17:59:00 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФҒОНИСТОН: ДАВЛАТИ ИСЛОМИРО ДАР ҚАБРИСТОН НАМЕСОЗАНД

«Қисмати дуввум»

Чи гуна нигоҳи С.А.Нурӣ нисбат ба Эмомалӣ Раҳмон тағйир ёфт? Роҳбари «Толибон» Мулло Умар С.А.Нуриро чӣ тавр меҳмондорӣ кард? Паёми Бурҳониддини Раббонӣ ба давлат ва мардуми Тоҷикистон чист? Чӣ тавр Устод Раббонӣ рӯи майдони минаҳо роҳ мерафт? Ва ниҳоят, сулҳ аз ҷанг дар амал чӣ фарқ дорад? Ин масъалаҳоест, ки дар идомаи ин сафарнавиштаҳо аз Афғонистон баррасӣ мешаванд.

С.А.Нурӣ дар асорати «Толибон»: ё як тавсияи корӣ аз сулҳи тоҷикон

ustod_nuri_5454545.jpgҲамин тавр, дар мулоқотҳои Кобулу Панҷшер вобаста ба навъи масъала аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба дӯстонамон дар Афғонистон баъзе тавсияҳои корию методологӣ ироа намудам, ки аксаран, мавриди таваҷҷӯҳ буданд. Масалан, як хулосаи ман ин буд, ки дар раванди сулҳ бояд ҷонибҳо ва хусусан, роҳбарони онҳо нисбат ба ҳамдигар аз «шинохти расонаӣ» ба «шинохти инсонӣ» бирасанд, ки он роҳи сулҳро басе ҳамвортар мекунад. «Шинохти расонаӣ» ба он маъност, ки тарафҳо ва роҳбарон ҳамарӯза аз расонаҳо дар мавриди ҳамдигар ахбори манфии фаровоне мегиранд ва тасаввури даҳшатноке дар бораи ҳамдигар доранд. Вале агар дар раванди сулҳофарӣ онҳо рӯбарӯ ва дар канори ҳам нишинанд, дармеёбанд, ки он тасаввури пешинаашон асосан козиб буда, тарафи муқобил низ инсон ва шояд инсони бисёр хуб будааст.

Дар раванди сулҳи тоҷикон чунин таҳаввул дар мисоли таҳаввули муносибати роҳбарони ду ҷониб нисбати ҳамдигар сурат гирифт. Чӣ тавр? Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар бораи ҳамдигар тасаввури тира ва бисёр манфӣ доштанд. Дар китоби марҳӯм С.А.Нурӣ «Он сӯи сиёсат» баъзе суханрониҳо ва баъзе муроҷиатномаҳои эшон ба Эмомалӣ Раҳмон мавҷуданд, ки дар солҳои 1993-1995 ӯ бо манфитарин нигоҳ ва шадидтарин ҳукмҳо аз роҳбари ҷониби мухолифи худ ёдовар мешавад. Вале, дар тӯли музокирот ва ҳамнишинию ҳамкорӣ дидгоҳи С.А.Нурӣ дар бораи Э.Раҳмон комилан таҳаввул ёфт ва ба тадриҷ мусбат гашта, ниҳоят ба ҳадде расид, ки онҳо ба дӯстони ҳамдигар табдил шуданд.

С.А.Нурӣ ҳатто то охирин рӯзҳои зиндагияш, ки аз бемории шадид ранҷ мебурд, боз ҳам аз ҷавонмардии Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ барои миллату кишвар ва барои шахси С.А.Нурӣ бо ташаккури самимона сухан мегуфт. Охирин намунаи чунин суханронии ӯ дар ҷашни Рӯзи Ваҳдат дар ноҳияи Рашт дар моҳи июни соли 2005 буд. Ин як намунаи гузаштан аз «шинохти расонаӣ» ба «шинохти инсонӣ» буд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон ва дар натиҷаи он таъсири амиқ дошт. Ва ин яке аз даҳҳо нуктае буд, ки дар тӯли ин сафар аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои тақвияти сулҳ дар Афғонистон тавсия шуд.  

Оё дар Афғонистон ба чунин шинохт ниёзе ҳаст? Банда дар конфронси Кобул мисолеро овардам, ки низ барои ҳозирон бисёр ҷолиб буд: Соли 1996 роҳбарияти мухолифини тоҷик бо ҳавопаймои СММ аз Теҳрон ба Кобул парвоз доштанд ва тақрибан, дар фазои Ҳирот ҳавопаймоҳои низомии «Толибон» баланд шуда, ҳавопаймои онҳоро маҷбур ба нишаст карданд ва ҳамин тавр, ҳайати роҳбарии мухолифини тоҷик амалан ба дасти гурӯҳи толибон гаравгон афтод. Чун толибон диданд, ки дар ҳавопаймо на Президент Раббонӣ, балки роҳбари Наҳзати исломии Тоҷикистон С.А.Нурӣ будааст, эшонро ба Қандаҳор ба назди роҳбари худ Охунди Мулло Умар  бурданд. Роҳбарони «Толибон», аз ҷумла шахси Мулло Умар ҳайати тоҷикро як шабонарӯз «меҳмон» карда, сипас ба Кобул гусел карданд, ки қиссаи он кори мо нест…

Вақте Устод Нурӣ аз ин сафар баргаштанд, аз эшон пурсиданд, ки «меҳмонӣ» дар назди роҳбари «Толибон» чӣ гуна буд? Устод С.А.Нурӣ миёни суҳбатҳо як нуктаи ҷолиберо зикр карданд, ки акнун маънои онро сарфаҳм меравем: «Вақте назди Мулло Умар рафтем, гаштаву баргашта мепурсид, ки «Раббонӣ чӣ хел одам аст, чӣ мехоҳад, дар бораи мо чӣ мегӯяд?… Аҳмадшоҳи Масъудро, ки ҳар рӯз мебинӣ, чӣ тавр одам аст, дар бораи ман чӣ мегӯяд?…» Ва вақте аз ин ҳодиса ба Кобул омадему меҳмони Устод Раббонӣ шудем, эшон гаштаву баргашта мепурсиданд, ки «Ку бигӯ, Мулло Умар чӣ гуна одам будааст, чӣ мехоҳад, дар бораи мо чӣ мегӯяд?...»

Яъне, метавон гуфт, ки ин роҳбарон бо вуҷуди ин ки бо ҳам меҷангиданд, ҳамарӯза дар бораи ҳам иттилои зиёде мешуниданд, вале ба таври табиӣ ба як шинохти инсонӣ аз ҳамдигар ниёз доштаанд. Ва ин ниёз ҳамчунон боқист…

Паёми Устод Раббонӣ ба мардуми Тоҷикистон

Чун сафари сулҳ ва барномаи сулҳсозӣ буд, нуктаи олии он мулоқот бо Раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ буд. Ин Шӯро ниҳоди махсусест, аз тарафи Ҷиргаи Умумии Афғонистон (Луи Ҷирга) таъсис шуда, ҳафтод нафар шахсиятҳои бонуфузи динӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва қавмии Афғонистон узви он мебошанд ва ин Шӯро аз назари ҷамъи нуфӯзи аъзояш ҳатто аз давлат ва порлумон пуртаъсиртар аст.

Худи Бурҳониддин Раббонӣ низ имрӯз аз бонуфузтарин шахсиятҳои Афғонистон, шояд ҳамчун фарди воҳид, бонуфузтарин шахсияти Афғонистон ба ҳисоб ояд. Шахсияти ӯ дар ин кишвар аз чандин ҷиҳат матраҳ ва қобили таваҷҷӯҳ аст: ҳамчун роҳбари мардумӣ ва ҷиҳодӣ, ки барои истиқлоли кишвар умре мубориза доштааст(1), ҳамчун сиёсатмадори пурсобиқа, ки ҳудуди 50 сол сафи пеши саҳнаи сиёсиро таҷриба кардааст(2), ҳамчун профессор ва олими динӣ, ки мақоми болотарини илмии худро ҳамчунон ҳифз намудааст(3), ҳамчун чеҳраи адабӣ ва фарҳангӣ, ки эътирофи умумӣ ёфтааст(4), ҳамчун шахсияти маънавӣ ва ахлоқӣ, ки бо ҳилму зуҳду тавозӯи худ машҳур гаштааст… ва ғайра. Хулоса, ин шахсияти ҷомеъ имрӯз ҳам аз сутунҳои давлатдорӣ ва аз меҳварҳои ҷомеаи Афғонистон аст. Ва ҳамон мафҳуми бисёр баланди «Устод», ки нисбати ин шахсият ба кор меравад, ба тамоми маъно дар сатҳу симои ин чеҳраи фазилатпаноҳ таҷаллӣ кардааст.   

 kabul-afganistan_sity12121

Бино бар тӯл ёфтани суханронӣ ва саволу ҷавоб дар Донишгоҳи омӯзгории Кобул мо ба мулоқоти Устод Раббонӣ ҳудуди 40 дақиқа дертар рафтем. Яъне бисёр дер. Ва атрофиён гуфтанд: валлоҳ, агар меҳмони тоҷикӣ намебудед, устод ин мулоқотро ҳатман лағв мекард, зеро эшон ҳар соат барномаю мулоқот дорад. Устод бо пазироии гарм дар бораи барномаҳои мо ва чигунагии рафти сафар ва боздид аз Афғонистон пурсон шуда, назари худро дар бораи имкони сулҳ дар Афғонистон баён доштанд ва аз ин, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст, бисёр хушҳол буданд ва беихтиёр ба нақли лаҳзаҳои бисёр ҷолиб ва ногуфтаи раванди сулҳи Тоҷикистон оғоз намуданд. Лаҳзаҳое, ки шояд фақат эшон ва баъзе роҳбарони раванди сулҳ медонистанд…

Вале аз ин сӯҳбати бисёр муҳимм, барои банда қисми ниҳоии он бисёр муҳиммтар буд, ки дар он Устод Бурҳониддини Рабонӣ барои тоҷикону Тоҷикистон паёмеро изҳор доштанд. Ин паёми як инсони пуртаҷриба, як инсони дилсӯз ва як инсони огоҳ буд, паёме, ки бояд ҳамаи мо аз боло то поин бо гӯши ақл бишнавем. Матни он, ки чун амонат ҷумла ба ҷумла ёддошт шуд, чунин аст:

«Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Чун меравед, саломи маро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, хусусан, ба бародари азизи ман, Раисиҷамҳур Эмомалӣ Раҳмон расонед. Паёми ман ба мардум, найрӯҳои сиёсӣ ва давлати Тоҷикистон ин аст, ки ҳама дар гирди ҳам ҷамъ шаванд, сухани ман ба ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳамаро дар гирди худ дошта бошад...

Вазифаи таърихии тамоми найрӯҳо дар Тоҷикистон ин аст, ки давлат ва вазъияти мавҷударо ҳифз кунанд. Доштани давлат ба унвони як бистар масъалаи бисёр асосист, ҳамаи найрӯҳо ва ҳамаи мардум бояд донанд, ки имрӯз ҳифзи давлат асл аст. Аввал давлат, аввал ҳифзи давлат, баъд аз он идеоложиҳо, тарҳҳо ва ҳадафҳои дигар. Дигар ин ки барои ҳама дар Тоҷикистон имрӯз ҳифзи амният зарур аст. Ман аз тамоми мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки амниятро ҳамчун як ваҷибаи динӣ ва вазифаи шаръии худ ҳифз кунанд. Замон замони сода нест, ман аз тариқҳои гуногун иттилоъ мегирам, ки бисёр найрӯҳо дар хориҷ оромӣ, истиқрор ва суботи Тоҷикистонро намехоҳанд. Плонҳо доранд, ки ин кишвар ноором бошад, зеро роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як фарди истиқлолталаб аст, фикри тобеъият надорад...

Дар чунин марҳила давлат ҳам бояд мардумро, найруҳоро, шахсиятҳоро ҳамагӣ дар атрофи худ дошта бошад. Мардум вақте розӣ мешаванд, ки мушкилоти онҳо хусусан расидагӣ шавад ва ба фарҳангу арзишҳои онҳо эҳтиром гузошта шавад.

Тоҷикистон ягона кишварест дар Осиёи Марказӣ, ки дар он наҳзати исломӣ расмият дорад, дар дигар кишварҳо расмият надорад. Ҳамин масъала ва масъалаи сулҳ бо бародарони худ Тоҷикистонро ба як намуна дар минтақа табдил додааст. Тоҷикистон нишон дод, ки вориси фарҳанги бузург аст ва шоистаи он аст.

Мо набояд фиреб хӯрем, ки агар исломро ва наҳзати исломиро ҳарчӣ фишор диҳем, Ғарб аз мо хуштар мешавад. Ғарб манфиати ҷории худро мешиносад, ҳамин ки кораш бароварда шавад, барояш кофист. Онҳо ҳатто ба «Толибон» мехостанд ин ҷо ҳукуматро бидиҳанд, ба ҳамин гурӯҳ!

SULH - VAHDAT

Ман аз атроф бисёр хабарҳо дастрас мекунам… Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси тоҷик аст. Ман дар ин бора ба Устод С.А.Нурӣ чанд бор, чанд рӯз гап задам, инро фаҳмонидам, гуфтам: ҳоло шуморо ҷомеа, русҳо, минтақа, Ғарб иҷозат намедиҳад, ки ҳукумат дошта бошед. Биёед ҳамин роҳбари ҷавонро, ки ҳама қабулаш доранд, дастгирӣ кунед, давлати Тоҷикистонро созед. Боре аз Тахор то Бадахшон дар мошин ин гапҳоро фаҳмондам, бисёр борҳои дигар. Эмомалӣ Раҳмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст.

Ва охири паёми ман ин аст, ки бо ҳифзи оромӣ, бо рушд ва пешрафт, бо сулҳ, бори дигар миллати Тоҷикистон ба ҷаҳон як намуна диҳад, намунае аз азамати таърихии худ. Бо ҳамон фарҳанги асили исломӣ ва миллии худ як паёми тамаддунӣ диҳад, намунаи давлат, намунаи фарҳанг…

Мо дар Афғонистон дар шароити бисёрқавмӣ, миллатҳо, забонҳо, найрӯҳои хориҷӣ, бисёр сиёсатҳо, бисёр гирифториҳо дорем, аз ин рӯ наметавонем ба ҳамаи ҳадафҳои худ бирасем. Шумо қадри осудагии худро шиносед, кишварро рушд диҳед. Кишвар фақат дар ҳоли озодии мардум рушд мекунад: мардум, ки озод буд, худаш кишварро рушд медиҳад. Мо бояд он ҷо, дар Тоҷикистон,  шоҳиди ҳамбастагии давлат ва мардум бошем.

Ин чизро ман ҳам барои ом ва ҳам барои хосс гуфтанӣ ҳастам, давлати худро, амнияти худро дар ин муҳити фитнабор нигоҳ доред. Имрӯз мо мебинем, ки бо номи Ҳаракати исломии Узбакистон ва дигар гоҳо (дар Тоҷикистон) нооромӣ мекунанд, мо мегӯем равед, дар кишвари худатон бо низоми худатон ҷанг кунед, давлати Тоҷикистон бо мухолифин сулҳ кардааст, мушкиле надорад…

Хулоса, инро мо бародарона мегӯем: Агар ин фурсат аз даст равад, дигар ҷамъ кардани Тоҷикистон мушкил аст, эҳтиёт бошед… Аз Худо талаб мекунам, ки Тоҷикистон обод, озод, пешрафта бошад. Ва барои Шумо низ, ҷаноби доктар, ки меҳрубонӣ кардед, ман хушҳол шудам аз дидор. Ҳамаро, хусусан, бародарам Раисҷумҳурро, агар дидед, салом гӯед…» (Кобул, 27.04.2011, соати 12:30)

Ду пайнавис бар паёми устод Раббонӣ:

abdulla-rahnamo_45852.jpg1.Вақте Устод Раббонӣ сухани худро барои давлат ва миллати Тоҷикистон мегуфт, банда бо тамоми вуҷуд ба симои нуронии ин сиёсатмадори куҳансобиқа менигаристам: ӯ бисёр ором, бо андешаи амиқ, бо тааммулу масъулият, бо мулоҳизаи тамоми паҳлӯҳои мавзӯъ сухан мегуфт. Ӯ тамоми вақт ба як нукта нигоҳ мекард ва ба назарам, дар тӯли ин гуфтор равандҳои пуршӯри ҷаҳонӣ, фазои печидаи минтақа, нақшаҳои шуми қудратҳову абарқудратҳо, манфиатҳои нирӯҳову гурӯҳҳо ва воқеиятҳои дохилу атрофи Тоҷикистон, ки ӯ аз тамоми он бисёр хуб огоҳ аст, пеши чашмони ӯ мегузаштанду давр мезаданд. Ва ӯ, ҳамчун пири хирадманди сиёсат, ҳамчун падари дурандеш бар он меандешид, ки чӣ гуна кишвар ва мардуми Тоҷикистонро, ки барои ӯ ҳаргиз бегона нестанд, аз фурӯ рафтан ба ин тӯфон барҳазар дорад. Кишвареро, ки дар сулҳи он, дар ҳифзи давлатдории он, дар ҳифзи истиқлоли он, хулоса, дар наҷоти он нақши ӯ низ кам надбудааст…

Устод Раббонӣ ҳангоми ин сӯҳбат, ки барои ом гуфта мешуд, гӯё рӯи майдони минаҳо роҳ мерафт, ки дар сухани худ чӣ гуфтаниҳоро бигӯяд ва чӣ нагуфтаниҳоро нагӯяд… Зеро, дар чунин муҳит, дар чунин сатҳ, дар чунин симат, аз чунин фосила ва дар чунин масъала гоҳо гуфтан мушкил асту гоҳо нагуфтан мушкил… Ва ниҳоят, ин устоди пуртаҷрибаи сиёсат ҳам гуфту ҳам нагуфт… Ба гунае, ки дарку дарёфти гуфтаву нагуфтаҳои ӯ ба сатҳи фаҳми шунаванда вогузор шуд.

2.Пас аз шунидани ин паём бояд бори дигар ба ин нукта баргардем, ки Бурҳониддини Раббонӣ кист ва паёми ӯ чӣ аҳаммият дорад? Ҷавоб: Ӯ аз собиқадортарин сиёсатмадорони тоҷик, аз ботаҷрибатарин роҳбарони сиёсӣ, аз огоҳтарин шахсиятҳои минтақа, шахсияте, ки равнадҳои дохиливу минтақавию ҷаҳониро аз дохил медонад, мешиносад ва гоҳо месозад. Ва илова бар ин, зиндагӣ, таърих ва таҷриба нишон додаст, ки Бурҳониддини Раббонӣ ба ҳамаи маъно дӯст аст, дӯсти мардуми тоҷик, дӯсти давлати тоҷикон, дӯсти роҳбари давлати тоҷикон. Пас, паёми ӯ аз умқи таҷриба, аз авҷи огоҳӣ, аз ҳисси дилсӯзӣ ва аз сари дӯстӣ берун омадааст. Дар паёми ӯ ҳеҷ ғаразе нест, ҷуз самимияту некӯӣ. Паёми ҷиддиву огоҳонаи дӯсти куҳантаҷрубаву кордида. Пас, дар ин марҳилаи ҳассоси таърих, дар ин муҳите, ки бисёр кишварҳо дар пеши чашмонамон ба  гирдоби фитнаву ноамнӣ фурӯ мераванд, ин паёмро ҳамагон бояд ба гӯши ҷону хирад бишнавем, чӣ давлат, чӣ мардум.

Фарқи сулҳ аз ҷанг дар чист?

Кобул - пойтахти бостонию ҷабрдидаи Афғонистон. Шаҳре, ки бисёр сутуда шуда ва бисёр кӯфта шуда. Имрӯз ҷо-ҷои ин шаҳр биноҳои зебои замонавӣ, меҳмонхонаю марказҳои тиҷорӣ, вилаҳои қашанги хусусӣ бо тарҳҳои навин бунёд шуда, чун умеди мардуми Афғонистон ба як эҳёи дубора қомат кашидаанд. Ва ҳар гӯша қалъаҳои низомӣ, ки атрофаш бо монеаҳои бетонӣ ва постгоҳҳову посбонҳои мусаллаҳ иҳота шудаанд ва рӯи бомҳо сарбозон навбатдорӣ мекунанд ва ҳама омодаанд, ки ҳамин ҳоло ҳуҷуме шавад ва дифоъ кунанд. Ронанда бо даст ишора карда, баъзе аз онҳоро муаррифӣ менамояд: сафорати Амрико, Милали Муттаҳид, хонаи Дустум, хонаи бардари раисҷамҳур, ҳутали «Континентал», хонаи домоди устод Сайёф, вазорати дохила, мақарри АЙСОФ (нирӯҳои эътилоф), хонаи фалон қумандон, хонаи фалон ҷенерол ва ғайра. Ва ин ҳама тақрибан Душанбеи миёнаи солҳои 90-умро ба ёд меорад. Шаҳре дар интизори ҳамла, дар интизори таркиш…

Вале миёни ин ҳама зиндагии мардуми осоишта ҳамчунон идома дорад. Бозорҳо пур аз одаму коло, кӯчаҳо пур аз мошину ароба, мактабу донишгоҳҳо пур аз муҳассил. Мардуми хуб, мардуме, ки ба тақдир тан дода, ҳар рӯз дар марзҳои марг қадам мезананд. Ва агар чизеро аз Кобул барои ҳамеша бояд ба ёд гирифт, мардуми хуб ва сокинони самимии он аст. Мардуме, ки аз ҷанг, аз фақр, аз ноамнӣ ба сутӯҳ омадаанд, чеҳраҳо сӯхтаву пайкарҳо лоғар, зиндагиҳо поймол, вале ҳамчунон табассум мекунанд, меҳмоннавозӣ мекунанд, қисса мекунанд, зиндагӣ мекунанд. Ва аз тамоми муносибату зиндагии ин мардуми шариф як хулоса мегирӣ: ин дурӯғи маҳз аст, ки мардуми Афғонистон ҷангҷӯянд, ин дурӯғи маҳз аст, ки мардуми Афғонистон бе ҷанг зиста наметавонанд, ин дурӯғи маҳз аст, ки онҳо сулҳро намехоҳанд. Балки, онҳо сулҳро мехоҳанд, сулҳро пазмон шудаанд, аз ҷанг безоранд ва барои сулҳ дилашон гум мезанад… вале онҳоро намегузоранд, ки сулҳ кунанд, ба сулҳ бирасанд. Онҳо дар асл гаравгон ва қурбонии манфиатҳои калону калонтар шудаанд…

Вале дар кулл, ҷанг Кобулро бисёр қафо бурдааст. Аксари ҷойҳои шаҳр вайрона, биноҳои таркида, кӯчаҳои ношуставу норуфта, бозорҳои ифлоси сарироҳӣ, селаи хӯрдафурӯшон, кӯчаву ҷӯйборҳо пур аз зубола, ҳаракати нақлиёт беназм, низоми обу корез хароб, ошхонаҳо ғайрибеҳдоштӣ, ҳама ҷо пури хоку хоктӯда, хулоса, ин шаҳри бузург акнун амалан аз раддаи пойтахтҳои муосир уфтодааст, ҳатто дар сатҳи минтақа.

Ҷангу ноамнӣ фурсат надодаст, ки давлат пойтахти худро обод кунад, мардум шаҳри худро бисозад. Ҳар қадам осори ҷанг, рӯҳи ноамнӣ, ҳисси нопойдории субот, дарки норӯшании фардо. Ва мудҳиштарин осори ҷангу минакориҳо - мардону занону кӯдакони маҷрӯҳу бепой, ки бо чӯбдасту асобағалҳои худ дар сафи дагарон аз пайи рӯзӣ мешитобанд… Зиндагӣ дар чунин вазъият аз назари равонӣ бисёр кушанда аст, зеро дасте барои кори ҷиддие пеш намеравад… 

Гулрухсор шеъре дорад «дур рафтам, то туро наздик бинам, аз ту рафтам, то даме бо ту нишинам, Тоҷикистон». Ва дар Кобул ин байтро борҳо ёд овардам, зеро дар ин сафар шинохти ман аз Тоҷикистон бисёр амиқтар шуд, дарки ман аз неъмати сулҳу оромии кишвар боз ҳам ҷиддитар гашт, бе ҳеҷ сиёсат, бе ҳеҷ идеология, бе ҳеҷ тамаллуқ... Хулоса, шояд аз Кобул тавон дид, ки Душанбе чӣ  осуда аст, шояд аз Кобул тавон дид, ки сулҳу амният чӣ неъматест, шояд аз Кобул тавон дид, ки фарқи сулҳ аз ҷанг дар чист…

(идома дорад)

Абдуллоҳи Раҳнамо, муҳаққиқ ва сиёсатшинос, махсус барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi