22:56:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2042 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

АФҒОНИСТОНИ ИНҚИЛОБӢ

Худойназар АСОЗОДА - профессор

(аз дафтари хотираҳо)

Китоби II

Душанбе – 2003

Муҳаррир Муаззами Диловар

Китоби «Афғонистони инқилобӣ», ки дар даст доред, идомаи навиштаи пешинаи муаллиф бо номи «Афғонистони шоҳӣ» (Д:Деваштич, 2002) мебошад. Дар инҷо сухан аз ҳаводису воқеоте меравад, ки нигоранда дар тӯли солҳои 1978-1981 шоҳиди онҳо будаааст.

1 afghanistan-inqilob 458778Ҳамаи он чизҳое, ки нависандаи китоб рӯи қоғаз овардааст на аз рӯи шунидаву овозаҳо ва ё аз нигощтаҳои матбуотанд, балки рӯйдодҳои ҳаёти воқеиянд, ки муаллиф ба чашми худ дидааст ва аз сар гузаронидааст. Хонандаи китоб аз вазъи иҷтимоиву сиёсии Афғонистон дар рӯзҳои Инқилоб ва баъд аз он, фаъолияти баъзе давлатмандони кишвар, мушовирони шӯравӣ, кору бори тарҷумонҳо ва ғайра тасаввуроте пайдо мекунад.

Китоби «Афғонистони инқилобӣ» барои устодону донишҷӯёни таърихшинос, барои ҳамаи ононе, ки мехоҳанд аз тақдири Афғонистону мардуми афғон дар солҳои 1978-1981 иттилоъе дошта бошанд, мароқовару ҷолиб мебошад. Ин китобест, ки бо усули қисса андар қисса нигошта шудааст. Аз ин рӯ бояд аз ибтидо то интиҳо хонд.

САРСУХАНИ НИГОРАНДА

Оғози моҳи ноябри соли 1978 буд. Аз Кумитаи маркази бандаро суроғ карданд. Гуё аз дафтари котиби идеологи – Ибодат Раҳимова ба дастгоҳи ректори Донишгоҳи давлатӣ академик Пӯлод Бобоҷонов занг задаанд, то ки каминаро ба он даргоҳи ҳизби бифристанд. Ба қабули ректор рафтам. Пӯлод Бобоҷонов хоҳиш намуд, ки ба назди Ибодат Раҳимова равам. Аз эшон илтиҷо намудам, ки маро тавсия накунанд, акнун рисолай Номзади дифоъ намудам, гуфтам ба вай. Дар Афғонистон инқилоб аст, ман ба наздикӣ аз он кишвар омадам, дубора зарурати рафтанам ба он ҷо нест, кори тарҷумониро бошад, як донишҷӯи одди ҳам метавонад анҷом диҳад ва ба ҳамон монанд далоилро барои Пӯлод Бобоҷонов иброз доштам. Мавсуф хеле гӯш андохт ва баъд гуфт: «Ман чӣ кор карда метавонам?! Ба ман амр шудааст, ки шуморо ба Кумитаи марказӣ равон кунам. Равед, ин гапҳотонро ба Ибодат Раҳимова Гуед». Албатта, дар кадом вазъият қарор доштани ректорро мефаҳмидам, вале агар ӯ тавсифномаи мусбат намедод, шояд намефиристонданд. Гапамро ба ректор гузаронда натавонистам. Ба дафтари ҳизб ҳам нарафтам. Ба ҳар ҳол, аз чониби хеш кӯшиш мекардам, ки сафар ба Афғонистони инқилобӣ амалӣ нашавад. Мутаассифона, ё хушбахтона, ба дафтари ректори Донишгоҳ даъват намуда, ҷиддиёна амр доданд, ки фардо соати шаши бегоҳи бо билети ҳизбӣ ба қабули котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон Расулов Ҷ.Р. ҳозир шавам. Фаҳмидам, ки мавзуъ ранги ҷидди ба худ гирифтааст ва агар пофишори намоям, маънии ба амри Ватан итоат накарданро дошта, имкони аз сафи Ҳизби коммунист хориҷ кардан ҳам буд. Ноилоч рузи 10-уми ноябри 1978 дар аз вақти таъиншуда ба қабули Ҷаббор Расулов рафтам. Панҷ нафари дигар Абдулмаҷид Холов, Олимҷон Ҳӯҷамуродов, Анвар Сулаймонов, Исматуллоҳ Ҳидоятов, Умриқул Ҳақбердиев, ки тачрибаи чандсолаи хизмат дар хориҷа доштанд низ ба ин мулоқот даъват шуда буданд.

Ҷ.Расулов моро ба сари мизи дарозе шинонда бист дақиқа оид ба мавзӯи вазъияти сиёсии Афғонистон сӯҳбат намуд. Эшон бо лафзи зебои тоҷикӣ сухан мекард. Мавсуф таъкид дошт, ки Афғонистонро эҳтиёт кардан лозим аст. Ҷ.Расулов дар поении сӯҳбаташ гуфт: «Ман намедонам шумо он ҷо кадом корҳоро анҷом медиҳед. Мефаҳмам, ки баъзе аз шумоён хоҳиши рафтан надоред, аммо дониста бошед, ки руйхати шумо аз Кремл омадааст. Аз ин ру, бо амри боло Кумитаи марказӣ дар мавриди ба Афғонистон сафарбар шудани шумоён қарори махсус қабул кардааст». Сипас нусхае аз он қарорро сӯи мо дароз намуд, то ки боварӣ ҳосил кунем. Ҳеҷ кадоме аз мо ҳарфе изҳор накардем. Ҳама хомуш мондем, зеро шояд бори аввал бошад, ки шахси аввали ҳизб бо мо баринҳо сӯҳбати расмӣ анҷом медод. Ҳамзамон, хохиш карданд, ки обурӯи Тоҷикистонро нарезонем ва эҳтироми қарори Кумитаи ҳизбро ба чо оварем. Ин лаҳза шӯхиомез гуфтанд: «Нағз хизматро адо намуда баргардед, он вақт ҳар хоҳише, ки дошта бошед, иҷро хоҳем кард. Фаромуш накунед, ки он чо беҳтарин кадрҳои тоҷик, монанди Султон Раҷабов, Сайфуллоҳ Саидов ифои вазифа доранд. Хизмати содиқонаи шумоён, - гуфт дар интиҳо Ҷ.Расулов - боиси ифтихори Тоҷикистон хоҳад гардид. Хайр, ба шумоён роҳи сафед орзу мекунам» гуфта, дасти ҳар кадоми моро сахтакак фишурд. «кӯшиш мекунем, Ҷаббор Расулович», гуфтему пушти ҳам аз дафтари кории вай берун шудем.

Ба ҳамин тариқ мавзӯи ба Афғонистони инқилоби сафар кардани банда дар сатҳи боло ҳал шуд. 12-уми ноябр бояд дар Маскав мешудам. Фақат рӯзи ёздаҳум монда буд, ки бояд анҷомҳоямро омода месохтам ва бо хешу ақрабоям хайру хуш менамудам. Ба сабаби ин ки хоҳиши рафтан надоштам, ҳуҷҷатҳои завчаамро барои бо худ бурдан, ба тартиб надаровардам. Намедонам, чаро, аммо он панҷ ҳамсафари банда низ худашон танҳо омодаи парвози Маскав шуда буданд. Ман факат хонумамро наметавонистам бубарам, зеро ду фарзандам Фотимаю Парвиз дар мактаби тоҷикӣ мехонданд ва фарзанди сеюмам — Таҳмина, акнун семоҳагиро пурра мекард. Шояд дигарон ҳам дар ҳамин вазъият қарор доштанд.

12-уми ноябри соли 1978, соати ҳафти бегоҳӣ, дар майдони ҳавоии Душанбе шаш нафар собиқадорони Афғонистони шохи чамъ омадем. Хешу ақрабо, фарзандон, шогирдон ва дустони зиёде барои гусел баромада буданд. Фотимаву Парвиз гиря мекарданд. Таҳмина ҳоло чизеро намефаҳмид. Завчаам ҳам чандон хурсанд наменамуд. Ҳавои Душанбе борони буд. Дар гӯшае аз толори майдон назарам ба шогирдам афтод, ки пинҳони гиря дошт, зеро аз дарсҳои ҷо-чо ручӯъҳои лирикидошта бебаҳра устодашонро эҳсос менамуданд. Чунин ба мушоҳида расид, ки мемонд. Оре, чунин шогирдоне ҳам мехонданд, ки набудан" шаш гурӯҳи гуселкунандагон ҷамъ омада буданд.

2 afghanistan-inqilob 458778Ҳавопаймои Ту-154 омодаи парвоз буд. Саворшавиро эълон карданд. Садои гиряҳои маҳин ба гӯш мерасид. Аввалан фарзандҳову бародаронамро бӯсидаму оғӯш кушодам. Дар ботин орзуи онро доштам, ки зинда баргардаму бо онон дидор тоза кунам. Он панҷ нафар ҳам шояд бо ҳамин навъ андешаҳо ба зинаҳои ҳавопаймо боло мешуданд. Ин лаҳза ба чашмам расид, ки Абдулмачид оби дидаашро нигоҳ дошта натавонист. ҷойҳоямонро гирифтем. То дер хомӯш мондем. Гуё забон гумм карда будем. Оре, ҷанги Афғонистон дар пеш буд. Ин дафъа кам ашхосе ёфт мешуд, ки фикри мошинхарӣ мекард, балки дар андешаи зинда баргаштан буду бас. Боз ҳам қарзи Ватан, масъулиятманди ва ба ҷо овардани хидмати интернатсионалисти ҳушёрамон месохт. Гуё охирин бор аз болои ҳавопаймо ба воситаи мӯҳричаҳои хурдакаки он Душанбеи азизро тамошо мекардем. Шаҳр чароғистон буд. Ҳавопаймо қоматашро рост карду суръаташ ҳам баланд шуд. Торафт аз Ватани хурдамон» дур мегардидему ҷониби пойтахти «ватани бузургамон»- Маскав мешитофтем. Нахустин соатҳои рӯзи 13-ум Маскав бо барфи лак-лакиаш пешвозамон гирифт. Аз ҳавопаймо то толори майдон эҳтиёткорона рафтем. Ҷомадонҳоро оварданд. Руйи ҳавлии «Домодедово» баромадему такси киро намудем. Қароргоҳамон меҳмонхонаи «Тоҷикистон» таъин шуда буд...

Рузи 14-ум ба идораи Гекеес (ГЭСЭС) – Кумитаи иқтисодиёти давлатӣ рафтем. Моро ба хуши пазируфтанд. Маълумамон гардид, ки мо тарҷумонҳои гуруҳи мушовирони Шурави дар назди вазоратхонаҳои давлати Афғонистон будаем, Гап дар ин аст, ки пирӯзии Инқилоби Савр, ки бо кӯшиш ва ибтикори ҳизбҳои «Халқ» ва «Парчам» сурат гирифта буд, Давлати Шӯравӣ барои онҳо таъҷилан гуруҳи махсуси мушовиронро ташкил дод. Аз ҳама кумитаҳову вазоратхонаҳо бехтарин мутахассисонро ҷамъ оварда, барои ҳар вазорати Афғонистон панч-шаш нафари омода сохтанд. Чунин шуд, ки дар ҳар вазорат гуруҳи мушовирини Шӯравӣ ба фаъолият пардохт. Онҳо бояд сохтори давлати Афғонистонро ба таври сотсиалистӣ тартиб медоданд. Табиист, ки ин навъ шахсиятҳои тахассусманд ба тарчумонҳои соҳибтаҷриба ниёз доштанд. Гурӯҳи шашнафараи мо аз ҳамин чумла буд.

15-ум дар Кумитаи марказии Ҳизби коммунист будем. Мансабдори ҳизбие, ки бахши Афғонистонро ба ихтиёр дошт, моёнро қабул намуд. Насиҳатхо кард. Ӯ дар шахси мо аз Тоҷикистон хушӣ кард. Давроне дар шимоли чумхури ифои вазифа доштааст. Аз ин идораи бошукуҳ берун шудему дар Майдони Сурхи Маскав акси хотирави бардоштем. Намедонам ба чи сабаб, Олимҷон бо мо набуд. Дар миёни мо Анвар Сулаймонов хеле хушгӯи мекард. Охирин рублҳоямонро дар ресторанҳои Маскав сарф намудем. Соати 10-и шаб суи майдони ҳавоии байналмиллалии Шереметево роҳ пеш гирифтем. Соат яку чилу панҷи шаб буд, ки ба ҳавопаймо нишастем. Субҳи Тошканд пешвозамон гирифт ва баъд болои шаҳри Кобули ошно чарх задему нишастем. Ҳавои фораме пазироиямон кард... Шахсони муттасаддие аз гуруҳи мушовирин моро хуш омадед гуфт. Яке аз онҳо Муҳаммадҷон Гулҷонов буд, ки бо чеҳраи шодон қабуламон кард. Акнун бори дигар дар Кобул худро медидам. Чеҳраҳои ошнову ноошное аз пеши назарам мегузаштанд. Оре, чеҳраҳои ноошно бештар буданд...

xxx

Дар пасгуфтори Афғонистони шоҳӣ» ваъда дода будам, ки китоби дувумро таҳти унвони «Афғонистони инқилобӣ» ба алоқамандонам тақдим медорам. То ки дар назди Холику бандагонаш ваъдахилоф нашавам, баъди ба чопи компютери супоридани китоби аввал, ба навиштани дафтарҳои баъди, ки солҳои 1978-1981 ба вучуд омадаанд, оғоз намудам. Ин дафтарҳо чортоанд. Оғози дафтари аввал ба 16-уми ноябри соли 1978 рост омада сабти охири дафтари чаҳорум 28-уми июни соли 1981 мебошад. Дар ин дафтарҳо, хотираҳои нигоранда бо рӯзхову моҳҳои солҳои мавриди назар дарҷ гардидаанд.

Одатан, банда ҳар шаб пеш аз хоб таассуроти хешро аз рузи сипаришуда руи когаз меовардам. Рӯзҳое ҳам ҳастанд, ки дар онҳо ягон воқеаву ҳодисаҳои хотирмон ва фавқулъодда рух надодааст, балки ба кор рафтану аз кор баргаштан, хурок хурдану шом ба тамошои филмҳо дода шудани муаллиф сабт ёфтаанду бас. Аз ин рӯ, муаллиф бештар ба хотироти рӯзхое хонандаро мутаваҷҷеҳ месозад, ки аҳамияти донишдиҳӣ ва таърихиву фарҳангӣ доранд. Иншои ҳама дафтарҳо дар заминаи мушоҳидаҳои бевоситаи нигоранда ва шунидаҳояш сурат гирифтаанд. Иштирокчиёни ҳикоятҳои дафтарҳо шахсони воқеи буда, бо ному насаби аслиашон оварда шудаанд. Нақл аз ҷониби нигоранда сурат мегирад. Таҳлилҳову пешгӯиҳо низ ба донишу афкори худи муаллиф тааллуқ доранд. Бинобар ин, ҳар шохид, вокеоти марбута метавонад ба мушоҳидаву шунидаҳои муаллиф ба таври худ назар андозад ва дар ин маврид мулоҳизаҳои хешро мӯҳимтар бишморад.

Дар ин солҳо беҳтарин донишмандони тоҷик, чи ба сифати мутахассис ва чӣ тарҷумон бо муаллиф ҳамтақдир буданд, ки ҳар кадомашон бо истифода аз қудрати илмиву фарҳангии хеш метавонанд чунин китоберо руйи чоп оваранд. Дар ин чумла номҳои Сайфуллоҳ Саидов, Азимҷон Юсуфов, Олимҷон Хуҷамуродов, Абдулмаҷид Холов, Раҳматшоҳ Махмадшоев, Аҳмадҷон Сияров, Ҳабиб Пулодов, Аъзамчон Азизов, Муҳаммадҷон Гулҷонов, Муродуллоҳ Шералиев, Маҳмадуллоҳ Лутфуллоев, Умриқул Ҳақбердиев, Анвар Сулаймонов, Қурбон Бобоев, Шаҳбоз Кабиров, И.Усмонов, Зуҳуриддин Юсуфов ва даҳҳо дигаронро ёдовар шудан мумкин аст, ки эшон аз қалами эҷодкориву донишдиҳи бархурдор буданд ва ҳастанд. Шояд ҳар кадоми онон чунин дафтарҳои хотиротро бо худ доранд ва фурсате мерасад, ки мазмуни онҳоро ба ихтиёри хонандагон мегузоранд. Бидуни шубҳа хотираву мушоҳидаҳои эшон дар пурра сохтани саҳифаҳои таърихи нави Афғонистон донишҳои тозаеро зам карда метавонанд. Банда аз исми касоне ёдовар шудам, ки дар солҳои мавриди назар дар Кобул ифои вазифа доштанд.

Ҳоло ки нахустин сатрҳои китоби дувумро руйи коғаз меоварам, худро дар назди бародарони ҳамтақдирам ҳеҷ медонам ва ба иҷозаи эшон хотираҳои хешро оид ба Инқилоби Саври Афғонистон ва оқибатҳои баъдии он мавриди мутолиаи донишандӯзони воқеӣ қарор медиҳам. Ниҳоят, китоби мазкур гумон мекунам, ки барои донишҷӯёни бахши таърих ва ашхоси алоқаманди Афғонистони навин аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Албатта, бо ин таъкид банда худро афғоншинос намеҳисобам ва ҳеҷ гоҳ чунин даъво ҳам намекунам, балки китобро барои фарзандону бародарон ва хешу ақрабои худ навиштам, то ки вақтҳои лозимӣ ба шинохтани падару бародару як тан аз авлоди хеш ба мушкилие дучор нагарданд. Гузашта аз ин, ҳар кадом аз дӯстону ҳамкорони камина, ки номҳошон дар саҳифаҳои китоби номбурда зикр ёфтаанд, метавонанд даъво намоянд, ки Воқеаҳои «Афғонистони инқилобӣ» ба хидмати башардӯстонаи онон низ тааллуқ мегирад. Аслан, муаллиф кӯшиш намудааст, ки ба воситаи шинохти хеш дӯстонеро монанди Олимҷон, Абдулмаҷид, Муҳаммадҷон, Раҳматшоҳ, Маҳмадуллоҳи Лутф, Азимчон, Восифӣ Бохтари, Асадуллоҳи Ҳабиб, Абдукарими Мисоқ ва даҳҳо дигарон бишиносонад. Умед аст, ки ҳар кадом аз эшон дар байни сатрҳои банда ҳарфҳои худро илова хоҳанд кард, ки дар натиҷа китоби бузурге навишта хоҳад шуд.

Тасаввур кардан мумкин аст, ки он воқеаву ҳодисаҳое, ки насли банда дар Афғонистони инқилоби ба мушоҳида гирифтанду худ шоҳиди бисёре аз онҳо буданд, дар сарнавишти таърихии Афғонистони асри ХХІ такрор намеёбанд. Пас он воқеаҳо аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимой касб менамоянд. Ба хусус ҳоло ки сарнавишти Афғонистон ба ҷараёни дигархелтаре ру ба рӯ омадааст, рӯзгори Афғонистони инқилобӣ омӯзанда ба назар мехурад. Баъд аз хондани сатрҳои боло хонандаи гиромӣ метавонад, «Афғонистони инқилоби»-ро на ба тарзи варақзании сарсарӣ, балки аз як ҳикоят то ҳикояти дуюму сеюм ва қиссаҳои дигар мавриди мутолиа қарор бидиҳад. Яъне китобро аз як сар хондан лозим аст, зеро на дар ҳамаи унвони бобҳои асар маънои пурраи он дода шудааст. Унвони ҳикоятҳо фақат ба асоси як воқеа, ё лаҳзаи хотирмон гузошта шудааст, ҳол он ки дар он ҳикоят лаҳзаҳои хотирмони дигаре ҳам инъикос ёфтаанд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi