19:53:02 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗГАШТИ ДӮСТУМ ВА АФЗОИШИ НИГАРОНИҲО

Бозгашти генерали узбак Абдулрашиди Дӯстум ба Афғонистон ба суди Ҳомид Карзай хоҳад буд, аммо аз ҳоло ҳукумати ояндаи ӯ ба ҳузури ҷангсолорон мутаҳҳам мешавад. Наздик ба 10 ҳазор нафар аз сокинони Шибирғон Дӯстумро мисли як қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Ин ҳам дар ҳоле ки мухолифонаш ӯро дар нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мекунанд ва тарафдоронаш гуфтаанд, танҳо дар сурати бозгашти ӯ ба тарафдорӣ аз Ҳомид Карзай раъй хоҳанд дод. 

Бо ишора ба нақши тарафдоронаш дар интихобот, Дӯстум аз онҳо даъват кард, ба Карзай раъй диҳанд. Тарафдорони Дӯстум бар ин буданд, ки гӯё ба генерал иҷозаи бозгашт ба Афғонистон дода намешавад ва шарт мегузоштанд, агар Дӯстум барнагардад, онҳо дар интихобот ширкат нахоҳанд кард. Дӯстум дар соли гузашта пас аз айбдор шуданаш ба зӯроварӣ дар баробари рақиби ҳамқавмаш Акбарбой Афғонистонро ба қасди Туркия тарк карда буд.

Дар назарчанҷии саросаре, ки моҳи июл дар Афғонистон ҷараён гирифт, Дӯстум бештарин раъйи манфӣ гирифт. Аммо имконияти ӯ ба сафарбар кардани интихобкунандагон ба фоидаи Карзай кӯмаке дониста мешавад, ки метавонад, пирӯзии Карзайро дар даври аввал таъмин кунад ва ӯро аз даври дувуми барои Карзай эҳтимолан хатарнок наҷот бидиҳад.

Назарсанҷиҳои интихоботӣ алҳол пешсафии Карзайро нишон медиҳанд. 45 дарсади интихобкунандагони тасмимгирифта аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Аммо ин кофӣ нест, зеро барои наҷот аз даври дувум, Карзай бояд 50 дарсади раъйҳо ҷамъи як раъйро ба даст орад.

Кӯмаки Дӯстум дар ин мавриди айни муддао дониста мешавад. Ҳамчун рақиби Карзай, Дӯстум дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2004 тақрбан 800 ҳазор раъй гирифта буд, ки дар сатҳи кишвар 10 дарсадро ташкил медод. Дар Шибирғон, Дӯстум ба тарафдоронаш гуфт, вай умедвори нақши бузургтаре дар саҳнаи сиёсии Афғонистон аст ва барои ин мехоҳад, як ҳизби сиёсии қавӣ таъсис диҳад.

Генерали 55-солаи коммунист дар давраи ҷанги шаҳрвандии нимаи солҳои 1990 борҳо аз тараф ба тарафе гузашта, бо ин ба ҷангу сабқат таъсири азим расонда, дар соли 1998, пас аз ишғоли қаламрави зери нуфузаш аз тарафи Толибон маҷбур ба ҷалои ватан шуд. Вай дар охирҳои соли 2001 ба Афғонистон баргашт ва нерӯҳояш дар шикаст додани Толибон нақши муҳим бозиданд, вале дар ҳамин давраи буд, ки ба нақзи густардаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қатлиоми Толибон айбдор шуд.

Ин иттиҳомот ахиран дубора сари забонҳо шуд ва матбуоти Ғарб масъала гузошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таҳқиқи наслкушиҳои эҳтимолӣ рӯй оварад. Бозгашти Дӯстум аз Туркия ба Кобул, рӯзи 16-уми август Ғарбро низ ҳушёр кард. Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Кобул рӯзи 17-уми август изҳорот дод, ки масъалаҳои атрофи номи Дӯстум бо ин бозгашташ аз нав тезутунд мешаванд. Махсусан масъалаи гунаҳкории ӯ дар нақзи оммавии ҳуқуқи инсон.

Аммо Сиёмак Ҳиравӣ, сухангӯйи президент Карзай мегӯяд, Дӯстум комилан ҳақ дорад, аз "сафари хориҷияш" ба ватан баргардад ва ҳамчунин хоҳад тавонист, мансаби расмии худро дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз нав ишғол кунад. Мухолифони сиёсии Карзай, ин рӯйдодро нишонаи он медонанд, ки Карзай мехоҳад, бо ҳар нархе ки бошад, дар сари қудрат боқӣ бимонад. 

Яке аз онҳо, номзади интихоботи раиси ҷумҳурӣ, Ашраф Ғанӣ мегӯяд, "Карзай ба хотири ҳомикият бо афроди тирае муомила мекунад, вале бояд инро дарк кунад, ки мардуми Афғонистон сиёсти ифлоси ӯро фаҳмидаанд ва намехоҳанд, бо тарсу ҳарос аз чунин афрод зиндагӣ кунанд."

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi