16:53:30 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эълони пирӯзии Илҳом Алиев ва шикояти мухолифон аз қонуншиканиҳо

Бино бар хабари кумиссюни марказии интихобот раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз гаштааст, аммо мухолифони ӯ аз тақаллуби зиёд шикоят мекунанд. Нозирони байналмилалии интихоботи раёсатҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи панҷшанбе мавқеи худро роҷеъ ба интихоботи рӯзи 9 октябри ин кишвар баён хоҳанд кард.

vibor-aliev 454565Баъди шумориши тақрибан 80 дар сади баргаҳои раъй, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки президенти амалкунанда Илҳом Алиев  бо 85 дар сади овозҳо пирӯзиро ба даст овардааст. Ба ин тартиб, Алиев барои сеюм бор ва ба мӯҳлати панҷ соли дигар дар Озарбойҷон сари қудрат хоҳад монд. Тибқи натиҷаҳо, намояндаи мухолифин Ҷамил Ҳасанлӣ тақрибан 5 дар сади овозҳоро ба даст овардааст.

Руфис Гонаглов-ҳамраиси созмони ғайридавлатии Анҷумани Ҳамкорӣ дар нишасти хабарие эълон кард, ки номзадҳои дигар, аз ҷумла Ораз Ализода 0,71, Ҳофиз Ҳоҷиев 0,79, Қудрат Ҳасангулиев 1,30 ва Ҷамил Ҳасанлӣ 8,20 дарсади орои интихобкунандагонро соҳиб шудаанд.

Дар ҳоле, ки натиҷаҳои назарсанҷӣ Илҳом Алиевро баранда нишон медиҳанд ва райдиҳӣ ба поён расидааст, номзадҳои мухолифон иддао мекунанд, ки дар интихобот қонуншиканиҳо мушоҳида шудааст. Онҳо дар бораи нақзи муқаррароти райдиҳӣ садо баланд кардаанд. Ҷамил Ҳасанлӣ-номзади эътилофи аҳзоби мухолифи сиёсӣ ба мо гуфт, ки ҳамҳизбиёни онҳо дар бораи мавориди зиёди нақзи райдиҳӣ далоил гирдоварӣ кардаанд:

“Маълумоте, ки ман аз нозирони худ дар саросари кишвар гирифтам, аз тақаллуби густарда гувоҳӣ медиҳад. Шумо дар бораи интихобот чӣ тавр метавонед сӯҳбат кунед, дар шароите, ки як рӯз пеш аз райдиҳӣ дар бораи натиҷаҳои расмии он тасмим гирифта буданд”.

Баъд аз ин суханон Ҳасанлӣ изҳороте пахш кард ва дар он гуфта мешавад, ки вай аз саросари кишвар дар бораи нақзи муқаррароти райдиҳӣ гузоришҳо гирифтааст. Дар гузориш омадааст: “Тақаллуби сартосарӣ нақзи бераҳмонаи ҳақи мардум барои интихоб ва ба таври ошкоро эҳтиром нагузоштан ба он аст”.

Як нозири минтақаии интихоботӣ аз ҷониби мухолифон ба радиои Озодӣ гуфт, вақте ки вай дар маҳале бо номи Бейлаган дар 260 километрии Боку ба қитъаи райдиҳӣ омад, вайро латукӯб кардаанд.

Фаъолони дигар шикоят мекунанд, ки онҳо одамонеро мушоҳида кардаанд, ки такрор ба такрор рай медоданд. Онҳо аз ин саҳнаҳо  наворҳои видеоӣ низ бардоштаанд. Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки дар шимоли ғарби Озарбойҷон баргаҳои райро даста-даста ба қутиҳои рай мерехтанд. Вале мақомоти расмӣ иддао мекунанд, ки ин наворҳо воқеият надоранд ва сохта мебошанд.

"ПИРУЗӢ"- И ЯК РӮЗ ПЕШ АЗ ИНТИХОБОТИ ИЛҲОМ АЛИЕВ

Мақомоти интихоботии Озарбойҷон дар остонаи интихобот хостанд, ки тавассути телефонҳои ҳамроҳ ё мобил интихобкунандагонро ҳар соат аз ҷараёни райдиҳӣ огаҳ созанд ва бад-ин тариқ эътибори худро дар истифодаи таҷҳизоти муосир боло бибиранд. Вале ин ташаббус натиҷаеро ба бор овард, ки он акнун ҳам ҷои ханда аст ва ҳам ҷои хиҷолат. Маълумоте, ки онҳо тавассути як ширкати телефонҳои ҳамроҳ ба муштариён фиристодаанд, натиҷаҳои ниҳоии интихобот будааст ва он як рӯз пеш аз интихобот таҳия шудааст. Бар асоси ин маълумоти фиристода Илҳом Алиев як рӯз пеш аз райдиҳӣ пирӯзии чашмгир ба даст овардааст.

Бо вуҷуди он ки ин паём зуд нобуд карда шуд, вале дар ин муддат як шабакаи телевизионии мухолифон онро ба навор гирифт ва ба намоиш гузошт.

НОЗИРОН ИНТИХОБОТРО САНҶИШИ ДЕМОКРАТИЯ МЕДОНАНД

Намояндагони нозирони Маҷмаи Порламонии Шӯрои Аврупо рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки онҳо то ҳол нақзи муқаррароти райдиҳиро мушоҳида накардаанд.

Ҳусейн Пасаев-сухангӯи ҳизби ҳокими Ҳизби Нави Озарбойҷон гуфт, ки райдиҳӣ ба таври маъмулӣ давом кардааст. Вай баръакс мухолифонро муттаҳам кард, ки онҳо талош доштаанд, “харобкорӣ” кунанд. Аммо Хадича Исмоилова-гузоришгари бахши озарии гуфт, далоили муътамад вуҷуд дорад, ки райдиҳӣ озоду одилона набуд.     

“Бисёре аз рӯзноманигорон наворҳои худро мефиристанд. Гузоришгарони мо мавориди нақзи райдиҳиро ҳуҷҷат мекунанд. Маълум аст, ки талошҳои тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот ба маънои том идома дорад. Ба ҳамин далел рӯшан аст, ки интихобот озоду одилона нест”.

Янез Ленарчич-раҳбари Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА гуфт, мақомот бояд замонат диҳанд, ки интихобот одилона аст. “Интихобот ҳама вақт дар ҳар кишвар имтиҳони демократия аст. Барои Озарбойҷон низ ҳамин гуна аст. Мо ин ҷо фақат барои назорат омадаем. Мо бахше аз раванди интихобтӣ нестем”.

Дар интихоботи Озарбойҷон 10 номзад мубориза мекунанд, вале интизор меравад, ки Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури кунаунӣ ба осонӣ пируз шавад ва бори севвум барои панҷ соли дигар ба курсии раёсати ҷумҳурӣ биншинад.

Илҳом дар соли 2003 баъд аз даргузашти падараш ба ин мақом расид. Падараш низ солҳои тӯлонӣ раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт. Дар давоми даҳ соли раёсати Илҳом Алиев сатҳи зисти мардум аз ҳисоби даромади захоири нафту газ боло рафт. Нафту гази Озарбойҷон ба кишварҳои аврупоӣ содир мешавад.

Вале режими Алиев ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар мавриди интиқод қарор гирифтааст, зеро норозиёни сисёсиро шиканҷа медиҳад ва фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин режим даҳҳо нафарро дар остонаи интихоботи кунунӣ бо иттиҳомоти сохтаю бофта ба зиндонҳо андохтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi