03:23:27 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Залмай Расул ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай?

Панҷуми апрели соли 2014 мардуми Афғонистон ба пойи сандуқҳои раъй мераванд ва маротибаи саввум баъди суқути гуруҳи Толибон дар соли 2001 президенти кишварро бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб мекунанд. Маъракаи қаблазинтихоботӣ тақрибан як сол боз идома дорад. Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон 11 нафарро барои ширкат дар интихобот ба ҳайси номзад ба раёсати ҷумҳури Афғонистон сабти ном намудааст.

abdullah-abdullah001002Инҳо шаҳрвандони ин кишвар Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураб Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Зулмай Расул, Нодир Наъим, Абдуқаюм Карзай, Гул Оғо Шерзай, Ҳидоят Амин Арсало ва Довуд Султонзай мебошанд. Ахиран Абдуқаюм Карзай ва Абдураҳим Вардак эълон карданд, ки аз идомаи рақобатҳо худдорӣ мекунанд. Абдуқаюм Карзай, бародари калонии раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомид Карзай иброз доштааст, ки ӯ аз идомаи муборизаи сиёсӣ ба фоидаи Залмай Расул даст мекашад ва аз тарафдоронаш хоҳиш кардааст, ки ба ҷонибдории собиқ вазири умури хориҷа дар ҳукумати бародараш раъй бидиҳанд. Вале Абдураҳим Вардак, собиқ вазири дифоъ, дар ин росто хомӯширо авлотар донистааст ва аз касе ҷонибдорӣ накардааст.

То рӯзи баргузории интихобот камтар аз 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Эҳтимол дорад, ки теъдоди номзадҳо ба раёсати ҷумҳур тайи ин муддат ба фоидаи ин ва ё он номзад тағйир бихӯрад. Вале дар ҳоли ҳозир таҳлилгарону коршиносони масоили  Афғонистон аксаран ба ин назаранд, ки барои расидан ба мансаби раисиҷумҳури Афғонистон рақобат асосан миёни се тан -доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Залмай Расул ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сурат хоҳад гирифт.

Чунин ба назар мерасад, ки дар муқоиса бо номзадҳои дигар шанси доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихобот бештараст. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ нисбат ба ин ду рақиби асосии худ дар синну сол ҷавонтар аст. Ӯ панҷоҳу панҷ сола мебошад. Падараш пашту, модараш аз тоҷикони дараи Панҷшер аст. Воқеан падараш Ғулом Муҳиддинхон Замриёни дар замони салтанати  Муҳаммад Зоҳиршоҳ вакили Шӯрои Миллӣ аз вилояти Қандаҳор ба ҳисоб мерафт. Худи доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар замони мубориза алайҳи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон дар паҳлӯи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд буд.

drzalmai rasul010101Замони дар сари қудрат будани профессор Бурҳониддин Раббонӣ (солҳои 1996-2001) чанд муддат муовини вазир, ва баъдани вазири умури хориҷаи Афғонистон буд. Баъди таъсиси ҳукумати муваққати Ҳомид Карзай дар Афғонистон ҳамчун намояндаи эътилофи Шимол ба симмати вазири корҳои хориҷаи Афғонистон чанд сол ифои вазифа намуд. Сипас дар раъси як эътилофи умумимиллӣ таҳти унвони "Таҳаввулот ва умедвориҳо" дар мухолифат бо ҳукумати Ҳомид Карзай қарор гирифт ва дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2010 умдатарин рақиби Ҳомид Карзай буд. Ҳарду ба даври дуввуми интихобот роҳ ёфтанд. Ва аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ибрози он, ки муборизаҳои интихоботӣ шаффоф сурат нагирифта истодаанд, аз идомаи рақобат даст кашид ва Комиссияи мустақили интихобот Ҳомид Карзайро баранда эълон кард.

Дар марҳилаи кунунӣ доктор Абдуллоҳ тарафдорони худро, ки асосан аъзои ҳизбҳои "Ҷамъияти исломии Афғонистон", "Ваҳдати исломии мардум", "Ҳаракати миллии исломӣ" мебошанд, дар як "Эътилофи миллӣ" муттаҳид сохтааст ва азми қавӣ дорад, ки барандаи интихоботи президентии имсола хоҳад шуд.

Аз ин се нафар Залмай Расул сиёсатмадори таҷрибадортар ба назар мерасад. Ӯ 72 сола аст. Аз паштунҳои қабилаи Муҳаммадзай мебошад. Бо забонҳои пашту, дарӣ, арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва итолиявӣ озод суҳбат мекунад. Дар сурати пирӯз шуданаш муовини аввали ӯ Аҳмад Зиё Масъуд, бародари собиқ вазири дифои ҳукумати профессор Бурҳониддин Раббонӣ хоҳад буд. Воқеан, Аҳмад Зиё домоди Бурҳониддин Раббонӣ мебошад.

Ҳамин нуктаҳо ва дигар он ки тӯли 12 сол Залмай Расул наздиктарин одами Ҳомид Карзай буд ва дар сафарҳояш ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекард, ба мо ҳақ медиҳад ҳадс бизанем, ки аз ҷонибдории президент Ҳомид Карзай ва тарафдоронаш бархурдор хоҳад буд. Агарчи қонунҳоии ҷории Афғонистон иҷозат намедиҳанд, ки раиси ҷумҳур аз номзаде ҷонибдорияшро расман эълон кунад, вале Ҳомид Карзай аз рақобатҳои интихоботӣ ба фоида Залмай Расул хориҷ шудани бародараш Абдулқаюм Карзайро ситоиш кард.

Ashraf Ghani Ahmadzai010101Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайи шастудусола низ аз қавми паштун аст ва соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад. Хатмкардаи Донишгоҳи амрикоии Байрут ва Донишгоҳи Колумб дар ИМА мебошад. Соҳиби унвони доктори илм дар соҳаи антропология. Солҳои зиёд дар Бонки умумиҷаҳонӣ, Донишгоҳи Ҷонс Хопкинси ИМА, Донишгоҳи Орхусси Дания кору фаъолият кардааст. Мушовири намояндаи вижаи СММ дар Афғонистон Ахзар Иброҳим ва баъдан дар ҳукумати то соли 2000-и Ҳомид Карзай вазири молия шуда кор кардааст. Соли 2004 ректори Донишгоҳи Кобул таъйин мешавад.

Баъди ду сол истеъфо дода ба яке аз мунтақиддини ҳукумати Карзай табдил меёбад. Соли 2006 давлати Афғонистон номзадии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро расман барои дарёфти симмати Дабири Кулли СММ пешниҳод мекунад. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай сабқатро дар интихобот бар Дабири кулли кунунӣ Пан Ги Мун бой медиҳад. Дар интихоботи президентии соли 2010-и Афғонистон низ ба ҳайси номзади раёсати ҷумҳур ширкат кард, вале бебарор. Ин бор ҳам чунин ба назар мерасад, ки нисбат ба ду рақиби худ шанси камтаре дорад. Вале ӯ метавонад дар лаҳзаи хеле ҳассос бо яке аз ин номзадҳо эътилоф бандад ва тарафдоронашро барои раъй додан ба суди он номзад даъват намояд, ки ин хеле муҳим аст. Бо эҳтимоли зиёд чунин кор сурат хоҳад гирифт ва он номзаде, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ӯ эътилоф хоҳад кард, Залмай Расул хоҳад буд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi