21:03:38 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЗОДРӮЗИ ҲИУ. 10 СОЛИ ОШӮБУ ФИРОРҲО

Дар қатори бисёре аз солгарду солрӯзҳо имрӯзро ҳамчунин зодрӯзи расмии Ҳаракати исломии Узбакистон меноманд. Ва мегӯянд ин ниҳод акнун даҳсола шудааст.

Саропо мусаллаҳ онҳо кӯҳу ағбаҳои Тоҷикистонро гузашта, дар дами як деҳаи хурд дар кӯҳдоманаҳои Қирғизистон, дар марзи водии Фарғона, дар ҳамин рӯзи моҳи август аз ҳастии худ хабар доданд. Вуруди онҳо ба саҳна умеди давлатҳои Осиёи Марказиро, ки фикр мекарданд, аз мушкилоти ҳамсоягони худ эмин хоҳанд монд, баҳам зад ва муносибати се кишварро, ки водии Фарғонаро бо ҳам қисмат мекунанд, барои солҳои халалдор кард. 

Имрӯз Ҳаракати исломии Узбакистон на танҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, балки ҳамчунин дар Покистону Афғонистон ва ҳатто дар дили Аврупо хуб мешиносанд.

Он вақт ин як гурӯҳи хурди "гурезаҳо"-и мусаллаҳ буд, ки аз кӯҳҳои Помири Тоҷикистонро гузашта, як рустои кӯчаки Қирғизистонро ишғол кард. Он вақт, дар моҳи августи соли 1999 ин гурӯҳ зоҳиран чандон хатарнок намудор намешуд. Аммо даҳ сол пас аз чунин вуруд ба саҳна, Ҳаракати исломии Узбакистон гурӯҳест, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мавриди пайгард қарор дошта, номи он аксаран бо Толибон ва Ал Қоида пайванд мегирад.

Иртиботи Ҳаракати исломии Узбакистон бо ин ду гурӯҳ дар поёни солҳои 1990, замоне сар шуд, ки аъзои он бо Толибон пайвастанд, то зидди нерӯҳои фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳи Масъуд биҷанганд. Ин даврае буд, ки ситезаҷӯён аз тамоми ҷаҳони ислом ва махсусан кишварҳои араб, ҷамоҳири шӯравии собиқ ва ғайра ба Афғонистон сафар мекарданд, то таълими ҳарбию ангезаи ғоявӣ гиранд ва паноҳгоҳи амн пайдо кунанд.

Ҳаракати исломии Узбакистон низ дар миёни онҳо буд ва ҳангоме ки пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001, нерӯҳои байнулмилалӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро ишғол карданд, аъзои он якҷо бо Ал Қоида зидди нерӯҳои эътилоф ба ҷанг даромаданд.

Пас аз бомбаборонҳои шадиди нерӯҳои амрикоӣ дар поёни соли 2001 дар шимолу шарқи Афғонистон фармондеҳи Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҷумъабой Ҳоҷиев ё Ҷумъаи Намангонӣ ба ҳалокат расид ва раҳбари нави ҷумбиш, Тоҳир Юлдош зинда монда, ба Покистон фирор кард ва бисёриҳо бар инанд, ки вай дар Покистон ба сар мебарад.

Ахиран бо шиддат гирифтани амалиёти зидди Толибон дар Покистон, эҳтимол меравад, ки бахши аъзами аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба шимоли Афғонистон ва аз он ҷо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯч бастаанд. Таҳлилгари умури минтақа, Аҳмад Рашид мегӯяд, дар ин бора ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд ва вазъи феълии аъзои ин созмонро дақиқан шарҳ додан мушкил аст:

"Онҳо ба гурӯҳакҳои зиёде байни худ ҷудо шудаанд. Бархе аз ин гурӯҳҳо ба зархароид табдил ёфтанд ва онҳоро фармондеҳони толиби покистонӣ аз як сӯ ва фармондеҳони толиби афғон аз сӯи дигар истихдом мекунанд. Ва дар натиҷа онҳо бар зидди ҳамдигар низ меҷанганд. Ҳашт сол аст, ки ин фароянд идома дорад ва дар ин байн мо хеле рӯйдодҳоро дидем. Аммо бисёре аз ин рӯйдодҳо аз чашми ғайр пинҳонанд, зеро фаъолияти гурӯҳ махфист. Ва раҳбарияти он низ, масалан, рӯшан нест."


Бо вуҷуди он ки Тоҳир Юлдош ҳамоно раҳбари ин ҳаракат шумурда мешавад, матбуоти Покистон мегӯяд, нуфузи гурӯҳҳои дигар бар ин созмон ва ҳузури тоҷикон, туркманҳо ва дигар мардумони Осиёи Марказӣ дар он афзудааст. 

Рашид мегӯяд, як мартаба ин созмон талош кард, худро ба Ҳаракати исломии Туркистон табдил диҳад, вале ҳоло бо гурӯҳҳои наве дар рақобат аст, ки ангезаи ғоявии қавитар дошта, бо гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ равобити танготанг ба вуҷуд овардаанд. Рашид сабабро дар беҳбуди шароити амали ин созмон дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебинад:

"Ончӣ мо рӯшан мебинем, дубора сар бардоштани ин гурӯҳҳо дар Осиёи Марказист. Ман фикр мекунам, онҳо ба вазъи шадидан бади иқтисодӣ дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳисоб мекунанд. Ҳарсе кишвар ба фақру бекории рӯзафзун ва коҳиши пулфиристии муҳоҷирон аз дигар қисматҳои Шӯравии собиқ рӯбарӯянд. Онҳо эҳтимолан мехоҳанд, аз ин вазъи фавқулода бади иқтисодии Осиёи Марказӣ истифодаи худро кунанд."

Дарвоқеъ, хабарҳои бозгашти ситезаҷӯён ба Осиёи Марказӣ ахиран рӯ ба афзоиш дорад. Сар аз моҳи майи имсол чандин ҳамлае дар Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба амал омад, ки дар ҳамаи онҳо Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор мешавад. Ҳамла ба посгоҳ ва шӯбаи умури дохилӣ дар Узбакистон, даргириҳо дар Ҷалолободи Қирғизистон ва рӯйдодҳои шарқи Тоҷикистон аз тарафи аксари коршиносон силсилаҳои як занҷир дониста мешавад.

Аммо дар баробари чунин таҳдидҳо ҳукуматҳои се кишвар тақрибан ҳеҷ гуна ҳамкорие бо ҳам надоранд. Ҷон Маклод, мудири барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи ахбори ҷанг ва сулҳ дар Лондон, мегӯяд: "Ба фикрам, агар дар водии Фарғона зуҳури ситезаҷӯии исломӣ ҳақиқат дошта бошад, мақомоти тоҷик, қирғиз ва узбак дар ҷабҳаи амният ҳар кадом асосан ба таври худ амал хоҳад кард."

Бисёре аз коршиносон, ҳадс мезананд, ки эҳтимоли номаниҳо дар минтақа рӯз то рӯз бештар мешавад. Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Қаҳҳоров дар нишасти хабарияш охири моҳи гузашта, гуфт, эҳтимоли убури террористон ва ё онҳое, ки мехоҳанд, дар ин сӯи рӯди Омӯ паноҳ ёбанд, афзоиш хоҳад ёфт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi