11:15:27 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

ИДОМАИ МУҲОКИМАИ ТАЗОҲУРОТГАРОН ДАР ЭРОН

Бино ба гузоришҳои расонаҳои эронӣ, муҳокимаи гурӯҳи дуввуми тазоҳуротгароне оғоз ёфт, ки ба ташкили нооромиҳои баъд аз интихобот муттаҳам мешаванд.

Даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифин ва ҳамчунин Клотилда Рейс – духтари 24-солаи фаронсавӣ ва як корманди эронии сафорати Фаронса дар Теҳрон дар байни ин гурӯҳ ҳастанд. Додгоҳи гурӯҳи аввали тазоҳургарон ҳафтае пеш баргузор гашт, ки дар он 100 нафар аз ҷумла муовини собиқи раисиҷумҳури Эрон бо иттиҳомоти мухталиф аз ҷумла иқдом ба зидди амнияти миллӣ муҳокима шуданд. 

Муҳокимаи рӯзи шанбе ҳам бе чеҳраҳои сиёсии шинохтаи мухолифон нагузашт, Алӣ Тоҷирниё - вакили ислоҳталаби собиқи порлумони Эрон, Шаҳобуддин Таботабоӣ - як раҳбари ҳизби ислоҳталабаи Ҷабҳаи мушорикати исломӣ ва Аҳмад Зайдободӣ - хабарнигори мустақил ҳам дар миёни муттаҳамон буданд. 

Маҳдия Муҳаммад ҳамсари Аҳмад Зайдободӣ ба Радиои Фардо гуфт, ба ӯ иҷоза надодаанд, бо ҳамсараш дар зиндон дидор кунад ва ҳатто нагуфтаанд, ки вай ба чӣ муттаҳам мешавад. 

Матбуоти Эрон мегӯяд, дар муҳокимаи рӯзи шанбе додситон ҳамчунин Амрикову Бритониёро муттаҳам кард, ки ба гуфтаи вай қасд доштаанд, бо барангехтани нооромиҳо низоми исломиро ба ҳам бизананд. 

Клотилда Рейс - шаҳрванди Фаронсаро ба ҷамъоварии иттилоъот ва барангехтани ошӯбгарон муттаҳам мекунанд. Ӯро рӯзи 1 июл ҳангоми Теҳронро тарк карданаш бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт карданд. Хонум Рейс ҳудуди панҷ моҳ ба ҳайси ёвари омӯзгори забони фаронсавӣ дар Теҳрон кор кардааст. Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, хостори раҳоии фаврии Клотилда Рейс шудааст, ки ӯро ба зиндони тарсноки Эвини Теҳрон андохтанд. 

Муҳокимаи дастаҷамъии тазоҳургарону тарафдорони мухолифинро, Мирҳусайни Мӯсавӣ - номзади шикастхӯрда дар интихобот ва Муҳаммади Хотамӣ, раисиҷумҳури пешини Эрон, “намоиши масхараомез” хонда ва маҳкум кардаанд. 

Баъд аз интихоботи баҳсбарангези 12 июн, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажодро ғолиб эълом намуданд, садҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд. Ба гуфтаи раҳбарони мухолифин интихобот бо тақаллуби зиёде сурат гирифтааст. 

Маъмурони амниятии Эрон дар ҷараёни тазоҳурот ва баъд аз он садҳо нафар аз тарафдорони мухолифин аз ҷумла сиёсатмадорону фаъолони сиёсӣ ва хабарнигорон боздошт карданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi