12:44:08 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Афғонистон бо маршал Фаҳим видоъ мекунад

Ҷанозаи ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи сешанбе дар Кобул ба хок супурда хоҳад шуд.

general-fahim 48766565454Маросими ба хоксупории маршал Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи сешанбе баргузор мешавад. Мақомҳои комиссияи олии баргузории ин маросим мегӯянд, ки маршал Муҳаммадқасим Фаҳим дар Кобул ба хок супурда хоҳад шуд. Имрӯз нахустин рӯзи мотами миллӣ ба хотири даргузашти муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад ва ин муносибат се рӯз дар саросари Афғонистон мотами миллӣ эълом шудааст.

Ҷанозаи маршал Муҳаммадқасим Фаҳим барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш вилояти Панҷшер мунтақил намешавад. Қаблан дар бархе аз гузоришҳои таъйидношуда омада буд, ки ӯ дар Панҷшер ба хок супурда хоҳад шуд. Аммо мақомоти ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки маросими хоксупории маршал Фаҳим дар Кобул баргузор хоҳад шуд.

Ҳукумати Афғонистон се рӯзи маросими хоксупории Маршал Фаҳимро мотами умумӣ дар саросари Афғонистон эълом кардааст. Комиссияи олии баргузории ин маросим аз ҳамаи расонаҳо хоста то давоми се рӯзи мотами миллӣ пахши оҳангҳо ва барномаҳои мухолиф бо рӯҳияи мотам ва азодорӣ, худдорӣ кунанд. Рӯзи 10 март дар Афғонистон ба ёди маршал Фаҳим чандин маросим барпо шуд.

Дар Тоҷикистон даргузашти Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои  майдони сиёсати Афғонистони кунунӣ ва бахусус барои тоҷикони ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабон мешуморанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як барқияи таслият ба ҳамтои афғонаш Ҳомиди Карзай дар робита ба даргузашти ноиби аввали ӯ Муҳаммадқасими Фаҳим изҳори ҳамдардӣ кардааст. Дар ин номаи таслият аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоби мӯҳтарам,

Ба камоли ғуссаву ғам ва андӯҳи фаровон хабари даргузашти давлатмарди бузурги Афғонистони муосир, муовини аввали Раисҷумҳури кишвар, маршал Муҳаммадқасим Фаҳимро дарёфт намудам.

Шодравон Фаҳимхон аз шахсиятҳои бузурги таърихи навини Афғонистони мубориз буд ва дар сафҳои аввали ҷиҳод ва муқовимати мардуми қаҳрамони кишвар қарор дошт. Ширкати марҳум дар раванди эҳёи муҷаддади ҳамсоякишвари мо аз саҳми боризи ӯ дар пайкори озодӣ камтар набуд. Дар зеҳни тоҷикистониён ӯ ҳамеша чун дӯсти ҷонӣ, саҳмгузори тақвияти риштаҳои ногусастании дӯстии мардумони ду кишвар нақш бастааст. Ин аст, ки ёди поки ин марди некниҳоду нексиришт аз дилу дидаҳои ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанду аз наздик медонистанд, зудуда нахоҳад шуд…

Дар ин лаҳзаҳои сангин, ки мардуми Афғонистон талафоти ҷуброннопазире дидааст, хоҳишмандам таъзия ва тасаллияти амиқу самимии инҷониб ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро қабул фармоед. Ба хонаводаи шарифи шодравон, ёрону ҳамсангаронаш, тамоми аҳли ҷиҳоду муқовимат ва ҳамаи мардуми бародари Афғонистон расонидани ҳамдардии мо лутфи Шумо хоҳад буд.

Парвардигор марҳумро ғариқаи раҳмат ва шоистаи ҷаннат гардонад. Маъвои охираташ пурнур бод!

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

Қосимшоҳ Искандаров, афғонистоншиноси маъруф ва раҳбари Маркази низоъшиносии Тоҷикистон рӯзи 9 март дар сӯҳбат бо мо даргузашти маршал Муҳаммадқасими Фаҳимро талафоти сангине барои Афғонистон ва бавижа барои тоҷикони он кишвар унвон кард.

Генерал Саидамир Зуҳуров, вазири собиқи амнияти Тоҷикистон дар як тамоси кӯтоҳ ба Озодӣ аз даргузашти маршал Фаҳим изҳори андӯҳи амиқ кард: "Сад афсӯс. Сад афсӯс, ки боз як тоҷики дигар дар Афғонистон аз олам гузашт."

Муҳаммадқасими Фаҳим, ноиби раисиҷумҳури Афғонистон ва аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидини афғон рӯзи 9 март аз олам чашм пӯшид. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ноиби раиси ин ҷумҳурӣ маршал Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи якшанбе, 9 март бо марги табиӣ аз дунё даргузашт. Муҳаммадқасими Фаҳим 56 сол дошт.

Ин фармондеҳи собиқи Эътилофи шимол аз соли 2009 ба ҳайси ноиби раисиҷумҳур дар давлати Ҳомиди Карзай кор мекард. Сухангӯи дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон Аймал Файзӣ гуфт, Фаҳим субҳи 9 март даргузашт. Файзӣ ҳамчунин хабар дод, ки  ба ёди Муҳаммадқасими Фаҳим дар кишвар 3 рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Қосимшоҳ Искандаров дар мусоҳиба бо мо гуфт, "маршал Фаҳим як шахсияти хеле матраҳ ва муҳим дар майдони Афғонистон буд. Ӯ дар тамоми солҳои муборизаи Аҳмадшоҳи Масъуд дар канори ӯ буд ва баъди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд аз ворисони асосии ӯву Бурҳонуддин Раббонӣ ба шумор меомад. Аз ин рӯ, марги маршал Фаҳим барои ҷонибдорони Аҳмадшоҳи Масъуд ва барои онҳое ки бо терроризми байналмилалӣ мубориза мекарданд, ин як фоҷиаи бисёр мудҳиш аст, зеро Фаҳим як шахсияти бисёр матраҳ буд дар ҷомиаи Афғонистон."

Қосимшоҳ Искандаров афзуд, "Фаҳим яке аз раҳбарони тоҷикони Афғонистон буд. Тоҷикҳо ба сухани ӯ гӯш медоданд ва агар мушкиле байни онҳову қавмҳои дигар ё бо ҳукумати марказии Афғонистон пеш меомад, аз ҷумла ҳамин Фаҳим буд, ки ин масъалаҳои пешомадаро ҳал мекард. Марги ӯҷуброннопазир аст, албатта, вале фикр мекунам, онгуна ки тоҷикони Афғонитсон баъди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддини Раббонӣ тавонистанд муттаҳидтар шаванд, баъди марги маршал Фаҳим ҳамин гуна як бори дигар аз як гиребон сар хоҳанд баровард."

Ишораи ҳамсӯҳбати мо аз ҷумла ба интихоботи рӯзи 5 апрели раёсатҷумҳурии Афғонистон аст, ки дар он ба намояндагӣ аз Эътилофи собиқи шимол ва тоҷикони Афғонистон доктор Абдуллоҳ, аз ёрони Аҳмадшоҳи Масъуд ва Муҳаммадқасими Фаҳим, худро номзад кардааст.

Муҳаммадқасими Фаҳим аз ёрони наздики фармондеҳи машҳури афғон Аҳмадшоҳи Масъуд ба шумор мерафт. Баъди кушта шудани Аҳмадшоҳи Масъуд дар як сӯъиқасд дар таърихи 9 сентябри соли 2001 раҳбарии Эътилофи шимол, ки нирӯҳои зидди режими Толибон дар шимоли Афғонистонро муттаҳид мекард, маҳз ба дасти Фаҳим гузашт.

Фаҳим, Муҳаммадюнуси Қонунӣ ва доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ - се раҳбари аршади Эътилофи шимол - дар музокироти поёни соли 2001 дар Бонни Олмон дар амри ба қудрат овардани Ҳомиди Карзай баъди суқути режими Толибон нақши калидӣ бозӣ карданд. Дар ҳукумати аввали Карзай доктор Абдуллоҳ вазири хориҷа, Қонунӣ - вазири умури дохила ва Фаҳим - вазири дифоъ шуданд. Фаҳим аз сӯи Карзай ҳатто унвони маршал - баландтарин унвони низомӣ дар артишро ба даст оввард. Вале баъдан муносиботи онҳо каме ба сардӣ гароид ва ҳарсе намояндаи Эътилофи шимол паиҳам аз ҳукумати Карзай рафтанд.

Дар ин миён дар Афғонистон интиқодҳое аз ҷангсолорони собиқ, бо шумули маршал Фаҳим баланд шуд ва ӯро аз ҷумла ба фасоди идорӣ, забти заминҳои зиёд дар пойтахт, шаҳри Кобул, ва хилофкориҳои дигар ҳам айбдор карданд. Муҳаммадқасими Фаҳим ин иттиҳомотро ҳамеша рад мекард.

Дар соли 2009 Ҳомиди Карзай ба хотири ҷалби пуштибонии бештар дар миёни тоҷикҳои Афғонистон дар интихобот Муҳаммадқасими Фаҳимро ноиби худ гирифт. Карзай дар он райъгирӣ, ки ба бовари мунтақидон, пур аз тахаллуф ва дасткорӣ буд, бар доктор Абдуллоҳ, яке аз ёрони пешини Фаҳим, ғолиб омад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi