11:18:45 19-уми Майи 2025 сол

ТАЪСИСОТИ ҶАДИДИ КУРАИ ШИМОЛӢ, ЧОЛИШИ ҶАДИДИ ДАВЛАТИ ОБАМА

Як донишманди ҳастаии амрикоӣ мегӯяд, ки дар дидори ҳафтаи гузаштааш аз Кураи Шимолӣ ба ӯ таъсисоти паҳновари атумӣ нишон дода шудааст. Зигфрид Ҳекер, яке аз муҳаққиқони донишгоҳи Станфорд ба рӯзномаи Ню Юрк Тоймз (New York Times) гуфта, ки дар ин сафар ба ӯ садҳо сонтрифюжи ғанисозии урониюм нишон дода шуда, ки аз онҳо метавон дар сохти таслиҳоти атумӣ истифода кард.

 

heckerМақомоти Амрикоӣ мегӯянд, ки вақте бозрасони байналмиллалии таслиҳоти атумӣ дар апрели соли 2009 аз Кураи Шимолӣ ихроҷ шуданд, ин таъсисот вуҷуд надошт. Дуктур Зигфрид Ҳекер гуфта, ки аз мушоҳидаи таъсисоти печидаи атумии ҷадиди Кураи Шимолӣ мутаҳаййир мондааст. Мақомоти Кураи Шимолӣ ба ӯ гуфтаанд, ки қаблан ду ҳазор сонтрифюжро насб ва роҳандозӣ кардаанд, аммо ба ӯ иҷозаи аксбардорӣ аз ин сонтрифюжҳоро надодаанд.

 

Ҳамчунин ӯ маҷоз набуда, ки дар мавриди иддаъои мақомоти Кураи Шимолӣ мабнӣ бар ғанисозии урониюм бо ғилзати пойин барои истифода дар нерӯгоҳи ҳастаӣ таҳқиқ кунад. Мақомоти Амрикоӣ мегӯянд, ки ба гумони онҳо Кураи Шимолӣ дар талош аст барои тавлиди бумбҳои атумӣ урониюмро бо ғилзати боло ғанисозӣ кунад. Ҳадсу гумонҳои бисёре вуҷуд дорад, ки чаро дар ин замон мақомоти Кураи Шимолӣ таъсисоти атумии ҷадиди худро ба дуктур Ҳекер нишон додаанд.

 

Ба гуфтаи онҳо шояд мақомоти Кураи Шимолӣ бо истифода аз ин кор мехоҳанд мавқеъияти худро барои чоназанӣ дар музокироти байналмиллалӣ тақвият кунанд ва илова бар он умедворанд, ки баъдҳо ҳам барои таътил кардани ин таъсисот имтиёз бигиранд. Аз суи дигар ин кор метавонад нишонаи он бошад, ки Кураи Шимолӣ тасмим дорад барномаи атумии худро тасреъ кунад.

 

Дар ҳар сурат ин мавзуъ чолиши ҷадиде барои давлати Борок Убомо талаққӣ мешавад, ки ҳадафаш халъи силоҳи ҳастаии ҷаҳонӣ аст. Гузориши Ню Юрк Тоймз дар ҳоле мунташир шуда, ки Стефен Босвос намояндаи аршади Амрико дар мавриди масоили Кураи Шимолӣ ба кишварҳои осиёӣ сафар кардааст. Яке аз аҳдофи ӯ дар ин сафар эҳёи музокироти шашҷониба дар мавриди барномаи атумии Кураи Шимолӣ аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3628-2010-11-21-19-59-10.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ