МЕҲДИИ КАРРУБӢ: ОМОДААМ МУҲОКИМА ШАВАМ
Дар ҳоле ки додситони умумии Теҳрон аз талоши қувваи қазоия барои мамонеъат аз судури баёния тавассути раҳбарони мухолифони давлат хабар дода, Муҷтабо Воҳидӣ, мушовири Меҳдии Каррубӣ дар гуфтугӯ бо Би-би-сии форсӣ эълом кард оқои Каррубӣ дар як гуфтугӯйи телефунӣ бо ӯ гуфта, ки омодааст дар додгоҳ муҳокима шавад.
Ӯ гуфт Меҳдии Каррубӣ хитоб ба сарони ҳукумат гуфтааст, ки агар ғайрат ва шуҷоъат доранд, монанди ҳукумати шоҳ рафтор кунанд. Оқои Воҳидӣ, ки таъкид кард ба унвони мушовири Меҳдии Каррубӣ сухан мегӯяд, афзуд оқои Каррубӣ ба ӯ гуфта: "Ҳукумати шоҳ агар муборизоне монанди Толиқонӣ, Гулсурхӣ, Бухороӣ ва даҳҳо мубориз бо андешаҳои мутафовитро ба банд мекашид, иҷозаи интишори муҳокимоти онҳоро дар расонаҳо медод."
Меҳдии Каррубӣ ба оқои Воҳидӣ гуфтааст: "Қабл аз ҳар чиз мехоҳад аз аҳолии маҳалли хонааш, ки то ҳудуди нимашаби 27 баҳман (16 феврал) маҷбур ба шунидани "шиъорҳои ракики лотҳои ҳукумат" шуданд, узрхоҳӣ кунад."
Оқои Каррубӣ дар бораи мавзеъгирии Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, Алиакбар Нотиқи Нурӣ, раиси дафтари бозрасии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва Ҳасан Руҳонӣ, раиси маркази таҳқиқоти истротежики Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, бар зидди ҳаракати 25 баҳманмоҳ ба мухолифони ва раҳбарони онҳо гуфт: "Шикастани ҳамзамони сукути ин се нафар ва бархе зароифи мавҷуд дар изҳори назари онҳо ва низ ҳамзамонии ин изҳори назарҳо бо "иттилоъияи дастурии" ҳайъати раисаи хибрагон ҳар навъ тардид дар мавриди илзоми онҳо ба изҳори назарро бартараф мекунад."
Маҷлиси хибрагони Эрон пештар бо интишори баёнияе аз таҷаммуъоти рӯзи 25 баҳман башиддат интиқод карда ва гуфта буд, ки "сарони фитна" беҳтарин хадамотро ба Омрико ва Исроил карданд. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ аз Мирҳусейни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ ба унвони "сарони фитна" ёд мекунанд.
Оқои Нотиқи Нурӣ пас аз муддатҳо сукут дар гуфтугӯ бо шабакаи хабари телевизиюни Эрон бо "ғайриқонунӣ ва ғайрирасмӣ" хондани нооромиҳои рӯзи 25 баҳман, бо ишора ба сарони мӯътаризон гуфт: "Касоне, ки рӯзгоре дар канори хидматгузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур доштанд ва ба низом ва инқилоб хидмат мекарданд ва имрӯз дар муқобили миллат ва низом қарор гирифтанд, агар камтарин ҳуши сиёсӣ ва ғайрат доштанд, бояд худ ва андак ҳаводоронашонро дар рӯзи миллии 22 баҳман фаро мехонданд, то замони дифоъ аз ормонҳои Имом ва инқилобу раҳбарӣ аз мардуми Миср ва қиёми миллати Миср ҳам ҳимоят мекарданд."
Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон, дар сармақолае дар рӯзномаи "Теҳрони имрӯз" бо унвони "Номаҳрамони инқилоб дар сангари муқобила бо низом" бо ишора ба нооромиҳои рӯзи 25 баҳман навишт: "Сабабгорони ин иттифоқот ва алалхусус сарони фитна на булуғи сиёсӣ доранд на дин доранд ва на ақл; ва аз манзари миллати шарифи Эрон гуноҳи амалкарди онон мушобеҳ ва ҳамрадифи касоне аст, ки ҳамакнун мо онҳоро ба номи мунофиқин мешиносем."
Оқои Руҳонӣ ҳам дар бораи тазоҳуроти 25 баҳман гуфта буд: "Ҳаракати он рӯзи "гурӯҳе фиребхӯрда" комилан маҳкум аст ва қувваи қазоия бояд бар асоси вазоифи зотии худ нисбат ба ин ҳаракати "зиддиинқилобӣ" иқдом кунад. Оқои Каррубӣ дар гуфтугӯ бо оқои Воҳидӣ, ки дар Фейсбук низ мунташир шуда, аз ин се нафар; яъне оқои Нотиқи Нурӣ, Ҳасан Руҳонӣ ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, хостааст, ки бо судури иттилоъияе хостори муҳокимаи ошкори ӯ ва иҷозаи интишори дифоъияташ дар расонаҳо шаванд.
Мушовири Меҳдии Каррубӣ гуфт бо сахтии бисёр тавонистааст бо оқои Каррубӣ тамос бигирад. Оқои Воҳидӣ, ки Меҳдии Каррубиро "шайхи шуҷоъ ва ифтихорофарин" хонд, гуфт: "Руҳияи ӯ бо замоне, ки раиси Маҷлиси Эрон буда, ҳеҷ фарқе накарда ва ҳатто устувортар аз он аём бар сари аҳди худ бо миллат истодааст."
Вебсойти "Калима", наздик ба Мирҳусейни Мусавӣ, рӯзи 28 баҳман (17 феврал) бо интишори фарохоне эълом кардааст, ки рӯзи якшанбе аввали исфанд (19 феврал) дар Теҳрон ва шаҳристонҳо таҷаммуъҳое барои бузургдошти кушташудагони ҳаводиси 25 баҳман баргузор мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/4475-mehdii-karrubi-omadaam-muhokima-shavam.html