12:05:35 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲИНДУСТОН: РӮ БА ИМА Ё РУСИЯ?

 

Ҳиндустон чун як кишвари калидӣ дар ҳавзаи давлатҳои Осиё таваҷҷӯҳи сиёсатмадорон ва лашкаркашони оламро ба худ ҷалб кардааст. Мардуми ин кишвари афсонавӣ дар таърихи худ борҳо ҳамлаи беруниёнро таҳаммул кардаву баъзан чандин даҳсоларо зери истисмори давлате пушти сар гузоштаанд. Охирин маротиба 15 августи соли 1947 инқилоби миллӣ - озодихоҳӣ пирӯз шуд. 

Издиҳоми инқилобӣ истеъморгарони инглисро аз хоки кишварашон берун ронданд ва ба бунёди давлати миллӣ роҳ кушоданд. Беш аз 60 сол аст, ки ин кишвар истиқлолият дорад ва бо вуҷуди мушкилоти милливу мазҳабии дохилӣ, ки худ мавзӯи як баҳси ҷудогонаест, Ҳиндустон рӯ ба рушд овард ва имрӯз дар минтақа як кишвари ҳастаӣ ва аз нигоҳи иқтисодиву низомӣ қудратманд ба ҳисоб меравад.

Рушди ҳамаҷониба ва мавқеияти хуби ҷуғрофӣ имрӯз ҳам Деҳлии навро ба майдони кашмакашҳои маълуму номаълуми абарқудратҳо барои ҷои пой табдил додаст. Аммо ин кишвар бо истифода аз талошҳои ИМА ва Русия вақтро барои тақвияти низомии худ ғанимат мешуморад. Амалан ин як сиёсати басо дурандешона аст, ки бо ду қудрати ҷаҳонӣ иртиботи ҳамсон дорад. Деҳлии нав бар он аст, ки ҳанӯз вақти он нарасида, ки ба ҷонибдорӣ аз яке муносибаташро бо дуюм тира созад.

Ҳиндустон аз қадим бо Иттиҳоди Шӯравӣ дӯстии наздик дошт. Ва чун амрикоиҳо дар замони ҷанги сард бештар аз Покистон пуштибонӣ мекарданд, Маскав Деҳлии навро ҷонибдорӣ менамуд. Ва ҳамеша дар муқовиматҳои низомӣ миёни Ҳиндустон ва Покистон аз мавқеи Деҳлии нав ҳарф мезад. Кӯмакҳои низомӣ ва иқтисодии Шӯравӣ ба Ҳиндустон ба чашмҳо аён буд. Маҳз ҳамин пуштибонӣ буд, ки Вашингтон наметавонист нисбати Деҳлӣ аз ҳадди равобити дипломатӣ берунтар по гузорад. 

Аммо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин авлавиятро низ пош дод. Русия чун меросхӯри Империяи Шӯравӣ дигар натавонист иртиботро дар ҳамон сатҳ нигоҳ дорад. Дар Деҳлии нав низ вобаста ба шароит сиёсатҳо ба гунаи дигар тарҳрезӣ шуданд. Ҳинд наметавонист нисбати таваҷҷӯҳи Вашингтон бепарво бошад. Зеро дар як замоне, ки Русия худ гирифтори бӯҳрони ҳокимият аст ва амалан сиёсати собити хориҷӣ надорад, рӯёрӯӣ бо Вашингтон ба умеди дӯстӣ бо Маскав ба маънои он мебуд, ки худро дастбаста ба душман супорад. Ин буд, ки ҳамкориҳои худро бо ИМА дар як сатҳи дигар ба роҳ монд. Дар баробари ин иртиботи Деҳлии нав бо Вашингтон ҳаргиз ба нафъи Маскав набуд. 

Пирӯзии ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон ва муҷаддадан қасамёдкунии Манмоҳан Сингх ба ҳайси Сарвазири ин кишвар бори дигар Вашингтонро ба беҳбуди равобит бо Деҳлии нав умедвор сохт. Дар нахустин рӯзи эълони ин пирӯзӣ президенти ИМА Барак Обама зимни як гуфтугӯи телефонӣ бо арзи табрик Манмоҳан Сингхро ба боздид аз ИМА даъват намуд.  

Дар замони худ Ҷ.Буш як сафари бобарореро ба Ҳинд анҷом дода буд, ки дар ҷараёни он созишномаи ҳиндуамрикоии ҳастаӣ ба имзо расид. Чӣ дар замони худ ва чӣ ин шабу рӯз имзои ин санадро таърихӣ медонанд ва мегӯянд ин эътирофи мақоми ҳастаии Деҳлӣ аз ҷониби Вашингтон аст. Созишномаҳои имзошуда он замон Русияро дар тиҷорати ҷаҳонии силоҳ аз миллиардҳо доллар маҳрум карданд. 



Он шабу рӯз рӯзномаҳои чопи Маскав бонги изтироб заданд, ки дур нест ин кишвар яке аз муштариёни асосии силоҳҳои худ - Ҳиндустонро аз даст диҳад. Ҳамчуноне таҳлилгарон ибрози ақида мекунанд, Буш тавониста буд Ҳиндро мутақоид созад, ки паймони тиҷоратӣ дар мавриди дарёфти силоҳҳои мудерн бо Амрико муносибтар аст. 

Оре, ин як қарордод ва созишномае буд, ки дар ҳоли амалӣ шуданаш метавонист ба хазинаи низомии Русия латмаи шадид ворид созад. Чӣ ҳам метавон гуфт ба кишваре, ки ҳамасола аз Руссия ба маблағи 1,5 - 1,8 миллард доллар силоҳ ва техникаи низомӣ мехариду он шабу рӯз чунин имконро аз ҷойи дигар меҷӯяд.

ВА ТАЪРИХ ҲАМ ТАКРОР НАМЕШАВАД

Ҳамчуноне ишора рафт, дар гузаштаи начандон дур Ҳиндустон шарики стратегии Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва баъди пошхӯрии низоми коммунистии Шӯравӣ ҳам равобиташро бо меросхӯри он Русия қатъ нанамуд. Ҳатто имрӯз ҳам бахши муҳими силоҳҳои артиши Ҳинд тавлиди Шӯравӣ ва Русия мебошанд. 

Нашрияи "Военное обозрение"-и чопи Маскав дар яке аз охирин шумораҳои худ омори зеринро дар мавриди фурӯши ҳавопаймоҳои Русия ба Ҳинд дар солҳои охир меоварад. Мувофиқи он аз соли 1992 то соли 2004 Русия ба Ҳиндустон 60 адад ҷангандаи навъи МиГ - 24, СУ - 30МКИ ва СУ - 30к, 6 ҳавопаймои сӯзишворикаши ИЛ - 78 ва 3 ҳавопаймои ҷангии тамғаи дигар фурӯхтааст. 125 ҷангандаи МиГ - 21 bis - ро такмил додаст.



Сарвари маркази таҳлилии ҳиндии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Татяна Шаумян ҳарчанд бар ин назар аст, ки равобити Русия ва Ҳиндустон бо ҳамон равиши қаблӣ боқӣ мемонад, вале аз он нигарон аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳо Маскав натавонистааст зарфи як соли гузашта бо Деҳлӣ сатҳи тиҷорати худро боло барад. Дар сӯҳбате бо "Интерфакс" гуфтааст, ки "Масалан Ҳинд ва Чин муносибатҳои басо мураккаби сиёсӣ доранд. 

Вале ҳаҷми тиҷорати онҳо дар як сол бештар аз 30 миллиард доллар мебошад. Бо вуҷуди он ки Маскав ва Деҳлӣ ҳеҷ ихтилофи назари сиёсӣ надоранд, ҳаҷми тиҷораташон аз 7 миллиард доллар боло нарафт.

Аммо имрӯз Амрико он нуктаи ҳассосро эҳсос мекунад, ки обрӯи Русия ва Чин дар манотиқи таҳти нуфузи он - халиҷи Форс ва ҷаҳони Ислом боло меравад. Ҳимояи ошкорои Маскав, ҳамчунин Пекин аз барномаҳои ҳастаии Ирон, пуштибонии Русия аз "ҲАМОС" дар Фаластин, ки Амрико намехост пирӯзии демократии онро дар интихоботи парлумон эътироф намояд ва боз чанд ҷиҳати дигар Вашингтонро водор кардааст, ки барои коҳиши эътибори ин ду кишвар тадобири ҷиддӣ андешад.

Аммо на танҳо коршиносони рус, балки таҳлилгарони аврупоӣ низ ҳадс мезананд, ки солҳои охир Ҳинд бештар ба ИМА рӯ овардааст. Чунончӣ, коршиноси фаронсавӣ, соҳиби бюллетени ахбори стратегии TTU (Порис) Арно Калики дар муоҳадаи ҳастаии миёни Деҳлӣ ва Вашингтон имзошуда дугоники ғайриҳастаиро дидааст. "Ҳамзамон бо имзои ин созишнома, - менависад коршинос, - миёни ин ду кишвар мубодилаи номаҳо дар мавриди иштироки ширкатҳои амрикоии тиҷорати силоҳ дар бузургтарин тендери Ҳиндустон оид ба дарёфти ҳудудан 126 ҳавопаймои ҳамлакунандаи миёна ва сабук низ ҷараён гирифт".

Метавон гуфт, ки Ҳинд дар муносибати низомӣ бо Амрико бурди бештар мекунад. Аз сӯе, дар қатори силоҳҳои тавлиди Русия дар қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар тадриҷан он силоҳҳо ва техникаи низомие ворид мешаванд, ки артиши Покистон бо он мусалллаҳ аст. Дуюм, Ҳинд аз он, ки Амрико аз густариши нуфузи Чин бим дорад, мехоҳад хуб истифода кунад. Тибқи ахбори дақиқ, ки рӯзномаи "Независимая газета" интишор додааст, Амрико ҳангоми имзои паймони тиҷорати силоҳ ба гузаштҳои зиёде розӣ шудааст.

Аммо масоили дигаре низ дар миёнанд, ки муносибатҳои нави Деҳлӣ ва Вашингтонро зери шубҳа қарор медиҳанд. Чанде пеш Ҳинд ва Чин муоҳадаи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонида буданд, ки ҷонибҳо ба ширкати муштарак дар "бозсозии ҷаҳон" таъкид мекарданд. Чин ва Ҳинд ду абарқудрати як минтақаанд ва дар ҳалли бӯҳронҳои минтақавӣ манофеи хоси худро доранд. Ин ду кишвар аз хеле вақт ба инҷониб барои касби тасаллут бар нефту гази минтақа бо Ғарб дар набарданд ва намехоҳанд боигарии ҳамсоягонашон ба кишварҳое тааллуқ гирад, ки ҳазорҳо километр аз онҳо фосила доранд. Вале коршиноси рус Андрей Сергеев мегӯяд: "Аз он ки ҳадафи аслӣ коҳиши нуфузи Русия ва Чин аст, дар сиёсати пешгирифтаи Вашингтон шояд ин нукта чандон муҳим дониста намешавад".  

 

АКНУН ПОКИСТОН МУШКИЛИ ДИГАР ХОҲАД ДОШТ

Аз таҳлилҳо метавон ба ин хулоса расид, ки сиёсати Ҳинд тағйиротҳои чашмгиреро аз сар мегузаронад. Давлатҳо мекӯшанд соҳиби силоҳҳои ҷадид ва пешрафта бошанд. Муносибати наздики Деҳлии нав ва Вашингтон метавонад Исломободро ба танг оварад. То ба ин дам ҳарчанд Покистон борҳо ба силоҳҳои тавлиди Русия мароқ зоҳир намуда буд, вале мақомоти давлатии ин кишвар аз он, ки паймони низомӣ бо Покистон ба муносибатҳои дӯстонаи онҳо бо Ҳинд латма ворид мекунад, эътибор намедоданд. 

Аммо акнун чӣ? Гумони ғолиб он аст, ки агар Деҳлӣ майли Вашингтон кунад, ногузир паймони ҷадиде миёни Исломобод ва Маскав ба миён меояд. Зеро барои Покистон низ чандон хушоянд нест, ки ғамшарики деринаи он ба Ҳиндустон таваҷҷӯҳ мекунад. 

Аз сӯи дигар, мусаллаҳсозии Ҳиндустон ҳаргиз ба манфиати Покистон нест. Амрико низ дар навбати худ наметавонад бо ин ду кишвар, ки хусуматҳои таърихӣ доранд, баробар кӯмаки низомӣ кунад. Пас акнун Маскав низ бояд майл дошта бошад, ки Исломободро чун шарики стратежии худ бипазирад ва ё ҳаддиақал ба хотири ҷуброни хисороти аз камбуди паймони низомӣ бо Ҳинд расида ба фурӯши силоҳ барои Исломобод иқдом кунад. Агар ин кор сурат бигирад боз ҳам боиси хашми Кохи Сафед мегардад. Зеро Русия имкони дигаре пайдо мекунад, ки боз бо як кишвари исломии дигар, ки он низ қудрати эътирофнашудаи атомист, иртиботи қавӣ пайдо намояд.

Аммо ин ҷо набояд нуктаи дигарро фаромӯш кард. Ин шабу рӯз муносибат миёни Исломобод ва Вашингтон бар асари амалиётҳои густардаи НАТО дар вилоятҳои ҳаммарз бо Покистони Афғонистон ба тундӣ гароидааст. Ва инро ҳатто метавон як халои сиёсӣ ҳам донист. Аз ин вазъият метавонанд Ҳиндустон ва Чин басо устокорона ба нафъи худ истифода кунанд ва бо ин васила блоки ғайрирасмии кишварҳои зидди сиёсатҳои Амрико нерӯмандтар шавад...

Ш. Муҳаммадиқбол, 
шореҳи сиёсии ҳафтаномаи «Дунё»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi