16:26:46 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Кэтрин Эштон: Сиёсатмадори сабуквазн бо эътирофоти сифрӣ

Дар доираҳои таҳлилгарон ва дипломтаҳо аз хеле замонҳо мегӯянд, ки "вақте Аврупо ҳарфи гуфтанӣ надорад, Кэтрин Эштонро мефиристад, то ба ҷойи вай чизе бигӯяд". Ин начандон вазифаи мушкилест, ки Иттиҳодияи Аврупо ба комиссари умури хориҷӣ ва сиёсати амниятии худ, баронхонум Эштон оф Апхолланд, баландарзиштарин сиёсатмадори ҷаҳон, соле барояш 360 ҳазор евро пардохт мекунад. Оё падохти ин миқдор пул барои роҳбари "вазорати умури хориҷии ИА" сазовор аст? Саволи мазкур дар арафаи 8 марти соли ҷорӣ дубора сари забонҳо чархид. Дар ин рӯз қарор буд Кэтрин Эштон ба Теҳрон ояд ва бо президенти ин кишвар Ҳасани Руҳонӣ ва вазири умури хориҷии он Муҳаммад Ҷаводи Зариф дидор кунад.

***

1-eshton 11111Ҷисму ҷони Кэтрин Эштон аз бюрократияи аврупоӣ сиришта шудааст, вай намояндаи принсипҳои "мултикултурализм" (чандфарҳангӣ) ва "озодиҳои либералист", ки имрӯз қобил ба муқовимат дар баробари бархӯрд бо воқеъиятҳои сиёсӣ нест ва пеши чашмонамон аз ҳам пош мехӯрад. Тасаввури бағалат дар бораи кадом як "Аврупои муттаҳид чун маркази нави неруҳо" ҳамон тасаввури дуруғин боқӣ монд ва дипломатияи аврупоӣ чун мафҳуми виртуалӣ қобили дарк шуд, на чизе аз ин беш. Фаъолияти "аврукомиссарҳои хаёлпараст", ки Эштон аз ҷумлаи онҳост, Аврупо ва ҷаҳонро дар рӯ ба рӯ ба таҳдидҳои нав қарор дод ва ин аврукомиссарҳо қобилияти ҳалли онро надоранд, ҳарчанд матбуот онҳоро "эҷодкори дипломатияи пирӯз" меномад.

Роҳҳои пурпечутоби "шуҳрати соҳибмансаб"

Баронхонуми оянда ҳаргиз ашрофзода набудааст. Соли 1999 Эштон Апхолланд (номи зодгоҳаш) "барои хизматҳо дар назди ватан" соҳиби унвони баронесса ва пэри абадӣ (унвони ашрофзодагони Британия, Ҷопон ва Фаронса) шуд. Аммо ҳангоми додани унвон мушаххасан аз ин "хизматҳои арзанда барои ватан" ном набурданд, танҳо дар он бора гуфтанд, ки ҳангоми кор дар мақомоти тандурустӣ ҳамкориҳои лейбористон ва хазинаи хайрияи шоҳзода Чарлзро таъмин намуд ва дар ин самт "худро нишон дод". Вале ӯ  барои унвон на пеши кадом "хизматҳое", балки мушаххасан аз "мансубияти ҳизбӣ", миннатпазир бошад, ки сарвазири вақт ва сарвари ҳизби Лейбористон Тони Блэр асноди марбутаро барои дарёфти ин мақом омода ва пешкаш карда буд.

Ва ҳангоми эътои унвон касеро аз лаҳазоти омезиш ба лағзишҳо дар он қисмат аз тарҷумаи ҳоли мансуб ба ҳамкориҳои Эштон дар маъракаи ба истилоҳ "халъи силоҳи ҳастаӣ" ёд наомад. Ин ташкилот дар навбати аввал сиёсатмадорони чапгароро гирди ҳам оварда буд, ки басо фаъолона ба ҷонибдорӣ аз халъи силоҳи ҳастаӣ талош мекарданд ва тибқи баъзе маълумот он аз ҷониби Иттиҳоди Шӯравӣ маблағгузорӣ мешуд. Соли 1982 вай хазинадори CND кор мекард ва ба суратҳисоби ташкилот маблағи калон ворид гардид, вале ин амалиёт то ба охир ифшо нашуд.

Ҳарчанд худи Эштон басо бо асабоният доштани ҳар гуна иртибот бо Иттиҳоди Шӯравиро рад мекард, доираҳои консервативӣ дар Британияи Кабир, Фаронса ва ИМА ҳамеша бо шубҳа ба амалҳо ва суханрониҳои ӯ менигаристанд. Баъди дарёфти унвони баронесса дар ҳукумати лейбористон мансаби котиби парламон дар вазорати маорифро соҳиб шуд. Соли 2004 Эштон ба вазорати масъалаҳои конститутсионӣ ба кор гузашт ва соли 2007 котиби парламони вазорати адлияи ҳукумати Тони Блер таъин гардид.

Дар вазорати масъалаҳои конститутсионӣ Эштон ба бойгонӣ ва масоили ҳифзи молумулки шаҳрвандони ғайриқобили корӣ машғул шуд. Мушкил аст дар бораи иртибот миёни шаҳрвандони аз нигоҳи руҳӣ носолим ва ақалиятҳои ҷинсӣ ҳукм намуд, вале соли 2006 маҳз созмони ҳифозат аз ҳуқуқи ақалиятҳои ҷинсӣ Stonewall "барои хизматҳояш дар мубориза бо ҳуқуқи башар ва баробарҳуқуқӣ" ӯро сиёсатмадори сол эълон кард. Ва ин асос шуд, ки журналистони британиёӣӯро "вакили мудофеаи ҳамҷинсгароён" номанд. Аммо баъди он ки соли 2007 лорд-раиси ба истилоҳ "Шӯрои махфӣ" шуд, ӯро "лорди ҳамҷинсгаро" унвон карданд.

"Масхараомезтарин таъинот дар таърихи Иттиҳодияи Аврупо"

Дар мансабҳо ва вазифаҳои начандон муҳим, ки на масъулияти баланд доштанд ва на салоҳият кор карда, ғайричашмдошти ҳама Эштон моҳи октябри соли 2008 ба саҳнаи байналмилалӣ баромад ва ба ҷойи Питер Манделсон комиссари Иттиҳодияи Аврупо оид ба савдо таъин шуд. Шарҳи ҳолнависони расмӣ ин таъинотро басо зарифона ба қалам медиҳанд, яъне, "таъин гардидани ӯ ба ин вазифа басо эҳтиёткорона қабул шуд, чун ба ҳамагон маълум буд, ки вай таҷрибаи кори тиҷорат надошт".

Тасдиқи номзадии ӯ танҳо бо як сабаб муяссар гардид: касоне, ки зидди номзадии ӯ садо баланд мекарданд, аз ҷониби вакилони Парламони Аврупо ба "табъиди ҷинсӣ ва русуми мардсолорона" муттаҳам мешуданд. Он замон ва ҳоло ҳам дар Аврупо ин муттаҳамкунии мудҳиштар аз тиҷорат бо маводи мухаддир аст. Ва бо гузашти ҳамагӣ 13 моҳ, дар ноябри соли 2009 ҳодисае рух дод, ки нозирон ва дипломатҳоро шадидан такон дод. Кэтрин Эштон ба вазифаи "намояндаи баландрутбаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ" интихоб шуд.

"Муболиға намекунем: Кэтрин Эштон тимсоли ғалабаи бузурги феминизм аст, ? навишта буд он замон як рӯзнома. - "Вай пешгӯии журналисти маъруфи Фаронса Франсуаз Жируро амалан исбот намуд, ки 30 сол пеш гуфта буд: "Баробарҳуқуқии воқеъии ҷинсҳо ҳамон вақт мешавад, ки зани бидуни салоҳиятро ба як вазифаи муҳим таъин кунанд". Кэтрин Эштон ин ҳамон муваффақият аст".

Аммо ин пазириши сарди ҷомеа ва доираҳои дипломатӣ худи баронессаро чандон ноҳинҷор намекард. Ҳамчуноне худи ӯ дар суҳбате гуфта буд: "ман қасд дорам исбот кунам, ки номзадии ман беҳтарин интихоби Иттиҳодияи Аврупо буд. Ҳамаи наздикону шиносҳоям дар ин маврид аз ман ҳимоят мекунанд". Воқеъан ҳам наздикон ва шиносҳои ӯ он рӯзҳо таъкидан мегуфтанд: "Кэтрини мо номзади беҳтарин аст!", мушташро такон намедиҳад, балки аз эътиқод ва фатонати худ кор мегирад.

"Музаффариятҳои дипломатии хонум Эштон"

1-eshton 22222Миссияи асосии дипломатии Эштон аз моҳи ноябри соли 2009 ба гуфтушунид сари барномаҳои ҳастаии Эрон алоқаманд буд ва маҳз ҳамин нукта маъруфияти дипломатии ӯро муайян сохт. Ду ҳолати басо муҳимро метавон зикр кард: аввалан Эштон ҳаргиз шахсияти мустақил дар ин гуфтушунидҳо набуд. Вай аз манфиатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва амалан аз доираҳои британиёие намояндагӣ мекард, ки  ба фоидаи "ҳамрайъии атлантикӣ" ва уҳдадориҳояшон дар назди ИМА комилан аз сенарияи зиддиэронии гуфтушунидҳои парвандаи ҳастаӣ ҳимоят мекарданд.

Эштон фармонбардорона ва бо руҳияи иҷроия ҳар чизе ҷониби Амрико талқин мекард, онро анҷом медод. Вай гуфтушунидҳоро ба бунбаст бурд, аз таҳримҳои алайҳи Эрон пуштибонӣ кард ва сабабгори талафоти миллиардҳо доллар ба иқтисоди Аврупо шуд. Дуюм ғайрикасбӣ будани Эштон борҳо гуфтушунидҳоро дар марзи лағв шудани мувофиқатҳои ҳосилшуда қарор дод. Вай ҳамеша Эронро ба хоҳиш надоштан ба оғози гуфтушунид бо миёнаравон гунаҳгор мекард ва замоне, ки намояндаи Эрон аз номи кишвараш сана ва ҷойи дақиқи музокаротро пешниҳод менамуд, Эштон бо шеваи асабоникунандаи Теҳрон изҳор медошт, ки макону замони муколамаро Иттиҳодияи Аврупо таъин мекунад, на Эрон.

Албатта, муаммое ин ҷо вуҷуд надорад. Вашингтон ва Лондон вазифадор шуда буданд, ки ба хотири фишори бештар ба Теҳрон, ба даст овардани баҳона барои таҳримҳои иловагиву бештар ва сармоягузории неруҳои зиддидавлатӣ дар дохили Эрон гуфтушунидҳоро ба бунбаст кашанд. Ин ҳам тасодуфӣ нест, ки дар музокарот директори созмони ҷосусии МИ-6 Британия Роберт "Ҷонсон" Соерс, яке аз "зағанҳои зиддиэронии" Иттиҳоди Атлантик шахсан иштирок мекард. Эштон пурра таҳти таъсири вай қарор дошт ва ҳар чизе дар гуфтушунидҳо мегуфт, аввал аз ҷониби Соерс ва шарикони амрикоии ӯ тасдиқ карда мешуд.

Исботи он нукта, ки Эштон аслан муҳраи арзишнок набуд ва ҳар лаҳза аз ӯ истифода мекарданд, рӯйдоди субҳи рӯзи 7 ноябри соли 2013 аст. Замоне, ки олам басо ботаваҷҷуҳ натиҷаи ниҳоии гуфтушунид миёни ИМА, Иттиҳодияи Авропо ва Эронро дар Женев мунтазир буд. Дар мулоқоти сегона, ки Керрӣ, Зариф ва Эштон ҳузур доштанд, вазири умури хориҷии Амрико барои ин ду нафар ногаҳонӣ ва хилофи муоҳадаи аллакай машваратшуда эълон кард, ки ӯ як ислоҳи басо кӯчак мехоҳад ворид созад: ба сифати аввалин иқдом ва исботи ниятҳои некбинонаи худ Эрон бояд ҳама гуна фаъолиятҳои ҳастаии худро қатъ намояд.

Кэтрин Эштони ҳайрон амалан дар ҳоли басо ногувор монд ва намедонист ба ин пешниҳоди ногаҳонӣ чӣ бигӯяд. Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷаводи Зариф айнакашро аз чашмонаш берун овард, онро рӯи дасташ тоза кард ва дубора дар чашм карду котиби давлатии ИМА-ро пурсид: "Ба фикрам шумо шӯхӣ мекунед?". "Начандон, посух дод Керрӣ. Ин мавқеъи умумии ҳайати амрикоист". Дар ин ҳол вокуниши ҷониби Эрон пешгӯишаванда буд. Зариф эълон кард, ки "дар бораи пазириши ин пешниҳод, ки хилофи созиши аллакай ҳосилшуда рӯи кор омадааст, ҳатто набояд ҳарф зада шавад". Ва лозим омад боз як ҳафтаи дигар мунтазир шаванд, то муоҳада ба имзо расад. Ва чуноне ҳамагон шоҳид буданд, Эштон дар ин маврид натавонист нақшеро ифо кунад ва ҳарфи гуфтание ҳам ба пешниҳоди сардаргумкунандаи вазири амрикоӣ надошт. 

**

Ва сафари навбатии вай ба Теҳрон аслан як сафари протоколӣ буд. Брюссел дар назди капитали талошкунанда ба сӯи Теҳрони британиёӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва итолявӣ бечора аст. Ҳамчунин ба Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА низ ҳарфи гуфтание дар мавриди он ки чаро Порис, Берлин ва Лондон ба таври якҷониба аз "низоми харобиовари таҳримот" мехоҳанд хориҷ гарданд ва дар оянда хостори онанд, ки мушкилоти худро дуҷониба бо Эрон ҳал кунанд, надорад. Вақте Брюсел ҳарфе надорад бигӯяд, боз ҳам Эштонро мефиристад. 

Iran.ru

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi