08:02:36 01-уми Июли 2025 сол

"ВИКИЛИКС": РУСИЯ ҲУКУМАТЕ МОФИЁӢ АСТ

Теъдоде аз паёмҳои диплумотики Амрико, ки тавассути "Викиликс" мунташир шуда, Русия, Белорус ва Чечен давлатҳои мофиёӣ тавсиф шудаанд. Баррасиҳои тоза нишон медиҳад, ки сафири Амрико дар Модрид дар моҳи январи 2010 аз қавли Хузе Гриндо Гунзалес, аз мақомҳои қазоии аршади Испониё, ба Вошингтун гузориш дода буд, ки дар Белорус, Русия ва Чечен, ки бахше аз Русия аст, наметавон байни фаъолиятҳои давлат ва гурӯҳҳои табаҳкор (мофиё) тафовуте қоил шуд.

 

putinДар ин паём, аз имкони даст доштани Влодимир Путин, нахуствазири Русия дар мофиё суҳбат шудааст. Дар асноди ифшошуда ҳамчунин аз оқои Путин ба унвони "саргурӯҳ ва саркардаи як дору даста" ном бурда шудааст. Гуфта мешавад, ки сарони мофиёии Русия дар Испониё фаъолиятҳои зиёде доранд ва як санади шомили ҷузъиёти ҷаласаи муштараки гурӯҳии Амрикоӣ-испониёӣ аст, ки дар бораи табаҳкории созмонёфта таҳқиқ мекунанд. Қозӣ Гриндо ҳамчунин аз қавли яке аз маъмури иттилоъотии собиқи Русия, ки чаҳор сол пеш дар Ландан кушта шуда буд, гуфта, ки созмони ҷосусии Русия кунтрули мофиёро дар ин кишвар дар даст дорад.

 

Дар ин аснод ҳамчунин ба нақл аз Дмитру Фиртош, ки яке аз мардони сарватманди Укроин аст, омадааст, ки бо мофиёи Русия иртибот дорад ва барои анҷоми фаъолиятҳои тиҷории худ маҷбур ба ҷалби назари мувофиқи Семен Могилевич будааст. Гуфта мешавад Семен Могилевич яке аз қудратмандтарин раҳбарони мофиёи Русия аст.

 

Кохи Сафеди Амрико рӯзи чаҳоршанбе як намояндаи аршадро барои баррасии ҷомеъи чигунагии дарзи иттилоъоти маҳрамона ба "Викиликс" таъйин кард. Росел Троверлз аз сӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Иёлоти Муттаҳида маъмурият дорад, ки пешниҳодоти худро барои ислоҳи сохтори табақабандии асноди давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз такрори ифшогарии дигаре ба Кохи Сафед ироа кунад.

 

Филип Кровлӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи АмрикоЮ рӯзи чаҳоршанбе (1 декабр) Ҷулиян Осонжро оноршисте хонд, ки ба паёмадҳои иқдомоташ барои ҷони мардум таваҷҷуҳе надорад. "Викиликс" ифшогариҳои бузурги худро ба нафъи умуми мардум медонад. Ҳукми ҷалби байналмилалии бунёдгузори "Викиликс" рӯзи сешанбе содир шуд. Интерпул (пулиси байналмилал) бар асоси ҳукми додгоҳе дар Суед алайҳи Ҷулиян Осонж, бунёдгузори "Викиликс", аз кишварҳои узви ин созмон хостааст вайро боздошт кунанд.

 

Тасмими Интерпул дар судури "эълони қирмиз" алайҳи оқои Осонж дар рӯзи чаҳоршанбе ва бо истинод ба дархости давлати Суед содир шуд. Рӯзи 18 ноябр, додгоҳе дар Суед ҳукми ҷалби ин шаҳрванди устролиёиро ба иттиҳоми таҷовуз ва озори ҷинсӣ ва корбурди зӯри ғайриқонунӣ алайҳи ду зан содир кард. Вакилони оқои Осонж дар талошанд, ки ҳукми ҷалби вай дар Суедро лағв кунанд.

 

Викиликс" якшанбеи гузашта беш аз 251 ҳазор паёми диплумотикро мунташир кард, ки рӯзномаи "Ню-Йурк тоймз" онҳоро "ривояти маҳрамонаи робитаи Иёлоти Муттаҳида бо ҷаҳони асри ҷанг ва терурисм" тавсиф кардааст. Маълум нест, ки бунёдгузори "Викиликс" акнун дар куҷо ба сар мебарад. Оқои Осонж пештар дар Ландан дида шуда буд ва гумон меравад, ки дар ҳоли ҳозир ҳам ба таври махфиёна дар яке аз кишварҳои урупоӣ иқомат дошта бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3735-qq----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ