23:48:13 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Писари Раббонӣ вазири хориҷа мешавад

Кобинаи нави вазирони ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон баъд аз чанд моҳи интизориҳо ахиран эълон шуд. Рӯзи 12 январ дафтари раёсати ҷумҳури Афғонистон фармони президенти он кишвар дар мавриди муаррифии вазирони кобинаи нави он кишварро эълон кард. Аз миёни 25 вазири кобинаи нави Афғонистон се нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

salohiddin-rabboni_98974545.jpg

Бар пояи ин фармон, Шермуҳаммад Каримӣ, вазири дифоъ, Нурулҳақ Улумӣ, вазири дохилӣ, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ, Ғулом Ҷелонӣ Пупал, вазири молия, Зулмай Юнусӣ, вазири маориф, Аҳмад Сияр Маҳҷур, вазири адлия, Наҷиба Аюбӣ, вазири умури занон, Насир Аббос, вазири фавоиди омма, Фирӯзиддин Фирӯз, вазири сиҳати омма, Яъқуб Ҳайдарӣ, вазири зироат ва обёрӣ, Довуд Сабоҳ, вазири маъдин, Барно Каримӣ, вазири мухобирот, Насир Аҳмад Дурронӣ, вазири инкишофи деҳот, Хотира Афғон, вазири таҳсилоти олӣ, Маҳмуд Сайқал, вазири энержӣ ва об, Содот Мансур Нодирӣ, вазири кор ва умури иҷтимоӣ, Саид Ҳасан Олими Балхӣ, вазири бозгашти муҳоҷирон, Файзмуҳаммади Усмонӣ, вазири ҳаҷ ва авқоф, Файзулло Кокар, вазири мубориза бо маводи мухаддир, Ойсултон Хайрӣ, вазорати иттилоот ва фарҳанг, Қамариддин Шинворӣ, вазири сарҳадот ва қабоил, Сардор Раҳмоноғлу, вазири иқтисод, Сардор Раҳимӣ, вазири тиҷорат, Файзулло Закӣ, вазири нақлиёт ва Шоҳзамон Майвандӣ, вазири шаҳрсозӣ ва маскан баргузида шудаанд.

Ҳамчунин Раҳматуллоҳ Набил раиси амнияти миллӣ ва Халил Сиддиқ, раиси Бонки миллии Афғонистон таъйин шудаанд.

Тавре ҳам ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ваъда дода буд, касе аз ҳукумати раисиҷумҳури қаблӣҲомиди Карзай дар ҳукумати нав ба раҳбарии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ роҳ наёфтааст. Аз ҳукумати пешин танҳо Раҳматуллоҳ Набил аст, ки мақоми раиси амнияти миллиро дар ҳукумати ваҳдати миллӣҳам ҳифз кардааст.

Кобинаи нав рӯзи 12 январ дар маросиме дар Кобул аз сӯи раҳбари дафтари раисиҷумҳур Абдулсалом Раҳимӣ муаррифӣ шуд. Худи Ашраф Ғанӣҳам дар ин маросим ҳузур дошт, вале суханронӣ накард.

Рӯйхати афроди муаррифишуда ҳоло ба парлумон фиристода шуд ва дар сурати таъйид Вулиси Ҷирга, онҳо ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард. Пас аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар моҳи сентябри соли гузашта, ки дар раъси он Ашрафғанӣ ба унвони президент ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия қарор гирифтанд, вазоратхонаҳои Афғонистон аз сӯи сарпарастон идора мешуд. Дар ин рӯйхат 12 нафар аз сӯи Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва боқимонда аз сӯи Ашрафғанӣ пешниҳод шудаанд.

Дар миёни номзадҳои пешниҳодӣ ба парлумон, номи Салоҳиддин Раббонӣ, писари раиси ҷумҳури пешини он кишвар Бурҳониддин Раббонӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. Салоҳиддин Раббонӣ, ки ҳамзамон раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад, дар интихоботи ҷанҷолии президентӣ дар соли 2014, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ --рақиби Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳимоят мекард. Ӯ дар баҳори соли 2012 ба ҷои падараш марҳум устод Бурҳониддини Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъйин шуд.

Салоҳиддин Раббонӣ то таъйин шуданаш ба мақоми раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, дар мақоми сафири он кишвар дар Туркия ифои вазифа мекард. Салоҳиддин Раббонӣ хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ буда, инчунин дипломи Донишгоҳи “Кингстон”-и Лондонро низ дорад.

Бурҳонуддини Раббонӣ, падари Салоҳиддин Раббонӣ - раиси нави Шӯрои олии сулҳи Афғонистон то дами маргаш раҳбарии ин шӯроро бар ӯҳда дошт. Вай моҳи сентябри соли 2011 дар манзили худ кушта шуд. Маргталабе, ки даст ба ҷони Бурҳонуддини Раббонӣ зад, худро намояндаи Толибон муаррифӣ карда буд, ки гӯиё бо худ аз номи он ҷунбиш як паёми сулҳ овардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi