21:22:58 01-уми Июни 2025 сол

СЕ ТАРКИШ ДАР ШАҲРИ ӮШИ ҚИРҒИЗИСТОН

Имрӯз дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 3 таркиш рух додааст. Сухангӯи давлат Роза Довудова гуфт, дастикам як таркиш бо дасти чирикии эҳтимолан исломие анҷом шудааст, ки ҳангоми амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ ба як манзил дар шаҳри Ӯш 3 норинҷакро алайҳи онҳо ҳаво додааст.

 

Раҳбари Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, дастикам як тан аз нирӯҳои амниятӣ захмӣ шудааст. Сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфт, ҳадафи амалиёт аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир буд. Ҷузъиёти ду таркиши дигар ҳанӯз рӯшан нест. Дар моҳи июн Ӯш як нуқтаи аслии хушунатҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон буд. Бар асари он хушунатҳо беш аз 400 нафар кушта шуданд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854