14:15:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Интихобот дар Афғонистон: аз майдони ҷанг ба саҳнаи сиёсат

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки дар ин кишвари ҷангзада шеваи демократии интихоби номзадҳо мушоҳида мешавад, ки назираш дар Тоҷикистон нест.

vibori-afghanistan-455445Шояд дар таърих бори аввал аст, ки дар ду кишвари ҳамҷавор ва дорои муштаракоти таърихиву фарҳангӣ-Афғонистон ва Тоҷикистон дар як вақт омодагӣ ба интихоботи президентӣ шурӯъ шудааст. Пешбарии номзадҳову сабти номи онҳо дар фосилаи камтар аз як ҳафта сурат гирифтанд. Фарқ танҳо дар ин буд, ки  интихоботи Тоҷикистон хеле зудтар, аллакай 6 ноябр баргузор мешавад, вале раъйдиҳӣ ба интихоботи президентии Афғонистон то панҷ моҳи дигар фурсат дорад. Яъне, интихобкунандагони афғонӣ ҳоло фурсати зиёде барои ошноӣ бо довталабону барномаҳояшон доранд, аммо дар Тоҷикистон ҳудудан як ҳафта баъд, аниқтараш шоми 6 ноябр хабари пирӯзии яке аз 6 номзад эълон мегардад.

Афғонистон, ки ҳамоно дар гирдоби ҷанги дохилист, дар остонаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар қарор дорад. Ва ҳамзамон бо ин мухолифони мусаллаҳ, ки фурсатталабона берун рафтани НАТО ва Амрикоро мунтазиранд, рӯз ба рӯзу моҳ ба моҳ нерӯмандтар мешаванд. Ҳукумати Карзай то ба ин дам дар мавриди ҷалби Толибон ба итихоботи раёсати ҷумҳурӣ ноком мондааст ва ахиран, ки комиссиюни интихоботӣ номзадҳоро сабти ном кард, дар миён шахси мавриди эътимоди Толибон набуд. Ба маънии дигар ин гурӯҳи тундрав, ки ҳар гуна интихоботро демократияи дурӯғини ғарбӣ медонад, аллакай ин маъракаи сиёсӣ ва тақдирсозро таҳрим кардааст. Як намояндаи Толибон дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ҳар гуна натиҷаи интихоботи президентӣ дар Афғонистон барои ин гурӯҳ пазируфтанӣ нест. Агар чунин аст, пас метавон интизор буд, ки ҳатто баъди интихобот низ ҳоли Афғонистон ба сурати қаблӣ боқӣ мемонад. 

Ахиран Комиссиюни интихоботии Афғонистон теъдоди номзадҳо ба интихоботи президентиро эълон кард. Аз миёни 26 номзади пешниҳодшуда 10 нафар ба сабқат роҳхат гирифтанд ва номзадии 16 тани дигар ба иллатҳои гуногун рад карда шуд. Вале гуфта мешавад, ки ин ҳам ниҳоӣ нест, эҳтимолияти тағйирот дар листи интихоботии номзадҳо вуҷуд дорад. Алҳол  Абдуллоҳи Абдуллоҳ, Абдураби Расули Сайёф, Қутбиддин Ҳилол, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, Абдураҳим Вардак, Залмай Расул, Нодир Наъим, Қаюм Карзай, Гул Оғо Шерзай ва Ҳидоят Амин Арсало чун номзади ширкаткунанда дар интихобот сабти ном шуданд. Комиссияи интихоботӣ Анварулҳаққ Аҳадӣ, Исҳоқ Гелонӣ, Бисмиллоҳ Шер, Фазлкарим Наҷимӣ, Ҳашмат Ғанӣ Аҳмадзай, Сарвар Аҳмадзай, Ҳамидуллоҳ Қодирӣ, Довуд Султонзай, Азизуллоҳ Лудин, Салмоналӣ Дӯстзода, Форуқи Аъзам, Абдулҳодӣ Дабир, Нур Раҳмон Лийвол, Доктор Аҳмад Нодӣ ва Нодир Аҳмадшоҳ Аҳмадзайро аз рӯйхат берун андохт.

Аксари афрод сабти номшуда ба мисли Абдулрабби Расули Сайёф ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ чеҳраҳои ба мардум ошноянд. Масалан, Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ ширкат дошт, вале ба кадом иллате аз сабқат бо Карзай дар даври дуюм даст кашид. Доктор Абдуллоҳ дар гузашта аз шахсони наздики сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд буд ва дар замони ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ вазири умури хориҷии ин кишвар маҳсуб мешуд. 

Шабоҳатҳо, фарқиятҳо

Дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон чашмандозе доштем ба умумиятҳо ва фарқиятҳои интихоботи президентӣ дар ду кишвари ҳамсоя. Ва дидем, ки аксари коршиносон дар шеваҳои баргузории интихобот дар Афғонистон ва Тоҷикистон тақрибан назари ҳамсон доранд. Аз ҷумла таҳлилгари шинохтаи тоҷик, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот” Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бар ин назар аст, ки “интихоботи Тоҷикистонро бо кадом кишваре дар қиёс гузоштан ба маънои бовар доштан ба баъзе аз шеваҳои баргузории интихобот дар Тоҷикистон аст”.

Аз сӯи дигар вай ин гуна назар дорад, ки “ҳоло ба фаросати эҳтиром гузоштан ба рақиби сиёсӣ ва ё дар умум як чеҳраи сиёсӣ расидан дар кишвари мо эҳтимол чандин даҳсолаи дигар лозим шавад. Вале ин масъала дар Афғонистон новобаста ба ҷангҳои тӯлонӣ кайҳо ҳалли худро ёфтааст ва дар ин кишвар ҳатто рақибони ҷанги тӯлонӣ имрӯз ҳамчун рақиби сиёсӣ дар баробари ҳамдигар вориди сабқати интихоботӣ мегарданд”.

Коршиноси тоҷик, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдумудассир Аҳмадзода дар мавриди фарқ миёни ду интихобот  қонунан мамнӯъ будани ширкати Ҳомид Карзай дар интихоботи Афғонистонро мисол меорад ва мегӯяд “дар мо президенти амалкунанда номзад ҳам ҳаст. Дар Афғонистон ҳанӯз ҷанг идома дорад ва ин интихобот дар шароити ҷангӣ баргузор мегардад. Дар Тоҷикистон оромист ва ҳар номзад метавонад дар куҷое хоҳад, таблиғот барад”

Ҷаноби Сайфуллоҳзода шеваи пешбарии номзадҳо ва маъракаи таблиғоти барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро дар Афғонистон пешрафтаву демократитар аз Тоҷикистон медонад. “Дар Афғонистон ҳаддиақал 5 моҳ қабл аз пешниҳоди номзад ба хотири сабти ном шӯру шавқ дар ҷомеъаи он кишвар чархиш пайдо мекунад, ҳоло 5 моҳи дигар то интихоб мондааст, вале аз имрӯз номзадҳо сабти ном мешаванд ва ба майдони рақобат ворид мегарданд. Аммо дар Тоҷикистон номзад ба мақоми президентӣ ҳамагӣ 25 рӯз имкон дорад, ки худ ва барномаашро ба ҷомеъа муъаррифӣ созад”,-мегӯяд ӯ.

Абдумудассир Аҳмадзода низ шеваи интихоби номзадҳо ва сабти номи онҳоро дар Афғонистон шаффоф медонад ва мегӯяд: “Интихоботи Афғонистон хеле шаффоф аст ва тарзи интихоби аъзои Комиссияи интихоботӣ дигар аст. Дар он намояндагони тамоми ҳизбҳои сабтиномшуда ҳастанд. Дар мо бошад, чунин нест». 

Дар ҳақиқат ин нукта хеле муҳим аст. Дар Тоҷикистон маъракаи пешбариву омодагӣ ба интихобот хеле фосилаи кӯтоҳ дорад. Ба ҳадде, ки барои ҳар номзад ҳатто дар мулоқот бо интихобкунандагон ҳамагӣ 15 дақиқа вақт дода мешавад, то барномаи худро муаррифӣ намоянд. Дар ин як фурсати хеле кӯтоҳ ҳич кадоме аз номзадҳо муваффақ ба таҳлили нуқтаҳои муҳими барномаи худ намешаванд, куҷо монад, ки бо интихобкунандагон саволу ҷавоб кунанд. Аз сӯи дигар номзадҳо ҳақи дар алоҳидагӣ мулоқот кардан бо мардумро ё надоранд ва ё ба ин шароит фароҳам оварда намешавад. Ҳатман 6 номзад ба курсии раёсати ҷумҳурӣ бо ҳам мулоқот мекунанд. Ва табиист, ки дар чунин ҳолат номзад ё ваколатдори номзади ҳизби ҳоким аз имтиёзоте бархӯрдор мешавад, ки ба ҷои 15 дақиқа бештар аз ним соат суханронӣ кунад.  

Дониши сиёсиву биниши сиёсӣ

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар мавриди сатҳи дониши сиёсӣ ва маърифати сиёсии тоҷикону афғонҳо назари худро дорад. “Борҳо гуфтаам ва ба такрор мегӯям, ки маърифати сиёсии як карочикаши Афғонистон аз акадамеки тоҷик болотар меистад. Илм андӯхтан дигар асту соҳибмаърифат будан комилан дигар. Дар мавриди маърифати сиёсӣҷои ҳарф задан ҳам нест”,-мегӯяд ӯ.

Абдумудассир Аҳмадзода мегӯяд дар Афғонистон “дар вақти интихоби номзад бештар такя ба миллат ва қабила мекунанд, дар мо, дар вақти интихоботи президент чунин нест ва «таҳти роҳбарии хирадмандонаи» сарварон дар ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон мардум медонанд, ки ба кӣ овоз диҳанд”.

Дар мавриди мавзеъгирии номзадҳо низ Абдумудассир Аҳмадзода фарқ мебинад ва мегӯяд, ки “дар Афғонистон номзадҳо воқеан ҳам мехоҳанд соҳиби курсии президентӣ шаванд ва барои ин сахт дар талошанд. Аммо дар Тоҷикистон номзадҳои ҳозира мисли гулҳои пластикӣ танҳо барои ороиши саҳна истифода мешаванд”.

Вале бо вуҷуди ин коршиносон монандиҳо ва шабоҳатҳоеро ҳам дар ду интихобот ба мушоҳида гирифтаанд. Абдумудассир Аҳмадзода мегӯяд, “дар ҳарду кишвар ҳам аксари мардум на ба барномаи интихоботӣ, балки ба кию аз кадом миллату қабила будани номзад ва қудрати дар даст доштаи ӯ эътибор медиҳанд. Ҳизби воқеан сиёсӣ ва ҳизби комилан демократӣ ба фаҳмиши ғарбӣ дар ҳарду кишвар ҳам нестанд. Дар ҳарду кишвар ҳам суннатҳои интихоботи воқеӣ ва демократӣ вуҷуд надоранд, бинобар ин натиҷаи интихоботро ҳам комилан демократӣ гуфтан нашояд. На дар Афғонистон ва на дар Тоҷикистон механизми асосии интихобот-назорати пурқуввати шаҳрвандӣ оид ба қонуни гузаштани интихобот вуҷуд надорад”.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi