14:14:47 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сабақҳои рӯйдодҳои Украина барои Осиёи Марказӣ

Он чӣ дар Украина гузашту мегузарад, ба як масъалаи сатҳи байналмилалӣ табдил шудааст. Агар жарфтар ба ин рӯйдод таваҷҷуҳ кунем, пас ҳосили рӯёрӯиҳои бист соли ахири Ғарб бо Русия баръало намудор мешавад. Он чӣ Амрико бо шарикони ғарбиаш тарҳрезӣ карда буданд, имрӯз дар сарнавишти Украина натиҷаи худро медиҳад. Ё Ғарб билохира пирӯз меояд ва Русияро аз саҳнаи муборизаи қудратхоҳӣ дур меандозад ва ё бо мағлубият ва дубора андохтани Украина ба оғӯши Маскав заҳри нокомии талошҳои худро мечашад.

khrim-ukrainna-00001Ва чун рӯйдодҳо ҳар лаҳза тағйир мепазиранд ва дидгоҳҳои роҳбарони Ғарбу Русия дар ҳоли тағйиранд, ҳадс задан душвор аст, ки дар ниҳояти амр чӣ сарнавиште ин кишвари славяниро интизор аст. Русия, ки бидуни шак тарроҳи аслии роҳандозии ҳамапурсии Қрим мебошад, дар ниҳояти амр аз он ба кадом шева ҳимоят мекунад ва аксуламали Ғарб дар сурати ба Русия ҳамроҳ карда шудани шибҳиҷазираи Қрим ва навоҳии атрофи он чӣ хоҳад буд.

Ба сурати умум ин бахши сиёсати қудратҳо ҳоло баҳсбарангез аст. Вале он чӣ мавзуъи баҳси минтақавист, сабақҳои таҳаввулоти Украина барои ҷамоҳири пасошӯравӣ ва бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Зеро ин сарнавишт дар ин манотиқ, бахусус дар он кишварҳое, ки Русия пойгоҳи ҳарбӣ дораду ҳамвора дар андешаи тақвияту тавсеъаи он аст, такрор шавад. Бидуни шак нигарониву ташвиш вуҷуд дорад, нигаронӣ аз такрори он ҳаводис дар кишвари бе ин ҳам мусибатзада ва ҷангдидаи мо.

Аммо матраҳтарин коршиносони мамлакат бо назардошти шароити геополитикӣ ва минталитети мардум мегӯянд то ба ҳоли Украина расидани Тоҷикистон фосилаи замонӣ зиёд аст. Вале шабоҳатҳои он рӯйдод қадам ба қадам дар минтақа ва Тоҷикистон эҳсос мешаванд: дурии ҳукумат аз мардум, рушди фасод, хонаводагӣ шудани ҳокимият, мавҷудияти пойгоҳи муҷаҳҳази Русия дар ҷомаи қонун, манфиатҷӯиҳои пайваста ва фишорҳо аз ҷониби Маскав, роҳбарони чашминтизор ба лутфу карамҳои Кремл… Ва ин масъала як таҳлили фарогир мехоҳад, ки дар чаҳорчӯбаи як мақола ғунҷоиш надорад.

Аз инқилоб то мушкилот

khrim-ukrainna-001Замоне, ки Майдон фаъол буд ва бо шабоҳатҳои худ мо зодагону сокинони Тоҷикистонро ба ёди солҳои 90 меандохт, шояд инқилобчиёни украинӣ тасаввур ҳам намекарданд, ки пирӯзӣ бар Янукович на анҷом, балки оғози мушкилот аст.

Шояд ба ин ҳадд тасавур ҳам намешуд, ки барангехтани хашми Русия ҳама талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ғарбгароии онҳоро метавонад ба сифр баробар созад.  Як кишваре, ки дар марзи Аврупост ва барои сокинонаш тамаддуни аврупоӣ хуштар аз муҳаббати саршори русист, имрӯз дар дуроҳаи буду набуд қарор гирифтааст. Як гӯша аз хоки он аллакай зери пойи тонку тӯпҳои ин қудрати хашини ҷаҳонӣ мондаву ҳар лаҳза имкон дорад сенариёи Гурҷистон ва Қафқози шимолиро такрор кунад. Дар ин росто ғарбе, ки бо иддиоҳои фаротар аз бузургманишии русӣ Украинаро ба оғӯши худ мекашид, чӣ коре метавонад анҷом диҳад?

Вуруди русҳо

Аз охири моҳи феврал дар мавриди вуруди низомиёни Русия ба хоки Украина хабарҳои зидду нақиз мерасиданд ва чун Кремл ин хабарҳоро расман такзиб мекард, онҳо дар пояи ҳадсу гумон боқӣ мемонад. Ҷавобан ба интишори ахбор Ғарб бонги изтироб мезанад ва Русияро ба эълони таҳримҳо тарс медиҳад. Аммо ба назар мерасад Маскав чандон камфаъолият ҳам нест ва аллакай 28-уми феврал постгоҳи назорати техникии Такил аз вуруди 10 ҳавопаймои ҷангӣ ва бештар аз он чархболи ҷангии Русия ба қаламрави Украина хабар дод. Худи ҳамон рӯз дар фурудгоҳи низомии "Гвардейский" 8 адад тайёраи низомии боркаши ИЛ -76 фуруд омаданд. Маълумотномаи Хадамоти давлатии ҳифзи сарҳади Украина: "Дархости фуруди ин ҳавопаймоҳо аз ҷониби Русия нарасидааст. Вақте намояндагони хадамоти марзбонӣ ба назди фармондеҳи ин тайёраҳо рафтанд ва хостанд расмияти вуруди онҳоро ба танзим дароваранд ва ҳуҷҷатӣ кунанд, посухи рад гирифтанд. Ва ҳатто иброз доштанд, ки онҳо ба ҳич хизматрасоние эҳтиёҷ надоранд ва тайёраҳо аз ин ба баъд ҳар 15 дақиқа фуруд хоҳанд омад".

Мақомоти украинӣ ҳам расман иттилоъ доданд: "Соати 20-10 дақиқаи 1-уми марти соли равон дар бандари Севатопол ду киштии калони десантии Флоти Балтикаи Федератсияи Русия бо номҳои "Калининград" ва "Минск" дохил гардиданд. 2-уми марти ҳамин сол ба Севастопол киштиҳои бузурги десантии "Оленигорский Горняк"-и флоти Шимолӣ ва "Георгий Победоносетс"-флоти балтикии Русия дохил шуданд. Вуруди киштиҳои ҳарбӣ бо нақзи моддаи 30 конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи баҳрӣ ва бандҳои 14 ва 15-и шиноварӣ ва ҳузур дар обҳои қаламравӣ, обҳои дохилӣ, рейдҳо буда, ҳамзамон нақзи Қарори Шӯрои вазирони Украина аз 16 май соли 1996 таҳти рақами 529 мебошад".

Осиёи Марказӣ чӣ сабақ бардорад?

Чуноне ишора рафт, ин рӯйдод дарсҳои омӯзандае ба ҷамоҳири дигар дорад. Дар аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳҳои низомии Русия барқароранд. Зарфи ин ду соли охир ҷавобан ба талошҳои ҳокимони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди пулакӣ кардани пойгоҳҳои низомии кишвари бегона Кремл бо ваъдаҳо тавонист на танҳо ҳузури низомиашро тамдид созад, балки онҳоро тақвият бахшад. Масалан, дар Қирғизистон ин кишвар ҳатто неруҳои ҳавоии муносиб ва мувофиқ дар роҳандозии амалиятҳои ҷангӣ дар шароити куҳистонро ҷобаҷо кард. Ва баҳона, хуруҷи ғарбиён аз Афғонистон ва эҳтимолияти ташаннуҷи авзоъ дар минтақа аст. Дар Тоҷикистон низ двизияи 201-ро тақвият кард, онро ба сохтори двизионӣ табдил дод.

Соли гузашта эълон шуда буд, ки аллакай 80 дар сад он такмил шудаву то то замони интихоботи Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз он кишвар пурра ба анҷом мерасад. Сергей Шойгу гуфта буд, ки ин дивизия дар ояндаи наздик бо навтарин силоҳ таъмин мешавад ва ҳамаи ин омодагиҳо барои охири соли 2014 аст, ки баъди хуруҷи НАТО эҳтимоляти тағйири авзоъ дар минтақа вуҷуд дорад. Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон - калонтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷ аз ҳудуди ин кишвар мебошад. Он, тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 7 ҳазор сарбоз дорад ва ахиран эълон гардид, ки ин пойгоҳ ба тариқи шартнома зархаридон қабул мекунад. Ин дар ҳолест, ки бештар аз ниме ҳайати низомии он афроди зархариданд.

Вазъи Осиёи Марказӣ аз вазъи Украина ба куллӣ фарқ мекунад. Украина бо Ғарби демократӣ хеле наздик асту Тоҷикистону Қирғизистон аз он фарсахҳо дуранд. Ва касе ҳатто ним сол пеш тасаввур ҳам намекард, ки Украина ба ин ҳол меафтад ва ҳукумати президентӣ суқут мекунад, райиси ҷумҳур фирор мекунад.  Касе ба ёду хотир намеовард, ки Русия зарфи 3 ё 4 рӯз 35 ҳазор нерӯи тоза ба Қрим ворид месозад, то аз манфиатҳои худ дифоъ намояд. Барои Маскав муҳим нест, ки демократия ва истиқлолияти Украина зери по мешавад, барояш муҳим он аст, ки манфиатҳои худро қурбоншуда набинад. Ва агар худое нахоста ин рӯз ба сари кадоме аз кишварҳои минтақа ояд, даст ба домани кӣ хоҳанд бурд, то истиқлолияту тамомияти арзии худро ҳифз кунанд?

Аммо кишварҳои Осиёи Марказӣ наметавонанд дар ҳоли пеш омадани иттифоқоте аз пуштибонии мустақими Аврупо бархӯрдор бошанд. Аврупо дар Украина манфиатҳои бештар назар ба Осиёи Марказӣ дорад, чун намехоҳад дар марзи худ қудрати азимеро чун Русия бубинад. Аз сӯи дигар Тоҷикистон аллакай таҷрибаи ин ноамниҳоро дорад ва хуб медонад, ки Русия дар ҳоли пеш омадани кадом номафҳумии сарварони кишвар чун дар соли 1992 аз пойгоҳи низомии худ истифода кунад: ба ду ҷониб силоҳ бифрӯшад ва баъдан нақши ҳофизи сулҳро бибозад.

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi