ӯзбакистон шуданд ва пайи ҳам ба ин ҷумҳурӣ ташриф меоварданд. Чанде пеш Иттиҳоди Аврупо маҳдудияти фурӯши яроқу аслиҳа ба Ӯзбакистонро бекор кард. Охирҳои моҳи сентябр бошад, сӯҳбати телефонии И. Каримов ва Б. Обама доир гардид, ки дар он эшон ниятҳояшонро дар бораи инкишоф додани ҳамкориҳо баён доштанд.

Баробари ин Ӯзбакистон бо ҳар роҳ аз фаъолияти СПАД дурӣ меҷӯяд ва онро, чӣ хеле ки аз мукотибаҳои интишорнамудаи "Викиликс" бармеояд, олати даъвоҳои империи Русия дар ИДМ меҳисобад. Изҳорот перомуни он, ки ИМА бояд баъди анҷом ёфтани амалиёт дар Афғонистон Осиёи Марказиро тамоман тарк намояд, ҳамчун ҳушдори Русия ба Ӯзбакистон дар иртибот бо аз ҳад наздик шуданаш бо Ғарб ба назар мерасад.

Мавқеи ВУХ аз он дарак медиҳад, ки Русия ҳузури ИМА-ро дар Афғонистон ҳаргиз омиле намеҳисобад, ки тавонад онро аз толибҳо муҳофизат кунад. Яқинан баръакс, натиҷаҳои амалиёти 10 сол пеш оғозшудаи "Озодии шикастнопазир" мӯътақид месозад, ки ҳузури ИМА дар Афғонистон нақши носуботсозиро мебозад.

Мисоли ин якчанд маротиба афзоиш ёфтани наркотрафики афғонӣ мебошад, ки бо он нерӯҳои ИМА ва НАТО тамоман мубориза бурдан намехоҳанд. Канали асосии наркотрафик аз тариқи Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад ва онҳо таъсири инро бештар ҳис мекунанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо маҳз наркоборонҳо ба задухӯрдҳои байниқавмии моҳи июн дар минтақаҳои ҷанубии Қирғизистон даст доштаанд, ки ҷумҳурӣ оқибатҳои онро то ҳол паси сар карда наметавонад.

Натиҷаҳои ҳузури 10-солаи нерӯҳои ИМА ва НАТО-ро дар Афғонистон таҳлилгарони Ғарб ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ манфӣ арзёбӣ мекунанд. Суди нисбатан бештари иқтисодиро аз ин Ӯзбакистон бардошта тавонист ва камтарро Тоҷикистону Қирғизистон. Лекин натиҷаи амалиёти "Озодии шикастнопазир" натанҳо афзоиши наркотрафик, балки дар ҳама ҷой паҳн шудани созмонҳои динии бунёдгаро низ мебошад.

Ба ақидаи коршиноси олмонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Беате Эшмент оқибатҳои махсусан манфии ҳузури ИМА дар Афғонистон барои Тоҷикистон ҷой доштааст. "Аз тариқи Тоҷикистон мавҷи махсусан калони маводи мухаддир мегузарад, -гуфт вай дар мусоҳиба бо "Deutschewelle", -ва ин сатҳи ҷиноятро дар ҷумҳурӣ боло мебардорад".

Ғайри ин ба ҷумҳурӣ гурӯҳҳои исломӣ аз Афғонистон фаъолона сар мехалонанд, ки вақтҳои охир ин барои тамоми кишварҳои минтақа хос аст.

Дар Қазоқистон, ки муддати дароз минтақаи оромтарини Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, давоми соли равон якчанд ҳодисае ба қайд гирифта шудааст, ки ба фаъолшавии бунёдгароҳои исломӣ иртибот доранд. Яке аз калонтарини онҳо -барҳам задани ҷамъияти салафиҳо дар Қазоқистони Ғарбӣ баргузории амалиёти ҳақиқии ҳарбиро тақозо кард. Наздикӣ ба Қафқози Шимолии Русия ба таҳлилгарон имконият дод тахмин кунанд, ки бунёдгароӣ ба Қазоқистон маҳз аз ҳамин ҷой экспорт шудааст.

Вале афзоиши умумии исломишавии ҷомеаи Қазоқистон новобаста аз Русия ба вуҷуд меояд. Бояд гуфт, ки натанҳо мазҳаби ҳанафии барои Осиёи Миёна анъанавӣ паҳн мешавад. Афзоиши майлу рағбат ба равияҳои бунёдгарои ислом мушоҳида мешавад, махсусан дар Қазоқистони Ҷанубӣ ва Ғарбӣ, ки аксарияти аҳолиашон қазоқҳо мебошанд.

Ба ақидаи Беате Эшмент, проблемаи бунёдгароии исломӣ дар Қазоқистон бо адами сарҳади умумӣ бо Афғонистон ва иқтисодиёти пурқувват бештар мешавад. Лекин дар Русия ин ҳолат ба бунёдгароии исломӣ халал нарасонид, ки ба проблемаи ҷиддии дохилӣ табдил ёбад.

Дар Қирғизистон ҷараёнҳои бунёдгарои динӣ баъди сарнагун шудани режими раисҷумҳур Қ. Боқиев дар моҳи апрели соли гузашта фаъол шуданд. Айни замон дар ҷумҳурӣ "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Таблиғи Ҷамоат", ки дар Русия экстримистӣ эълон шудаанд ва фаъолияташон манъ аст, ошкоро амал мекунанд. Фаъолияти онҳо махсусан дар ҷануби ҷумҳурӣ зиёд ба мушоҳида мерасад, ки аз аввал бештар исломӣ аст. Аҳолии ӯзбактабор баъди задухӯрдҳои байниқавмии соли гузашта ба ҳукуматдорон муносибати манфӣ дорад ва даъватҳои ҷунбишҳои бунёдгаро дар ин ҷой бештар дастгирӣ меёбанд.

Моҳи октябр дар ҷануби Қирғизистон аз аъзои "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ", ки ба муқобили шахсиятҳои аввали кишвар амалҳои террористӣ тайёр мекард, як кас куштаву боз даҳ тани дигар дастгир шуданд. Бино ба маълумоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон байни дастгиршудагон ашхосе низ ҳастанд, ки қаблан ба хориҷа рафтаанд ва ба он хотир баргаштаанд, ки амалиётҳои қасосгирӣ барои ҳодисаҳои байниқавмии соли 2010 баргузор намоянд.

Нишонаҳои мураккабшавии вазъият дар Туркманистон ҳам ба мушоҳида мерасанд, ҳарчанд аз сабаби аз ҳад зиёд пӯшида будани кишвар дар ин бора маълумот хеле кам аст. 6-уми сентябр дар як нишасти матбуотӣ дар Алмаато журналисти рус Аркадий Дубнов хабар дод, ки мувофиқи маълумотҳои вай дар минтақаҳои назди баҳри Хазари Туркманистон деҳаҳое ҳастанд, ки дар онҳо нуфузи гурӯҳҳои исломӣ калон аст ва даромади ин гурӯҳҳо аз ҳисоби наркотрафик ба даст меоянд. Бо назардошти марзи дарози муштарак бо Афғонистон ва робитаи кӯҳнаи ҳукуматдорони туркман бо толибҳо, ки дар замони С. Ниёзов ба вуҷуд омадаанд, метавон гуфт, ки ин хабар аз ҳақиқат дур нест.

Вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои паҳншавии ҷунбишҳои бунёдгарои динӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ҳарвақта душвориҳои иқтисодиро ҳис мекунанд ва дар баъзе аз онҳо проблемаи маводи ғизоӣ ба вуҷуд омадааст. Бино ба маълумоти Созмони олмонии кӯмак ба гуруснагони ҷаҳон, ки нашрияи "Deutschewelle" овардааст, хатари гуруснагӣ дар Туркманистону Ӯзбакистон вуҷуд дорад ва дар охири соли 2006 13 фоизи аҳолии ин кишварҳо аз гуруснагӣ азият мекашиданд.

Вазъиятро дар Қирғизистону Қазоқистон коршиносони олмонӣ нисбатан мусоид меҳисобанд, ҳарчанд Барномаи умумиҷаҳонии маводи ғизоии СММ манзараи дигарро тасвир мекунад.

Чӣ хеле ки "Фарғона.ру" қайд кардааст, давоми соли охир афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Қирғизистон 27 %-ро ташкил додааст, ки нишондоди баландтарин байни кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ ба шумор меравад. Қисми калони маводи ғизоӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷа ворид мешавад ва болоравии глобалии нарх дарҳол дар бозори маҳаллӣ инъикоси худро меёбад. Нақши манфиро "инқилоби дуюми қирғизӣ" ҳам бозид, ки боиси хароб шудани соҳаи кишоварзӣ ва бад шудани таъминот бо маводи ғизоӣ гардид.

 Дар натиҷа шумораи аҳолӣ, ки дар таъминот бо маводи ғизоӣ мушкилот ҳис мекунад, аз 4 %-и августи соли 2010 дар моҳи марти соли равон ба 14 % расид. Перомуни мавҷудияти мушкилот дар бахши амнияти маводи ғизоӣ маълумотҳои охирҳои моҳи сентябр интишорнамудаи Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳам қисса мекунанд. Дар он гуфта мешавад, ки 22 %-и кӯдакон то панҷсолагӣ аз сабаби кофӣ набудани маводи ғизоӣ мемиранд.

Паҳн шудани ҷараёнҳои бунёдгарои динӣ дар Осиёи Марказӣ касро ба андеша меорад, ки дар ин ҷой барои носуботсозии вазъият мумкин аст на аз иқдомҳои эътирозии аҳолӣ, чӣ хеле ки дар кишварҳои Ховари Наздик буд, балки аз фаъолияти бунёдгароҳои исломӣ истифода баранд. Агар анъанаи иқдомҳои осоиштаи эътирозӣ дар аксарияти кишварҳои минтақа вуҷуд надошта бошад, таҷрибаи муборизаи мусаллаҳона бо режимҳои мавҷуда дар баъзе ҷумҳуриҳо фаровон аст.

Маҳз бунёдгароҳои исломӣ метавонанд он нерӯи ҳаракатдиҳанда шаванд, ки аҳолиро ба ҷунбиш меорад ва ин боиси қурбониҳои оммавӣ, делегитимизатсияи ҳокимият ба носуботии умумии вазъият шуда метавонад. Дахолати мустақими ҳарбӣ аз сабаби изолятсияи ҷуғрофии Осиёи Марказӣ алҳол душвор аст. Лекин агар "баҳори арабӣ" ба Эрон ҳам расад, ин проблема ҳал мешавад ва нерӯҳои эътилофи Ғарб ба сарҳадҳои ҷануби ғарби минтақа дастрасӣ пайдо мекунанд.

Имрӯз сенарияи носуботсозии Осиёи Марказӣ он қадар воқеӣ ба назар намерасад. Вазъият дар кишварҳои минтақа нисбатан босубот аст ва хатар аз ҷониби толибҳо ва бунёдгароҳои исломӣ алҳол характери маҳдуд дорад. Вале вазъият дар давлатҳои арабии Африқои Шимолӣ ҳам як сол пеш босубот ба назар мерасид ва ба машоми ҳеҷ кас бӯйи инқилоб намерасид.

Боз як ҷиҳати дигаре ҳаст, ки унсури носуботӣ дорад. Дар Қазоқистон ва Ӯзбакистон -ду кишвари аз ҷиҳати ҳудуд, аҳолӣ ва иқтисодиёт калонтарини минтақа ивазшавии ҳокимият дар пеш аст. Ин раванд, чӣ хеле ки таҷрибаи Туркманистон нишон медиҳад, мумкин аст осоишта гузарад ва танҳо бо муборизаи дохилиэлитӣ маҳдуд шавад, ё чӣ хеле ки таҷрибаи Тоҷикистону Қирғизистон нишон медиҳад, ба зиддияти тезу тунд табдил ёбад, ки ба он ногузир кланҳо ва минтақаҳои рақобаткунанда ҷалб мешаванд.

Мавҷудияти зиддиятҳои тезу тунди дохилӣ, махсусан зиддиятҳое, ки характери этно-миллӣ ва мазҳабӣ доранд, ҳама вақт раванди ивазшавии ҳокимиятро хатарноктар мекунанд. Ва ҳангоми баҳо додан ба вазъияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ин далелро нодида гирифтан мумкин нест.

Александр Шустов, "Столетия", ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi