04:35:02 02-уми Июли 2025 сол

ҲАДАФИ ҚАЗОҚИСТОН АЗ НИШАСТИ САҲА ЧИСТ?

Раҳбарон ва диплумотҳои аршади беш аз 50 кишвари ҷаҳон дар Остона, пойтахти Қазоқистон барои баргузории бузургтарин рӯйдоди бесобиқа дар Осиёи Миёна гирди ҳам омадаанд. Қазоқистон мизбони нишасти Созмони Аиният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲА) аст, ки аҳдофи ин созмон густариши демукросӣ ва таъмини амният аст.

 

osceҚазоқистон имсол раёсати давраии ин созмонро бар уҳда дорад. Аз замони ба даст гирифтани раёсат дар авоили соли 2010 Қазоқистон талош кардааст ин нишастро дар пойтахти ҷадиди худ баргузор кунад. Амнияти минтақавӣ, буҳронҳои давомдор дар минтақа ва ҷанг дар Афғонистон дар дастури кори ин нишаст қарор дорад. Аммо мунтақидин мегӯянд рӯшан нест, ки оё ин нишаст мехоҳад ба чӣ ҳадафе даст ёбад.Досим Сотпаев, таҳлилгари маооили сиёсӣ дар Қазоқистон омодагиҳо ба баргузории ин нишастро шабеҳи омодагӣ барои баргузории маҳфили арӯсии қазоқӣ медонад.

 

Ӯ мегӯяд: " Ҳамаи матбуъоти маҳаллӣ дар бораи масоили марбут ба фароҳам сохтани баргузории ин нишаст гузориш медод: аз қабили оё меҳмонон дар кадом ҳотел хоҳанд буд, оё васоили нақлияи онон чӣ гуна хоҳад буд, оё менуи ресторан чист."

 

Мунтақидин мегӯянд Қазоқистон мехоҳад ин нишастро қабл аз ҳама чиз барои беҳбуди ваҷҳаи байналмиллалии худ истифода кунад ва аз раёсати давраии САҲА кам ба суди худ истифода кардааст. Аммо мақомот ин иддаъоҳоро рад мекунанд. Роман Василенко, аз вазорати умури хориҷаи Қазоқистон гуфт: "Ин нишаст ва раёсат дар ин созмон барои Қазоқистон иҷоза медиҳад барои амнияти ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад."

 

Ӯ афзуд: "Ин фурсате аст барои нишон додани ин ки Қазоқистон як бозигари ҳамсанги дигарон, шоиста ва боарзиш аст ва мо собит кардем, ки мо метавонем аз уҳдаи роҳбарии чунин созмони муҳим бароем."

 

Қазоқистон тавонистааст дар ин нишаст раҳбарони кишварҳои зиёдеро ба ҳам орад. Ангело Меркел, садри аъзами Олмон, Силвио Берлусконӣ, нахуствазири Итолиё ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд. Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷа аз Омрико ва Ник Клегг, муъовини нахуствазир аз Бритониё намояндагӣ мекунанд.

 

Чизе, ки ба ин нишаст мазза афзудааст, баҳсҳое аст, ки нашри асноди сиррии диплумотики Омрико тавассути Викиликс бапо кардааст. Бисёре аз сиёсатмадороне, ки номи онҳо дар асноди мунташиршуда ёд шуда барои бори нахуст пас аз он ки ифшои асрор Омрикоро дар вазъи ногувор қарор дод, бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

 

"Адами ислоҳот"

Ҳузури шумори зиёди сиёсатмадорони аршад аз саросари ҷаҳон дар ин нишаст чизе аст, ки фаъолони ҳуқуқи башар умедворанд вазъи камранги ҳуқуқи башар дар минтақа таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб хоҳад кард. Созмонҳои байналмиллалии мудофеъи ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайридавлатии минтақавӣ барои баҳс пиромуни ин мавзуъ нишасти олтернотив баргузор кардаанд. Нинел Фокина аз Кумитаи Ҳелсинки гуфт: "Қазоқистон дар ҷиҳати анҷоми ислоҳоти демукротик ҳеҷ гуна пешрафте накардааст, баръакс ақаб рафтааст."

 

Ӯ афзуд: "Дар бисёре аз бахшҳо аз қабили озодии мазҳаб, озодии баён, ҳаққи баргузории таҷаммуъот ва ҳаққи бархурдорӣ аз мурофиъоти додгоҳии одилона вазъ хеле бадтар шудааст."

 

Фаъолони ҳуқуи башар умедвор ҳастанд, ки ин нишаст таваҷҷуҳро ба вазъи камранги ҳуқуқи башар дар минтақа ҷалб хоҳад кард. Дар остонаи баргузории нишасти САҲА Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар аз созмонҳои умдаи байналмиллалӣ бо интишори баёнияе аз шарикони байналмиллалии Қазоқистон хост то ин кишварро водор ба анҷоми ислоҳоте кунанд, ки он тааҳҳуд кардааст, ба хусус дар бахши озодии баён.

 

Ин тааҳҳуде буд, ки Қазоқистон дар соли 2007 дар Мадрид замоне ки аъзои САҲА онро барои раёсати давраии ин созмон ба унвони нахустин кишвар аз ҷумлаи кишварҳои шуравии собиқ интихоб карданд, эълом карда буд. Дар паҳлуи ислоҳот дар заминаи озодии баён, Қазоқистон ҳамчунин мутааҳид шуда буд низоми интихоботӣ ва додгоҳии худро ислоҳ намояд ва вазъи ҳуқуқи башарро беҳбуд бахшад.

 

Аммо тайи замони раёсати худ дар ин ниҳоди тарафдори густариши демукросӣ Қазоқистон ҳамвора ҳадафи интиқодот ба далели талоши андак дар ҷиҳати таҳкими демукросӣ дар дохили худ қарор гирифтааст. Моҳи июни гузашта Қазоқистон қонуни ҷадидеро барои эътои унвони "падари миллат" ба раиси ҷумҳур тасвиб кард.

 

Ин қонун ба Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур, ки аз соли 1989 зимоми умурро дар даст дорад, иҷоза медиҳад аз таъқиби қазоӣ масъун бошад ва дар сурати канорагирӣ аз қудрат ва ё инқизои замони раёсаташ ҳаққи иттихози тасомим дар умури кишвар дошта бошад.

 

Шарики мумтоз

Бисёре аз қазоқҳо мегӯянд онҳо аз ин ки кишварашон мизбони нишасти САҲА аст ифтихор доранд. Соҳибназарон мегӯянд чун Қазоқистон акнун муваффақ ба мизбонии нишасти САҲА, аз аҳдофи умдаи сиёсати хориҷиаш шудааст, дар оянда аз интиқодоти байналмиллалӣ нигарон нахоҳад буд.

 

Досим Сотпаев, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Қазоқистон гуфт: "Ҳузури раҳбарони икшварҳои урупоӣ дар нишаст нишонаи ин аст, ки Ғарб дигар таваҷҷуҳе ба демукротиза сохтани Қазоқистон надорад. Чизе ки барои онҳо муҳим аст, боқӣ мондани Қазоқистон ба унвони шарики истротехик барояшон аст."

 

Ӯ меафзояд: "Ин мавзуъи ҷаҳонӣ шудан аст. Урупо дарк мекунад, ки агар мавзеъи худро дар ин ҷо тақвият накунад, қудратҳои дигаре мисли Русия, Чин ва Эрон, ки ба мавзуъи чигунагии низоми сиёсии Қазоқистон ҳеҷ таваҷҷуҳе надоранд, ҳузури худро афзоиш хоҳанд дод."

 

Чанд ҳафта пеш аз баргузории нишаст шумори зиёде аз коргарон, ронандагон ва тадоруккунандагони ғазо барои омодагии он кумак мекарданд; роҳҳоро аз барфу ях пок мекарданд. Онҳо мехоастанд итминон диҳанд, ки Остона зебо ва барои меҳмонон хотирмон бошад.

 

Дар хиёбонҳо садҳо парчами сафед ва осмонии САҲА насб шудаанд. Барои бисёре аз афроди оддӣ дар Қазоқистон раёсати ин кишвар дар САҲА ҳеҷ гуна суди шахсӣ наовардааст. Барои бисёриҳо мушкил аст тавзеҳ бидиҳанд, ки САҲА чӣ ҳадаф дорад. Аммо онҳо ифтихор доранд, ки кишварашон мизбони як чунин рухдод аст. Як ҷорӯбкаши роҳ гуфт: "Раиси ҷумҳури мо медонад, ки чаро ин муҳим аст. Ҳар кас кори худашро анҷом медиҳад."

 

Райҳон Димитрӣ, BBC News, Остона

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3731-2010-12-02-05-06-26.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ