02:21:45 01-уми Июли 2025 сол

ДАР ӮШ 4 ҶАНГИРО БА ҲАЛОКАТ РАСОНДААНД

Як мақоми амниятии қирғиз гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ алайҳи як паноҳгоҳ дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 4 ҷангии исломӣ кушта шуданд.

 

Раҳбари Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, 3 тан аз ҷангиён аз тири пулис ва чорумӣ бар асари таркиши норинҷак кушта шуданд. Ӯ афзуд, дар ин даргирӣ 2 маъмури пулис низ ҷароҳат бардоштаанд. Сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфт, ҳадафи амалиёт аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир буд. Дар моҳи июн Ӯш як нуқтаи хушунатҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо буд, ки беш аз 400 кушта ба ҷо гузошт.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ