00:01:43 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Созишномаи Амрикову мушкилоти Карзай

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон баёнгари он аст, ки ҳатто хуруҷи хориҷиён дар охири соли 2014 мушкили амниятии ин кишварро наметавонад ҳал кунад. Ҳарчанд Толибон итминон медиҳанд: Агар истилогарон берун раванд, мо афғонҳо ба ҷанги беш аз сисола хотима медиҳем. Аммо барои исботи ин даъво далеле пеш намеоранд, ки ақалан мардуми Афғонистонро мутмаъин кунанд.

hamid-karzay 5656444

Ҳудудан ду моҳ аст, ки миёни Афғонистон ва Амрико кашмокаши имзои созишномаи амниятӣ идома дорад. Ду ҷониб ба мувофақа намерасанд, ки ИМА дар Афғонистон баъди соли 2014 дар кадом сурат боқӣ монад. Ва ин кашмакаш муҷиб шудааст, ки Вашингтон дар стратегияи будубошаш дар Осиёи Марказӣ низ таҷдиди назар кунад. Албатта, ин ҳоло як тахмини коршиносони масоили амниятиву сиёсист, ки мегӯянд дар сиёсатҳои ояндаи Амрико Осиёи Марказӣ дигар дар увлавият қарор надорад.

Ва худи ҳамин тезис метавонад ҳар гуна шарҳу тафсир шавад. Аз сӯе метавонад ба мағлубияти Вашингтон дар талошҳои қудратталабонаи Маскав ишора кунад ва аз ҷониби дигар нокомии он дар кӯшишҳо сари боқӣ мондан ва ҳузури низомӣ дар Афғонистон ва бо ин васила тадриҷан нуфуз кардан ба ҷамоҳири ҳаммарзи он талаққӣ шавад. Ба ҳар сурат ҳамин кашмакаши Карзай ва Обама сари имзои тавофуқи низомӣ баёнгари он аст, ки минтақа ба таҳавулоте рӯ ба рӯст, ки аз ҳоло наметавон ояндаи онро ҳадс зад.

Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон, ки баҳори соли оянда ба давраи раёсати ҷумҳурии худ поён медиҳад, намехоҳад масъулияти имзои созишномаеро бар душ гирад, ки барои Афғонистон ояндаи норушанеро пешгӯӣ мекунад. Боқӣ мондани Амрико дар ин кишвар ҳамон идомаи талошҳои истиқлолхоҳонаи нерӯҳои мухолифи давлат ва бахусус Толибони тундрав аст. Муборизае, ки имрӯз шиддат гирифтааст баёнгари он нукта аст, ки ситезаҷӯёни Толиб бори дигар шояд дар қудрати Афғонистон тасаллут пайдо кунанд.

Карзай ё ҳар касе, ки баъди ӯ сари қудрат меояд, бо ҳамин нерӯ бояд дасту панҷ нарм кунад. Ва дида мешавад, ки аз ҳоло Ҳомид Карзай барои такрор нашудани сарнавишти доктор Наҷибуллоҳ талош дорад. Иқдомоташ аз сӯи Толибон хуш пазируфта шудааст ва нармише ҳам дар муносиботашон бо дастгоҳи Карзай эҳсос мешавад. Вале сиёсати ҳамин Толибон ҳам пешгӯинашаванда аст. Замоне Наҷибуллоҳ танҳо ба хотири он ки паштутабор ва ҳамқавмони Толибон буду гумон мекард ба ӯ сару кор нахоҳанд гирифт, даъвати шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавриди хуруҷ аз дафтари СММ-ро рад карда буд.

Вале Толибон аввалин коре анҷом доданд, он буд, ки дактор Наҷибуллоҳро намоишкорона ба дор кашиданд. Ин аст, ки ҳоло ҳам Карзай наметавонад баъди сари қудрат омадани Толибон эҳсоси амният кунад. Аз ин рӯ гоҳ зидди сиёсатҳои низомии Амрико ситезаҷӯӣ мекунад ва гоҳи дигар бо сарварони Покистон иртибот мегирад, вале ҳадаф ҳамон якест: наздикӣ бо Толибон ва умуман ҳар мухолифи мусаллаҳи ҳукумати хеш аст.

Сиёсати имрӯзаи Толибон ҷанг на бо ҳамқавмони худ, балки бо ишғолгарон аст. Вале дар канори ҳарфи мубориза зидди хориҷиён ибораи дигар ҳам меояд: "ва ҳомиёну дастнишондаҳои дохилии онҳо". Бидуни шак ин гурӯҳ Карзай ва атрофиёни ӯянд.

Чаро бояд созиш кард?

Созишномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Амрикоро Шӯрои куҳансолон ва Луи Ҷиргаи ин кишвар мувофиқ ба манфиати Афғонистон ва мардуми он донист ва тавсия дод, ки он пазируфта шавад, вале ба далели надоштани кафолати амниятӣ Ҳомид Карзай онро имзо накард. Карзай мегӯяд то хатми имсол имзо шудани  қарордоди амниятӣ бо Амрико хостаи тақозои Амрикост, вале он майлу иродаи мардуми Афғонистон нест. "Ва  ин қарордод наметавонад бар асоси тақозои як тараф имзо шавад. Мо ҳам тақозо дорем. Амрико шарти имзояшро пеш аз охири соли исавӣ монда ва мо шарти имзояшро манъи ҳамалоти Амрико ба хонаҳои мардуми Афғонистон мондем. Амрикоиҳо ин ду шарти моро бароварда кунанд, мо ҳозир ба имзои қарордод ҳастем". 

Карзай, ки дар гузашта ҳам соҳибмансаб буд, аз талошҳои қудратҳои ҷаҳонӣ маъниҳои дигар мебардорад. Боз ин 12 солӣ ҳокимият дар мушкилтарин рӯзҳои Афғонистон чашми ӯро бештар кушодааст ва ҳоло таҳлиле дорад, ки тибқи он агар хориҷиён хоҳанд ҳич коре барояшон мушкил нест ва агар нахоҳанд, ки бимонанд, бо имзои сад санади ҳамкорӣ ҳам боқӣ намемонанд. Вай дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои "Озодӣ" дар ин маврид гуфта буд:

"Онҳо метавонанд, тасмим бигиранд, ки бошанд ва ё метавонанд, тасмим бигиранд, ки набошанд. Замоне, ки тасмим гирифтанд, ки набошанд, агар мо ҳазор қарордоди амниятӣ ҳам барояшон бидиҳем, онҳо мераванд. Мо дидем. Ман худам муовини вазири умури хориҷӣ будам, дидам, ки чӣ тавр баъд аз он ки (соли 1990) шӯравӣ аз Афғонистон рафт, Амрико ва ғарбиҳо, Афғонистонро раҳо карданд. Мо пешашон мерафтем, ки як маъмури кӯчакатонро дар сафоратҳоятон монед, гуфтанд, на хайр, бастанд сафоратҳояшонро ва рафтанд. Агар манфиати онҳо набошад, ҳеҷ гоҳе ба мо арзиш қоил намешаванд ва на инҷо меоянд. Амрико агар имрӯз дар Афғонистон мехоҳад бошад, бар асоси манфиати худаш аст, чӣӯ манфиати амниятиашон бошад, чӣ манфиати бузурги иқтисодӣ ва дигар масоилшон бошад.

Мо ба ҳайси як миллат ҳаққи таҳҳафуз ва пешбурди манфиати худро дорем. Ҳарчанд ғарибу бечора ҳастем, вале ҳаққи инро дорем, ки манфиати худро ташхис кунем ва барои ӯ манфиат кӯшиш кунем, барои нигаҳдошташ ва барои пешбурдаш. Мо дар Ҷиргаамон, миллати Афғонистон файсала кард, ки бо Амрико дӯстӣ мехоҳад ва барояш пойгоҳ медиҳад. Мо таҷрибаи 10 соли гузаштаи худро ҳам дар ин маврид дорем, мо медонем, ки Амрико дар кадом маврид  садоқат кард ва дар кадом маврид накард. Ва то ба ҳол Амрико дар Афғонистон ба номи Миллали Муттаҳид буд. Баъд аз имзои ин қарордоди амниятӣ Амрико дар Афғонистон бар асоси имзои қарорди амниятӣ бо мо мебошад ва баъд аз имзои қарордод тамоми аъмоли Амрико дар ҳақиқат хубаш ё бадаш ба иҷозаву ба имзои мо мебошад. Ба ин тартиб, агар Амрико барои идомаи ҳузури худ дар Афғонистон баъд аз 2014 ба асоси имзои ҳукумати Афғонистон мехоҳад бошад, бояд шароити Афғонистонро қабул кунад ва ӯ шароити миллати Афғонистон аст, ки ӯ ҳайсият ва амнияти хонаҳои мост ва ӯ сулҳи мост".

Коррупсия ва дилсардии мардум аз Амрико

Аз сӯи дигар Амрико омилҳои зиёди фишор ба Карзай дорад, ки дар сурати зарурат метавонад аз онҳо истифода кунад. Ҳамчуноне таҳлилгари рус Вячеслав Новиков мегӯяд, "агар Амрико аз Афғонистон рӯ гардонад, пас ниме аз Аврупо аз он рӯ мегардонанд. Барои Карзай ҳам муҳим аст, ки коре кунад, то ИМА маблағгузории худро қатъ нанамояд. Агар ин кор сурат гирад, Афғонистон наметавонад 30-40 ҳазор сарбозу афсари артиши худро таъмин намояд. Гузашта аз ин президенти Афғонистон мехоҳад Амрико таваҷҷӯҳи бештарро ба бозсозии ин кишвар ва ҷуброни хисорати ҷанг кунад".

Ва албатта, бозсозии Афғонистон амри зарурист. Мардуми Афғонистон солҳои охир ду истилоро бештар бо ҳам қиёс мекунанд. Яке истилои Шӯравӣ ва дигар истилои Амрико. Ва дар ин қиёс фарқиятҳои ба чашм аёнро пеши назар меоранд. Масалан, аз Шӯравӣ ҳикоят мекунанд, ки сохтаҳову бундкориҳое ба мерос мондааст ва он сохтаҳо то ба имрӯз дар хидмати мардуманд. Тибқи арзёбиҳои мухталиф кӯмаки иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ба истилоҳ "иҷрои қарзи интернатсионалӣ" аз 15 то 30 миллиард доллар буд. Аммо натиҷа то ҳол ошкор намудор аст. Амрикоиҳо чӣ? Маълум гардид, ки ба пуррагӣ метавон дар бораи фасоди густарда дар фаъолиятҳои "бунёдкорона"-и ин кишвар дар Афғонистон ҳарф зад. Албатта, дар Кохи Сафед ба ин ҳама мавҷудияти коррупсия дар Афғонистонро гунаҳгор медонанд",- менависад  таҳлилгари рус Олег Чувакин дар "Военное обозрение".

Ин таҳлилгар дар бораи Хадамоти махсусии тафтишотии аз нав барқарорсозии Афғонистон (SIGAR) менависад, ки соли 2008 дар назди ҳукумати Амрико таъсис шудааст. "Ин замоне буд, ки маълум гардид: маблағҳо дуздида мешаванд. Аввалин натиҷаи фаъолияти SIGAR нишон дод: танҳо дар ҳар чорумин тафтишоти SIGAR афғонҳороо гунаҳгор медонад. Дар боқимонда ҳолатҳо ширкаткунандаи асосӣ худи амрикоиҳо мебошанд. Афғонҳо мегӯянд коррупсияи бузургро ба онҳо маҳз ҳамин амрикоиҳо омӯзониданд. "То омадани амрикоиҳо афғонҳо ба мавҷудияти коррупсия дар ин ҳаҷми бузургро намедонистанд ва бо ҷузъиёти он низ ошно набуданд, - қайд кардааст ноиби аввали президенти палатаи тиҷорат ва саноат Хонҷон Алокузай. - Имрӯз ба ин схема ончунон одамони зиёде ҷалб шудаанд, ки коррупсия амалан аз назорат хориҷ шудааст".

Вячеслав Новиков  бар ин бовар ҳаст, ки Карзай билохира созиши амниятиро бо Амрико имзо мекунад ва шояд Вашингтон ҳам ба хотири манфиатҳои ояндаи худ ба баъзе аз шартҳои Кобул розӣ шавад. Вале дар ин сурат Карзай бори дигар эътибори худро дар назди Толибон аз даст медиҳад. Ва агар талоши Карзай бар он бошад, ки баъди рафтан аз курсии раёсати ҷумҳурӣ бо ҳар нерӯе, ки ба қудрат мерасад, созиш кунад ва кафолати амниятӣ барои худ ва пайвандонаш дошта бошад, пас мекӯшад ин созишномаро то интихобот имзо накунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №29, 18 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi