Зиндагӣ ва марги Шарон
Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”
Билохира баъди мадҳушии бештар аз ҳаштсола сарвазири пешини давлати яҳудӣ, қотили даҳҳо ҳазор мусалмони Фаластин ва яке аз тарроҳони аслии хушунат зидди муслимин Ариэл Шарон фавтид. Шарон миёни фаластиниҳо ва кулли мусалмонони Ховари Миёна бо номи қотили "Сабро ва Шатило" машҳур аст.
Дар Исроил шояд вай қаҳрамони миллист, вале дар дигар нукоти олам, минҷумла дар миёни муслимин ва бахусус фаластиниҳо вай ҷинояткори ҷангист. Марги ӯро дар сарзаминҳои ишғолӣ бо тақсим кардани ширинӣ истиқбол карданд. Ариэл Шарон-роҳбари ҳизби сиёсии "Кодима" аз соли 2006, ки нахуствазири давлати Исроил буд, баъди ду сактаи мағзӣ гирифтори кома шуд ва аз он замон то ба ин дам, муддати 8 сол дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт. Аз соли 2006 дигар боре ҳам ба худ наёмад ва аз ҳамин сактаи мағзӣ ба ҳаёти худ поён дод.
Сабро ва Шатило: фоҷеаи аҳли Ислом
Ариэл Шарон аз овози ҷавонӣ ба фаъолиятҳои зидди фаластиниҳо оғоз карда буд. Вай зина ба зина дар мансабҳои ҳизбиву давлатӣ боло мерафт ва ба назар мерасид ҳар корномаи зидди фаластинӣӯро як зина боло мебурд, ки то вазифаи сарвазирӣ расид. Таҳлилгари мисрӣ Муҳаммад Набавӣӯро аз бадномтарин раҳбарони давлати яҳудӣ аз замони пайдоиши Исроил меномад ва исботаш ҳамон ҳодисаи фоҷеаборест, ки соли 1982 иттифоқ уфтода буд ва дар таърихи бархӯрдҳои Исроил бо Фаластин бо номи фоҷеаи хунини "Сабро ва Шатило" ёд мешавад.
Он замон Шарон вазири дифои режим буд. Дар ҷануби Лубнон дастае аз исроилиён ба урдугоҳи муҳоҷирини фаластинӣ ҳамла карданд ва садҳо мардону занони ғайринизомиро бо шумули пирони барҷомонда ва тифлакони маъсум ба қатл расониданд. Ва ин аввалину охирин амали террористии ӯ набуд. Дар дафтари аъмоли Ариэл Шарон даҳҳо ҳодисаи хунин сабт шуда, ки бар асари он ҳазорҳо фарди озодаи фаластинӣ ва лубнонӣ куштаву захмӣ шудаанд.
Акнун аз зиндагӣ ва марги ӯ бинвисем. Аз оғоз ва анҷомаш ҳарф занем, то бидонем, ки кӣ буду чиҳо кард.
Ариэл Шарон, ки исми аслии ӯ Шейнерман мебошад, 26 феврали соли 1928 дар рустои Кфар-Малал, бахше аз Фаластини ишғолӣ, дар хонаводаи яҳудиёни ишкенозии муҳоҷиршуда аз Императории Русия ба дунё омадааст. Шаронро ширкаткунандаи фаъоли ҳамаи амалиётҳои ҷангии Исроил зидди фаластиниён меноманд. Соли 1953 бо дарёфти рутбаи майор сарварии ба истилоҳ "гуруҳи 101"-ро ба уҳда гирифт, ки вазифаи он роҳандозии амалиётҳо зидди муборизон ва истиқлолхоҳони фаластиниву лубнонӣ дар қаламрави Урдун ва навори Ғазза буд. Аксари амалиётҳои вай дар дохил ва хориҷи Исроил мавриди интиқоди шадид қарор гирифтанд ва бахусус террорҳои бераҳмона дар шаҳру рустоҳои қаламрави ишғолӣ муҷиби хашми ҷаҳони Ислом ва инсонияти мутамаддин шуда буд.
Яке аз хунинтарин корзори артиши Исроил дар замони ҷанги шашрӯза низ бо дастони Шарон сурат гирифтааст. Баъди он ҳам дар соли 1970 бо фишори низомӣ болои мисриён президенти ин кишвар Ҷамол Абдуносирро маҷбур кард, ки ба созиши сулҳ имзо гузорад ва даст аз муқовимати зиддиисроилӣ бардорад.
Аз набарди мусаллаҳона ба корзори сиёсӣ
Корераи ҳарбии вай то соли 1973 идома дошт ва баъди он аз кори ҳарбӣ истеъфо дод ва ба фаъолияти сиёсӣ падохт. Аввал вакили Кнессет (парламони Исроил) интихоб гардид, баъдан мушовири сарвазири вақт Исҳоқ Рабин таъин шуд. Муддате вазорати кишоварзии Исроилро сарварӣ кард, дар ҳукумати Менеҳем Бегин вазири дифоъ буд. Баъдан як муддати дигар вазири инфраструктураи миллӣ таъин гардид. Шарон аз ташаббускорони аслии ғояи шаҳраксозиҳо дар қаламрави ишғолӣ аст, ки аз он на садҳо, балки даҳҳо ҳазор фаластинӣ бехонаву дар шудаву ба ҷои онҳо яҳудиён аз саросари олам маскан гирифтаанд. Ҳамон шаҳраксозие, ки имрӯз Натанёҳу идома медиҳад ва муҷиби таваққуфи гуфтушунидҳои сулҳ миёни фаластиниён ва Исроил шудааст.
Моҳи сентябри соли 1998 ба курсии вазири умури хориҷии давлати яҳудӣ такя мезанад ва баъди як соли сарвари ҳизби "Ликуд" мешавад. Аз моҳи феврали соли 2001 то охирин лаҳзаҳои ба комӣ расидан сарвазирии Исроилро ба уҳда дошт.
Дар давраи сарвазирии Шарон террори фаластиниён аз сар гирифта мешавад, амалиётҳои "Девори ҳифозатӣ" ва "Роҳи қатъӣ" муҷиби он мегардад, ки қароргоҳи роҳбари фаластиниён Ёсир Арафот муҳосира мешавад ва садҳо фаъолони фаластинӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.
Вале бо ин ҳама вай натавонист миёни муқовимати фаластиниро бишканад. Оне, ки ҷонибдори низоми шадид дар қаламрави ишғолӣ буд, соли 2003 навори Ғаззаро раҳо кард ва садҳо хонаҳову қитъаҳои яҳудинишинро вогузошт ва низомиёнашро аз хоки он берун кашид. Ҷонибдоронаш ӯро ба хиёнат муттаҳам карданд, вале вай илоҷи бозмондан дар Ғаззаро надошт, аз ин рӯ бидуни истиҳола, баъди як соли сарвазирӣ аз он хориҷ гардид. Ин буд, ки ба муқобилаш чандин парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шуданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ ва писаронашро ба фасод муттаҳам карданд ва билохира кор ба ҷойе расид, ки аз пуштибонии ҳизби "Ликуд" маҳрум шуд.
Ва соли 2005 ногузир шуд сафи ин ҳизбро тарк кунад ва қатори ӯ аъзои дигари фаъоли он-Яҳуд Олмерт ва вазири адлия Сипи Ливнӣ низ аз "Ликуд" рафтанд. Онҳо ҳизби "Кодима"-ро таъсис доданд ва Шарон хост аз ин тариқ барои боқӣ мондан дар мақоми нахуствазир талош кунад. Худ гуфта буд, ки мехоҳад то соли 2010 нахуствазир бимонад ва баъди он аз сиёсат канор равад. Аммо қазо кори худро кард. Сактаи қалбии соли 2006 ӯро аз пой зад ва ҳашт сол лозим омад, ки дил аз олам барканад, куҷо монад, ки талоши курсии сарварӣ дошта бошад.
Шарон ва интифадаи фаластинӣ
Шарон аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи низоми Исроил аст, ки фаластиниҳоро ба қиём таҳрик дод. Ҷабру зулм ва шиканҷа ба ҳадде дар замони талошҳои низомии ӯ боло гирифт, ки ҳар марду зани фаластиниро ба майдони мубориза кашид. Аммо ин қиёми мардумӣ билохира натиҷа дод. Исроил худро масъул ба он донист, ки Созмони озодибахши Фаластинро ба расмият бишносад ва моҳи сентябри соли 1993 миёни Тел-Авив ва ин созмон муоҳадаи сулҳи пешакӣ ба имзо расид, ки ба фаластиниён як мухторияти маҳдуд дар навори Газза, соҳили ғарбии рӯди Урдун дода шуд. Тибқи ҳамин муоҳада, ки онро пирӯзии басо кӯчак ва нахустини интифада меноманд, маркази идории фаластинӣ мебоист ба ҳалли мушкилоти арабҳо дар навори Ғазза масъулияти ҷавобгарӣ медошт. Вале Исроил ҳамоно дар заминҳои ишғолӣ ба ҳокимияти худ идома медод.
Дар бораи талафоти ҷонибҳо дар интифадаи аввал маълумоти дақиқе дарёфт кардан аз имкон берун аст. Зеро ҳеҷ як аз тарафҳо масъулияти ҳисобу китоби ин талафотро ба ӯҳда нагирифтааст. Аз ин рӯ роҷеъ ба он далелу арқоми тахминӣ меоваранд ва ҳар манбаъ арқоми мухталиферо ироа медорад. Мегӯянд дар ин қиём наздик ба 1200 фаластинӣ ва 170 исроилӣ кушта шудааст.
Аммо сабаби сар задани интифадаи дуюм вуруди намоишкоронаи Ариэл Шарон - роҳбари вақти ҳизби "Ликуд" ба масҷиди Ал-Ақсо буд, ки дар як муддати кӯтоҳ муҷиби хашми бемонанди фаластиниён гардид. Он рӯз бори дигар собит шуд, ки гуфтушуниди тӯлонии Ёсир Арафот бо низоми саҳюнистӣ вақтгузаронии беҳуда аст ва Фаластинро танҳо қиёми мусаллаҳона метавонад наҷот бахшад. Интифадаи дуввумро бештар вақт қиём ба хотири озодии Қудси Шариф меноманд. Тӯли 7 сол аз оғози интифадаи дуввум рӯйдодҳои басо муҳиме аз сар гузаштанд, вале масъалаи калидии он озодии Қудс чун як масъалаи муқаддас ва басо муҳим дар рӯзномаи амали он боқӣ монд. Мушкили Қудс мушкили меҳварии олами Ислом аст. Зеро Қудс аввалин қиблаи мусалмонҳост. Маҳз аз ҳамин мавзеъи муқаддас меъроҷи Расули Акрам (с) оғоз шудааст. Насли имрӯз дар сар то сари олами Ислом бояд донад, ки миёни пайравони оини Муҳаммадӣ (с) ва яҳудиён чунин як мушкили муштараке мавҷуд аст ва озодии Қудс танҳо кори фаластиниён нест, он вазифаи муқаддаси пайравони Ислом аст.
Дар аввали моҳи октябри соли 2000 дар шаҳрҳои арабнишини шимоли Исроил тазоҳуроти густардаи мардум ба вуқӯъ пайваст. Бар асари бархӯрд бо пулиси ин кишвар 13 нафар ба шаҳодат расиданд ва даҳҳо тани дигар захмӣ гаштанд.
Интифадаи дуюм бо баргузории як силсила амалиётҳои тахрибкорона дар қаламрави Исроил машҳур аст, ки аз ҷониби афроди шаҳодатталаб амалӣ шудааст. Баъди ин амалиётҳо Исроил даст ба инҳисори сарзамини Фаластин зад, низоми басо шадиди вуруд ҷорӣ намуд. Барои яҳудиён дохил шудан ба шаҳрҳои арабнишин мамнӯъ эълон гардид.
Ариэл Шаронро аз ҷумлаи тарҳрезони ҳалокати Арафот ва террори шайх Ёсин ва муовини ӯ Рантисӣ медонанд. Ин се талафот барои мардуми озодихоҳи Фаластин басо гарон ва муҳлику ҷонгудоз омад. Реҳлати фоҷеабори пешвоён кори муборизаро то андозае ба кундӣ бурд. Вале "Ҳамос" аз ин даступохӯрда нашуд. Чун ин ҳизби оянда аст ва ҳамеша ба ояндаи нек умед мебандад, ба интихоботи парламонӣ омодагии шадид дид ва моҳи январи соли 2006 дар интихоботи демократӣ, ки ҳатто ғарбиён ба шаффоф гузаштани он итминон доштанд, пирӯз омад. Аз он рӯз ба баъд дар китоби муборизаҳои мардуми Фаластин саҳфаи тоза огоз гардид.
Ариэл Шарон дар синни 85-солагӣ аз олам даргузашт. Аммо чуноне ишора шуд, муддати ҳашт соли охир мадҳуш мехобид. Ягона ифтихороти ӯ яҳудӣ буданаш аст ва дар охирин мусоҳибаи худ, ки ҳамагӣ чанд рӯз пештар аз ба комӣ афтоданаш чоп шуда буд, мегуфт: "Ман яҳудиям ва ин барои ман аз ҳама муҳим аст". Ва тамоми умр ба зиндагӣ аз ҳамин зовия бархӯрд кард. Яъне, яҳудӣ будан имтиёзе буд, ки бояд дигаронро ба ҳалокат мерасонд ва хонаву кошонаи онҳоро соҳибӣ мекард. Маҳз ҳамин "расолати яҳудӣ будан" муҷиби марги ҳазорҳо мардону занони бегуноҳ дар Фаластину Лубнон гардид ва акнун агар посухи ин аъмол пеши Худо набошад, пеши каси дигар нест.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014